×
Аз дидгоҳи эътиқод имоматии Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз имоматии халифаҳояш аз чанд ҷиҳат фарқ мекунад: Касе ба имоматии Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам имону эътиқод надошта бошад ва ё онро инкор намояд кофир мешавад. Аммо агар касе ба имоматии халифаҳояш имон наорад ва ё онро инкор кунад кофир намешавад, балки гунаҳгор дониста мешавад.

    ФАРҚ БАЙНИ ИМОМАТИИ ПАЙҒАМБАР

    (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

    ВА ХАЛИФАҲОЯШ

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    2010 - 1431

    الفرق بين إمامة النبي - صلى الله عليه وسلم - و خلفائه

    « باللغة الطاجيكية »

    2010 - 1431

    ФАРҚ БАЙНИ ИМОМАТИИ ПАЙҒАМБАР

    (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)

    ВА ХАЛИФАҲОЯШ

    Аз дидгоҳи эътиқод имоматии Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз имоматии халифаҳояш аз чанд ҷиҳат фарқ мекунад:

    1- Касе ба имоматии Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам имону эътиқод надошта бошад ва ё онро инкор намояд кофир мешавад. Аммо агар касе ба имоматии халифаҳояш имон наорад ва ё онро инкор кунад кофир намешавад, балки гунаҳгор дониста мешавад.

    2- Касе амру дастӯри Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам- ро дар умури дин, ки ба тариқи тавотур собит шудаанд инкор кунад кофир ва агар он амру дастӯр аз тариқи машҳур ё оҳод собит шуда бошанд фосиқ мегардад. Аммо ба тарку инкори амру дастури халифаҳояш фосиқу гунаҳгор мегардад.

    3- Касе фазилату бузургии Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам инкор кунад ва ё он ҷанобро нисбат ба фисқу куфр бидиҳад кофир мешавад. Аммо агар фазилати халифаҳо ва ё дигар саҳобагонро инкор намояд ва ё ононро нисбат ба фисқу куфр бидиҳад, аз ду ҳолат берун нест:

    а) Агар он фазилат ва биҳиштӣ будани афроди муъаяни онон ба ояти сариҳи Қуръон ё ҳадиси мутавотир собит шуда бошад, чунин эътиқод инкори он оят ва ҳадиси мутавотирро лозим медорад, пас кофир мешавад. б) Аммо агар он фазилат ба ҳадиси мутавотир нею, балки ба ҳадиси машҳур ё оҳод собит шуда бошад, ба сабаби инкори чунин аҳодисро лозим доштанаш фосиқ мешавад.