МОДАРИ БАДИҲО
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
МОДАРИ БАДИҲО
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Ҳоҷӣ Абдусамади Аҳтамхон
Имом-хатиби масҷиди ҷомеи Дурбати ноҳияи Ҳисор.
2010 - 1431
أم الخبائث
« باللغة الطاجيكية »
الحاج عبد الصمد أحتم خان
إمام و خطيب مسجد الجامع"دوربت" الحصار
2010 - 1431
МОДАРИ БАДИҲО
Шароб модари бадиҳо буда, инсонро аз тамоми сармояи иззат, шарофат, номи накӯ ва ифтихорот маҳрум месозад. Дар ҳар дину оин риояти панҷ чиз зарурӣ буда, мӯҳтарам шумурда шудааст: Дин, ақл, нафс, мол ва номус.
Афроди майпараст бо васвасаҳо ва фиребҳои Шайтон ин панҷ чизро барбод дода, фақиру бенаво, беобрӯ ва масхараи кӯдакон мешаванд. Дар замони ҷоҳилият арабҳо ва дигар миллатҳои дунё ба майнӯшӣ дилбастагии зиёд доштанд. Ҳангоме ки рисолати ислом зоҳир шуд, оҳиста-оҳиста мардум гуноҳу зарарҳои арақро дарк намуданд. Нафароне, ки ба тиҷорати май машғул буданд, онро тарк карданд. Аввалин ояте, ки гуноҳ будани майпарастиро ошкор намуд, ояти 43, сураи "Нисо" буд:
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮣ ﮤ ﮥ ﮦ ﮧ ﮨ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮ ﯶ ﭼ النساء: ٤٣
"Эй касоне, ки имон овардаед, ба намоз дар ҳоли мастӣ наздик машавед, то он гоҳ, ки медонед чӣ мегӯяд" (яъне, то ҳушёр шуданатон).
Сипас, дар сураи "Бақара" (ояти 219) таъкид шуд:
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﯣ ﯤ ﯥ ﯦﯧ ﯨ ﯩ ﯪ ﯫ ﯬ ﯭ ﯮ ﯯ ﯰ ﯱﯲ ﰀ ﭼ البقرة: ٢١٩
"Эй Пайғамбар, аз ту дар бораи шаробу қимор мепурсанд. Бигӯ, ки дар инҳо гуноҳи бузург буда, аз фоидаашон дида гуноҳашон бештар аст".
Баъдан дар сураи "Моида" (ояти 90) нӯшидани май амали шайтон эълон шуд:
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛ ﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠ ﭼ المائدة: ٩٠
"Эй мӯъминон, майхорагӣ, қиморбозӣ, бутҳо, қурбон, назди санг ё қабр, фолбинӣ палид ва амали шайтон мебошанд. Аз ин корҳо дурӣ кунед, то растагор шавед".
Имом Фахриддини Розӣ дар "Тафсири Кабир" миёни шароб ва зино муқоисаи ҷолибе кардааст. Ҳангоме ки инсон як маротиба зино мекунад, рағбати ӯ ба зино кам мешавад, вале шароб баръакси зино аст. Инсон ҳар чӣ бештар ба он машғул шавад, майлаш ба шароб зиёдтар мегардад. Шаробхор ғарқи лаззати май гашта, дар ихтиёри шайтон меафтад ва аз ёди Худо ғофил мемонад. Арақ инчунин ҷанг , ҷидол, буғз ва адоватро зиёд карда, одами маст бо ночизтарин баҳона аз зану фарзанд ҷудо мешавад. Аллома Мароғӣ дар тафсири худ зиёнҳои шаробро ба саломатии инсон номбар кардааст: "Фосидкунандаи меъда, гум кардани лаззати хӯрок, калон шудани ҷигар, заиф шудани қувваи мардӣ..." Шароб пардаи ҳаёро пора карда, инсонро ба гуноҳ ҷалб месозад. Ба ҳамин хотир Худованд шаробро ҳаром қарор дода, онро амали шайтон ва модари палидиҳо ёд кардааст.
Шаробхӯр ва Шаробфурӯш
Гуноҳи шаробхӯр ва шаробфурӯш як мебошад. Чизе, ки хӯрданаш ҳаром аст, фурӯши он низ ҳаром аст.
Дар замони ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳангоме ки шароб ҳаром шуд, ҳамаи мардум кӯзаҳои шаробро рехтанд ва дар зарфҳое қаблан шароб менӯшиданд, ҳатто об нанӯшиданд.
Яке аз мусулмонони замони Пайғамбар (с) ба тамоми сармояи худ аз Шом шароб харида, барои фурӯш ба Мадина мерафт. Дар роҳ огоҳ ёфт, ки Расули Акрам (с) ояти шаробро ба мардум расонида, ҳаром буданашро эълон кардааст. Он марди мусулмон тамоми майи кӯзаҳоро ба замин рехт, вале нагуфт, ки "камбағал мешавам". Аммо баъзеҳо дар замони мо ҳатто кӯшиш мекунанд, ки барои раво будани фурӯши май аз уламо иҷозат гиранд. Касе наметавонад ҳукми Худоро тағйир диҳад.
Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавӣ мегӯяд: "Огоҳ бошед, ки шароб ақлро аз байн бурда, боиси андохтани ҷони инсон дар гирдоби бало ва дурӣ аз сифатҳои малакӣ мегардад".
Мо бояд дастури Парвардигорро бо ҷону дил қабул карда, аз пайравӣ намудани роҳи Шайтон бозистем. Навкар ва ғуломи шайтон нашавем. Агар аз чизҳое, ки Худо онро ба мо ҳаром кардааст, худро боздорем, бадан, ақл ва ҷомеаамон ҳамеша солим хоҳад буд".
Ҳоҷӣ Абдусамади Аҳтамхон, Имом-хатиби масҷиди ҷомеи Дурбати ноҳияи Ҳисор.