×
Чанде пеш барои зиёрати оромгоҳи падарам рафтам. Ҳангоми ба мазори қиблагоҳам наздик шудан дар назди қабре, ки санги мармар дошт, дастаи гул ва шамъи нимсӯхтаро дидам. Оё аз шамъ афрӯхтан ба майит ягон сабукӣ мерасад? М.Ф.сокини пойтахт.

    ШАМЪ АФРУХТАН ДАР ҚАБРИСТОН ҶОИЗ АСТ?

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    http://tojikislom.net.ru/

    2010 - 1431

    هل يجوز وضع الشمع أو الأزهار على القبور؟

    « باللغة الطاجيكية »

    http://tojikislom.net.ru/

    2010 - 1431

    ШАМЪ АФРУХТАН ДАР ҚАБРИСТОН ҶОИЗ АСТ?

    Чанде пеш барои зиёрати оромгоҳи падарам рафтам. Ҳангоми ба мазори падарам наздик шудан дар назди қабре, ки санги мармар дошт, дастаи гул ва шамъи нимсӯхтаро дидам. Оё аз шамъ афрӯхтан ба майит ягон сабукӣ мерасад?
    М.Ф.сокини пойтахт

    ?fdj,~

    Вобаста ба ин мавзӯъ Мавлоно Сарфарозхони Сафдар дар китоби "Роҳи суннат" навиштааст: "Афрӯхтани чароғ (шамъ) бар қабрҳо дар шариат асос надорад ва дини ислом нисбат ба ин ҳаракати қабеҳ сахт мамониат мекунад. Расули Худо (с) касонеро, ки дар қабрҳо чароғ меафрӯзанд, лаънат кардаанд. Кореро, ки Паёмбари Акрам (с) мавриди лаънат қарор додаанд, ҳеҷ вақт ва ба ҳеҷ далел ҷоизу мустаҳаб намегардад. Хотирнишон бояд шуд, ки ҳазрати Муҳаммад (с) байни қабри валӣ, ғайривалӣ, олим ва ҷоҳил ҳеҷ фарқе нагузоштаанд. Аз ин рӯ, чароғ афрӯхтан ба қабри касе набошад, боиси лаънат аст.
    Саҳобаи баландпоя Амр ибни Ос пеш аз марг чунин васият намуд: "Вақте ки ман вафот намудам, зани мотамгару оташ бар қабрам наравад". Дар "Фатовои Оламгирӣ" омадааст: "Оташ афрӯхтан бар қабрҳо аз русуми ҷоҳилият аст".
    Набии Акрам (с) ҳамчунин таъкид намудаанд: "Бадтарин шахс назди Худованд касест, ки русуми замони ҷоҳилиятро талош кунад". Хулоса, ҳазрати Муҳаммад (с) бар чароғафурӯзандагони назди қабр ва саҷдакунандагон дар қабристон лаънат гуфтаанд. Вобаста ба ҳадисҳои дар боло зикршуда оташ задани алафу буттаҳои рӯи қабрҳо низ ҷоиз нест. Онҳоро баъди хушкиданашон тоза намудан беҳтар аст.