×
Ёрони пайғамбар шахсони бузург ва паҳнкунандаи дини мубини Ислом мебошанд, ки онҳо дар фаҳмиши дин ва татбиқаш қадру манзилати хоссе доштанд.

    Қадру манзалати ёрони Паёмбар дар фаҳм ва татбиқи дин

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия ва тарҷума: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2014 - 1435

    منزلة أصحاب النبي صلى الله عليه و سلم في فهم الدين وتطبيقه

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد وترجمة: محمد عزيز رجب

    2014 - 1435

    Қадру манзалати ёрони Паёмбар дар фаҳм ва татбиқи дин

    «Дини Аллоҳ танҳо ҳамон чизе ҳаст ки паёмбаронашро бо он фиристодааст ва китобҳояшро бо он нозил намудааст, ва ҳамон роҳи рост (сиротул-мустақим) мебошад. Ва он, – равиши ёрони Паёмбар мебошад (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод), некӯтарин қарну замон, ва беҳтарини ин уммат ва азизтарин ва мукаррамтарин халқ дар назди Аллоҳ баъди паёмбарон.

    Аллоҳ таъоло мегӯяд:

    «Ва собиқадорони аввал аз муҳоҷирон ва ансор ва онҳое ки аз эшон (яъне муҳоҷиру ансор) бо некӯ пайравӣ карданд, Аллоҳ аз ҳамаи он розӣ гашт ва онҳо низ аз Аллоҳ розӣ гаштанд».

    Тавба: 100

    Аллоҳ таъоло аз собиқадорони аввали (ин уммат) мутлақан розӣ гашт, ва аз онҳое ки бо некӯӣ аз эшон пайравӣ кардаанд.

    Ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар ҳадисҳои саҳеҳ гуфтааст:

    خير القرون القرن الذي بعثت فيهم ثم الذين يلونهم ثم الذين يلونهم

    «Некӯтарин аҳли асру замон аҳли ҳамон асре ҳаст, ки ман дар онҳо мабъус шудаам, сипас онҳое ки баъди эшон омаданд, ва сипас онҳое ки баъди эшон омадаанд».

    Ва Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) мегӯяд:

    مَن كانَ مُسْتَنًّا ، فَلْيَسْتَنَّ بمن قد ماتَ ، فإنَّ الحيَّ لا تُؤمَنُ عليه الفِتْنَةُ، أولئك أصحابُ محمد — صلى الله عليه وسلم — ، كانوا أفضلَ هذه الأمة : أبرَّها قلوبًا، وأعمقَها علمًا، وأقلَّها تكلُّفًا، اختارهم الله لصحبة نبيِّه، ولإقامة دِينه، فاعرِفوا لهم فضلَهم، واتبعُوهم على أثرهم وتمسَّكوا بما استَطَعْتُم من أخلاقِهم وسيَرِهم، فإنهم كانوا على الهُدَى المستقيم.

    والأثر رواه ابن عبد البر في «جامع بيان العلم وفضله» (2/947ـ رقم 1810) ، وفي إسناده ضعف ، إلا أنه أثر مشهور متداول في مصنفات أهل السنة ، ومعناه صحيح مستقر عندهم .

    «Ҳар кас, ки пайравӣ карданӣ бошад, пас ба оне пайравӣ кунад, ки кайҳо мурдааст, зеро ки дар қайди ҳаёт будагон аз фитна эмин нестанд.

    Онҳое (ки шоистаи пайравӣ ҳастанд) ёрони Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) мебошанд, ки беҳтарини ин уммат буданд: покизатарин ва некӯтарини ин уммат дар қулуб, муҳкамтарини он дар илму дониш, камтакаллуфтарини он.

    Аллоҳ таъоло онҳоро барои ҳамроҳии паёмбараш ва барпо намудани динаш баргузид, пас фазлу мақоми эшонро бидонед, ва аз пайи онҳо бираведу ҳар қадар ки тавонистед ба ахлоқ ва рафторашон чанг бизанед, зеро ки эшон бар ҳидояти мустақиме буданд».

    Ва Ҳузайфа ибни Ямон (разияллоҳу анҳу) мегӯяд:

    يا معشر القراء استقيموا وخذوا طريق من كان قبلكم فوالله لئن اتبعتموهم لقد سبقتم سبقا بعيدا ولئن أخذتم يمينا وشمالا لقد ضللتم ضلالا بعيدا

    «Эй маъшари қориён, ба роҳи рост бошед, ва роҳу равиши онҳоеро бигиред, ки қабл аз шумо буданд.

    Савганд ба Аллоҳ, ки агар аз онҳо пайравӣ кунед, ҳатман хеле зиёд ба пеш хоҳед рафт, ва аммо агар ба росту чап мунҳариф шавед, пас ҳатман сахт гумроҳ хоҳед гашт».

    Ва ҳамчунин Абдуллоҳ ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) гуфтааст:

    خط لنا رسول الله صلى الله عليه وسلم خطا وخط حوله خطوطا عن يمينه وشماله ثم قال : هذا سبيل الله وهذه سبل على كل سبيل منها شيطان يدعو إليه ثم قرأ ( وأن هذا صراطي مستقيما فاتبعوه ولا تتبعوا السبل فتفرق بكم عن سبيله)

    «Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) барои мо хатте кашид, ва дар атрофи он хатҳое ба чапу рост кашид ва сипас гуфт:

    Ин роҳи Аллоҳ ҳаст (яъне рост) ва инҳо бошад роҳҳо ҳастанд, ки бар сари ҳар яке аз он шайтоне мебошад, ки ба сӯяш фаро мехонад. Ва сипас Паёмбар ин оятро тиловат кард: (Ин роҳ (ки ман онро барои шумо баён кардаам), роҳи мустақими ман аст (ва ҳамин роҳ шуморо ба саъодат ва наҷот мерасонад), пас онро пайравӣ кардаву роҳҳои (ботиле, ки шуморо манъ кардаам) напаймоед, то шуморо аз роҳи Ӯ (Аллоҳ таъоло) ҷудову мунҳариф масозад…)».

    Ва Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло моро амр намудааст, ки дар намозҳои хеш бигӯем:

    «Моро ба роҳи мустақим ҳидоят намо. Роҳи онҳое ки бар эшон инъом фармудаӣ, на роҳи ғазабшудагон ва гумроҳон».

    Ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуда:

    «Яҳуд ғазабшудагонанд, ва насоро гумроҳон».

    Ва ин ба хотири он аст, ки яҳуд ҳақиқатро донистаанд, ва онро пайравӣ нанамуданд, ва насоро Аллоҳро бидуни илм парастиш карданд.».

    (Маҷмуъул-фатово, Ибни Таймия 3/126-127).

    Ва ҷойи дигар низ Шайхул Ислом (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд:

    «Ва аз ҷумлаи маълум биз-зарура ҳаст, барои он касе ки тадаббур кунад дар Қур’ону суннат ва ончӣ ки аҳли суннат вал-ҷамоъат (аз ҷамиъи тавоиф) бар он иттифоқ кардаанд, ки: Некӯтарин асру замони ин уммат дар аъмол ва ақвол ва эътиқод ва ғайра аз тамоми фазоил, — асри аввал мебошад.Сипас онҳое ки баъд аз эшон омаданд, ва сипас онҳое ки баъд аз эшон омаданд. Чӣ тавре ки аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) собит шудааст.

    Ва онҳо беҳтар ҳастанд аз халаф (пасояндагон) дар кулли фазоил: аз илму амал, имон ва ақл ва диёнат, баён ва ибодат.

    Ва онҳо авлотар ҳастанд дар баёни ончӣ ки мушкилфаҳм аст! Ва инро инкор намекунад, магар он касе, ки мухолифат кардааст бо ончӣ, ки маълум биз-зарура ҳаст аз дини Ислом ва гумроҳ сохтааст ӯро Аллоҳ таъоло бар замми илм доштанаш…».

    (Маҷмуъул-фатово, Ибни Таймия 4/157).

    Имом Шотибӣ (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст:

    «Ва осор дар ин маъно (фазли ёрони Паёмбар ва салафи солеҳ ва ҳатмияти пайравӣ аз эшон) зиёд аст. Тамомии ин осор далолат мекунад бар иқтидо кардан ба эшон ва пайравӣ аз равиши эшон бар ҳар ҳоле ки бошад, ва ҳамин аст роҳи наҷот. Чӣ тавре ки ҳадиси «фирақ» ба ин маъно ишора мекунад, дар ин сухани Паёмбар: «Ончӣ, ки ман ва ёронам бар он ҳастем».». (ал-Эътисом, Имом Шотибӣ 3/307).

    Ва нигар «Мирқотул-мафотиҳ» аз Мулло Алӣ Қорӣ 1/374.