Фазоили моҳи муҳаррам ва рӯзи ошуро
Дастабандиҳо
Full Description
Фазоили моњи муњаррам ва рўзи ошуро
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Таҳия ва тарҷумаи: Мусъаби Ҳамза
2009 - 1430
فضائل شهر الله المحرم و أحكام يوم عاشوراء.
« باللغة الطاجيكية »
إعداد و ترجمة : مصعب حمزة
2009 - 1430
Фазоили моњи муњаррам ва рўзи ошуро
Моњи муњаррам моњи бузург ва мубораке аст ва он моњи аввали солшумории њиљрї ва яке аз моњњои њаром мебошад.
Худованд мефармояд:
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮤ ﮥ ﮦ ﮧ ﮨ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﮰ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖﯗ ﯘ ﯙ ﯚﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟﯠ ﯡ ﯢ ﯣﯤ ﯥ ﯦﯧ ﯨ ﯩ ﯪ ﯫ ﯬ ﯭ ﭼ التوبة: ٣٦
Nfh/evf~ @Sfh jbyf ievjhfb vjssj yfplb {elj ledjplfs vjs fcn lfh rbnj,b {elj, hept rb jcvjysj df pfvbyhj jafhbl fp jy /evkf xfsjh vjs њаром fcn^ lbyb lehecn by fcn^ gfc lfh jy xfsjh vjs ,fh [elfnjy cbnfv vfreytl^ df /fyu reytl ,j sfvf veihbrjy xeyjy rb 'ijy ,j sfvfb ievj /fyu vtreyfyl df ,bljytl rb {elj ,j vennf-b\y fcn@ Nfd,f 36
Аз Абўбакр (р.з) аз Расули Худо (с) ривоят аст, ки фармуданд: «…. Сол 12 моњ аст, ки аз он љумла чањор моњ њаром аст (яъне љанг кардан дар ин моњњо њаром аст), се моњ пай дар пай, Зулќаъда, Зулњиљља, Муњаррам ва як моњи Раљаби музар, ки байни Љимодулохир ва Шаъбон воќеъ аст» (Бухорї ривоят кардааст 2958).
Ва Муњаррам барои њамин номгузорї шудааст ва барои таъкиди њаром буданаш.
Пас моњи муњаррам аз љумлаи моњњои њаром аст, ки Худованд гуфтааст, ки дар ин моњњо бар худ зулм накунед.
Бо вуљуди ин, ки як хато ва гуноњи бузурге аст, вале дар ин моњњои њаром боз зиёдтар ва бузургтар аст.
Зеро дар ин моњњо аљру савоби амалњои неку хубтару бузургтар мегарданд ва инчунин амалњои бад ва зулм њам гуноњаш сахттару бузургтар мегардад.
Худованд аз байни моњњо моњи Рамазон ва моњњои њаромро (Зулќаъда, Зулњиљља, Муњаррам, Раљаб) ихтиёр ва бузургдорї кардааст ва аз шабњо шаби Лайлатулќадрро ва аз рўзњо рўзи љумъаро ихтиёр ва бузургдорї кардааст, пас он чизеро, ки Худованд ихтиёр ва бузургдорї кардааст таъзим ва бузургдориашро ба љой биёред.
Фазлу бузургии бисёр рўза гирифтан дар моњи муњаррам.
Аз Абўњурайра (р.з) аст, ки Расули Худо (с) фармудаанд: «Бењтарин рўза баъди моњи Рамазон рўзаи моњи Худованд моњи муњаррам аст». (Муслим ривоят кардааст 1982).
Ќавлаш «моњи Худованд», яъне изофа шудани моњ ба сўи Худованд, ин изофаи таъзим ва бузургї аст.
Пас ин тарѓибе аст аз љониби Расули Худо барои дар ин моњ зиёд рўза гирифтан, ки савобу аљраш зиёдтар аз дигар ваќтњо аст.
Ошуро аз нигоњи таърих.
Аз ибни Аббос (р.з) ривоят аст, ки хангоме, ки Расули Худо (с) ба Мадина омад, дид, ки яњудиёни Мадина рўзи ошуроро рўза мегиранд. Пас гуфт: Чї аст ин? Гуфтанд: имрўз рўзи солењ ва нек аст, имрўз рўзе аст, ки Худованд бани исроилро аз душманонашон наљот дод, пас Мўсо (а) ин рўзро рўза гирифт. Расули Худо (с) фармуданд: Ман бар Мўсо (а) аз шумо дида мустањиќтар њастам (наздиктар) ва он рўзро рўза гирифт ва ба рўза гирифтанаш амр кард. (Бухорї ривоят кардааст 1865).
Дар ривояти дигар дар Сањењ Муслим омадааст, ки: «Имрўз рўзи бузурге аст, ки Худованд дар ин рўз Мўсо (а) ва ќавмашро наљот дод ва Фиръавн ва ќавмашро (дар дарёи Нил) ѓарќ гардонид», «Пас Мўсо (а) барои шукри Худованд ин рўзро рўза гирифт».
Дар ривояти дигаре аз имом Ањмад омадааст, ки: Имрўз (рўзи ошуро) рўзе аст, ки киштии Нўњ (а) бар болои Људии ќарор гирифт ва Нўњ (а) њам ин рўзро барои шукри Худоро ба љой овардан рўза гирифтааст.
Рўзаи рўзи ошуроро пеш аз биъсати паёмбар (с) дар замони љоњилият њам машњуру маъруф буд. Аз Оиша (р.з) модари мўъминон ривоят аст, ки гуфт: Ањли љоњилият ин рўзро рўза мегирифтанд.
Инчунин собит аст, ки Расули Худо (с) пеш аз он ки аз Макка ба сўи Мадина њиљрат кунад, ин рўзро рўза мегирифт, ваќте ки Мадина омад, дид, ки яњудиён ин рўзро њамчун ид истиќбол мегиранд, аз сабабаш пурсид, ўро чуноне, ки зикр кардем дар боло љавоб доданд. Амр кард, ки мухолифи яњудиён кор кунанд. (яъне истиќбол нагиранд, балки рўза бигиранд). Чуноне ки дар њадиси Абумўсо (р.з) омадааст, ки гуфт: рўзи ошуроро яњудиён њамчун ид пешвоз мегирифтанд, пас Расули Худо гуфт: Шумо ин рўзро рўза бигиред.
Ва зоњири ин ривоят далолат бар ин мекунад, ки Паёмбар бо амри ба рўза гирифтани ин рўз мухолифати яњудро мехост, то ин ки онњо дар рўзе, ки ид доранд, мехўранду менўшанд мусулмонон рўза гиранд, зеро ки рўзи ид рўза гирифта намешавад. (Аз китоби Фатњулборї мухтасаран гирифта шудааст).
Фазлу бузургии рўзаи рўзи ошуро.
Аз Ибни Аббос (р.з) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо ягон рўзеро рўза гирифтанашро бар дигар рўзњо бартарї намедод, магар рўзи ошуроро ва инчунин њамин моњро, моњи рамазонро. (Бухорї ривоят кардааст 1867) (яъне рўза гирифтани моњи рамазонро бар дигар моњњо тафзил ва бартарї медод ва инчунин рўза гирифтани рўзи ошуроро бар дигар рўзњо тафзил ва бартарї медод).
Дар љои дигар Расули Худо мефармояд: «Рўзаи рўзи ошуро дар њаќиќат ман умедворам (ваќте ки Расули Худо мегўяд «умедворам», маънои амалї шудани он кор аст) аз Худо ки (ба сабаби рўзаи ин рўз) гуноњњои як соли пеш аз ўро такфир ва бахшиш намояд» (Муслим ривоят кардааст 1976).
Ин аз фазлу бузургии Худованд барои бандагонаш аст, ки рўзаи як рўзро сабаби бахшиши гуноњњои яксола гардонида аст, пас лозим аст, ки бандагони Худованд ингуна мавсимњои пурсамарро аз даст надињанд, то аз фазлу бузургї ва бахшиши Худованд бенасиб намонанд ва Худованд соњиби фазли бузург аст.
Кадом рўз ошуро аст?
Имом Нававї (р.њ) мегўяд: Ошуро ва тосуоо ду исме аст, ки алифи мамдуда дорад (ошуро=дањум, тосуоо=нўњум).
Ошуро рўзи дањум ва тосуоо рўзи нўњуми моњи муњаррам аст ва љумњури олимон њам њаминро гуфтаанд ва инчунин мафњуми њадисњои воридшуда ва итлоќи лафзї ин калима, ки ошуро аст, њамин маъноро мефањмонад, инчунин олимони луѓат њам бар ин раъйанд. (Алмаљмўъ).
Пас ошуро рўзи дањуми моњи муњаррам аст, зеро ошуро аз ашара гирифта шудааст, ин маънои раќами 10-ро дорад.
Ибни Ќудома (р.њ) мегўяд: Ошуро рўзи дањуми моњи муњаррам аст. Саид ибни Мусаиб ва Њасан њам ин ќавлро таъйид менамоянд, инчунин аз ибни Аббос ривоят шудааст, ки гуфт: Расули Худо (с) амр кард, ки рўзи ошуроро рўза гиред, дањуми моњи муњаррамро. (Тирмизї ривоят кардааст).
Рўза гирифтани тосуоо бо њамроњии ошуро мустањаб аст.
Абдуллоњ ибни Аббос (р.з) мегўяд: Ваќте ки Расули Худо (с) рўзи ошуроро рўза гирифт ва амр кард, ки мусулмонон рўза бигиранд, гуфтанд: Эй Расули Худо имрўз (рўзи ошуро) рўзе аст, ки яњудиён ва насрониён имрўзро таъзим ва бузургдорї мекунанд, пас Расули Худо (с) гуфт: «Ваќте ки соли оянда биояд, рўзи нўњумро рўза мегирем бо рўзи дањум рўза мегирем», соли оянда наомада Расули Худо (с) вафот ёфтанд. (Муслим ривоят кардааст 1916).
Имом Шофеъї ва асњобаш ва имом Ањмад ва Исњоќ ва дигарон гуфтанд, ки: Рўзи нўњумро бо хамроњи дањум (Ошуро) рўза гирифтан мустањаб аст, зеро Расули Худо (с) рўзи дањумро рўза гирифт ва ният кард, ки соли оянда рўзи нўњумро њамроњаш рўза мегирад.
Ва бинобар ин рўза гирифтани ошуро чанд мартаба аст, камтарин њолаташ ин аст, ки танњо рўзи ошуроро рўза бигирї ва баъди он ки рўзи нўњумро њамроњи ошуро рўзи бигирї ва њарчанд рўза гирифтан дар мохи муњаррам зиёд бошад, њамон ќадар бењтару хубтар аст.
Агар касе пурсад, ки њикмат аз рўзи нўњумро њамроњи дањум рўза гирифтан дар чї аст?
Љавоб ин аст, ки:
Имом Нававї (р.њ) мегўяд: Олимон њикмати мустањаб будани рўзаи рўзи нўњумро бо њамроњии рўзи дањум дар чанд ваљњ зикр кардааст:
1. Ин ки мурод аз рўза гирифтани рўзи нўњум мухолифат кардани яњудиён аст, зеро онњо фаќат дар рўзи дањуми муњаррам рўза мегиранд ва инро ибни Аббос ривоят кардааст (яъне яњудиён фаќат рўзи дањумро рўза мегиранд, пас ваќто ки мо рўзи нўњумро њамроњи дањум мегирем ин мухолифи яњудиён мешавад).
2. Ин ки маќсад пайваст кардани рўзи ошуро аст (яъне танњо рўза нагирифтанаш) чигунае, ки рўзи љумъаро танњо рўза гирифтанаш нањи шудааст.
3. Эњтиёт кардан дар рўза гирифтани рўзи ошуро, зеро эњтимол дорад, ки дар њисоб хато шавад ва рўзи нўњум рўзи дањум бошад пас дар ин њолат рўзи дањум фавт намешавад.
Ва хубтарин ва наздиктарин ин се нуќта назар ба далелњо ин нуќта назари аввал аст, яъне мухолифи ањли китоб (яњудињо ва насронињо) кор кардан аст, дар ин рўзаи рўзи ошуро.
Шайхулислом ибни Таймия (р.њ) мегўяд: Расули Худо дар њадисњои зиёдаш монанд ё ташабуњ ба ањли китобро нањи ва манъ кардааст, чи гунае ки дар мавзўи ошуро гуфтааст: «Агар то соли оянда зинда бошам, њатмї рўзи нўњумро рўза мегирам» (Фатовои кубро 6).
Ибни Њаљар (р.њ) ваќте ин њадисро шарњ медињад «Агар то соли оянда зинда бошам њатмї рўзи нўњумро рўза мегирам» мегўяд: Он чизи ки ќасд кард (яъне расули худо (с) дар бораи рўза гирифтани рўзи нўњум маънояш ин аст, ки фаќат рўзи дањумро нагирад, балки нўњумро бо рўзи дањум бипайвандад ё барои эњтиёт ва ё ин ки мухолифи яњуд ва насоро амал кунад – ва ин рољеътар аст ва дигар ривоятњо дар сањењи Муслим њам ин маъноро тарљењ медињад. (Фатњулбори шарњи сањењ Бухорї 4/245), (яъне мухолифи яњудињо ва насронињо амал кардан, зеро онњо фаќат рўзи дањумро рўза мегиранд пас мо бояд мухолифи онњо амал кунем ва рўзи нўњуму дањумро рўза гирем).
Њукми рўзи ошуроро танњо рўза доштан.
Шайхулислом ибни Таймия мегўяд: Рўза гирифтани рўзи ошуро сабаби пок шудан ва бахшидани гуноњони яксола (як соли гузашта) аст. Ва танњо ин рўзро рўза гирифтан кароњияте надорад. (Фатовои кубро 5). Яъне танњо рўзи дањумро рўза гирифтан макруњ нест.
Ва ибни Њайтамї мегўяд: Ва ошуроро танњо рўза гирифтан боке надорад (Туњфатудмуњтољ 3, боби сеюм).
Лаљнаи доима барои фатво аз ин масъала пурсида шуд, ин гуна љавоб доданд: Рўза гирифтани рўзи ошуро ба танњогї як рўз љоиз аст, вале рўза гирифтани як рўз пеш ё як рўз баъди ошуро њамроњаш афзалу бењтар аст.
Ва ин аз расули худо (с) собит аст, чуноне ки Ў (с) гуфтааст: «Агар то соли оянда зинда бошам, њатмї рўзи нўњумро рўза мегирам» (Муслим ривоят кардааст 1134).
Ибни Аббос (р.з) мегўяд: Яъне њамроњи рўхи дањум (Лаљнаи доима барои бањсњо ва фатвоњо 11/401).
Ошуро рўза гирифта мешавад агарчанде рўзи љумъа ё шанбе бошад.
Дар бораи рўза гирифтани рўзи љумъа ба танњогї ё ин ки рўза гирифтани рўзи шанбе нањи ворид шудааст, магар дар њолате ки рўзаи фарзї бошад, љоиз аст, мисли рўза гирифтани рўзи шанбе ва љумъа дар моњи рамазон.
Ва лекин агар ин рўзњоро бо зиёд кардани як рўзи дигар (масалан рўзи панљшанберо њамроњи љумъа рўза гирад) ё ин ки бо рўзаи машруъ баробар биёяд, мисли рўзи арафа ва ошуро, пас дар ин њолатњо кароњият аз байн меравад (яъне дар ин њолатњо љоиз аст, ки рўзњои љумъа ва шанбе рўза гирифта шавад). (Туњфатулмуњтољ 3 боби саввуми татаввуъ, Мушкилулосор 2 боби савуму явми сабт).
Бањутї (р.њ) мегўяд: Ќасдан рўзи шанберо рўза гирифтан макруњ аст бо дадели њадисе, ки аз расули худо (с) ворид шудааст, ки мегўяд: «Рўзи шанберо рўза нагиред, магар дар њоле ки бар шумо фарз гардида бошад» (Ањмад ва Њоким ривоят кардаанд ва мувофиќи шарти Бухорї аст, яъне дар њоле ки рўзаи рўзи шанбе дар моњи рамазон бошад, рўза гирифтанаш манъ нест, зеро ин ваќт рўза гирифтан фарз аст), зеро ин рўз рўзе аст ки яњудиён таъзим ва бузургдориаш мекунанд ва дар танњо рўза гирифтанаш ташаббуњ ва монандї бо яњудиён аст, ки расули худо (с) аз ташаббуњ ва монандї кардан бо онњо нањи кардааст.
Магар дар њолате ки рўзи љумъа ва ё шанбе бо одате баробар шавад, масалан бо рўзи арафа ё рўзи ошуро мувофиќ биёянд, пас дар ин њолат рўза гирифтани ин рўзњо љоиз аст (Кашшофул ќиноъ 2 боби саввуми татаввуъ).
Рўзаи рўзи ошуро сабаби бахшиши кадом гуноњон аст?
Имом Нававї мегўяд: Рўзаи рўзи ошуро сабаби бахшиши њама гуноњони саѓира (хурд) аст. Маънояш ин аст, ки њама гуноњони хурди инсон маѓфират мешавад, магар гуноњони кабирааш (мисли зино, араќнўшї, дуздї ва ѓайра). Рўзаи рўзи арафа (барои ѓайри њољї) сабаби маѓфират ва бахшиши ду сол аст ва рўзаи рўзи ошуро барои як сол аст ва агар омин гуфтанаш бо омин гуфтани малойкањо баробар шавад, гуноњони гузаштааш бахшида мешавад… њама њолатњои зикршуда барои маѓфирати гуноњон мувофиќанд, пас агар гуноњони саѓира бошад маѓфират мешавад ва агар гуноњони кабира ва саѓира набошад барояш некињо навишта мешавад (ба сабаби ин рўзњои муборакро рўза гирифтанаш) ва мартаба ва дараљааш баланд мешавад. Агар гуноњони кабира бошад ва гуноњи саѓира набошад, умед аст ки барояш гуноњони кабирааш сабуктар гардад. (Маљмуаи шарњї муњаззаб 6 савму явми арафа).
Шайхулислом ибни Таймия мегўяд: Такфири гуноњон ба сабаби тањорат ва намоз ва рўзаи рамазон ва арафа ва ошуро фаќат барои гуноњони саѓира аст. (Фатово кубро љ.5).
Ва савобу аљри рўза маѓрур нашавем.
Баъзе аз мардум такя ба савобу аљри рўзаи ошуро ва арафа карда маѓрур мешаванд ва аз гуноњони саѓира даст намекашанд ва агар онњоро огоњї дињї мегўяд: рўзаи ошуро гуноњони яксоларо маѓфират мекунад ва рўзаи арафа боз аљри зиёдатї боќї мемонад.
Вале ин фикр хато аст, ибни Ќаюм мегўяд: Ин маѓрур намедонад, ки рўзаи моњи рамазон ва намозњои панљваќта бењтару бузургтар аз рўзаи ошуро ва арафа аст (дар аљру савоб) ва инњо байни њамдигар (яъне аз рамазон то рамазон, аз намоз то намози дигар) сабаби маѓфирати гуноњон мебошанд, агар аз гуноњони кабира дурї љўяд. (Яъне агар инсон аз гуноњони кабира дурї љўяд, пас ин ибодатњо сабаби маѓфирати гуноњони саѓира мешавад). Пас аз рамазон то рамазон ва аз љумъа то љумъа имкони маѓфиратро надорад, магар дар њолати пайвастани тарки гуноњони кабира бар ин ибодатњо, яъне бо тарки гуноњони кабира ва ба љой овардани ин амалњо гуноњони саѓира маѓфират мешаванд. Ва ин ду амал ваќте ки бо њам пайваст мешаванд, гуноњони саѓираро такфир мекунанд.
Баъзе аз маѓрурон гумон мекунад, ки тоатњояшон аз гуноњонаш зиёдтар аст, зеро ў аслан гуноњони худро ањамият намедињад, вале агар тоатеро ба љой овард ўро дар ёдаш нигоњ медорад ва њисоб мекунад, ки фалон тоатро ба љой овардааст. Мисли шахсе ки аз худованд бо забонаш талаби маѓфират кардаст ё худоро дар як рўз сад бор тасбењ гуфтааст, баъд аз он тамоми рўзашро дар ѓайбати мардум ва дар номуси мардум расида ва дар чизњое гап задаст, ки аз розигии худованд дур аст. Дар охир дар бораи савобу аљри он тасбењу тањлилаш фикр мекунад, вале дар бораи азобу иќобе ки барои ѓайбатчиён ва суханчиёну дурўѓгўён омадааст фикру тањамуле намекунад.
Ва ин ѓурури мањз аст (ки чашми инсонро мепўшад то корњои некашро дар ёд бигирад ва корњои гуноњ ва бадашро фаромўш кунад) (Мавсуаи фиќњї, љ. 31 «Ѓурур»).
Худованд савобу аљри рўзи ошуроро бароямон насиб гардонад, омин.