×
Қаҳрамони ин бахши достон Абармардест, ки УМАЙР ИБНИ ВАҲБ ном дорад вай яке аз асҳоби босафои Ҳазрати Паёмбар (с) аст. Умайр ибни Ваҳб дар маъракаи Бадр ҷон ба саломат бурд. Аммо фарзандаш Ваҳбро дар дасти мусалмонон асир гузошт. Умайр аз он бим дошт, ки мабодо мусалмонон писари ҷавонашро ба ҷурми падараш озор диҳанд ва ўро сахттарин азоб бичашонанд, чун падараш ҳазрати Расули Худо ва ёронашро азият медод ва онҳоро шиканҷа мекард. Ва дар ин бахш қиссаи чигуна ислом овардани ин абарманди торихро бароятон баён мекунем.

    УМАЙР ИБНИ ВАҲБ

    سيرة الصحابي الجليل عمير بن وهب رضي الله عنه

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Доктор Абдурраҳмон РАЪФАТПОШО

    Тарҷумаи: Абдулҳалими Орифи

    2009 - 1430

    سيرة الصحابي الجليل عمير بن وهب رضي الله عنه

    « باللغة الطاجيكية »

    د. عبد الرحمن رأفت باشا

    ترجمة : عبد الحليم عارفي

    2009 - 1430

    Умайр ибни Ваҳб дар маъракаи Бадр ҷон ба саломат бурд.

    Аммо фарзандаш Ваҳбро дар дасти мусалмонон асир гузошт. Умайр аз он бим дошт, ки мабодо мусалмонон писари ҷавонашро ба ҷурми падараш озор диҳанд ва ўро сахттарин азоб бичашонанд, чун падараш ҳазрати Расули Худо ва ёронашро азият медод ва онҳоро шиканҷа мекард.

    Дар яке аз рўзҳо Умайр ба қасди тавофи Каъба ва табаррук ҷустан ба бутҳо ба Масҷидул ҳаром рўй оварда дид, ки Сафвон ибни Умайя дар гўшае аз Ҳиҷр нишастааст. Ба сўи вай мутаваҷҷеҳ шуд ва ба ў саломи пагоҳи дод ва гуфт:

    Субҳат ба хайр, эй сардори Қурайш! Сафвон низ дар ҷавоб ўро субҳ ба хайр гуфт ва изҳор дошт: Эй Абуваҳб, биё чанд лаҳзае бинишинем, ки вақтро ҷуз сўҳбат чизи дигар ба сар наёварад. Умайр дар канори Сафвон ибни Умайя нишаст ва ҳар ду риштаи сўҳбатро аз гузаштаҳои рўзи Бадр кушоданд ва ин рўзи сиёҳи худро ёдовар шуданд, ки дар ин рўз чи шикасти шармандавор насибашон гардид ва чи қадар аз сарон ва бузургонашонро аз даст доданд ва чи қадар аз фарзандон ва наздиконашон ба дасти мусалмонон асир гашт. Ва он гоҳ сарони бузурги Қурайшро баршумурданд, ки тавассути шамшери мусалмонон аз по даромаданд ва дар қаъри чоҳ дафн карда шуданд.

    Сафвон ибни Умайя аз шунидан ва ёдоварии ин ҳарфҳо изҳори таассуф ва гуфт: Қасам ба Худо зиндаги баъд аз онҳо ҳеҷ кайфу лаззате надорад, Умайр гуфт: Рост гуфти. Баъд андаке сукут намуда гуфт: Қасам ба Худо, агар ман қарздор намебудам ва чораи он медоштам, ки метавонистам қарзҳои худро мепардохтам ва агар хавфи парешони ва нобудии аҳлу аёлам баъд аз даргузаштам намебуд, ҳатман худро ба Муҳаммад расонда ва ўро ба қатл мерасондам ва якбора худро аз шарри вай роҳат месохтам ва баъд ба идомаи ҳарфҳои оҳистаи худ афзуд ва гуфт: Асорати фарзандам дар дасти онҳо худ далели ростин бар ин азм аст, ки ҳеҷ як дар ин тасмим шакку тардид нахоҳад кард.

    Сафвон ибни Умайя сухани Умайрро ғанимат шумурд ва нахост, ки чунин фурсатеро аз даст диҳад, лизо рў ба вай намуда гуфт:

    - Эй Умайр, ҳамаи қарзҳоятро ба ўҳдаи ман гузор. Ман худ донаму пардохти он. Ва ба ҳар андозае, ки буда бошад, ман онро мепардозам ва аммо аҳлу аёлатро ба аҳлу аёли худ зам созам ва то вақте ки ман ва онҳоро зиндаем, ба пардохти масорифи онҳо вазифадор хоҳам буд. Ва ман он қадар пул ва амвол дорам, ки дар тўли зиндагониамон моро кифоят мекунад ва зиндагонии пурсаодат ва оромеро сипари хоҳанд намуд.

    Умайр гуфт: Вақте мавзўъ аз ин қарор буда бошад, ин розро пинҳон дор ва набояд ҳеҷ як аз ин тасмим огоҳи ёбад.

    Савфон гуфт: Чунин хоҳам кард:

    Умайр дар ҳоле, ки оташи ақида ва кини Муҳаммад дар ниҳодаш шўъла мезад, аз ҷой бархост ва худро ба қасди иҷрои ин амал омода кард ва аз гумони касе дар бораи ин сафари хеш парвое надошт, чунки хонаводаҳои қурайшиён, ки дар Мадина асирон доштанд, ба он ҷо рафтуомад мекарданд, ба умеди ин ки битавонанд дар ивази пардохти фидя асиронашонро раҳо созанд. Умайр ибни Ваҳб шамшери худро тез кард ва дамҳои онро бо заҳр олуда сохт ва маркаби худро омода кард ва бар он савор шуд ва роҳи Мадинаро пеш гирифт ва ба қасди азиятрасони ва шарарангези ба роҳ афтод. Ва чун ба Мадина расид, рў сўи масҷид ниҳод, то Расули Худо -салом ва дуруди Худо бар У- ро дарёфта ва тасмими худро амали созад. Ҳамон буд, ки уштури худро дар фосилаи наздик ба вай хобонд ва худ аз он фуромад.

    Дар чунин фурсате Ҳазрати Умар ибни Хаттоб ҳамроҳ бо баъзе асҳоби дигар дар наздики масҷид нишаста ва перомуни рўйдодҳои Бадр ва шикасти мушрикин ва қатлу асорати душманон ҳарф мезаданд ва аз қаҳрамониҳо ва муқовимати мусалмонони муҳоҷир ва ансор дар миёни ҳам сўҳбат доштанд ва кўмак ва ёрии Аллоҳ таъолоро ба мусалмонон дар ин набард ва расвои ва хашми душманонро бо ҳам ёдовари менамуданд, ки дар ин асно чашмаш ба Умайр ибни Ваҳб афтод, ки аз шутури худ фуруд омада ва шамшер бар гардан ороста ва ба сўи масҷид равон аст. Чун ўро ба ин ҳолат дид, ваҳшатзада аз ҷой парид ва гуфт:

    Ин саг ҳамоно душмани Худо Умайр ибни Ваҳб аст.

    Қасам ба Худо, ки вай ба нияти баде ин ҷо омадааст. Ин ҳамон шахсе аст, ки дар Макка мушрикинро алайҳи мо мешўронд ва ин шахс андак қабл аз воқеаи Бадр барои мушрикин аз мо ҷосуси мекард. Ва баъд ба ҳамнишинони худ гуфт: Ҳар чи зудтар ба назди Расули Худо биравед ва барои ҳимояи вай навбатдори намоед ва ҳушёру мутаваҷеҳ бошед, ки ин шахси маккор ва бадкирдор ба вай осебе нарасонад. Баъд худи ҳазрати Умар ба ҳузури ҳазрати Паёмбар -салом ва дуруди Худо бар У- рафт ва гуфт:

    Эй Расули Худо, ин душмани Худо Умайр ибни Ваҳб, шамшери худ ороста ва ин ҷо омадааст. Гумони ғолиби ман он аст, ки вай қасди баде дорад. Ҳазрати Расули Худо фармуд: Ўро назди ман оред.

    Ҳазрати Умар ибни Хаттоб ба сўи Умайр рўй овард ва ўро аз гиребон гирифт ва ресмони шамшерашро дар гарданаш печонд ва вайро кашон-кашон ба ҳузури Расулуллоҳ -салом ва дуруди Худо бар У- овард.

    Вақте ҳазрати Расули Худо ўро бо чунин ҳолате дид, ба ҳазрати Умар гуфт: Ўро раҳо соз эй Умар. Ҳазрати Умар ўро раҳо сохт ва баъд ба ў гуфт: Аз вай дур шав. Ҳазрати Умар аз назди вай дур шуд ва баъд худ сўи вай наздик шуд ва гуфт:

    Эй Умайр, пеш биё. Умайр пеш омад ва гуфт: Анъим сабоҳан

    – яъне, субҳат ба хайр эй Расули Худо (дар даврони ҷоҳилият салом чунин буд). Ҳазрати Расули Худо фармуд: Худованд барои мо саломи беҳтар аз саломи ту бахшидааст. Худованд барои мо саломро, ки саломи аҳли ҷаннат аст, бахшидааст.

    Умайр гуфт: Қасам ба Худо, ту худ аз ин саломи мо чандон дур набуди ва акнун ин саломи тозаро ривоҷ додаи.

    Ҳазрати Расули Худо -салом ва дуруди Худо бар У- фармуд. Эй Умайр омили омаданат ба ин ҷо чи буд?

    Гуфт: Омадам, ки ин асиреро, ки дар даст доред, раҳо созед ва дар ин бора ба ман неки ва эҳсон намоед.

    Ҳазрати Расули Худо фармуд: Ин шамшери овехта бар гарданатро барои чи овардаи?

    Гуфт: Худованд ин шамшерҳоро аз мо бигирад. Ин шамшерҳо дар рўзи Бадр чи нафъе барои мо расонид?!!

    Ҳазрати Расули Худо боз фармуд: Эй Умайр, сухани ростгў, чи чиз туро ба ин ҷо овард? Гуфт: Ҷуз ин ҳадаф, ки асирамро бароям раҳо созед, дигар коре надоштам.

    Ҳазрати Расули Худо фармуд: Ҳақиқат ин аст, ки ту ва Сафвон ибни Умайя дар наздики Ҳиҷр бо ҳам нишаста ва аз асҳоби қалиб ва куштагони Қурайш сўҳбат ба миён овардед ва баъд гуфти:

    - Агар дайндор намебудам ва нафақаи аҳлу аёл бар ман намебуд, бечуну чаро ба қатли Муҳаммад берун мешудам.

    Ва баъд Сафвон ибни Умайя дайн ва масорифи аҳлу аёлатро ба зимма гирифт, то ту ба ин тасмими худ ҷомаи амал пўшони ва маро ба қатл расони. Аммо Худованд туро ба чунин мақсад нарасонд.

    Умайр аз шунидани ин ҳарфҳо ҳайрон монд ва лаҳзае дар фикр фурў рафт. Ва баъд дере нагузашт, ки калимаи шаҳодат ба забон овард ва ба ҳаққонияти рисолати вай шаҳодат дод ва гуфт: Шаҳодат медиҳам, ки ту ҳақиқатан фиристода ва Расули Худованд ҳасти ва баъд афзуд: Эй Расули Худо! Мо қабл аз ин ҳарфҳои туро дурўғ мепиндоштем, ваҳйеро, ки бар ту нозил мешуд, тақзиб менамудем. Аммо ин сухани ман ҳамроҳ бо Сафвон ибни Умайяро ҷуз ман ва ў каси дигаре намедонист ва ҳоло ки ту аз он ҳамаро якояк бароям баён дошти, дигар ҳеҷ гуна шак ва тардиде дар ҳаққонияти даъвати ту надорам. Чун медонам, ки ҷуз Худо дигар ҳеҷ кас ин хабарро ба ту нарасонидааст. Худоро сипосгузорам, ки маро ба сўи ту овард, то барои Ислом ҳидоятам кунад ва раҳнамунам гардонад. Баъд шаҳодат дод ба ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур Расулуллоҳ Умайр ибни Ваҳб ва ҳамин тавр мусалмон шуд Ҳазрати Расули Худо -салом ва дуруди Худо бар У- барои ёронаш фармуд:

    - Бародаратонро дарси дин биёмўзонед ва Қуръонро ба вай таълим диҳед ва асирашро раҳо кунед.

    Мусалмонон ба ислом овардани Умайр ибни Ваҳб сахт шодмон ва хушҳол шуданд, то он ҷо ки ҳазрати Умар ибни Хаттоб - Худо аз у рози бод- фармуд: Вақте Умайр ибни Ваҳб ба назди ҳазрати Расули Худо омад, дар назди ман хук аз вай беҳтар буд ва акнун, ки вай мусалмон шудааст, вай дар назди ман аз баъзе фарзандонам маҳбубтар аст.

    Дар ин фурсат, ки Умайр рўҳу равони худро сайқал мебахшид ва худро ба таълимоти Ислом ороста ва қалбашро бо нури Қуръон мунаввар месохт ва беҳтарин лаҳзаҳои зиндагии худро дар ҷавори Ҳазрати Расули Худо сипари мекард, Макка ва ёронашро фаромўш намуда буд.

    Сафвон ибни Умайя орзуҳо ва хаёлотро дар зеҳни худ мепарваронид ва вақте гузараш бар маҷолиси Қурайш меафтод ба онҳо мегуфт: Анқариб муждаи некеро хоҳед шунид, ки рўйдодҳои сиёҳи рўзи Бадрро фаромўшатон созад.

    Вақте муддати замоне бар ин амр сипари шуд ва интизори Сафвон ибни Умайя ба дарозо кашид, шакку тардид оҳиста- оҳиста ба дилу равони вай роҳ ёфт, то он ҳад, ки аз шиддати он дар худ оташ мегирифт ва пайваста аз мусофироне, ки ба Макка меомаданд аз аҳволи Умайр ибни Ваҳб пурсон мешуд.

    Ва аз ҳеҷ як ҷавобе дарёфт намедошт, ки аз ғаму андўҳи вай бикоҳад, то он ки мусофире омад ва гуфт: Умайр мусалмон шудааст.

    Ин хабар чун раъду барқи шадид ўро такон дод, чун вай ба ин андеша буд, ки агар ҷаҳон ҳама мусалмон шаванд, Умайр ҳаргиз мусалмон нахоҳад шуд.

    Умайр пайваста ба фаро гирифтани умури дини ва ҳифзи каломи Худо машғул буд, то он ки рўзе ба ҳузури Паёмбар -салом ва дуруди Худо бар У- омаду гуфт: Эй Расули Худо, ман муддати замони тўлониро дар мубориза алайҳи ин оин ва хомўш сохтани нури Худо сипари намудам ва онҳоеро, ки ба дин мепайвастанд, сахт азият додаам ва ҳоло орзуям ин аст, ки барии ман иҷоза диҳи, ки ба Макка бозгардам ва Қурайшро ба дини Худо ва Паёмбараш даъват намоям. Агар ишон ин даъватро аз ман пазируфтанд, ин чи беҳтар ва агар аз қабули он ибо варзиданд, ба онҳо чунон азият расонам, ки қаблан ба мусалмонон азият мерасондам.

    Ҳазрати Расули Худо ба вай иҷоза дод ва ба Макка бозгашт ва ба хонаи Сафвон ибни Умайя омад ва гуфт: Эй Сафвон, ту аз сардорони бузург ва кишоварзони Макка ҳасти ва аз мардони оқил ва хайрандеши Қурайш ба ҳисоб мерави.

    Оё ин шевае, ки шумо дар иртибот бо ибодати ин бутҳои санги ва тақдими қурбониҳо барои онон дар пеш гирифтаед, кори маъқул аст? Ва оё ақл инро меписандад, ки дин ба ҳамин шева буда бошад?

    Аммо ман шаҳодат медиҳам ба ин, ки ғайри Аллоҳ ҳеҷ маъбуде нест ва Муҳаммад Паёмбари Худост.

    Баъд Умайр ба даъвати аҳли Макка идома дод, то он ки иддаи зиёде ба дини Ислом сар ниҳоданд ва мусалмон шуданд.

    Худованд Умайр ибни Ваҳбро подоши нек насиб намеояд ва қабри ўро нурони созад.