Намоз дар байни дигар ибодатҳо
Дастабандиҳо
Full Description
Намоз дар байни дигар ибодатњо
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Нависанда: Исҳоќи Дабирї
Таҳияи: Мусаби Ҳамза
2009 - 1430
مكانة الصلاة في الإسلام
« باللغة الطاجيكية »
مؤلف : إسحاق دبيري
إعداد : مصعب حمزة
2009 - 1430
Маќоми намоз дар байни дигар ибодатњо
Азбаски намоз дар байни дигар ибодатњо хусусият ва имтиёзњои муњиме дошт, Худованд онро бидуни восита ва миёнраве дар шаби Исроъ ва Меърољ мустаќиман расули Худоро мухотаб ќарор дода онро ба Ў ва умматаш фарз гардонид.
Ва ба њамин хотир расули Худо (с) ваќте кори муњиме рўй медод, мисли хусуфи моњ (Хусуф-гирифтани моњ ё аз назар пинњон шудани моњ дар шабњое, ки бояд дида шавад, ки моњ гирифтан ё гирифтани моњ њам мегўянд) ва хусуфи офтоб (хусуф-гирифта шудани офтоб ё торик шудани ќурси офтоб) билофосила ба адои намоз бармехест, то ин ки рањмати худовандї шомили њоли онњо ва мушкили онњо њал шавад.
Пас мо бояд ба расули Худо иќтидо ва пайравї намуда, он амале, ки Ў анљом медод, ба љой оварем.
Фазли намози љамоат
Намози љамоат фазилатњои зиёде дорад, аз љумла:
Аз Абдуллоњ ибни Умар (рз) ривоят аст, ки расули Худо (с) фармуд: Намози љамоат бар намози фардї ва танњо бар 27 дараља фазилат ва бартарї дорад (Бухорї ва Муслим).
Пас чї бењтар аз ин аст, ки инсон њама намозњояшонро дар масљид бо љамоат гузорад? То ин фазилати бузургро соњиб шавад.
Ва ногуфта намонад, ки инсон њар ќадаме, ки ба сўи масљид рафтан мезанад, Худованд барои ў аљру савоб менависад.
Абўњурайра (р.з) ривоят мекунад, ки расули Худо (с) гуфт: Намози шахс бо љамоат 25 баробар аз намозе, ки дар хона ё бозор мегузорад, аљру подоши зиёд дорад, зеро агар ба пуррагї тањорат кунад ва баъд аз он ба сўи масљид барояд ва хонааш ва баромаданаш фаќат ба хотири намоз бошад, њар ќадаме, ки бармедорад ба аљру савоб ва подоши ў як дараља изофа ва аз ў як саъия (кори бад, гуноњ) кам мешавад.
Ва ваќте намозро хонд ва то ваќте, ки дар намозгоњаш аст, фариштагон бар ў дуруд мефиристанд, агар тањорати худро нашиканад.
Ва фариштагон мегўянд: Бор Илоњо бар ў дуруд бифирист! Бор Илоњо ўро рањмат кун ва ў дар њолати намоз аст то ваќте, ки мунтазири намози баъдї аст. (Бухорї ва Муслим).
Ваќте инсон бо љамоат намоз мехонад, аз риёкорї ва нифоќу дурўягї эмин ва пок хоњад монд.
Аз Абдуллоњ ибни Масъуд ривоят аст, ки гуфт: Касе ки мехоњад Худовандро мулоќот кунад дар њоле, ки мусалмон аст, пас бар ин намозњо, ки барои он азон гуфта мешавад, муњофизат кунад. Зеро ки Худованд барои пайѓамбари шумо суннатњое, ки мардумро ба роњи рост њидоят кунад ташреъ ва ќонунгузорї кардааст ва ин намозњо љузъи ин суннатњоянд, пас агар намозњоро дар хона хондед, суннати пайѓамбаратонро тарк кардаед ва агар суннати пайѓамбаратонро тарк кунед, гумроњ хоњед шуд.
Ва марде, ки ба пуррагї тањоратро ба љой оварад ва баъд ба тарафи масљиде аз ин масљидњо равона шавад, Худованд барои њар ќадаме, ки бармедорад барояш некие навишта ва барояш дараљаи савобе ва аљре изофа карда ва гуноње аз гуноњони ўро кам мекунад.
Ва дар замони пайѓамбар (с) њељ кас аз намози љамоат тахаллуф намекард, магар мунофиќе, ки нифоќи ў зоњир ва ошкор буд ва дар он замон ду тарафи марди маризро мегирифтанд то ўро дар сафи намоз ќарор дињанд ва бо љамоат намоз бихонад. (Ањмад, Муслим, Абўдовуд ва дигарон).
Ин маънои онро надорад, ки намози шахс дар хона танњо дуруст нест ё ќабул нест, балки маънояш ин аст, ки инсон кўшиш кунад, ки намозњои худро дар масљид бо љамоат хонад ва ба ќадри иститоаташ, то ки аз аљри бузург бенасиб намонад, чї гунае ки дар боло зикр шуд, аљру савоби намози љамоат аз намози танњої 25 маротиба зиёд аст, пас мо бояд кўшиш кунем, ки аљри бузургро аз даст надињем.
Аз Абўњурайра (р.з) ривоят аст, ки расули Худо (с) гуфт: Касе ки субњ ва шом барои намози љамоат ба сўи масљид меравад ва њар андоза, ки ба масљид зиёд равад, Худованд барои ў дар бињишт мењмонї фароњам мекунад. (Бухорї ва Муслим).
Ва аз Абўњурайра (р.з) ривоят аст, ки расули Худо (с) гуфт: Ба касоне, ки дар торикии шабњо ба масљидњо мераванд, башорат бидењ, ки дар рўзи ќиёмат аз нури комил бархурдоранд. (Абўдовуд, Ибни Мољањ, Тирмизї), (маќсад аз торикии шабњо – ваќте ки инсон ба намози бомдод дар торикї меравад, ва Аллоњ аълим).
Ва дуруд ва рањмати Худо бар пайѓамбар ва ёрону хонадону пайравонаш бод, вассалому алайкум ва рањматуллоњи ва баракотуњ.
Гирифта шуд аз китоби «Намози љамоат»
Таълифи Иcҳоќи Дабирї.
Тањияи Мусъаби Њамза.