Аҳодиси Набави дар мавзуи ҷазои шикор кардан ва амсоли он аз китоби
Дастабандиҳо
Full Description
Аҳодиси Набави дар мавзуи љазои шикор кардан ва амсоли он аз китоби
"Мухтасари Саҳеҳи Бухорй"
الأحاديث النبوية في موضوع جزاء الصيد و نحوه من كتاب
" مختصر صحيح البخاري"
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Таҳияи : Мусаби Ҳамза
2009 - 1430
الأحاديث النبوية في موضوع جزاء الصيد و نحوه من كتاب
" مختصر صحيح البخاري"
« باللغة الطاجيكية »
إعداد : مصعب حمزة
2009 - 1430
29. КИТОБИ ЉАЗОИ ШИКОР КАРДАН ВА АМСОЛИ ОН
БОБИ 1. Муњрим метавонад аз шикори шахси њалол истифода намояд
884. Аз Абўќатода (р) ривоят аст, ки гуфт: Соли Њудайбия бо Паёмбари Худо (с) будем. Дигар асњоби Паёмбари Худо (с) эњром бастанд, вале ман эњром набастам ва барои мо аз вуљуди душман дар минтаќаи Ѓайќа хабар расид, ба тарафи душман њаракат намудем.
Њамроњонам гўрхареро дида ва ба тарафи якдигар механдиданд. Чун назари ман ба гўрхар афтод, аспамро ба тарафаш давондам ва бо найзаам ўро аз пой даровардам, аз њамроњонам кўмак хостам, вале онњо ба манн њамкорї накарданд ва аз гўшти он гўрхар хўрдем.
Баъд аз он назди Паёмбари Худо (с) рафтем ва метарсидем, ки аз њама људо биафтем. Аз ин љињат аспамро гоње давонда ва гоње оњиста мерафтам. Шахсе аз бани Ѓифорро дар нимаи шаб дидам ва аз вай пурсидам: Паёмбари Худо (с) кучо њастанд?
Гуфт: Дар минтаќаи Таъњин њастанд ва тасмим доранд, ки пеш аз чошт худро ба ќарияи Суќё бирасонанд. Худро ба Паёмбари Худо (с) расондам.
Гуфтам: Ё Расулаллоњ! Асњоби шумо барои шумо салом ва рањмат фиристоданд ва аз он тарс доштанд, ки мабодо душман онњоро аз шумо ѓалат бияндозад, аз ин љињат то омаданашон интизор бикашед. Эшон (ќабул карда) ва ба интизорашон монданд.
Гуфтам: Ё Расулаллоњ, гўрхареро шикор кардем ва аз гўшти он чизе назди мо боќї мондааст.
Паёмбари Худо (с) ба асњоби хеш дар њоле, ки эњром доштанд, фармуданд: "Бихўред."
БОБИ 2. Муњрим набояд бо шахси њалол дар куштани
шикор њамкорї намояд
885. Ва аз Абўќатода (р) дар ривояти дигаре омадааст, ки гуфт: Бо Паёмбари Худо (с) дар дашти Ќоњa, ки дар се милии Мадинаи мунаввара воќеъ аст, будем. Баъзе аз моён эњром дошта ва баъзе дигар бидуни эњром будем (ва баќия њадиси гузаштаро зикр намуд).
БОБИ 3. Муњрим набояд дар шикор кардан бо шахси
њалол њамкорї намояд
886. Ва аз Абўќатода (р) дар ривояти дигаре омадааст, ки чун назди Паёмбари Худо (с) омаданд, фармуданд: "Оё касе аз шумоён ўро дар шикор кардан ташвиќ намуд? Ва ё ба тарафи шикор ишора кард?"
Гуфтанд: На! Фармуданд: "Пас чизеро, ки аз гўшташ боќї мондааст, бихўред."
БОБИ 4. Агар барои муњрим гўрхареро бахшиданд, набояд ќабул кунад
887. Аз Абдуллоњ ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Саъб ибни Љасома (р) гўрхареро дар минтаќаи Абвоъ ва ё минтаќаи Ваддон ба Паёмбари Худо (с) бахшиш намуд. Эшон (ќабул накарда) ва гўрхарро барояш пас доданд ва чун диданд, ки он шахс мутаассир гардид, фармуданд: "Сабаби пас додани гўрхар он буд, ки дар њолати эњром њастем."
БОБИ 5. Он чиро, ки муњрим дар њарам кушта метавонад
888. Аз Оиша (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Панљ навъ аз даввоб зараррасон њастанд ва куштани онњо дар Њарам раво аст: калоѓи лошахўр, боша, аќраб, муш ва саги газанда."
889. Аз Абдуллоњ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки гуфт: Дар њоле, ки бо Паёмбари Худо (с) дар ѓори Мино будем, сураи Валмурсалот бар эшон нозил гардид, он сураро тиловат намуданд ва ман ин сураро дар њоле аз Паёмбари Худо (с) омўхтам, ки дањонашон њанўз аз тиловати он сура муаттар буд.
Дар ин ваќт море ба тарафи мо давид, Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Ўро бикушед." Ба тарафаш давидем, вале он мор рафт ва худро пинњон сохт. Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Ў аз шарри шумо дар амон монд, мисле ки шумо аз шарри ў халос шудед."
890. Аз Оиша (р) њамсари Паёмбари Худо (с) ривоят аст, ки: Паёмбари Худо (с) калтакалосеро "фувайсиќ" (яъне фосиќак ё зараррасони кўчак) номиданд, вале нашунидам, ки моро ба куштани он амр намуда бошанд.
БОБИ 6. Љанг ва ќитол дар Макка раво нест
891. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфти Паёмбари Худо (с) рўзе, ки Маккаро фатњ намуданд, фармуданд: "Дигар њиљрате аз Макка нест, вале љињод ва нияти љињод ба њоли худ боќї аст, агар аз шумо хостанд, ки ба љињод берун шавед, берун шавед."
БОБИ 7. Њукми њичомат кардан барои муњрим
892. Аз Ибни Буњайна (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) дар њоле, ки муњрим буданд, дар минтаќаи Лањйи Љамал васати сари худро њиљомат намуданд.
БОБИ 8. Њукми никоЊ кардани муњрим
893. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Паёмбари Худо (с) дар њоле, ки муњрим буданд, Маймуна (р)-ро ба никоњ гирифтанд.
БОБИ 9. Шустушўй барои муњрим
894. Ривоят аст, ки касе аз Абўаюби Ансорї (р) пурсид: Паёмбари Худо (с) дар њоли эњром сари худро чї гуна шустанд?
Абўаюб дасти худро дар љомае, ки (рўйи сараш буд) гузошт ва онро њаракат дод, то он, ки сараш (аз зери он љома) зоњир шуд.
Баъд аз он ба шахсе, ки бар сараш об мерехт, гуфт: Бирез! Ў њам обро ба сараш рехт, баъд аз он сарашро ба ду дасташ молид ва дастњояшро ба пеш ва аќиби cap бурда, гуфт: Паёмбари Худо (с)-ро дидам, ки чунин карданд.
БОБИ 10. Дохил шудан ба Њарам ва Макка бидуни эњром
895. Аз Анас ибни Молик (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) соли фатњи Макка дар њоле, ки кулоњи оњанине ба сарашон буд, ба Макка дохил гардиданд.
Чун кулоњро аз сари худ бардоштанд, шахсе омад ва гуфт: (Ибни Хаттал) худро ба пўшиши Каъба часпондааст. Фармуданд: "Ўро бикушед."
(Ибни Хаттал шахсест, ки мусалмон шуда ва баъд аз он шахсеро аз мусалмонон кушта ва муртад шуда буд).
БОБИ 11. Њаљ кардан ва назр додан аз мурда ва марде,
ки аз тарафи зане њаљ мекунад
896. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки зане аз ќабилаи Љуњайна назди Паёмбари Худо (с) омад ва гуфт: Модарам назр карда буд, ки њаљ намояд, вале пеш аз ин, ки њаљ намояд, вафот намуд. Оё метавонам ба љои вай њаљ намоям?
Фармуданд:"Бале, ба љои ў њаљ кун. Оё агар модарат ќарздор мебуд, ќарзашро адо намекардї? Ќарзи Худоро њам адо кун, адои ќарзи Худо лозимтар аст."
БОБИ 12. Њаљчи атфол
897. Аз Соиб ибни Язид (р) ривоят аст, ки гуфт: Дар њоле, ки њафтсола будам, маро бо Паёмбари Худо (с) ба њаљ бурданд.
БОБИ 13. Њаљљи занњо
898. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки гуфт: Чун Паёмбари Худо (с) аз њаљ баргаштанд, барои Умми Синони Ансорї (р) гуфтанд: «Чї чиз монеъ шуд, ки њаљ накардї?"
Гуфт: Падари фалонї (яъне шавњараш) ду шутур дошт, бар як шутур худаш њаљ карда ва шутури дигар замини моро об медод.
Фармуданд: "Умрае, ки дар Рамазон анљом дињї, монанди њаљљест, ки бо ман анљом дода бошї."
899. Аз Абўсаъид (р), ки дар дувоздањ ѓазва бо Паёмбари Худо (с) иштирок намудааст, ривоят аст, ки гуфт: Чањор чизро аз Паёмбари Худо
(с) шунидаам, ки аз он чизњо хушам омада ва мавриди таваљљўњам ќарор гирифтааст.
"Ин ки зан дар сафаре, ки дурўза роњ бошад, набояд бидуни шавњар ва ё мањрам сафар намояд ва набояд касе дар рўзи иди Фитр ва иди Ќурбон рўза бигирад ва набояд касе баъд аз намози аср то ѓуруби офтоб ва баъд аз намози субњ, то тулўъи офтоб намоз бихонад ва набояд касе љињати рафтан ба масљиде ба љуз аз ин се масљид омодагии сафарро бигирад: Масљиди Њаром, Масљиди ман (яъне масљиди Паёмбари Худо (с) дар Мадинаи мунаввара) ва Масљиду-л-аксо.»
БОБИ 14. Касе, ки назр намояд, то пиёда ба Каъба биравад
900. Аз Анас (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) пирамардеро диданд, ки худро ба ду нафар аз фарзандонаш такя дода ва роњ меравад. Пурсиданд: "Инро чї шудааст?"
Гуфтанд: Назр кардааст, ки пиёда (ба њаљ) биравад. Фармуданд: "Худованд аз ин, ки ин шахс худро азоб дињад, бениёз аст.» Ва амр намуданд, ки савора биравад.
901. Аз Уќба ибни Омир (р) ривоят аст, ки гуфт: Хоњарам назр кард, ки пиёда ба Байтуллоњилњаром биравад ва аз ман хост, то дар ин бора аз Паёмбари Худо (с) фатво бихоњам, ман фатво хостам ва Паёмбари Худо (с) фармуданд: "Биравад, вале савора биравад."