×
Дар ривоятҳо омадааст, ки Расули Худо (с) мардумро ба қиёми шабҳои моҳи Рамазон бо баёни аҷру савоби он ҳавасманд мегардонд, вале онҳоро ба таври ҳатмӣ ва муаккад ба он амр намекард. Аз ҷумла, он Ҳазрат (с) мегуфт: «Касе шабҳои моҳи Рамазонро аз рўи имон ва ба умеди аҷру савоб барпо дорад, тамоми гуноҳони (хурди) гузаштааш бахшида мешаванд».Саҳеҳи Бухорӣ, 37, 2008, 2009. Дар ин мақола нависанда дар бораи намози тарових ва чанд ракаат аст баён мекунад

    Намози Таровиҳ

    صلاة التراويح

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Муаллиф: Абдушарифи Боқизода

    2009 - 1430

    صلاة التراويح

    « باللغة الطاجيكية »

    مؤلف : عبد الشريف باقي زادة

    2009 - 1430

    Намози Таровиҳ

    Дар ривоятҳо омадааст, ки Расули Худо (с) мардумро ба қиёми шабҳои моҳи Рамазон бо баёни аҷру савоби он ҳавасманд мегардонд, вале онҳоро ба таври ҳатмӣ ва муаккад ба он амр намекард. Аз ҷумла, он Ҳазрат (с) мегуфт: «Касе шабҳои моҳи Рамазонро аз рўи имон ва ба умеди аҷру савоб барпо дорад, тамоми гуноҳони (хурди) гузаштааш бахшида мешаванд».Саҳеҳи Бухорӣ, 37, 2008, 2009.

    Расули Худо (с) аз дунё гузашт ва кор ба ҳамин сурат боқӣ монд. Дар замони хилофати ҳазрати Абубакр (р) ва ибтидои даврони Умар (р) низ ҳамин ҳолат ҳифз гардид. Саҳеҳи Бухорӣ, 2009. Саҳеҳи Муслим.

    Оиша (р) мефармояд: «Расули Худо (с) шабе (дар моҳи Рамазон) нимашаб ба масҷид рафт ва дар он ҷо намоз гузорид. Мардуме, ки дар он ҷо буданд, ба вай иқтидо намуда, намоз гузориданд.

    Вақте субҳ шуд, онҳо дар бораи намози шабашон ба мардум хабар доданд. Шаби дигар одами бештаре ҷамъ шуда ва ҳамроҳи он Ҳазрат (р) намоз гузоштанд. Боз субҳ хабар ба мардуми бештаре расид ва дар шаби сеюм аҳли масҷид зиёд гардиданд. Расули Худо (с) ин шаб низ ба масҷид рафт ва мардум ҳамроҳаш намоз гузоштанд.

    Шаби чорум масҷид дигар намозгузоронро набурд, (вале Расули Худо (с) он шаб ба наздашон набаромад, балки саҳар) барои намози субҳ баромад. Пас аз адои намози бомдод… ба мардум гуфт: Ҳузури шумо бароям пўшида набуд, вале хавф бурдам, ки ин намоз низ бар шумо фарз гардад ва аз адои он оҷиз гардед». Саҳеҳи Бухорӣ, 729, Саҳеҳи Муслим, 1780.

    Чи тавре мебинем, Расули Худо (с) танҳо се шаб намозро дар масҷид бо ҷамоъат барпо доштааст ва ба ин андеша, ки мабодо намози шаб дар моҳи Рамазон бар умматаш фарз гардад ва онҳо аз анҷоми он оҷиз оянд, дигар онро ҳамроҳи мардум нагузоштааст.

    Бар асоси ривоятҳои дигар Расули Худо (с) танҳо дар се шаби тоқи даҳаи охири моҳи Рамазон намози таровиҳро дар масҷид бо ҷамоъат барпо доштааст. Нўъмон ибни Башир аз болои минбари шаҳри Ҳумс фармуд: «Шаби бисту сеюми моҳи Рамазон ҳамроҳи Расули Худо (с) то як ҳиссаи шаб ба намоз истодем, дар шаби бисту панҷум то нимаи шаб ва дар шаби бистуҳафтум то ҷое ба намоз истодем, ки хавф бурдем саҳарихўрӣ моро фавт мегардад».Мусаннафи Ибни Абушайба, ҷ. 2, с. 286.

    Дар ривояти Ҷубайр ибни Нуфайр аз Абузар низ ҳамин маъно бо дигар лафз таъкид гардидааст ва танҳо ин илова дар он омадааст, ки: «Дар шаби бистуҳафтум он Ҳазрат (с) аҳли хонавода ва ҳамсаронашро низ ҷамъ намуд. Шаби бистучаҳорум ва бистушашум ҳамроҳи мо таровиҳро нахонд. Пас аз бистуҳафтум низ таровиҳро ҳамроҳи мо барпо надошт». Сунани Абудовуд, 1375. Сунани Тирмизӣ, 806.

    Мардум дигар намози таровиҳро дар хонаҳояшон ва ё дар ҷамоъатҳои пароканда дар гўшаҳои масҷид мехонданд. Ин ҳолат дар замони хилофати ҳазрати Абубакр (р) ва ибтидои хилофати ҳазрати Умар (р) низ идома ёфт. Пас аз он ҳазрати Умар (р) мардумеро, ки дар гўшаҳои масҷид танҳо-танҳо ва ё дар ҷамоъатҳои пароканда намози таровиҳ мегузоштанд, ба як имом ҷамъ сохт.

    Аз он таърих ба баъд намози таровиҳ ва ҳамчунин намози витр дар моҳи Рамазон бо ҷамоъат барпо дошта мешаванд.

    Аз он рўзе, ки Умар (р.з) мардумро дар намози таровиҳ ба як имом ҷамъ намуд, дигар ба ҳамон ҳолат боқӣ мондааст.

    Таровиҳ ҷамъи тарвиҳа ба маънои андаке дам гирифтан дар миёни ҳар чаҳор ракаъати намоз мебошад. Дар садри Ислом намози таровиҳро мардум бо оҳистагӣ, тааммул дар оятҳо ва бо хушўъи комил ба ҷой меоварданд ва пас аз ҳар чаҳор ракаъати он андаке дам мегирифтанд. Имрўзҳо низ намози таровиҳ суратан бо ҳамон меъёр ба ҷо оварда мешавад, вале ягона чизе, ки камтар ба он таваҷҷўҳ мегардад, ҳамон оҳистагии зарурӣ, ҳолати тааннӣ ва хушўъи дар намоз мебошад, ки рўҳи намозро ташкил медиҳанд.

    Адади ракаъатҳои намози таровиҳ

    Дар бораи адади ракаъатҳои намози таровиҳ ривоятҳои гуногуне ворид шудааст. Имом Молик (р) дар Муваттаъ аз Язид ибни Румон ривоят мекунад, ки: «Мардум дар замони Умар ибни Хаттоб (р) қиёми шабро бистусе ракаъат ба ҷо ме оварданд». Вай дар ин ҷо се ракаъати витрро низ дар назар доштааст.

    Аз Соиб ибни Язид низ ривоят шудааст, ки: «Дар замони Умар ибни Хаттоб мардум дар моҳи Рамазон (намози шабро) бист ракаъат мегузоштанд».

    Дар Саҳеҳи Бухорӣ аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки : «Расули Худо на дар моҳи Рамазон ва на дар ғайри он аз ёздаҳ ракаъат зиёд намегузошт. Аввал чор ракаъат мегузошт, ки аз ҳусну зебоӣ ва дарозии онҳо напурс, боз чор ракаъати дигар мегузошт, ки аз ҳусну зебоӣ ва дарозии онҳо напурс. Сипас се ракаъат мегузошт…». Саҳеҳи Бухорӣ, 1147, 2013, 3569.

    Манзур аз ёздаҳ ракаъат ҳашт ракаъат намози қиёми шаб ва се ракаъат витр мебошад.

    Аммо бузургони мазҳаби ҳанафӣ ва аксари аҳли илм ин ҳадисро ба қиёми шаби ҳамешагии он Ҳазрат (с), ҳам дар моҳи Рамазон ва ҳам дар ғайри он, марбут донистаанд, на ба қиёми моҳи Рамазон ва он намозе, ки бо номи таровиҳ шинохта мешавад. Зеро ин ҳадис, агар қиёми моҳи Рамазон ва намози таровиҳро низ дар бар мегирифт, ҳеҷ гоҳ саҳобагони киром бар хилофи он амал ва иттифоқ намекарданд.

    Илова бар ин, ин кори онҳо дар замоне сурат гирифта буд, ки Оиша (р) дар қайди ҳаёт буд ва ба он мухолифате нишон надод. Пас маълум мешавад, ки манзури ҷумҳури саҳобагон аз ҳадиси Оиша (р) ҳамон намози ҳамешагии шаб аст, на қиёми моҳи Рамазон ва намози таровиҳ. Дар бораи хатми Қуръони карим дар намози таровиҳ дар байни мактабҳои фиқҳӣ ду нуқтаи назар вуҷуд дорад. Имом Молик (р) онро суннат намедонад. Дар назди ҷумҳури бузургони ҳанафӣ намози таровиҳ суннати муаккада мебошад ва як бор хатм кардани Қуръони карим дар моҳи Рамазон дар намози таровиҳ низ суннат мебошад, вале ғайри муаккада.

    Аммо миқдори оятҳое, ки дар ҳар ракаъати намози таровиҳ хонда мешаванд, ба адади муайяне маҳдуд гардонида нашудааст, балки он ба ҳоли намозгузорон вобаста мебошад. Агар имом дар ҳар ракаъат даҳ ёздаҳ оят бихонад, Қуръонро дар зарфи як моҳи Рамазон ва ё чанд рўз камтар аз он хатм менамоянд. Дар китоби «Мудаввана» омадааст: Умар ибни Абдузъазиз қориҳоро амр кард, ки намози таровиҳро барпо доранд ва дар ҳар ракаъати он даҳ оятӣ бихонанд».

    Имом Ҳасан аз Абуҳанифа (р) низ хондани даҳ оятро дар ҳар ракаъати намози таровиҳ ривоят кардааст.

    Вале беҳтар он аст, ки ҳар шаб дар бист ракаъат як пораи Қуръонро хатм намоянд ва бо ҳамин дар зарфи як моҳ як хатми комил анҷом мегирад. Ин миқдор ба ҳоли ҳар гуна намозгузор мувофиқат мекунад. Аммо, агар намозгузороне тоқати бештар дошта бошанд ва ду бор ва ё се бор Қуръонро дар моҳи Рамазон хатм намоянд, он низ ҷоиз мебошад.