Миқотҳо яне чи
Дастабандиҳо
Full Description
Миқотҳо яне чи ?
ما هي المواقيت الحج ؟
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Таҳияи: Абду Сатори Ҳақназар.
2009 - 1430
ما هي المواقيت الحج ؟
« باللغة الطاجيكية »
إعداد : عبد الستار حقنظر
2009 - 1430
Баноми худованди бахшандаву меҳрубон
Миқотҳо яне чи ?
Миқот чой аст ки ҳочи аз ончо ба ҳач ё умра еҳром мебандад ва дар ончо ният мекунад.
Ва миқотҳо иборат аз чандчо ҳастанд:
Аввал : Зулҳулайфа: ки онро "Абёр Али" меноманд ва онҳам дар мадинаи мунаввара мебошад, ва барой касоне мебошад ки аз тарафи мадина ба ҳач ё умра мераванд,ва аз Макка (450к) дур мебошад,ва аз мадина (3к) дур мебошад.
Огоҳи " Абёр ва ё обор Али" даррае аст дар атрофи дарраи "ақиқ" дар мадинаи мунаввара аз дасти рости касеки аз мадина ба макка меравад,ва маънояш" чоҳҳои Али" мешавад, ва ин ном аз қиссаи дуруғ ва сохта шудаи баъзе гуруҳҳои гумроҳ гирифта шуда аст ки ҳазрати Али бо чин дар ончо муқотала ва куштор кардаст,ва мо бояд ин номро истиъмол накунем балки ҳамон номероки пайғамбари худо бар он гуфта буд истиъмол кунем" ин аз китоби "муъчамул маноҳил лафзия" саҳифаи(64) чопи нави навиштаи " д. Бакр ибни Абдуллоҳ Абузайд" гирифта шудаст. Барой мурочиа.
Дуюм: Алчуҳфа : ва онҳам барой касонеки аз кишварҳои шом " Сурия, урдун , лубнон , фаластин" ва ё кишвари Миср ба ҳач мераванд таин шуда аст, ки он наздики шаҳри "робиғ" қарор дорад, аз шаҳри робиғ(17к) фосила дорад,ва аз маккаи мукаррама (187к) фосила дорад,ва дар ҳоли ҳозир бисёри мардум аз худи шаҳри робиғ барой ҳач ё умра еҳром мебанданд ва ният мекунанд.
Сеюм : қарнул махорич : ки онро " сайлул кубро" меноманд ва дар наздикии шаҳри тоиф қарор дорад ва фосила байни он ва макааи мукаррма (94к) аст, ва онҳам барой касонеки аз тарафи Начд "шаҳри риёз, шаҳри қасим, ва шаҳрҳои дигари он" ба ҳач ё умра мераванд мебошад.
Чаҳорум: Яламлам : ки дар наздики шаҳри макка мебошад ва барой касоне аст ки аз кишвари Яман ба ҳач ё умра мераванд ва дар чануби шаҳри макка воқиъ мебошад, ва фосила байни он ва макка (94к) мебошад.
Панчум : зоту ирқ : барой касоне аст ки аз кишвари "Ероқ" ба ҳач ё умра мераванд, ки он дар шимоли шарқи макка воқиъ мебошад ва фосила байни он ва шаҳри макка(94к) мебошад.
дар ин миқотҳо ҳочи еҳром баста ба яке аз нусукҳои сегона ният мекунад,ва нусукҳои сегона иборатанд аз :
якум : ҳачи таматуъ.
Дуюм: ҳачи қирон.
Сеюм: ҳачи ифрод.
Якум : сифати ҳачи таматуъ:
Ҳочи фақат барой умра дар яке аз моҳҳои ҳач "моҳи шавол,моҳи зулқаъда, даҳруз аз моҳи зилҳича" еҳром мебандад пас ният ва қасд карда онро бар забон меоварад ва мегуяд" лаббайка умратан" ва ё "аллоҳумма лаббайка умратан" ва ё бо забори форси мегуяд " вочиб кардам бар худ умра" ва ё бори илоҳо ман қасди умра кардам" ҳочи дар миқотҳо ният мекунад ва вақтеки ба макка расид дар гирди хонаи каъба "ҳафтбор" тавоф мекунад, ва "ҳафтбор" саъй мекунад байни куҳи сафо ва куҳо марва.ва ҳафтбори тавофи гирди хонаи каъбаро аз "ҳачарул асвад" шуруъ карда ва дар он ба поён мерасонад, ин як шавт ҳисоб мешавад ,ҳаминтавр ҳафт шавтро ба поён мерасонад.
Ва ҳафтбори саъй аз куҳи сафо шуруъ карда дар куҳи марва ки расид як давр ҳисоб мешавад, то инки даври ҳафтум дар тарафи куҳи марва ба поён мерасад.
баъд аз саъй муй худро тарошида ва ё кутоҳ карда ва баъд аз он либоси еҳромро мебарорад ва ҳалол мегардад бар у он чизҳоеки қаблан ҳаром буд.
Сипас рузи ҳаштуми зилҳичча аз хонаи худ "ё аз хаймай худ" еҳром баста ва аъмоли ҳачро анчом медиҳад.
Дуюм: сифати ҳачи қирон :
Ҳочи барой умра ва ҳач бо ҳам ният карда еҳром мебандад ва ё ба умра фақат ният мекунад сипас ҳачро дар умра дохил мекунад пеш аз инки ба тавофи умра шуруъ кунад, ва мегуяд: "лаббайка умратан ва ҳаччан" ва ё "аллоҳумма лаббайка умратан ва ҳаччан" ва бо забори форси "вочиб кардам бар худ умра ва ҳач" ва ё " бори илоҳо ман мехоҳам умра ва ҳач бикунам" ва ҳамай ин ниятҳоро ба қалб карда ва онро ба забон меоварад,дар ҳолеки дар миқот мебошад.ва вақтеки ба макка расид тавофи қудум карда ва саъй байни куҳи сафо ва марва мекунад вале муй худро наметарошад ва на кутоҳ мекунад ва дар еҳроми худ боқи монда то инки рузи ид яне рузи даҳуми зулҳича баъд аз инки аъмоли ҳачро тамом кард аз еҳроми мебарояд,ва агар бихоҳад саъй байни куҳи сафо ва марваро тахир карда онро баъд аз тавофи ифози яне тавофи зиёрат анчом медиҳад.
Сеюм : сифати ҳачи ифрод:
Ҳочи фақат барой ҳач еҳром мебандад ва мегуяд" лаббайка ҳаччан" ва ё "аллоҳумма лаббайка ҳаччан" ва бо забони форси " вочиб кардам бар худ ҳач" ва ҳама инҳоро бо қалб ният карда онро бар забон меёварад дар ҳолеки дар миқот аст.ва вақтекидар макка расид тавофи қудум карда ва саъй байни куҳи сафо ва куҳи марва ро баъд аз тавофи қудум тақдим медорад вале муй сари худоро наметарошад вана кутоҳ мекунад балки дар еҳром боқи мемонад монанди касеки ҳачи қирон меравад то инки рузи даҳуми зилҳичча яне рузи иди қурбон таҳлил карда ва еҳромро мебарорад.ва агар хост саъй ҳачро ба тахир андохта то инки баъд аз тавофи ифоза яне тавофи зиёрат онро анчом медиҳад ва бар у ҳеч кафорае вочиб намешавад ба хилофи ҳачи таматуъ.
Ва уламой аҳли ислом барой касеки қурбони мекунад ҳачи қиронро беҳтар донистанд, ва касеки қурбони намекунад барой у ҳачи таматуъро беҳтар донистанд.