×
Дар ин мақола баъзе аз корҳое, ки дар муздалифа бояд анҷом дода шавад баён шуда, ва инчунин аз баъзе хатоҳое, ки ҳоҷиён дар муздалифа гирифтори он мешаванд барои огоҳ кардан дар ин мақола зикр кардем.

    Корҳое, ки бояд дар муздалифа анҷом дода шавад

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Қисми илмии дори Ватан

    2010 - 1431

    أعمال ليلة المزدلفة

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد: القسم العلمي بمدار الوطن

    2010 - 1431

    Корҳое, ки бояд дар муздалифа анҷом дода шаванд:

    1) Хоб кардани шаби ид дар муздалифа яке аз воҷиботи ҳаҷ мебошад.

    2) Ҳоҷиён аз Арафот ба Муздалифа рузи нуҳум баъд аз нишастани офтоб бояд ҳаракат кунанд, ва хубтар мешавад ки бисёр бо ороми ва сукунат ҳаракат кунанд то сабаби азияти дигар ҳоҷиён нагарданд.

    3) Вақте, ки ҳоҷиён дар Муздалифа мерасанд бояд намози шом ва хуфтанро бо ҳам ҷамъ ва қаср хонанд.

    4) Лекин агар ҳоҷи дар охири вақти шом (пеш аз намози хуфтан) дар муздалифи расид, пас намози шомро дар вақташ мехонад, ва интизор мешавад то вақти намози хуфтан дарояд ва намози хуфтанро дар вақташ мехонад.

    5) Ва агар ҳоҷи пеш аз намози хуфтан дар муздалифа бирасад ва ба сабаби мондаги ё кам оби ҳоҷат ба ҷамъ кардани намози шому хуфтан дошта бошад, метавонад миёни онҳо ҷамъ ва қаср кунад агарчи вақти намози хуфтанҳам надаромада бошад.

    6) Агар ҳоҷи дар роҳ бошад ва хавф дошта бошад ки шояд баъд аз ними шаб дар муздалифа мерасад, пас барояш лозим мегардад ки намозро дар роҳ пеш аз ними шаб бихонад, ба хотире, ки хондани намоз баъд аз ними шаб дуруст нест.

    7) Агар вақти намози фаҷр дарояд барои ҳоҷи лозим аст ки аз хоб хеста бо азону қомат намозро дар аввали вақташ бихонад, сипас агар имкон бошад басуӣ "Машъарул ҳаром" ҳаракат карда худро дар онҷо машғул ба талаби дуъо аз Худованд мекунад, ва агар имконияти рафтан ба тарафи "Машъарул ҳаром" набошад дар ҷояш нишаста дастҳояшро басуи Худованд бардошта ҳар ҳоҷате, ки дошта бошад аз Худованд талаби уро мекунад.

    8) Ва барои ҳоҷиён лозим аст ки баъд аз баромадани офтоб басуи мино ҳаракат кнанд.

    9) Ҳоҷиёне, ки заъиф ҳастанд ба сабаби калонсоли ва ғайра метавонанд ки пеш аз ними шаб муздалифаро тарк карда басуи мино ҳаракат кунанд, аммо касоне, ки узр надоранд барояшон лозим аст ки ҳамаи шабро дар муздалифа гузаронда намози бомдодро дар онҷо хонанд то пайрави аз Паӣғамбари Худо шавад.

    Хатоҳое, ки ҳоҷиён дар муздалифа гирифтори он мешаванд:

    1) Аҳамият надодани баъзе ҳоҷиён ба ҳудуди муздалифа, ва ин сабаб мешавад ки баъзе аз ҳоҷиён шабро дар хориҷи ҳудуди муздалифа мегузаронанд дар ҳоле, ки гузаронидани шаб хориҷ аз ҳудуди муздалифа дуруст нест.

    2) Инчунин аҳамият надодани қибла дар муздалифа, ва ин сабаб мешавад ки баъзе ҳоҷиён намозро дар муздалифа ба тарафи каъба намехонанд.

    3) Машғул шудани баъзе аз ҳоҷиён ба ҷамъ кардани сангчаҳо пеш аз намози бомдод, ва ин сабаб мешавад ки баъзе ҳоҷиён намози бомдодро дар вақти аввалаш намехонанд, ва дурусташ ин аст ки аввал намозро дар вақти аввалаш хонанд баъд аз он ба сангчачини машғул шаванд.

    4) Хондани намози шому хуфтан баъд аз ними шаб.

    5) Тарк кардани муздалифа дар вақти шаб бидуни узр дуруст нест.

    6) Гузаронидани шаби муздалифа дар хондани қурон ва зикри Худо хато аст, ва дурусташ ин аст ки ҳоҷи шаби муздалифа хоб кунад то барои аъмоли машоъири ҳаҷ худро омода кунад, ва инчунин пайрави аз Пайғамбари Худо кунад.

    7) Хондани намози бомдод дар охири вақт, ва дурусташ ин аст ки намози бомдод дар аввали вақташ хонда шавад.

    8) Хоб кардан баъди намози бомдод дар муздалифа, ва дурусташ ин аст ки баъд аз намози бомдод то баромадани офтоб ҳоҷи худро машғули ба хондани қурон ва талаби дуъо аз Худованд кунад.