Эътикоф
Дастабандиҳо
Full Description
Эътикоф
الاعتكاف
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
2009 - 1430
الاعتكاف
« باللغة الطاجيكية »
2009 - 1430
Эътикоф
Эътикоф дар луғат ба маънои мондан ва даранг кардан аст. Ва дар истилоҳи шаръ яъне; мондан ва нишастан дар масҷид ҳамроҳ, бо қасд ва нияти тақарруб ба Худованд.
Эътикоф бар ду гуна аст:
1-Эътикофи воҷиб, он ки шахе бо назр кардан бар худаш воҷиб гардонад.
2-Эътикофи суннат, яъне шахси мусалмон ба хотири тақарруб ба Худованд ва пайрави аз Расули Акрам (с) дар масҷид эътикоф менишинад, ба хусус дар даҳ рузи охири рамазон, ки таъкиди бештаре шудааст.
Қуръони карим ва суннати паёмбар (с) ва ҳамчунин иҷмоъ бар машруъияти он далолат мекунад.
Қуръони карим мефармояд:
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮆ ﮇ ﮈ ﮉ ﮊ ﮋﮚ ﭼ البقرة: ١٨٧
"Ҳангоме, ки дар масоҷид ба эътикоф нишастаед бо ҳамсаронатон омезиш накунед".Сураи Бақара: 187
Ҳазрати Уммулмуъминин Оиша (Худованд аз У рози бод) мефармояд: "Ҳазрати расулуллоҳ (с) ҳамеша даҳ рузи охири моҳи рамазон ба эътикоф мепардохтанд то ин ки Худованд уро вафот дод, пас ҳамсаронаш баъд аз вай ба эътикоф нишастанд".
Имом Навави мефармояд: "Мусалмонон бар истиҳбоби эътикоф иҷмоъ доранд, ба хусус дар даҳ рузи охири моҳи рамазон, ки таъкиди бештар дорад.
Рукнҳои эътикоф:
1- Нйят. 2-Мондан дар масҷид.
Шурути эътикофкунанда:
1-Мусалмон бошад, пас эътикофи кофир дуруст нест.
2-Оқил ва мумайиз бошад, эътикофи шахси девона ва бачаи ғайри мумайиз саҳеҳ нест.
3-Поки аз ҷанобат.
4-Поки аз ҳайз ва нифос (барои хонумҳо) ва эътикофи онҳо бояд бо иҷозат ва ризоияти ҳамсарон бошад.
5-Мондан дар масҷид ва афзал ва бештар ин аст, ки масҷид калон бошад.
Одоби эътикоф:
1 -Худро ба намоз, зикр ва дуо ва истиғфор ва тиловати Қуръон ва дуруд бар паёмбар (с) машғул намояд.
2-Аз суханони беҳуда иҷтиноб кунад. Ва забони хешро чуз ба хуби накушояд.
3-Дар ғайри рамазон барои муътакиф мустаҳаб аст, ки руза бошад.
4-Дар масҷиди ҷомеъ бошад, то ин ки барои ширкат дар намози ҷумъа аз масҷид берун нашавад.
Уммулмуъминин Оиша (Худованд аз У рози бод) мефармояд:
"Шахси муътакиф набояд ба аёдати бемор биравад, ва на дар ташаййъи ҷаноза ширкат кунад, ва на занеро наздики кардан ва на ҳамхоби кунад, ва аз масҷид ба ҷуз барои кори зарури ва қазои ҳоҷат берун нашавад, ва эътикоф бидуни руза дуруст нест, ва эътикоф ҷуз дар масҷиди ҷомеъ саҳеҳ нест"