Махсус барои занҳо дар адои Ҳаҷу Умра
Дастабандиҳо
Full Description
Махсус барои занҳо дар адои Ҳаҷу Умра
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Қисми илмии дор -ал- Ватан
2010 - 1431
للنساء فقط في الحج
« باللغة الطاجيكية »
إعداد: القسم العلمي بمدار الوطن
2010 - 1431
Ба номи холиқи якто
Махсус барои занҳо дар адои Ҳаҷҷу Умра
1) Хоҳари азиз! Бисёр кушиш кун то, ки дар ҳаҷу умра ва соири ибодатҳо холис барои Худо боши.
2) Аҳкоми Ҳаҷро мувофиқи суннати Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) таълим бигир, чуноне ки паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Маносики (амалҳои) Ҳаҷро аз кардаҳои ман таълим бигиред".
3) Аз воқеъ шудан дар ширки акбару ширки асғар ва соири гуноҳон дар ҳазар бош.
4) Барои адои Ҳаҷу Умра бе маҳрам сафар накун, чунки Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) занҳоро аз сафар кардан бе маҳрам манъ намудааст.
5) Дар сурате ки зан соҳиби шавҳар бошад барояш бе иҷозати шавҳараш сафари ҳаҷу умра кардан ҷоиз нест агар чи бо дигар маҳрамонаш сафар кунад.
6) Хоҳари гироми! Бидон ки нияти эҳром аз миқот воҷибе аз воҷиботи ҳаҷ мебошад, дар сурате ки ҳайз дида боши худро шустушуй ва пок гардон сипас аз миқот нияти эҳром бикун, ва ҳар чи ки барои ҳоҷи карданаш лозим аст анҷом бидеҳ магар тавофро ки бояд баъди пок шуданат аз ҳайз адо бикун.
7) Хоҳари гироми! Барои худ мушкилие эҷод накун, шарт нест ки барои адои ҳаҷу умра либоси муаянеро бо рангҳои муаян ихтиёр намои, балки дуруст он аст ки зан дар чи намуд либосе ки бихоҳад ба он шарт ки қоидаҳои ҳиҷобро вайрон накунад метавонад нияти эҳром кунад.
8) Кушиш кун то дар назди мардони бегона, дар кашф кардани руй ва дастон бо эҳтиёт боши.
9) Аз якҷояги ва ихтилот бо мардони бегона дар хаймаҳо ва дигар ҷойҳо бар ҳазар бош.
10) Барои зани дар эҳром буда ҷоиз аст ки курта ва эзор ва ҷуроб, ва инчунин дастмонаву ангуштари ва соъати тилои ва ғайра ба бар намояд, локин ба он шарт ки ин зиннатҳоро аз номаҳрамонаш ниҳон намояд.
11) Кушиш намо ки дар ҷойҳои омма, мисли хаймаҳо ва ҳамомҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъияти ҳангоми хоб кардан ё таҳорат кардан ҷое аз баданатро кашф нанамои.
12) Хоҳари гироми! Огоҳ бош ки тавоф кардани шумо миёни мардон алалхусус ҳангоми серодами ҷоиз нест, чунки дар ин амал фитнаи бузурге ҳам барои мардон ва ҳам барои занон мебошад.
Барои зан лозим аст ки бо маҳрамонаш ё ин ки дар ҷойҳое ки махсус барои занҳост ҳаҷ кунад.
13) Барои тавоф ва саъий дуъоҳои махсусе нест, балки зан метавонад ҳар дуъои машруъеро ки мехоҳад бихонад.
14) Ҷоиз аст барои занҳо ва махсус барои занҳои заъифу камқувват ки аз муздалифа ҳангоми охири шаб баъд аз ғайб задани моҳтоб ҳаракат намоянд, то ки пеш аз серодам шудани ҷамарот сангҳояшонро партоянд.
15) Барои занҳо ҷоиз аст ки такбиру (Аллоҳу акбар) талбия (Лабайкаллоҳума) ро бо садои паст бигуянд.
16) Барои зан лозим аст ки на дар тавоф ва на дар ҳангоми саъй бишитобад, балки бояд бо таври одди роҳ биравад.
17) Лозим нест ки мақоми ҳазрати Иброҳим ё деворҳои Каъбаро бо даст молиш карда шавад, балки ҷойҳоеро ки даст задан ва ё молиш доданашон иҷозат аст Ҳаҷарул асвад ва рукни Ямони мебошад, аммо дар ҳангоми серодами ва издиҳом барои зан басанда аст ки дар вақти гузаштан аз назди ҳаҷарул асвад бо даст ба суяш ишора кунад ва лозим нест ки ба суи рукни ямони ишора карда шавад.
18) Дар ҳолати қудрат доштан барои санг партои ҷоиз нест ки касе дигареро тавкил намуд, ва ҷоиз аст ки сангпартоиро ба таъхир андохти то ин ки серодами камтар шавад.
Зан метавонад худаш сангашро партояд, аммо агар серодами камтар нашавад ва зан заъифу камқувват бошад метавонад каси дигарро ба ҷои худ ба сангпартои равон кунад.
Худованд ҳаҷи шуморо қабул кунад.