×
Ҳамон тавре, ки гуфтем, рўзадор бояд аз дамидани субҳи содиқ то ғуруби офтоб аз баъзе корҳо бипарҳезад ва агар яке аз онҳоро анҷом диҳад, рўзааш фосид мешавад. Маҷмўъаи ин корҳоро муфсидоти рўза меноманд. Бархе аз «муфсидоти рўза» чунон ҳастанд, ки бо содир кардани онҳо бояд ҳам қазои онро ба ҷо оварад ва ҳам каффорат бар ў воҷиб мегардад. Аз ҷумла:

    М У Ф С И Д О Т И Р Ў З А

    مفسدات الصيام

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Муаллиф: Абдушарифи Боқизода

    2009 – 1430

    مفسدات الصيام

    « باللغة الطاجيكية »

    مؤلف : عبد الشريف باقي زادة

    2009 - 1430

    М У Ф С И Д О Т И Р Ў З А

    Ҳамон тавре, ки гуфтем, рўзадор бояд аз дамидани субҳи содиқ то ғуруби офтоб аз баъзе корҳо бипарҳезад ва агар яке аз онҳоро анҷом диҳад, рўзааш фосид мешавад. Маҷмўъаи ин корҳоро муфсидоти рўза меноманд.

    Бархе аз «муфсидоти рўза» чунон ҳастанд, ки бо содир кардани онҳо бояд ҳам қазои онро ба ҷо оварад ва ҳам каффорат бар ў воҷиб мегардад.

    Аз ҷумла:

    1. Ҷимоъ (алоқаи ҷинсӣ) кардан.

    2. Қасдан хўрдан ё ошомидан. Дар баъзе дигар мавридҳои «муфсидоти рўза» танҳо қазои онро ба ҷо меоварад ва каффорат надорад. Гуфтаҳои зерин аз ҷумлаи онҳост:

    1. Бо бўса задан ё ламс (молидан) инзол (баромадани манӣ) анҷом гирад;

    2. Сангреза ё оҳан ё чизҳое, ки маъмулан хўрда намешаванд ва ё донаи меваеро бибалъад, яъне фурў барад;

    3. Дар ғайри фарҷ (олати зан) ҷимоъ кунад ва инзол анҷом гирад;

    4. Ба бинӣ ва ё гўши худ даво бичаконад;

    5. Давое ба димоғаш бирасад;

    6. Ба гумони ин, ки бомдод (субҳ) ҳанўз надамидааст, суҳур (саҳархўрӣ) намояд ва баъд маълум шавад, ки гумонаш дуруст набудааст;

    7. Ба гумони ин, ки офтоб ғуруб кардааст, ифтор намояд ва баъд ошкор гардад, ки гумонаш хато будааст. Аз Асмо духтари Абубакр (р) ривоят шудааст, ки: «Дар замони Паёмбар (с)(дар моҳи Рамазон) дар рўзи абрие ифтор кардем, ки ногоҳ офтоб баромад. Аз Ҳишом, ровии ҳадис пурсида шуд, ки: Оё ба қазои он рўз амр шуданд? Гуфт: (Ҳатман), қазо зарурӣ аст». Саҳеҳи Бухорӣ, 1959. Сунани Абудовуд, 2359

    8. Ғуборе ва ё ҳашаротеро қасдан ба ҳалқаш фурў барад.

    9. Бо даҳони пур қай намояд.

    10. Иҷборан (бо маҷбурӣ) бихўрад ё биёшомад.

    11. Бо даст ва ё чизе истимно кардан.

    12. Кандан ва ё дору кардани дандон дар рўзҳои моҳи Рамазон дар зарурат ҷоиз мебошад, вале бе зарурат кароҳият дорад. Доруе, ки барои кандан ва ё таскини дард ба дандон мекунад ва ҳамчунин хуне, ки бо кандани дандон берун меояд, вақте бо оби даҳон баробар бошад ва ё аз оби даҳон бештар буда, бар он ғолиб бошад, агар ба ҳалқаш фурў равад ва ба шикамаш бирасад, рўзаашро фосид мегардонад. Ҳамчунин, агар баробарӣ ва ё ғалабаи онро нафаҳмад, вале маззаашро ҳис намояд, бо фурў рафтани он ба ҳалқаш рўзааш фосид мегардад ва бар вай қазои он рўз воҷиб мебошад. Худи он рўз низ бояд аз хўрдану нўшидан ва дигар мамнўъоти рўза худдорӣ намояд.

    Дар ғайри ҳолатҳои номбурда барои рўза ҳеҷ боке надорад. Дар ҳолатҳои боло низ агар доруоба ва хунобаи ба ҳалқаш фурў рафта ба андозае кам бошад, ки ба эҳтимоли зиёд ба шикамаш намерасад, рўзааш зараре намебинад. Ё шахси рўзадор дар ҳолате қарор дошта бошад, ки аз фурў рафтани он ба ҳалқаш пешгирӣ карда натавонад, ин ҳукми он қайеро дорад, ки худ ба худ ва бе ихтиёри шахси рўзадор ба ҳалқаш рафтааст.

    13. Гузоштани дору ва марҳам (маз) бар захме, ки ба димоғ (мағзи сар) ва ё ба меъда расида бошад, рўзаро мешиканад. Ин захмҳо дар сар ва шикам мебошанд. Вале захмҳое, ки дар сар ва шикам набошанд ва ё агар бошанд ҳам, чунин амиқ (ҷуқур) набошанд, бо гузоштани дору ва табобат кардани онҳо рўза намешиканад.

    Ҳамчунин гузаронидани баъзе амалиётҳои тиббӣ, вақте бевосита ба димоғ (мағзи сар) ва меъда сару кор надошта бошанд ва таъсири бевоситаи доруҳои истифодашуда ба онҳо нарасад, ҳеҷ гуна нақси шаръие ба рўза ворид намесозад.

    ТАЗРИҚИ СЎЗАНДОРУ ДАР МОҲИ РАМАЗОН

    Ҳар чизе, ки баёнгар ва бабороварандаи тандурустӣ, нашот ёфтан ва қувват гирифтани бадан бошад ва аз роҳҳои ҳақиқӣ (табиъӣ), яъне ҳалқу бинӣ вориди меъда ё шикам ва мағз (димоғ) гардад, муфсиди (шиканандаи) рўза мебошад. Аз ин лиҳоз, доруву дармонҳое, ки ба василаи сўзандору (укол) дар бадан тазриқ (ворид карда) мешаванд, албатта, бабороварандаи беҳӣ ва шукуфоии бадан ҳастанд, вале чун аз роҳи рагҳо ва гўшт вориди бадан мешаванд, аввал ин ки дохили меъда ё мағз намешаванд ва агар бишаванд ҳам, чун аз гузаргоҳи аслӣ ворид нашудаанд, муфсиди рўза намебошанд.

    Вале баъзе донишмандон бо дар назардошти ҳамон шукуфоӣ ва қувват пайдо кардани бадан, ки ҳадафи якуминдараҷаи тағзия (тановули хўрок) низ ҳамин аст, тазриқи сўзандоруро шиканандаи рўза медонанд.

    Баъзеҳо дар ин масъала назари дигаре доранд: Агар тазриқи сўзандору аз роҳи рагҳои хунгард ва умуман, барои қувват гирифтан сурат бигирад ва ниёзи бадан ба об ва ғизоро ба тавре бароварда созад, рўзаро мешиканад. Дар ғайри ин сурат барои рўза ҳеҷ зараре надорад. Ин назар роҷеҳтар мебошад.

    -Агар касе чизеро, ки дар миёни дандонҳояш мондааст, фурў барад ва андозааш аз донаи нахўд хурдтар бошад, рўзааш фосид намешавад, магар ин ки онро аз даҳонаш берун оварда, сипас аз нав фурў барад.