Чи гуна моҳи рамазонро истиқбол кунем?
Тарҷумаҳои матлаб
Дастабандиҳо
Full Description
Чи гуна моҳи рамазонро истиқбол кунем?
كيف نستقبل شهر رمضان؟
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
2009 - 1430
كيف نستقبل شهر رمضان ؟
« باللغة الطاجيكية »
2009 - 1430
Мусалмонони садри аввали ислом аз саҳобаи киром ва тобиъин (р) ба моҳи рамазон эҳтимоми хос медоданд, аз Худованд мехостанд, ки онҳоро то моҳи рамазон зинда нигаҳ дорад то ин ки битавонанд ин моҳи пурфайзро руза бигиранд, ва бо қудуми рамазон хушҳол мешуданд, рузҳои онро руза ва шабҳояшро бо намози шаб ва тиловати Қуръон зинда нигаҳ медоштанд, ва дар ин моҳ бо анҷоми анвоъи ибодатҳо нафси худро покиза ва пок менамуданд. Ва ҳамчунин худро барои ҷиҳод бо душманон омода мекарданд.
Ва ҳамчунон, ки зикр кардем бузургтарин газва ва ҷанг яъне ҷанги Бадр дар моҳи рамазон иттифоқ, афтод, фатҳи Макка низ дар рамазон буд. Онҳо медонистанд, ки моҳи рамазон касолат ва танбали ва хоб нест, чунон ки бархе чунин гумон мекунанд, балки бояд гуфт моҳи рамазон моҳи ибодат, ҷиҳод ва амал аст пас бояд ин моҳи пурбаракатро гироми бидорем ва ин фурсатро ғанимат бишуморем ва ин рузҳоро бо анвоъи ибодат ва тоъот аз зикр ва тиловат сипари кунем.
Қабл аз ҳар чиз бояд ба суи Худо баргардем ва холисона аз тамоми гуноҳон тавба кунем ва бо Худои хеш аҳд бибандем, ки ба суи гуноҳон боз нахоҳем гашт ва бандаи мухлис ва фармонбардое хоҳем буд, дар ин моҳ кушишкунанда бошем, ки ба он чи баҷо оварданаш лозим бошад ва тарки он гуноҳ ва иқоб бошад ва амале, ки баҷо оварданаш ҷавоб дошта бошад ва тарки он гуноҳ ва иқоб надошта бошад амал кунем ва аз чизҳои ҳаром шуда. Яъне он чизҳое, ки ба тарк карданаш савоб мегири ва баҷо оварданаш гуноҳ мегири ва нописанди парҳез кардан варзем.
Бояд тамоми аъзои бадани мо дар ин моҳ руза (рузадор) бошад, ба тавре, ки забон аз ғайбат ва суханчини ва каломи зишт ва ҳаром, чашм аз нигоҳ ба Маҳрам-хеши наздике, ки бо вай никоҳ, ҷоиз шумурда намешавад, ҳамчун хоҳарзода ва додарзода, яке аз наздикон, хешу ақрабо, Номаҳрам-бегона: касе, ки ба хонаи занон дарун даромадани у мумкин нест, касе, ки занон аз у бояд ру пинҳон кунанд ва гуш аз шунидани суханони ҳаром амсоли ғайбат, овози тарона ва дасту по аз анҷом додани аъмоли ҳаром нигаҳдори кардашуда ва рузадор бошад.
Руза ва намозҳои таровиҳ дар моҳи рамазон бояд аз руи ихлос ва имон ва умеди аҷр ва подош аз Худованд бошад на ба хотири пайрави аз мардум ё тарси аз онҳо руза гирифт. Чунон, ки паёмбар (с) фармудааст: "Касе, ки бар асоси имони ба Худо ва умеди аҷр аз вай руза гирифт гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад".
Ва фармуд: "Касе, ки бар асоси имон ва ихлос ва талаби аҷр аз Худованд дар моҳи рамазон ба намоз ва шаб зиндадори бипардозад гуноҳони гузаштааш, бахшида мешавад".
Бародарони мусалмон бояд таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки шоиста аст, ки дар намозҳои таровиҳ бо ҷамоат ширкат кунанд ва ҳамроҳи имом намоз бихонанд то ин ки имом аз намоз мунсариф шавад, то ин ки аҷр ва подоши қиёми шаб ба даст оваранд.
Расулуллоҳ (с) мефармояд: "Касе, ки имом ба намоз истод то ин ки имом аз намоз фориғ шуд, барояш қиёми тамоми шаб навишта мешавад".
Дар моҳи мубораки рамазон шаби қадрро фаромуш накунем он шаби мубораке, ки аз sfpjh моҳ (яъне 83 солу ҷаҳормоҳ) афзал ва беҳтар аст, ин шаби муборак дар даҳ рузи охири рамазон аст, бо зиндадори ин даҳ шаби охир, бо зикр ва дуо ва истиғфор ва тиловати Қуръон битавонем фазилати шаб қадрро дарёбем.
Аз эътикофи дар моҳи рамазон ба хусус даҳ рузи охир ғофил набошем.
Моҳи рамазон моҳи эҳсон ва некукорист моҳест, ки бояд ба фикри дигарон буд. Пас бо инфоқ ва бахшиш ва бо садақа додан ба бечорагон, ба ёди онҳо бошем.
Моҳи рамазон моҳи нузули Қуръон аст пас вақтҳои худро бо тиловати Қуръони карим сипари кунем ва дар ин моҳ бо каломи илоҳи унс бигирем, ва дар оташ тадаббур ва тафаккур бикунем ва бидонем, ки Қуръони карим дар рузи қиёмат барои инсон шафоат мекунад.
Азизон умри инсон кутоҳ ва маҳдуд аст пас ин айёми фархунда ва гиромиро бо суханони беҳудаву бемаъни бози карда ва саргармиҳои беҳуда талаф накунем, ва бидонем, ки рузи қиёмат аз ин авқот пурсида мешавем.