×
Аз он ҷо ки яке аз ҳадафҳои давлати исломи нигаҳбони аз каёни дини ислом буд, Умари Форуқ аҳамияти хоссае ба поя ва асоси дин ки иборат аз тавҳид ва ақидаи саҳиҳи исломи аст, қоил буд ва саъю кушиш мекард ки мардумро бар ҳамон ақидаи дурусте собит ва устувор нигаҳдорад ки Расули Худо оварда буд. Ва бо шубҳаҳое ки мунҳарифон ва душманони ислом бо тарвиҷи ақоиди фосид ва хурофот ва дар пайи равоҷи он буданд, мубориза намуд. Ва дар ин чанд сатри оянда баъзе аз мавзеъгириҳои эшонро ёдовар мешавем.

    Умари Форуқ ва мубориза бо инҳирофоти ақидави

    عمر بن الخطاب وموقفه من البدع

    ] طاجيكي – TajikiТоҷики [

    Муаллиф: Али ас- Саллобӣ

    Тарҷумаи : Мусъаби Ҳамза

    2009 - 1430

    عمر بن الخطاب وموقفه من البدع

    « باللغة الطاجيكية »

    علي بن محمد الصلابي

    ترجمة : مصعب حمزة

    2009 - 1430

    Умари Форуқ ва мубориза бо инҳирофоти ақидави

    Аз он ҷо ки яке аз ҳадафҳои давлати исломи нигаҳбони аз каёни дини ислом буд, Умари Форуқ аҳамияти хоссае ба поя ва асоси дин ки иборат аз тавҳид ва ақидаи саҳиҳи исломи аст, қоил буд ва саъю кушиш мекард ки мардумро бар ҳамон ақидаи дурусте собит ва устувор нигаҳдорад ки Расули Худо оварда буд.

    Ва бо шубҳаҳое ки мунҳарифон ва душманони ислом бо тарвиҷи ақоиди фосид ва хурофот ва дар пайи равоҷи он буданд, мубориза намуд.

    Ва дар ин чанд сатри оянда баъзе аз мавзеъгириҳои эшонро ёдовар мешавем.

    Амр ибни Ос дар номае Умар ибни Хаттобро хабар дод ки: Мардуми Миср одат доранд, ки ҳар сол як духтари ба аруси расидаро ба дарёи Нил меандозанд, ва онҳо назди амир омада гуфтанд, ки: Агар ин амалро ба ҷо наоранд ҷараёни оби Нил мутаваққиф шуда дарё хушк мешавад. Амр гуфт ин кор чигуна сурат мегирад? Гуфтанд: Баъди гузаштани 12 шабонаруз аз соли нав яке аз духтаронро бо розигии падару модараш барои ин кор омода месозем.Ва уро бо беҳтарин либосу зару зевару ҷавоҳирот ороиш дода ба дарё меандозем.

    Амр гуфт: Ин амалест ки ислом уро намепазирад ва маҳкумаш менамояд. Ва бояд аз ин одатҳои ҷоҳили дар замони ислом даст бардоред.

    Онҳо муддате мунтазир шуданд, вале оби Нил ҷори нашуд ва мардум қасди ҳиҷрат намуданд.

    Дар ин ҳолат Амр ба Умар ибни Хаттоб нома навишт ва ин воқеаро ба У баён кард.

    Умар дар ҷавоби номаи Амр дар варақе чунин навишт: "Аз ҷониби бандаи Худо Умар ба дарёи Нил. Аммо баъд: агар ҷори шудани ту аз ҷониби худат бошад, пас мо ниёзе ба ту надорем, аммо агар ҷори шуданат аз ҷониби Худои ягона бошад, пас мо аз Худо мехоҳем, ки туро ҷори созад" .

    Ва ба Амр навишт ки ин номаро дар дарёи Нил биандозад.

    Ҳангоме ки Амр номаи Умарро ба дарёи Нил андохт субҳи рузи дигар мардум диданд ки оби дарёи Нил ҷори шуд . Ва дар як шаб об ба баландии 16 зироъ расид.

    Ва ба ҳамин сабаб Худованд ба ин одати ҷоҳилии аҳли Миср хотима бахшид. (Албидоя ва Анниҳоя 7/102 )

    Оре Умари Форуқ дар ин номаи кутоҳ ҳақиқати тавҳид ва яктопарастии Худовандро баён намуд.

    Ва хотир нишон сохт ки оби Нил ба хост ва қудрати Худованд ҷори мешавад, ва ба ин амали ҳакимонаи худ эътиқоди фосид ва нодурусти Мисриёнро нисбат ба ин қазия ислоҳ намуд, ва онро аз дилҳояшон решакан сохт. (Фаннулҳукм 347)

    Достони Умар – Худо аз у рози бод- бо ҳаҷари асвад

    Аббос ибни Рабиъа мегуяд: Умарро дидам ки назди ҳаҷаруласвад истода уро мебусид ва мегуфт: Медонам ки ту санге беш нести ва ҳеҷ гуна фоида ва зараре намерасони, вале ба хотири инки расули Худоро дидам туро мебусид ман низ туро мебусам. (Саҳеҳи Бухори 1597)

    Ин аст зеботарин ва пурратарин иттилоъ ва пайрави аз Паёмбар –дуову дуруд бар у бод-. (Асҳобуррасул 1/161)

    Ибни Ҳаҷар мегуяд: Фалсафаи ин бар худи Умар бо ҳаҷаруласвад бар ин мегардад, ки ҳануз мардум бо даврони бутпарасти чандин фосилаи зиёде надоштанд ва эҳтимол меравад ки баъзеҳо буса кардани ҳаҷаруласвадро як навъ таъзим ба баъзе аз сангҳо талаққи кунанд. Он гуна ки дар замони ҷоҳилият баъзе аз сангҳоро таъзим менамуданд.

    Бинобар ин Умар (Худо аз у рози бод) хост ба онҳо бифаҳмонад ки буса кардани ин санг ба хотири пайрави аз расули Худо аст, на бахотири таъзим ва бузургдошти санг.

    Ва ин сухани Умар (Худо аз у рози бод) баёнгари таслим шудан дар муқобили шориъ( Худо ва Паёмбар) дар умури дини ва ибоди аст. Агар чанде фалсафаи баъзе аз он корҳо барои мо маълум ва мушаххас набошад.Ва ин худ асли муҳиме аз аслҳои дин ба ҳисоб меояд. (Фатҳулбори 3/590)

    Инчунин пайрави аз суннати Паёмбар (с) яке аз хусусиятҳои ахлоқии саҳоба ба шумор меравад.

    Саҳобаи киром медонистанд, ки барои ҷалби кумакҳои ғайбии Худованд чорае ҷуз пайрави аз суннатҳои расули Худо нест. (Мин ахлоқиннаср фи ҷилиссаҳоба 23)

    Қатъ намудани дарахти байъатурризвон

    Ибни Саъд бо санади саҳеҳ аз Нофеъ ривоят мекунад, ки ба Умар (Худо аз у рози бод) хабар расид, ки афроде аз мусалмонон назди дарахти байъатурризвон рафта онҷо намоз мегузоранд.

    Умар (Худо аз у рози бод) дастур дод то ин дарахтро қатъ кунанд. (Атторихул Ислом 19/260, Табақот ибни Саъд 2/100)

    Ин яке аз ҳолатҳоест ки Умар (Худо аз у рози бод) барои ҳимоят аз тавҳид иқдом намуд, ки ин амали онон шояд сабаби нав овари дар дин ё ба вуҷуд овардани фитнае мешуд.

    Ва у тобиъинро дид ки корҳоеро анҷом медиҳанд ки саҳоба анҷом надодааст. Пас ин бидъат ва нав оварие буд ки ба ибодат мубаддал мешуд.

    Аз ин ру Умар (Худо аз у рози бод) фармон дод то он дарахтро қатъ намоянд. (Табақот 20/260)

    Қабри Дониёл (алалйҳи салом)

    Ҳангоме ки қабри Дониёлро дар Шуштар кашф намуданд Абумусо (Худо аз у рози бод) номае ба Умар (Худо аз у рози бод) навишта уро аз ин масала бо хабар сохт.

    Умар (Худо аз у рози бод) дар ҷавоб навишт ки : Дар он атроф 13 қабр канда дар якеаш уро дафн кунед, ва ҷой қабри пешинашро ба хок яксон намоед, то мардум дучори фитна ва ширк нашаванд. (Фатво 15/90)

    Намоз хондан дар ҷой ки расули Худо намоз хонда буд

    Умар ибни Хаттоб (Худо аз у рози бод) дар яке аз сафарҳояш дид ки мардум дар ҷой муайяне бо навбат намоз мехонданд.

    Пурсид ин чикор аст, ки шумо мекунед ?

    Гуфтанд? Дар инҷо расули Худо намоз хондааст.

    Умар гуфт ? Пешиниён ба сабаби ҳамин кор нобуд шуданд, зеро онҳо осори Паёмбарони худро масҷид қарор доданд ва афзуд, ки агар вақти намоз фаро расид намоз бихонед ва агар на бароҳатон идома диҳед. (Фатво 10/235)

    То мардум бидонанд ки Худо корсоз аст

    Барканор кардани Холид ибни Валид (Худо аз у рози бод) аз фармондеҳии қувваҳои Шом ба воситаи Умар фақат ба хотири маслиҳати умумии мусалмонон буд.

    Барои ин ки Умари форуқ эҳсос мекард ки мардум Холидро ба унвони як афсона нигоҳ мекунанд ва ин хатар вуҷуд дошт, ки муътақид бишаванд, ки футуҳот ба хотири хайр ва баракати зоти Холид ибни Валид ба даст меояд.

    Бинобарин Умар мехост хотирнишон созад ки фақат Худо созандаи корҳо ва ёридиҳанда дар футуҳот ва ғайри футуҳот аст.

    Барои ҳамин Холидро аз фармондеҳи барканор кард ва дар номае ба ҳамаи вилоятҳо навишт ки? Ман бар Холид хашм нагирифтаам, ва аз у хиёнате надидаам, аммо чун у мавриди таваҷҷуҳи мардум қарор гирифта буд мехостам онҳо бидонанд ки танҳо Худованд корсозу мададгор аст. (Албидоя ва анниҳоя 7/82)

    Таваккал кунанда касе аст, ки тухм дар замин мепошад

    Муовия ибни Қарраҳ мегуяд: Умар ибни Хаттоб бо гуруҳе аз мардони Яман мулоқот кард. Аз онон пурсид: Шумо ки ҳастед? Гуфтанд: Мо таваккал кунандагон ҳастем. Умар гуфт: На, шумо аз муттакиён (такя кунанда ба дигарон) ҳастед, ва гуфт: таваккалкунандагон касоне ҳастанд ки донаро дар замин мепошанд ва натиҷаашро ба Худо таваккал мекунанд. (Асҳобуррасул 1/164)

    Мо дунболарав ҳастем на оғоз кунанда, ва пайрави суннат ҳастем на бидъат гузор

    Умар ибни Хаттоб (Худо аз у рози бод) дар болои минбар баромад ва фармуд: Огоҳ бошед ки аҳли раъи ( касоне ки қурону суннатро яксу гузошта ба ақлу фикри худ амал мекунанд) душманони суннат ҳастанд.

    Онҳо аз ҳифзи ҳадисҳо хаста шуданд, пас бар асоси фикр ва ақли худ фатво доданд, гумроҳ шуданд ва дигаронро низ гумроҳ карданд.

    Ва гуфт: Мо дар дин думболарав ҳастем на оғоз кунанда, ва пайрави суннат ҳастем на бидъатгузор, ва то вақте ки ба суннат ва осор амал кунем гумроҳ нахоҳем шуд.

    Инчунин Амр ибни Маймун ба нақл аз падараш мегуяд: марде назди Умар ибни Хаттоб омада гуфт: Эй Амиралмуминин ! Мо ҳангоме ки Мадоинро фатҳ намудем, ба китоби хубе даст ёфтем, ки дар он суханони шигифтаангезе вуҷуд дошт.

    Умар гуфт: Оё аз китоби Худованд шигифтаангезтар буд? Ва ба суи у рафт уро шаллоқ задан гирифт ва ин суханони Худовандро тиловат менамуд:

    ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮢﮣ ﮤ ﮥ ﮦ ﮧ ﮨ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﮰ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ﯙ ﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟ ﯠ ﯡ ﭼ يوسف: ١ - ٣

    "Ин (оятҳо) оёти китоб рушан аст, ҳар оина мо онро Қурони араби фуру фиристодем, бошад ки шумо дар ёбед. Мо бо ваҳй кардани ин Қурон аз суи хеш ба ту беҳтарин қиссаҳо ҳикоят мекунем, ва ҳар оина ҳол ин аст ки ту пеш аз он аз бехабарон буди" сураи Юсуф 1-3

    Сипас гуфт : Он чи боиси ҳалокат ва нобудии пешиниён гардид ин буд ки онҳо руй ба китобҳои олимон ва пешвоёни худ руй оварданд ва Тавроту Инҷилро пушти сар гузошта ба боди фаромуши супурданд. (Маноқиби Умар , Ибни Ҷавзи 23)

    Ва аз Аслам ривоят аст ки Умар ибни Хаттоб гуфт: Намедонам ки акнун чаро бояд дар тавофи хонаи Худо рамл (давидани нарм ва такондодани шонаҳо) намоем, вале чун коре аст, ки дар замони расули Худо анҷом медодем, дуст надорам ки онро тарк намоям. (Маҳзуссавоб 2/532)

    Аз Ҳасани Басри ривоят аст ки Имрон ибни Ҳусейн аз Басра иҳроми ҳаҷ баст, чун назди Умар (Худо аз у рози бод) расид, уро шадидан аз ин кор манъ кард ва гуфт: Ин ба унвони як суннат мемонад, ва мардум хоҳанд гуфт: саҳобии паёмбар аз инҷо иҳром баста буд. (Маҳзуссавоб 2/532 )

    Инҳо баъзҳе аз мавзеъгириҳои Умари Форуқ буд ки баёнгари дифоъ аз тавҳиду яктопарасти ва мубориза бо инҳирофоти ақидави ва бидъату навовари дар дин мебошад.

    У тавҳид ва яктопарастиро комилан дарёфта ва нисбат ба он шинохти кофи ҳосил карда буд.

    Бинобарин ба эҳё ва тақвияти он ва нобудии ҳаргуна асаре аз осори бутпарасти дар дилҳо меандешид.

    У решаҳои тавҳидро дар аъмоқи дилҳои мусулмонон шинонда устувор намуд, ва бо ширку мазоҳири он ва бидъату навовариҳо дар дин шадидан мубориза бурд, ва пайрави аз суннатҳои Паёмбарро сарлавҳаи барномаҳои худ қарор дода буд.

    Ин усул ва биниши волои Умар аз дин ва ҳукумат нашъат ёфта буд ки У бо он мезист.