ҲАР АЙБ, КИ ҲАСТ ДАР МУСУЛМОНИИ МОСТ
Дастабандиҳо
Full Description
ҲАР АЙБ, КИ ҲАСТ ДАР МУСУЛМОНИИ МОСТ…
العيب فينا وليس في الإسلام
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Ҳувайдои Абдулло
2009 - 1430
العيب فينا وليس في الإسلام
« باللغة الطاجيكية »
هويداء عبد الله
2009 - 1430
ҲАР АЙБ, КИ ҲАСТ ДАР МУСУЛМОНИИ МОСТ…
Маълум аст, ки аксари аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусалмонҳо ташкил медиҳанд. Инчунин ҷои шукр аст, ки дар бештари мардуми мусалмони мо риояи умури дин ва шарту шурути мусалмонӣ то андозае мушоҳида мешавад. Ғайр аз ин метавон гуфт, ки баъд аз ба даст омадани неъмати бебаҳои истиқлоли миллӣ, неъматҳои зиёди Худованд бар мардуми шарифи Тоҷикистон афзун гардидааст. Аз ҷумла зиёд гардидани олимону воъизони дини мубини Ислом ва озодона баёни фикру андешаҳои онҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар аз он неъматҳоест, ки инсонро водор мекунад, то аз он ғофил набошад.
Чаро, ки имрӯз метавон ҳар яки мо чӣ ба воситаи садову симо ва чӣ рӯзномаву маҷаллаҳо аз шарҳу тавзеҳи масъалаҳои гуногуни исломӣ бархурдор бошем.
Ғайр аз ин озодии масҷидҳо ва гузаронидани маъракаҳои гуногуни исломӣ то андозае барои рафъи мушкилоти ҳар яки мо кифояткунанда аст. Аммо бо ин ҳама неъматҳои бузурги Худованд, ки бар мардуми шарифи тоҷик иноят фармудааст, боз чанде аз рафтор ва кирдори ношоямеро дар бархе аз бародарону хоҳарони мусалмони мо дидан мумкин аст, ки боиси айб доштан дар мусалмонии онҳоро шаҳодат медиҳад.
Ё чунин менамояд, ки ин баъзеҳо то ҳол аз маънои пурраи Ислом ва мусалмонӣ хабаре надоранд. Ё худ намедонанд, ки шахси мусалмон баъд аз он ки худро мусалмон мешуморад, бояд чи гуна бошад ва чи гуна рафтор кунад.
Барои мисол дар баъзе аз ноҳияҳои кишварамон мардумеро мебинем, ки барои дафъи мушкилот ё ҳалли масъалае ҳар рӯзи чоршанбе ё ғайр аз ин рӯз як рӯзи дигарро чун бегоҳи ҷумъа ва ғ… интихоб намуда, ба мазор ё қабристоне мераванд ва ба ҷои он ки зиёрати қабристонро аз рӯи суннати паёмбар (с) адо кунанд ва дар ҳаққи он мурдагон ва гузаштагон дуъо кунанд, баръакси ҳол аз онҳо талаб доранд то ба ӯ кӯмак расонанд ва ҳоҷатҳояшро бартараф созанд.
Ё ин ки аз хоки он мазор ё қабристон гирифта, барои дур кардани марази дар баданашон буда истифода мебаранд. Ғайр аз ин боз мардумеро мебинем, ки дар баъзе аз кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои истироҳатии шаҳр бо номи бинак, табиб ва китобкушо шӯҳрат ёфта, мардумро барои ҳалли мушкилоташон пешгӯйи карда, гӯё ки аз ғайб хабар медиҳанд ё тақдири фардои касро баён мекунанд.
Ё худ бисёре аз занҳоеро во мехӯрем, ки бештар дар гӯшаҳои боғҳои истироҳатии шаҳр ҷой гирифта, дар даст картаҳо доранд, ки ба воситаи тақсимбандии он картаҳои дар даст буда, тақдир ва ояндаи касеро пешгӯйи менамоянд. Инчунин хонаҳоеро дидан мумкин аст, ки дар он соҳибхонаҳо худро бо номи мулло ё домулло муаррифӣ карда, гӯё мардумро табобат мекунанд, ки дар табобат ва дуъохонии онҳо низ ғайбгӯйи ва ояндагӯйии одамон ба назар мерасад.
Ё худ барои дафъи бало ва шифоёбии мариз мефармоянд то аз кадом қабре ё мазоре хок биёранд ва ин домуллои азиз дуъо бихонад ва одами касал ё дармонда шифо биёбад. Ҳоло он ки ягон домулло ва хусусан домуллое, ки таълими дурусти Қуръон ва суннати паёмбар (с)-ро пурра аз худ намудааст, ҳаргиз ба ин кори ширкомез даст намезанад.
Дуруст аст, ки одами маризро дуъо мехонад, табобат ҳам мекунад, аммо ӯро ба қабристон ё ба овардани гӯшти мурғу пари мурғ ва устухони гову ким кадом чизи дигар амр намекунад, ё ӯро намегӯяд, ки ту пагоҳ шифо меёбӣ ё шаб хоб мебинӣ ва ғайраву ҳоказо.
Аммо ба ӯ мегӯяд, ки шифо аз ҷониби Худованд аст, пас бояд бештар аз ӯ талабгор бошем ва бояд ӯро ёд кунем, то дар кору бори мо ва шумо осониро раво бубинад. Баъд аз он ки ин рафтору кирдори зикршуда дар симои баъзе аз мардуми мусалмон дида мешавад, маълум мегардад, ки то ҳол бисёри аз ин гуна мардум маънои пурраи мусалмонӣ ва исломро сарфаҳм нарафтаанд.
Ҳоло он ки аввалин рукни Ислом ва шарти асосии он калимаи шаҳодат гуфтан аст, ки нест худое ғайр аз Аллоҳ ва ин ки Муҳамад (с) фиристодаи ӯст. Маънои пурраи ин рукни ислом далолат бар он мекунад, ки инсони мусалмон бояд дар ҳама мушкилоташ ба Худованд рӯй оварда, эҳтиёҷоташро фақат аз ӯ талабгор бошад.
Зеро Худованд дорои сифатҳои бешуморе мебошад, ки тамоми ҳалли мушкилоти ҳаёти инсониро фарогир буда ва намесазад, ки инсон баъд аз ин худро мӯҳтоҷ ё дастнигари касе бидонад, ки аз ҷинси мо буда ва худ эҳтиёҷманд аст.
Ҳамин аст, ки Худованд дар каломи хеш бандагонашро хитоб карда мегӯяд, ки: Парвардигори шумо ҳамон Илоҳи яккаву танҳост, ки ниёз ба шарике надорад ва бар шумост то ба ӯ ислом оваред, яъне худро пайрав ва фармонбардори ӯ бидонед.
Баъд аз баёни ояти раббонӣ маълум мегардад, ки ягона мушкилкушо Худованд аст ва набояд шахси мусалмон дар ҳалли мушкилоти худ бо ӯ касеро шарик биёрад, зеро бадтарин гуноҳ дар ислом шарик овардан аст, ки дар ривоёт гуфта шудааст; Парвардигори мо ҳамаи гуноҳи кардаи бандаашро мебахшад, аммо дар баробари ӯ касеро аз махлуқот баробар карданро ҳаргиз намебахшад.
Пас чи гуна метавон аз махлуқоте чун бинакон, табибон, китобкушоён талаби ҳоҷат кард, ҳоло он ки ҳар як аз инҳо эҳтиёҷманду ниёзманд ва дастнигаранд бар он чанд миқдор дираме, ки аз ҷайби мо мебарояд.
Бояд донист,ки Олимулғайб, яъне донандаи илми ғайб Холиқ аст на махлуқ ва дуруст аст, ки баъзе аз мӯъҷизот ва нишонаҳои қудрати Худованд дар баъзе аз бандагон чун пайғамбарон ва авлиёҳо дида мешавад, аммо он чи ки имрӯз мо дар замони худ дар кӯчаву боғҳову хиёбонҳо мебинем, ин на мӯъҷизот аст ва на нишонае аз Худованд, балки ин як гумроҳӣ ва ҷоҳилиест, ки мардуми соддаи мо ба он эътиқод кардаанд.
Донишмандони дин ва муҳаққиқони шариъати ислом се чизро аз хусусиятҳои Илоҳӣ ва усули ибодат шуморидаанд, ки аз ҷумла қисми аввали он олимулғайб мебошад. Яъне ҳамон зотро Илоҳ, маъбуд ва лоиқи ибодат қарор медиҳанд, ки донандаи илми ғайб бошад ва тамоми умури бандагони худро ҳар вақт комилан дониста бошад.
Баъд аз ин ки донистани илми ғайб хоси касест, ки ӯ лоиқи ибодат ва парастиш мебошад, пас чи гуна ҳамҷинси ману шумо, ки шууру эҳсосоти маҳдудеро доро мебошад, аз илми ғайб хабарҳо расонад. Боз метавон барои исботи он ки илми ғайб ва донистани он хоси Парвардигор мебошад, оётеро аз каломи пок истидлол кард, ки дар онҳо воҷибияти дороии ин илмро нисбат ва хоси ӯ шуморидаанд.
Барои мисол чанд оётро зикр хоҳем кард: Бигӯ эй Муҳаммад (с) намедонад касе илми ғайбро, ки дар осмонҳост, яъне олами малоик ва касе, ки дар замин аст магар, ки Аллоҳ. Ва назди ӯст калидҳои илми ғайб ва қодир нест бар ин ҳеч касе, магар, ки Аллоҳ. Худованд бар ҳама чиз доно мебошад…
Ҳамин аст, ки васоили наҷот ва комёбии рӯзи охиратро бар имони комил ва тавҳиди Худованд нисбат додаанд. Ҳадиси мубораки паёмбар (с) аст, ки аз рукнҳои асосии ислом хабар медиҳад, дар он маънои ислом ва мусалмон будан аз ҷониби олимони дин чунин шарҳу тавзеҳ ёфтааст: Ислом ва мафҳуми асосии мусалмон будан он аст, ки худро комилан дар ихтиёри касе қарор бояд дод ва ба таври куллӣ тобеъ ва фармонбардори ӯ бояд буд.
Биъсати паёмбарони Илоҳӣ ва динӣ, ки онон аз сӯи Парвардигор овардаанд, ба ин сабаб ислом ном дорад, ки дар он банда худашро комилан дар ихтиёри Худо қарор дода ва итоъати комили ӯро дастуруламали зиндагии хеш интихоб менамояд.
Олимони илми ҳадис дар шарҳ ва тавзеҳи ҳадиси мазкур хулосаи масъалаи диндориро ба се рукн ҷудо намуда гуфтаанд:
1. Бояд, ки одамӣ мутеъ ва фармонбари комили Худованди мутаъол бошад ва дар тамоми зиндагии хеш бандагии ӯро ба ҷой оварад. Номи ин амр ислом аст ва аркони ислом мазоҳири ҳамин ҳақиқат аст.
2. Ҳақоиқ ва умури ғайбие, ки паёмбарони Илоҳӣ баён дошта ва ба сӯи онҳо даъват додаанд, пазируфта ва бар онҳо яқин ва бовари комил дошта бошад ва номи ин амр имон аст.
3. Пас аз шарҳи ислом ва имон марҳалаи саввум ва охир он аст, ки ҳамеша зоти Худованд барои одамӣ ҳозир бошад ва дар рафтору аъмолаш боэҳтиёт бошад, ки чун Худованд ҳозир аст, пас нозир ҳам ҳаст. Мурод аз қисми саввум он аст, ки одамӣ дар ибодот ва тоъоти худ бояд аз ҳар гуна нуқсонҳо пок бошад. Хусусан дар ягонагӣ ва ваҳдонияти Худованд касеро шарик надонад ва ҳар мушкилоту хурсандие, ки дар зиндагӣ дорад, ҳамаро аз ҷониби ӯ бидонад.
Хулоса бояд кард, ки аз он ҳама амалҳои ношояме, ки аз ҷониби мо сар мезанаду дар ислом ва мусалмонии мо айберо пайдо месозад, бояд дурӣ ҷуст ва кушиш бояд кард, то дар ибодат ва бандагии хеш ғайр аз Худо каси дигарро ҳоҷатраво напиндорем.
Эътиқод ва бовар бар он кунем, ки ҳар чи аз бадӣ ва хубӣ, ки бар сари мо меояд, ҳама бо амри тақдир буда, ғайр аз Худо каси дигар барои ислоҳи он қодир шуда наметавонад.
Зеро Қодиру Холиқу Розиқу Рауфу Раҳиму Ҳозиру Нозир ин ягона сифотест, ки хоси Худованди яктост ва касе дорои ингуна сифоти абадию азалӣ шуда наметавонад, агар бошанд ҳам баъд аз мӯҳлате фано хоҳанд шуд. Зеро Худованд мегӯяд: Куллу ман алайҳо фон ва ябқо ваҷҳу раббика зулҷалоли ва икром. (Ҳама аз мавҷудотро фаношависту боқӣ нахоҳанд монд ва боқӣ мемонад парвардигори ту, ки соҳиб ҷалолу соҳиб киром аст).