Ҳоли дунё ва падруд ба соли ҳиҷрии гузашта
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Ҳоли дунё ва падруд ба соли ҳиҷрии гузашта
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Солеҳ ибни Фавзон ал-Фавзон
2012 - 1434
بمناسبة ختام العام الهجري
«باللغة الطاجيكية»
صالح بن فوزان الفوزان
2012 - 1434
Ҳоли дунё ва падруд ба соли ҳиҷрии гузашта
Эй мусалмонон!
Мо дар лаҳзаҳое қарор дорем, ки соли дигари ҳиҷриро видоъ мекунем, ки рӯзҳо ва шабҳои он ба монанди як мижжа задан гузашт ва бо гузаштани он як соли умри мо ба поён расид ва дигар то рӯзи қиёмат он бар намегардад.
Як сол гузашт ва дар дили муъминон ёду хотироти бузургеро гузошт, ки ин дунё ҷои осудаги нест ва Худованд барои ҳамаи мо фаноро навиштааст.
Дар ин дунё басо ободкуне ҳаст, ки ба зуди вайрон мешавад ва басо муқимест, ки ба зуди онро тарк хоҳад кард.
Ин дунё ба як ҳол намемонад ва дар он ҳама чиз имкон дорад. Агар як тарафи он обод шавад тарафи дигар хароб мешавад ва агар касеро хурсанд ёби каси дигареро гирифтори ғам меёби. Ба дунё такя кардан хатар аст ва ба он эътимод намудан фирефтагист, дунё зуд-зуд тағйир меёбад, макраш бисёр аст ва хиёнаташ ҳамешагист.
Орзуҳояш дурӯғ аст ва умедаш ботил, зиндагияш пур аз ғусса ва обаш лойолуд ва ҳар лаҳза имкони омадани хатар вуҷуд дорад. Гоҳо неъматеро бароят меорад, гоҳо балоеро бар сарат, гоҳо мусибатеро меорад, гоҳо маргро, рӯзҳои он ба шумор аст ва аҷал навишта шуда, нафасҳо маҳдуд ва корҳо муайян, агар каме бихандонад бисёр мегирёнад ва агар каме фоида диҳад борҳо манъ мекунад. Ба ҳеҷ нафаре хушнуди намедиҳад, магар инки дар паси он бадиҳои зиёде пушидааст ва дар ҳеҷ хонае шодиро намеорад магар инки ғаму андуҳи зиёде дар паси пардаи он аст.
Чуноне ки Худованд мефармояд:
﴿يَٰقَوۡمِ إِنَّمَا هَٰذِهِ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَا مَتَٰعٞ وَإِنَّ ٱلۡأٓخِرَةَ هِيَ دَارُ ٱلۡقَرَارِ ٣٩﴾
[سُورَةُ غَافِرٍ٣٩]
"Эй қавм ин ҳаёти дунё танҳо матоъест. Ва ҳамоно, ки дори охират аст, дори ороми"
(Сураи Ғофир, ояти 39)
Эй бандагони Худо!
Худованди муттаъол бандагони худро аз фитнаи молу аёл дар ин дунё ҳазар намудааст, то инки банда фирефтаи он нагардида аз ончи Худованд барояш фармудааст ғофил нагардад.
Худованд мефармояд:
﴿وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّمَآ أَمۡوَٰلُكُمۡ وَأَوۡلَٰدُكُمۡ فِتۡنَةٞ وَأَنَّ ٱللَّهَ عِندَهُۥٓ أَجۡرٌ عَظِيمٞ ٢٨﴾
[سُورَةُ الأَنفَالِ ٢٨]
"Ва дониста бошед, ки молҳо ва фарзандонатон фитнаанд. Ва ҳамоно ки Худованд назди ӯст мукофоти бузург"
(Сураи Анфол, ояти 28).
Худованди азза ва ҷалла манъ намудааст, то инки бандагон ба дасти дигарон назар кунанд ва орзуи онро кунанд зеро ин кор боиси он мегардад, ки майл ба тарафи дунё бештар гардад ва охират фаромуш шавад.
Худованд мефармояд:
﴿وَلَا تَمُدَّنَّ عَيۡنَيۡكَ إِلَىٰ مَا مَتَّعۡنَا بِهِۦٓ أَزۡوَٰجٗا مِّنۡهُمۡ زَهۡرَةَ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَا لِنَفۡتِنَهُمۡ فِيهِۚ وَرِزۡقُ رَبِّكَ خَيۡرٞ وَأَبۡقَىٰ ١٣١﴾
[سُورَةُ طه ١٣١]
"Ва чашмони худро равон макун ба тарафи он матоъе ки ба ҳамсарони онҳо додаем, ки гули ҳаёти дунёст то онҳоро мавриди озмоиш қарор диҳем. Ва рӯзии Парвардигорат беҳтар ва давомноктар аст"
(Сураи Тоҳо, ояти 131).
Дунё ба монанди сояи равон аст ва сароби дурӯғ, ҳар ки бой аст ба зуди фақир мегардад ва онки хурсанд аст, гирифтори ғам мешавад ва ҳаргиз оромиро намедонад. Ин аст қонуни илоҳи, ки рӯзҳоро дар миёни бандагонаш тақсим кардааст токи Худованд муъминонро мукофот диҳад ва кофиронро гирифтори азоби дарднок намояд ва омадани ғаму андуҳ ва хушҳоливу фараҳ барои ҳамин аст.
Худованд тамоми ончи дар ин дунёст фитна қарор додааст, то бо он бандагони хешро санҷиш намояд.
Дар хабар омадааст, ки "Худованд чизеро бадтар аз дунё наёфаридааст ва аз рӯзе, ки онро офаридааст ба сӯи он назар накардааст" Муставрад Ибни Шаддод мегӯяд: Ман ҳамроҳи чанд саворе бо Паёмбар (с) будем ва аз назди мурдаи пусидае гузар кардем пас Паёмбар (с) фармуданд: "Оё дидед, ки ин мурда барои соҳибонаш чигуна беқадр шудааст". Пас гуфтанд: Эй Расули Худо барои ҳамин ӯро андохтаанд? Фармуданд: "Қасам ба зоте, ки ҷони Муҳаммад дар дасти ӯст дунё беқадртар аст дар назди Худо аз ҳамин мурда дар назари аҳлаш. Ва агар дунё дар назди Худованд ба монанди боли пашшае қадр медошт ба кофирон як ҷуръа об намедод"
(Тирмизӣ ва ибни Моҷҷа, тасҳеҳи Албонӣ)
Ҳазрати Мусо дар миёни асҳобаш мегӯфт: "Дунё ба монанди қабристон аст ва онро орият гиред вале обод накунед. Шумо бо дунёдорон барои гирифтани дунёи онҳо мубориза накунед то онҳо ба муқобили динатон мубориза накунанд. Зеро на дунёи онҳоро гирифта метавонед ва на динатонро боқи мемонед"
Эй мусалмонон!
Ин аст ҳоли дунё, ки бисёриҳо машғули он гаштаанд ва фирефтаи саробу хаёли он шуданд ва тамоми ҳаёти худро пайи ҷамъовари намуданион сарф намуд барои ба даст овардани он талошҳо мекунанд ва омодаанд то чанд муддате ҳам бошад дар он осӯда умр ба сар баранд ва омодагиро барои рӯзи қиёмат аз ёд бӯрдаанд ва инро фаромуш кардаанд, ки ин дунё танҳо гузаргоҳест ба он дунё ва майдонест, ки мусобақагарон дар он барои комёбии он дунёталош мекунанд.
Ҳазрати Муҳаммади Мустафо Паёмбар (с) умматони худро аз он тарс медод, ки мабодо дунё дарҳои худро ба руяшон монанди умматони пешин боз кунад ва онҳо барои дунё бо ҳам ҷанҷол кунанд ва монанди пешиниён ҳалок шаванд.
Паёмбар (с) фармуданд:
"Ҳамоно ки дунё ширину сабз аст ва Худованд шуморо дар он халифа гардонидааст ва ба суятон менигарад, ки чигуна амал мекунед. Пас шумо аз дунё ҳазар кунед ва аз занон ҳазар кунед зеро аввалин фитнаи бани Исроил дар занон буд"
(Муслим)
Ҳар ки ба ҳоли ин мардум назар кунад, ки чигуна барои дунё талош меварзанд ва пайи ба даст овардани он ба ҳама кор мераванд, ҳис мекунад, ки чаро баъзеҳо дини худро аз даст додаанд ва чигуна баъзеҳо зану фарзанди худро аз даст медиҳад ва чигуна кинаҳо дар ҷомеа мунташир мешаванд ва бадбини рух медиҳад. Ин аст мисдоқи қавли Паёмбар (с), ки фармуданд: "Ҳар ки мақсади ӯ охират бошад Худованд ӯро ҷамъ мекунад ва боигариро дар дилаш медиҳад ва дунё ба сӯи ӯ иҷборан равона мешавад. Ва ҳар ки нияти ӯ дунё бошад Худованд молҳояшро зоеъ мекунад ва камбағалиро ба чашми ӯ медиҳад ва аз дунё ба даст намеоварад магар он миқдореро, ки барояш навишта шудааст"
(Аҳмад)
Эй бандагони Худо!
Тааҷуб дар он аст, ки мо аз дунё ғофилем бо вуҷуд ин ҳама ибрат ва дарсҳо.
Якеро мебинем, ки бо пурии даҳонаш механдад дар ҳоле, ки мумкин аст бофандае дар ҳамин лаҳазот кафани ӯро мебофад. Ӯ механдаду бози мекунад дар сурате , ки мумкин аст малакулмавт дар болои сари ӯ истода аз Парвардигораш иҷозаи қабзи ҷони ӯро мехоҳад. Ӯ гумон мекунад, ки муқими инҷост ва осуда зиндаги мекунад вале ӯ ба тарафи марги худ бо суръат равона аст.
Марг ба сӯи ӯ мешитобад ва дунё саҳифаи ӯро мепушад ва он умреро, ки гузаронид ҳаргиз бар намегардад.
Эй мусалмонон!
Чи миқдор падарону модаронеро гусел намудем?
Чи миқдор духтарону писаронро ҷудо шудем? Чи миқдор бародарону хоҳаронро ба хок супурдем?
Вале куҷост ибрат гирандагон?!
Аксари мардум дар фикру зикри ин дунё мебошанд, магар ононеро, ки Худованд раҳм намояд. Аммо чунин инсон ҳатто эҳсоси онро намекунад, ки чи мавсими пурбаракатеро аз даст дода истодааст. Инсонро мебини, ки беҳудаги мекунад вале андеша намекунад, ки вақти иҷобати дуо гузашта истодааст. Ӯ ғофил аст, ҷамъу тарҳ мекунад, каму зиёд мекунад гӯё инки чунин ақида дошта бошад, ки он рӯзаш ки мегузарад дубора бар мегардад.
Аз ин ҳам ғофилтар он инсоне ҳаст, ки яқин дорад, ки ин умраш ба поён мерасад ва он дигар бар намегардад вале бо вуҷуди ин ғофил буда ва бепарвоги мекунад ва барои рӯзи ҳисобаш ҳеҷ омодаги намебинад. Шояд ӯ чунин мепиндорад, ки ба монанди ҳазарти Нуҳ (а) ҳазор сол умр медида бошад? Вале бехабар аз онки ҳар шаб фармони Худованд барои марги ҳазорон мебарояд.
Эй мусалмонон!
Ҳазрати Абудардо (р.з) вақте ба Шом ворид шуд чунин гуфт: "Эй аҳли Шом шумо панди бародари насиҳатгаратонро гуш кунед ва дар атрофи он ҷамъ шавед. Пас гуфт: Чаро ман шуморо мебинам, ки хонаҳое месозед, ки дар он истиқомат намекунед ва ҷамъовари мекунед ончизеро, ки худ намехуред. Онҳое, ки пеш аз шумоён буданд хонаҳои мустаҳкаме сохтаанд ва орзуҳои дароз доштанд ва моли зиёдеро ҷамъ намуданд вале орзуҳои онҳо амали нашуд ва ҷамъоавардаашон парешон шуд ва хонаашон қабристон гашт"
Оё барои ғофилону бепарвоён вақти он нарасидааст, ки ҳақиқати дунёро дарк кунанд, ки ҳаёташ машаққат аст ва неъматҳояш санҷиш наваш кӯҳна мешавад ва мулкаш фони мешавад, вале мо бо вуҷуди ин ҳама дар ғафлатем. Гӯё марг дунболи дигарон мегардад ва гӯё ҳақ дар ин дунё барои дигарон воҷиб аст ва гӯё онҳоеро, ки ба қабристон гусел мекунем ба зуди бар мегарданд. Мо бе ташвиш мероси онҳоро мехурем ва гӯё мо дар ин олам ҷовидон мемонем ва ҳамаи панду насиҳатро аз ёд бароварда аз дигарон ибрат намегирем.
Мо бояд аз гузаштагони солеҳ дарси ибрат омӯзем, ки онҳо мисли мо набуданд. Бовуҷуди қави будани имонашон ва башорати ба ҷаннат доштанашон.
Ҳасани Басрӣ ривоят мекунад, ки "Ман бо қавмҳое вохӯрдам, ки ба ягон чизи дунё хурсанди намекарданд, агар ба онҳо мерасид ва аз ягон чизи дунё афсус намехурданд, агар онро аз даст медоданд ва дунё дар назарашон аз хоке, ки болояш қадам мезаданд пасттар буд"
Намунаи онҳо дар ин роҳ Паёмбар (с) буд, ки фармуданд: "Маро бо ин дунё чи кор аст? Қиссаи ман бо ин дунё ба монанди роҳгузарест, ки дар рӯзи гарме мегузашт ва каме дар сояи дарахте истироҳат намуд ва боз аз пайи сафари худ шуд ва онро тарк гуфт"
(Аҳмад ва Тирмизӣ)
Ӯ ҳамеша саҳобагони худро роҳнамои мекард, чунончи ба Абдуллоҳ ибни Умар гуфта буд: "Дар ин дунё ба монанди ғариб ё роҳгузаре бош" Ва ибни Умар пас аз ин мегуфт: Чун бегоҳ шуд мунтазири субҳ мабош ва чун субҳ шуд мунтазири бегоҳ мабош ва дар сиҳатият барои беморият истифода намо ва аз зиндагият барои маргат.
(Бухорӣ)
Ҳоли саҳобагон чунин буд ва чун яке аз онҳо ба сини чиҳилсолаги мерасид бистари худро ҷамъ мекард ва дигар шаб андак мехобид, ҳамеша тасбеҳу таҳлилу ҳамду шукр мегуфтанд, хатоҳои гузаштаро ислоҳ мекарданд ва барои оянда омодаги медиданд.
Шумо низ барои оянда хуб омодаги бинед ва фирефтаи ин дунёи фони нашавед ва дониста бошед, ки шумо ба зуди ин оламро тарк мекунед.
Зирак касест, ки аз фурсат истифода барад ва барои фардо омодаги бинад ва танбал касест, ки пайрави нафсу ҳаво гардад ва фирефтаи орзуҳо шавад.
Эй бандагони Худо!
Шумо аз Худованди муттаъол битарсед ва дониста бошед, ки бо вуҷуди ин ҳама сифатҳои пасти ин дунё, дунё фурсати гаронбаҳоест ва киштзори пурқиматест барои охират.
Дунё мавсими тоату вақти ибодат аст ва майдони мубориза аст дар амалҳои солеҳ.
Дар ҳамин дунё мусалмон барои охирати худ тушаи роҳ мегирад ва барои ҳаёти ҷовидона амал мекунад.
Дар охират танҳо онҳое комёб мегарданд, ки дар ин дунё тибқи шариъат амал намуданд ва дар ин дунёи фони омодаги дидаанд.
Дунё ватани сидқ аст, барои содиқон ва хонаи наҷот аст, барои касе ҳақиқати онро дарк намудааст ва макони пур аз мева аст барои касе, ки фурсатро ғанимат шуморидаст.
Мо аз забони бисёриҳо мешунавем, ки ин дунёро мазаммат мекунанд ва даъво мекунанд, ки дунё сабаби саркаши ва дури аз тоати илоҳист ва аз ин бехабаранд, ки дунё макони бардоштани ҳосилот аст ва маҳз ба воситаи он ба ҷаннат роҳ ёфтан мумкин аст ва бо ин дунё метавон мартабаҳои олии ҷаннатро дарёфт кард.
Эй мардум!
Мо солеро гусел мекунем ва соли наверо пешвоз мегирем, ки масъулияти ҳар мусалмон дар он бештар мегардад ва бояд барои ҳисоби худ андаке вақт ҷудо намояд, мо акнун дар лаҳзаҳои охирини соли ҳиҷри қарор дорем, ки ҳам рӯзҳояш ва шабонаш бо ҳар васила гузаштанд. Ба Худо савганд дар пеши чашми ман даромадани ин соли кӯҳна меояд, ки гӯё дирӯзакак буд вале акнун он ба поён мерасад ва гӯё чизе набуд, ин аст ҳоли дунё.
Эй бандагони Худо!
Дар гузаштани ҳар сол ёдоварист барои гузаштани аҷалҳо ва поён ёфтани умрҳо ва куч кардан аз дори фони ба дори боқи, ки дори ҳисобу китоб он ҷост ва мардум ҳама ба он ҷо равонанд ё ба тарафи оташ ё ба тарафи ҷаннат.
Аҳёнан инсон барои гузаштани шабу рӯз хурсанди мекунад ба сабаби мунтазир будани чизи дилхоҳ вале набояд фаромуш кунад, ки бо гузаштани он сад лаҳза аз умри гарони ӯ кам мешавад ва аҷалаш наздиктар мешавад ва у чанд марҳилаи сафарашро тай мекунад ва ба тарафи қабраш наздиктар мегардад. Пас оё барои ин метавонад хурсанди кунад, ҷуз он касе, ки барои пеши Худованд омодагии хуб дида бошад ва корҳоеро карда ошад, ки мавриди ризои Худованд гардида бошад.
Шумо гузаштани соли навро фикр кунед, ки бо он умри шумо низ мегузарад ва бо суръати гузаштани шабу рӯз аҷал наздиктар мегардад ва марг ба мо наздик мешавад ва бо ҳар тағйироти ин дунё заволи дунё наздиктар мегардад ва қиёмат мерасад.
Умар ибни Абдулазиз зимни хутбаҳои худ чунин гуфт:
Эй мардум!
Ҳар сафарро тушаест, пас шумо барои сафар кардан аз дунё ба охират бо тақво тушаи худро омода намоед. Шумо монанди касоне бошед, ки гӯё бо чашми худ дидааст он чизеро ки Худованд аз азобҳо барояш муҳаё намудааст пас тарсатон афзун шавад. Ва шумо умеди зиёде ба ин дунё набандед, ки дилатон сиёҳ гардад ва дар тоати душманатон қарор гиред.
Басо вақтест, ки инсоне умеди зиёде дорад вале намедонад, ки шояд то бегоҳ нарасад ва агар бегоҳ шуд намедонад, ки ба сабоҳ мерасад. Басо вақт аст, ки марг дар камини ӯ истодааст ва чанд қадаме то гураш мондааст.
Бояд танҳо касе мутмаин бошад, ки аз азоби илоҳи ва сахтиҳои рӯзи қиёмат дар амон аст. Аммо он касе, ки дар дунё наметавонад як ҷароҳаташро даво бахшад магар инки ҷароҳати дигаре бар сараш меояд чигуна метавонад мутмаин бошад.
Эй бандагони Худо!
Мо бисёр касонеро мешиносем, ки дар ин дунёи фони соҳибмулк буданд вале ҷуз кафан чизи дигареро бо худ набурданд ва бисёр касонеро мешносем, ки аз моли дунё чизе надоштанд вале онон ҳам як кафан бурданд. Пас маълум гардид, ки ҳамагон дар қабр яканд чи бой чи камбағал, вале ботини қалб чизи дигар аст.
Ё боғе аз боғҳои ҷаннат ё наъузу биллоҳ ғоре аз ғорҳои дӯзах.
Ҳар ки дар ин дунё амали солеҳ намуд ва барои лиқои Худованд омодаги дид ва вақтҳои худро барои корҳое сарф намуд, ки ба у нафъ бахшад чунин инсон хеле хурсанд мешавад дар он рӯзе, ки на мол фоида дорад на фарзанд магар он касе, ки ба назди Худованд бо дили пок ояд.
Рӯзе ки саҳифаҳо бол мезананд ва дилҳо ба ларза медароянд ва қалбҳо дигаргун мешаванд ва мардумро ҳамагон мадҳуш мебини, вале дар асл онҳо мадҳуш нестанд, балки азоби Худованд сахт аст.
Эй бандагони Худо!
Аз Худо битарсед ва худро муҳосаба намоед пеш аз инки дигарон шуморо муҳосаба кунанд ва машғули амали солеҳ бошед, то вақте ки бароятон фурсати зиндаги дода шудааст то дар ду олам дорои неъматҳо гардед, то вақте ки ду неъматро соҳибед ва он ҳам сиҳати ва фароғ.