Яктопарасти
Дастабандиҳо
Full Description
Яктопарасти
ﭽ التوحيدﭼ
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики [
Амирҳамзаи Ҳомид
2009 - 1430
﴿ التوحيد ﴾
« باللغة الطاجيكية »
أمير حمزة حميد
2009 - 1430
Яктопарасти
Баноми Худованди бахшандаи меҳрубон
Ҳама шукру ситоишу некуиҳо хос барои Худованд аст, ва дуруд ва салом бар Муҳаммад расули Худо ва хотами анбиё ва оли асҳобаш бод.
Худованд мефармояд :
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﭳ ﭴ ﭵ ﭶ ﭷ ﭸ ﭹ ﭼ الذاريات: ٥٦
"Ва наёфаридаам ҷин ва инсро магар бахотири инки манро парастиш кунанд"
Ва дар ҷои дигар Худованд мефармояд :
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﭴ ﭵ ﭶ ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭼ ﭽ ﭾﭿ ﮒ ﭼ النحل: ٣٦
"Мо бар ҳар уммате паёмбаре фиристодем, ва онҳоро огоҳ сохтем, ки парвардигорашонро ибодат кунанд, ва аз тоғут дури варзанд.( ҳар чизе ки ғайр аз Худо ибодат ва парастиш мешавад онро тоғут меноманд).
Ва боз Худованд дар ҷои дигар мефармояд :
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮗ ﮘ ﮙ ﮚ ﮛ ﮜ ﮝ ﮞﮟ ﮠ ﮡ ﮢ ﮣ ﮤ ﮥ ﮦ ﮧ ﮨ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﮰ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ﯙ ﯚ ﯛ ﯜ ﯝ ﯞ ﯟ ﭼ الإسراء: ٢٣ - ٢٤
" Ва амр намудааст парвардигоратон, ки касеро ибодат ва парастиш макунед, ба ҷуз Худованд, ва некукори кунед бар волидайнатон агар яке аз онҳо наздатон солхурда ва пир шуда бошад, ё ҳардуяшон, пас дар баробари онҳо ҳатто"уфф"-ро бар забон маёваред, ва суханони нохушро бар онҳо истеъмол макунед, балки бо онҳо бо эҳтиром ва суханони нек гуфтугу намоед. Ва бо нарми ва эҳтиром дар баробарашон ба зону зада дуъо кунед, ки эй Парвардигоро бар онҳо раҳм намо, чуноне ки онҳо манро дар кудакиям бо раҳмату шафоат парвариш намудаанд.
Ва дар ҷои дигар Худованд мефармояд :
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮗ ﮘ ﮙ ﮚ ﮛ ﮜ ﯚ ﭼ النساء: ٣٦
" Худовандро ибодат ва бандаги намоед, ва барои У шарик ва ҳамтое қоил машавед "
Ва дар ҷои дигар Худованд мефармояд :
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘﯙ ﯚ ﯛ ﯜ ﯝﯞ ﯟ ﯠﯡ ﯢ ﯣ ﯤ ﯥ ﯦﯧ ﯨ ﯩ ﯪﯫ ﯬ ﯭ ﯮ ﯯ ﯰ ﯱ ﯲ ﯳﯴ ﯵ ﯶ ﯷ ﯸ ﯹ ﯺ ﯻ ﯼﯽ ﯾ ﯿ ﰀ ﰁ ﰂ ﰃ ﭑ ﭒ ﭓ ﭔ ﭕ ﭖ ﭗ ﭘ ﭙ ﭚ ﭛﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭠﭡ ﭢ ﭣ ﭤ ﭥ ﭦﭧ ﭨ ﭩ ﭪ ﭫ ﭬ ﭭ ﭮﭯ ﭰ ﭱ ﭲﭳ ﭴ ﭵ ﭶ ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭼ ﭽ ﭾﭿ ﮀ ﮁ ﮂ ﮃ ﮄ ﮅ ﮆﮇ ﮈ ﮉ ﮊ ﮋ ﮌ ﮍ ﮎ ﮏ ﮐ ﮑ ﮒ ﮓ ﮔ ﮕ ﮖ ﮗ ﮘ ﮙ ﮚ ﮛ ﮜ ﮝ ﮞ ﮟ ﭼ الأنعام: ١٥١ - ١٥٤
" Бигу биёед то бихонам ончи ҳаромкардааст парвардигори шумо бар шумо(фармудааст) ки чизеро бар У шарик қарор мадиҳед, ва бар волидайн некукори кунед, ва макушед фарзандони худро аз тарси фақру камбағали. Мо ризқу рузи медиҳем шумо ва онҳоро, ва ба беҳаёи (ба зино ва ливота) наздик машавед, ончи ки ошкор ва ончики пушида бошад.
Ва ҳеч нафсеро ки Худованд куштанашро ҳаром гардонида- аст макушед, магар ба ҳақ (яъне бо қисос ё мисли он).
Ин ҳукм фармудааст шуморо, то бошад ки шумо бифаҳмед.
Ва бар моли ятим наздик машавед магар ба хислат ва равиши нек то онки (ятим) худ ба ҷавони расад.
Тарозу ва паймонаро бо инсоф тамом кунед.
Таклиф намедиҳем касеро магар қадри тоқат ва тавоноии ӯ.
Ва чун сухан гуед инсофро риоят бинамоед, ва агарчи маҳкум шуда соҳиби қаробат бошад (хешутабор).
Ва ба аҳди (ба назри У) Худо вафо намоед.
Ин ҳукм фармудааст шуморо то панд пазир шавед.
Ва (хабар додааст, ки ) ончи зикр шуд роҳи ман аст, роҳи рост ва дуруст омада. Пас пайрави кунед (ин роҳро) ва пайрави макунед роҳҳои дигарро, ки ин роҳҳо шуморо аз роҳи Худо ҷудо кунандааст .
Ин ҳукм фармудааcт шуморо то парҳезгори кунед.
Боз мегуем ки Мусоро китоб дода будем то неъмат бар ҳарки накукор тамом кунем, ва ҳар чизро баён кунем ва (низ) барои ҳидоят ва меҳрубони то ишон ба мулоқоти парвардигори хеш имон оваранд.
Ин чанд ояте буд аз Қурони карим ки далолат ба яктопарасти мекунад, ва ширк овардани ба Худовандро манъ мекунад.
Ҳоло сухане аз суханони Паёмбари бузургворро зикр мекунам, ки ба суи яктопарасти ва дури аз ширку гуноҳро роҳнамои мекунад.
Паёмбар - дуову дуруд бар У бод - мефармояд :
عن معاذ بن جبل - رضي الله عنه - أنه قال: كنت رديف النبي صلى الله عليه وسلم على حمار، فقال لي: (يا معاذ، أتدري ما حق الله على العباد وما حق العباد على الله؟) فقلت: الله ورسوله أعلم، قال: (حق الله على العباد أن يعبدوه ولا يشركوا به شيئاًَ، وحق العباد على الله أن لا يعذب من لا يشرك به شيئاً) فقلت: يا رسول الله، أفلا أبشّر الناس؟ قال: (لا تبشروهم فيتّكلوا) متفق عليه
Аз Муъоз ибни Ҷабал ривоят аст, ки гуфт: Боре дар ақиби он ҳазрат бар маркабаш нишаста будам, дар ин вақт он ҳазрат гуфт: "Эй Муъоз! Оё медони ки Худованд бар бандагонаш чи ҳуқуқе дорад? Ва бандагон бар Худояшон чи ҳуқуқе доранд? "Гуфтам: Худованд ва паёмбараш хубтар медонанд.Он ҳазрат фармуд: "Ҳаққи Худованд бар бандаго- наш инаст, ки онҳо бояд танҳо Уро ибодат ва парастиш намоянд, ва касеро ба У шарик ва ҳамроҳ насозанд. Ва ҳаққи бандагон бар Худовандашон иборат аз ин аст, ки касе ки шарик наорад ба Худованд, уро аз азоби дузах эмин дорад" Муъоз гуфт: Гуфтам: эй расули Худо оё ин хушхабарро ба мардум бирасонам? Гуфт:"Не башорат надеҳ онҳоро, зеро онҳо бар ин такя карда дар амал кардан кутоҳи ва танбали мекунанд" ривояти Бухори ва Муслим
Ва аз ибни Масъуд ривоят аст, ки гуфт: Шахсе ки мехоҳад васиятеро, ки Паёмбари Худо онро бар муҳри худ ниҳода буд мушоҳида намояд, ин сухани Худовандро қироат намояд.
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ........... ﮛ ﮜ ﮝ ﮞ ﮟ ﭼ الأنعام: ١٥١ - ١٥٤
Тарҷумаи ин оятҳо дар боло зикр шудааст.
Вақто, ки мо ба маънои ин суханони Худованд ва паёмбараш бо диққат назар мекунем дарк мекунем, ки чанд нуқтаи муҳимеро дар бар гирифта аст, аз ҷумла :
Ҳикмат аз халқи ҷин ва инсон, ки Худованд онҳоро хос барои ибодати худ офарида аст.
Яктопарасти ибодати муҳиме дар дин аст. Ва асли низоъ ва муҷодала байни паёмбарон ва мушрикин ҳам сари ин мавзуъ будааст.
Касе, ки яктопарастиро ихтиёр накунад, пас ибодати Худованди ягонаро ба ҷой наовардааст, ки сухани Худованд:
ﭷ ﭸ ﭹ ﭺ ﭻ ﭽ ﭚ ﭛ ﭜ ﭝ ﭞ ﭟ ﭼ الكافرون: ٣
"Ва на шумо парастандаед он чиро ки ман мепарастам" ин мафҳумро ошкоро баён намудааст.
Ҳадаф аз фиристодани паёмбарон ҳам даъвати мардум ба дини яктопарасти будааст, ва инҳам далолат бар ин мекунад, ки Худованд дар ҳар давру замон ва барои ҳама миллатҳо паёмбаре фиристодааст то ки онҳоро ба яктопарасти роҳнамои кунад. То ин ки паёмбари охирзамон ва хатм кунандаи анбиё Муҳамад -дуову дуруд бар У бод- ро фиристод. Ва ин ҳам далолат бар ин мекунад, ки дини ҳама паёмбарон як дин будааст, ки он дини Ислом мебошад.
Муайян шудани ҳуқуқи Худованд бар бандагонаш ва ҳуқуқи бандагон бар Худовандашон.
Ин чунин яке аз сифатҳои бузурги паёмбар дар ҳадиси Муъоз ошкор мешавад, ки он тавозуъи он ҳазрат мебошад, ки бар маркабаш савор шуда боз Муъозро дар ақибаш савор карда буд.
Ин чанд нуқтаи мухтасаре буд дар бораи яктопарасти ки аз суханони Худованд ва паёмбараш гирифта шуд.
Аз Худованди муттаъол талабдорам ки ҳамаи моро яктопараст ва аз ширку гуноҳ дур, ва пайрави паёмбараш гардонад.
Ва дуруду раҳмати бепоён бар Муҳаммад ва аҳлу байту ёрону пайравонаш бод.