×
Нависандаи ин мақола дар бораи чи гуна бояд салому чавоб додан ва саломро бо лафзаш баён мекунад.

    Салом дар Ислом

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳия ва таҳқиқ : Мисбоҳиддини Ҳомид

    2009 - 1430

    ﴿ السلام في الإسلام ﴾

    « باللغة الطاجيكية »

    مراجعة: مصباح الدين حميدوف

    2009 - 1430

    Салом дар Ислом

    Аввалан маънои салом дар луғат:

    "Салом" – дар луғат ба маънои "амон" меояд.

    Сониян лафзи пурраи салом:

    Лафзи пурраи салом дар шариат чунин ворид гаштааст: "Ассалому алайкум".

    Вақте шахси мусалмон бар бародари мусалмони худ салом мегўяд, бояд бо ҳамин лафз салом бидиҳад. Зеро чунин лафзи салом аз Пайғамбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам ривоят шудааст, ки баъзе онҳоро зикр хоҳем кард. Оё метавонем болои лафзи салом чизе зиёд кунем? Оре, метавонем. Вақте шахсе саломдиҳанда салом дода гуфт: "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ", яъне лафзи "ва раҳматуллоҳ"-ро зиёда кунад, мо метавонем дар чавоб чунин посух диҳем: "Ва алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу", яъне мо лафзи "ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу"-ро илова кардем.

    Агар ба оятҳои Қуръони ва ҳадисҳои Пайғамбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам назар афканем, мебинем, ки дар ин бобат иршодҳои зиёде ворид гаштааст. Аллоҳ субҳанаҳу ва таъолои таоло дар китоби каримаш мефармояд:

    "Ва ҳар вақто салом дода шуд ба шумо, пас салом бидиҳед беҳтар аз он ё боз гардонед ба монанди он"

    Муфассирон дар тафсири ин ояти карима гуфтаанд: "Ҳар вақто мусулмоне ба шумо салом гўяд, пас шумо саломи ўро беҳтару хубтар чавоб гардонед, аз он гунае, ки ба шумо салом дода буд ё худ боз гардонед ба мисли оне, ки ба шумо салом дода буд".

    Пас аз ин гуфтаҳо чунин бар меояд, ки чавоби салом ба шакли беҳтар мустаҳаб ва ба монанди он чавоб гуфтан бар гардани ҳар мусулмон вочиб мегардад. Аз Салмони Форси розийаллоҳу анҳу омадааст, ки марде ба назди Расули акрам омада гуфт:
    "Ассалому алайка ё Расуллалоҳ".

    Пас Пайғамбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам дар чавоб гуфт:

    "Ва алайка салом ва раҳматуллоҳ".

    Баъд аз муддате марди дигаре омада гуфт:

    "Ассалому алайка ё Расуллалоҳ ва раҳматуллоҳ".

    Пайғамбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам дар чавобаш гуфт:

    "Ва алайка салом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу".

    Ва баъд аз азон марди саввуме омада гуфт:

    "Ассалому алайка ё Расуллалоҳ ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу".

    Расули акрам дар чавоб гуфт:

    "Ва алайка".

    Пас он марди саввум гуфт:

    "Эй Пайғамбари Худо!, падару модарам фидоят бод, фалон ва фалон наздат омаданд ва салом бар ту доданд, сабаб чи буд, ки саломи онҳоро боз гардонди бештар аз он гунае, ки саломи манро боз гардонди?

    Пайғамбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам дар посух фармуд:

    "Ту барои мо чизе нагузошти, Аллоҳ субҳанаҳу ва таъолои таоло мефармояд:

    "Ва ҳар вақто салом дода шуд ба шумо, пас салом бидиҳед беҳтар аз он ё боз гардонед ба монанди он".

    Пас боз гардондем ба монанди он.

    Аз ин ҳадиси шариф бар меояд, ки лафзи салом аз ин миқдор зиёд нест. Яъне, "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу". Зеро агар зиёда аз ин миқдор машруъ мебуд Пайғамбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам зиёд мекард.

    Олимҳои исломи дар маънои "Ассалому алайкум" фикрҳои гуногунеро зикр намудаанд. Қози Ъиёз дар маънои "Ассалому алайкум" гуфтааст, ки он номи Аллоҳ субҳанаҳу ва таъоло аст ва ба маънои "Ҳифзи Аллоҳ субҳанаҳу ва таъоло бар ту бод"-ро ифода мекунад ва ҳамчуноне, ки гуфта мешавад: "Аллоҳ ҳамроҳи ту бод".

    Гурўҳи дигар олимҳо бар он андешаанд, ки маънояш "саломат мондан" аст. Пас гўё ба шахси саломгуфта мерасонад, ки ту аз ман дар амон ҳасти ва аз ман бар ту озоре нахоҳам расид. Аммо чамъи саввуми олимҳо гуфтаанд, ки маънояш чунин аст, ки номи Аллоҳро бар аъмол зикр карда мешавад, то дар он хайрот чамъ биёяд ва фасод дур гардад. Ин буд баъзе аз гуфтаҳои олимҳои исломи дар перомуни маънои "Ассалому алайкум".

    Ҳукми салом ва радди он Ҳасани Басри фармуданд:

    Салом гуфтан, мустаҳаб аст ва чавоби салом вочиб аст.

    Бояд зикр кард, ки тамоми олимҳо бар вочиб будани радди салом иттифоқанд. Аммо агар салом бар гурўҳе аз чамоат дода шавад, радди он фарзи кифоя мегардад. Яъне, агар яке аз вучуддоштаҳо радди саломро гардонад, аз гардани дигарҳо соқит мегардад. Вале, агар касе чавоб нагўяд, ҳамаи вучуддоштаҳо гунаҳгор мегарданд. Барои чи радди салом вочиб аст? Чи тавре, ки пештар аз забони олимон овардем, радди салом вочиб аст, зеро маънои салом "амон додан" аст. Ва дар сурати чавоб нагуфтани саломи бародари хеш, гумонҳои баде нисбати бародари мусалмонаш пайдо мегардад. Пас дар ин сурат дур сохтани ваҳму гумонҳои бемаҳал вочиб гашта бар гарданаш радди салом вочиб мегардад. Ва дар сурати дер ҷавоб додани салом, радди салом ҳисоб намегардад. Ва ин танҳо дар ҳолатҳоест, ки узре пайдо гардад.

    Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё ҷавоб додани саломи дигар миллатҳои (монанди яҳуд, насрониҳо ва ғайра....) воҷиб аст? Ва агар онҳо ба мо салом диҳанд, дар ин сурат шахси мусулмонро чи бояд кард. Посухи ин суолро аз гуфтаҳои донишмандон пайдо кардан мумкин аст.

    Аз зоҳири гуфтаи онҳо чунин бар меояд, ки радди салом новобаста ба шахсият вочиб аст. Ибни Ҳотам аз ибни Аббос овардаанд, ки ҳар бандаи Аллоҳ субҳанаҳу ва таъолое, ки бар ў салом диҳад, пас чавобашро бар ў боз гардон, агарчи маҷуси ҳам бошад.

    Локин дар ин маврид ҳадисе ворид гаштааст, ки Пайғамбари Аллоҳ субҳанаҳу ва таъоло шурўъ намудани саломро ба нисбати аҳли китоб (яҳудиҳо ва насрониҳо) манъ намуданд ва танҳо саломи онҳоро ба мислаш боз гардонда мешавад. Аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят шудааст, ки Пайғамбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд:

    "Вақте ба шумо аҳли Яҳуд салом диҳад чунин мегўяд: "Ассому алайка" (яъне, ҳалок бар ту бод), пас чавоб бигў "Ва алайка" (яъне, бар ту низ чунон бод).

    Ва ҳамчунин дар ин мазмун аз Абуҳурайра омадааст, ки Пайғамбари Аллоҳ субҳанаҳу ва таъоло фармуданд:

    "Ба Яҳудиҳо ва Насрониҳо бо салом ибтидо накунед", яъне шумо аввалин шуда салом нагўед.

    Оё ба ғайр аз лафзи "Ассалому алайкум" бо дигар лафзҳо салом гуфтан равост? Посухи ин суол албатта манфи хоҳад буд. Аввалан: Салом таҳияи аҳли чаннат аст ва малоикаҳо шахсонеро, ки дохили чаннат мегарданд бо ин таҳия (Яъне, Ассалому алайкум) пешвоз мегиранд.

    Дуюм: Салом гуфтан, яке аз таҳиятест, ки Аллоҳ субҳанаҳу ва таъоло бар шахси гўянда, савоби бузурге ато мефармояд. Дар ин бобат аз Имрон ибни Ҳусайн ҳадисе омадааст, ки марде ба назди Пайғамбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам омад ва гуфт:

    "Ассалому алайкум".

    Пайғамбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам чавоби саломро боз гардонид ва гуфт:

    "Даҳто".

    Баъд аз муддате марди дигаре омада гуфт:

    "Ассалому алайкум" ва раҳматуллоҳ".

    Пайғамбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам чавоби саломро бозгардонда гуфт:

    "Бисто".

    Баъд аз он марди саввум омада гуфт:

    "Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу".

    Пайғамбар соллаллоҳу алайҳи ва саллам чавоби саломро гардонда гуфт:

    "Сито".

    Яъне аз ин ҳадиси муборак чунин бар меояд, ки ин се мард барои салом доданашон савобе ба даст оварданд, агар чанде дар савоб баробар нестанд.

    Сеюм: Зеро салом таҳияест, ки Аллоҳ субҳанаҳу ва таъоло дар васфаш фармудааст. Пас модоме, ки саломро Аллоҳ субҳанаҳу ва таъоло чунин васф карда бошад ва модоме, ки он таҳияи аҳли чаннат бошад ва инчунин мусалмон ба сабаби вай савоб ҳосил кунад, пас чаро бояд ин лафзи муборакро тарк гуфта ба ибораҳои дигари афранчи даст занем.

    Оё бо ишора салом гуфтан дуруст аст? Бояд зикр кард, ки радди салом бо ишора кифоя нест, балки дар ин бобат зачру наҳй ворид гаштааст.

    Аз Чобир ибни Абдуллоҳ омадааст, ки Пайғамбари Аллоҳ субҳанаҳу ва таъоло фармуданд:

    "Шумо монанди Яҳудиҳо бо сар ҷунбондан, даст бардоштан ва ишора салом надиҳед".

    Гурўҳе аз олимҳо дар ин бобат чунин оварданд, ки ин наҳй дар он сурат аст, ки ягон узре воқеъ надошта бошад. Ва дар сурати пайдо доштани узре бо ишора салом гуфтан чоиз аст. Ва ин монанди шахси гунг ва ё шахсе, ки дар масофаи дур буда овози ўро намешунавад, локин бо вучуди ишорааш саломро талаффуз мекунад. Агар инсон дохили маконе гардад, салом гуфтани ў бар нафси хеш мустаҳаб аст.

    Ва дар ин бобат Ибни Умар чунин фармуданд:

    "Ҳар ки вориди хона гашт ва касеро пайдо накард, мустаҳаб аст, ки бигўяд: "Ассалому алайкум ва ало ибодиҳиссолиҳин".