Оё Аллоҳ таъоло ҚАДИМ ном дорад?!
Дастабандиҳо
Full Description
Оё Аллоҳ таъоло ҚАДИМ ном дорад?!
هل من اسماء الله تعالى, القديم؟
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таҳия ва тарҷума: Муҳаммадазиз Раҷабӣ
إعداد و ترجمة: محمد عزيز رجب
Оё Аллоҳ таъоло ҚАДИМ ном дорад?!
Оё Аллоҳ таъоло ҚАДИМ ном дорад?!
(Истифодаи исми “Қадим” дар ҳаққи Аллоҳ таъоло).
Оё номи “ҚАДИМ” аз ҷумлаи номҳои Худованд аст?, Дар ҳоле ки нақлҳои зиёде аз олимон омадааст, ки гуё Худовандро бо "Қадим" ном бурда бошанд.
Посухи ин шубҳа чунин аст:
1. Аввалан:
Имом Таҳовӣ дар матни ақидаи худ мегӯяд: (Худованд қадим аст бе ибтидо...).
Имом АбулЪиззи Ҳанафӣ (шарҳдиҳандаи ҳамин ақидаи Таҳовӣ), дар шарҳи ҳамин ибора мегӯяд:
وقد أدخل المتكلمون في أسماء الله تعالى القديم وليس هو من الأسماء الحسنى...
"Мутакаллимин (уламои илми калом) ин лафзи Қадимро дар "номҳои Аллоҳ" дохил кардаанд, вале ин лафз аз "Асмои Ҳусно (номҳои зебои Аллоҳ)" нест...".
Чӣ тавре ки мебинед бародарони азиз, Ибни АбулЪиззи ҳанафӣ ин лафзро ҳамчун ном барои Аллоҳ таъоло инкор мекунад, зеро ки лафзи Қадим на дар қуръон ва на дар суннат ҳамчун "асмои ҳусно" собит нест.
2. Сониян:
Аҳли суннат ва ҷамоъат дар масъалаи асмои ҳусно (яъне номҳои зебои Аллоҳ), ақида доранд, ки номҳои тавқифӣ мебошанд.
Яъне номҳои Аллоҳ таъоло тавқифӣ ҳастанд ва бе далели аз қуръону суннат ҳеҷ лафзеро ҳамчун ном қабул намекунанд.
Масалан як нақл аз уламои ҳанафӣ меорам.
Алӣ Қорӣ дар шарҳи Мишкот аз АбулҚосими Қушайрӣ меорад:
وما لم يرد فيها لا يجوز إطلاقه في وصفه وإن صح معناه...
"Агар номе дар инҳо (яъне қуръону суннат ва иҷмоъ) наёмада бошад, пас ҷоиз нест васф кардани Аллоҳ бо он ном, агарчанде ки маънояш дуруст бошад". (Мирқот, шарҳи Мишкот, китоби асмои Аллоҳ таъоло, 4/1561).
Ҳамчунин имом Нававӣ гуфтааст:
( أسماء الله توقيفية لا تطلق إلا بدليل صحيح)
"Номҳои Аллоҳ тавқифӣ ҳастанд, ки номгузорӣ карда намешавад магар бо далели саҳеҳ". (Шарҳи Нававӣ бар Муслим, 7/188).
3. Саввум:
Ин лафзи Қадим, ки имом Таҳовӣ истифода бурдааст, ба қасди номгузорӣ нест.
Балки имом Таҳовӣ ин лафзро барои хабар додан ва васф кардан истифода кардааст.
Ва аҳли суннат дар масъалаи хабар ҷоиз медонанд истифодаи он алфозеро ки маънояш дар ҳаққи Аллоҳ дуруст аст.
Мисли Воҷибулвуҷуд, мусаббиби асбоб, қоим ба зоти хеш, ва амсоли инҳо.
Имом Ибни Қаййим мегӯяд:
أن ما يدخل في باب الإخبار عنه تعالى، أوسع مما يدخل في باب أسمائه وصفاته؛ كالشيء، والموجود، والقائم بنفسه، فإنه يخبر به عنه ولا يدخل في أسمائه الحسنى وصفاته العليا". انتهى من بدائع الفوائد (1/284)
"Он алфозе ки дар боби хабар истифода мешавад, васеътар аст аз он алфозе ки дар боби ному сифатҳо истифода мешавад; мисли шайъ, мавҷуд, қоим бинафсиҳи.
Бо ин лафзҳо дар бораи Аллоҳ хабар медиҳанд, вале ин алфоз ба номҳои зебояш ва сифатҳои олияш ворид намешаванд".
4. Чаҳорум:
Инак хулосаи матлаб ин аст, ки Қадим аз номҳои Аллоҳ нест, балки лафзе ҳаст, ки дар ҳаққи Аллоҳ истифода кардаанд, ва маънояш дуруст аст. Вале беҳтар аз он лафзи "Аввал" аст, чӣ тавре ки Аллоҳ дар Қуръон хабар додааст, ва Паёмбар истифода кардааст.
Лафзи "Аввал" дар қуръону суннат ҳамчун номи зебои Худованд омадаст: (Аввалу Охиру Зоҳиру Ботин). Аммо лафзи Қадим дар ҳадис барои ихбор омадааст, ки "султони қадим", яъне султони Аллоҳ қадим (азалӣ) ҳаст.
Худованд мефармояд:
﴿هُوَ ٱلۡأَوَّلُ وَٱلۡأٓخِرُ وَٱلظَّٰهِرُ وَٱلۡبَاطِنُۖ وَهُوَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٌ ٣﴾ [الحديد: ٣]
“Ӯст аввалу охир ва зоҳиру ботин ва ӯ ба ҳар чизе доност!”.
5. Панҷум:
Имом Носируддин Албонӣ лафзи "Қадим"-ро дар матни Таҳовӣ инкор накардааст, балки онро ҳамчун ном барои Аллоҳ радд кардааст.
Чӣ тавре ки шарҳдиҳандаи ҳанафӣ АбулЪизз радд карда буд, қаблан.
Вале ҳамчун хабар имом Албонӣ ин лафзро қабул дорад.
Имом Албонӣ дар идомаи таълиқ, қавли Ибни Қайимро барои ҷоиз будан овардаву сипас мегӯяд:
ولعل هذا هو وجه استعمال شيخ الإسلام ابن تيمية هذا الوصف في بعض الأحيان...
"(Истеъмоли ин алфоз ҳамчун хабар ҷоиз аст) ва шояд ба ҳамин иллат (яъне ба хотири хабар) бошад, ки Шайхулислом Ибни Таймия ин васфро (яъне васфи Қадимро) гоҳо истифода мекунад...".
6. Шашум:
Тамоми он нақлҳое ки аз олимон нақл шудааст, ки лафзи "қадим"-ро истифода кардаанд, ҳамагӣ ба маънои хабар аст.
Яъне калимаи "қадим"-ро истифода кардаанд дар дуъову баёне барои ифодаи маънои "азалият" ва "аввалият"-и Аллоҳ таъоло. Ва ҳеҷ кадоме аз эшон лафзи "қадим"-ро ҳамчун исме аз асмои ҳусно истеъмол накардааст.
Аммо он ривояте ки дар Мустадраки Ҳоким омадааст, заъиф аст, ва ҳамчунин худи Ҳоким мегӯяд, ки ин номи Қадим зиёдатӣ ҳаст дар ривояти саҳеҳ:
دون الأسامي الزائدة
Ва аммо он ривояте ки дар "Тахриҷи аҳодиси асмо"-и Ибни Ҳаҷар омадааст, худи Ибни Ҳаҷар кушоду равшан баён мекунад, ки идроҷ ҳаст (яъне ба ҳадис ворид карда шудааст) ва мухолифат бо дигар ривояти аслӣ дорад!
Пас чӣ тавр аз он далелҳо истидлол карда мешавад?
7. Хулоса: Чигунае ки мебинем он чизе ки ба шайх Албонӣ нисбат дода шудааст, иштибоҳ аст, Зеро ки шайх Албонӣ лафзи қадимро ҳамчун асмои ҳусно радд кардааст, на инки мутлақан.
Инҷо дар охир сухани яке аз шайхҳоеро (Муҳаммад Ротиб Нобулсӣ) меорам, ки айнан ҳамон сухани АбулЪиззи ҳанафӣ ва шайх Албониро гуфтааст!
لكن ينبغي أنْ تعْلموا أنّ اسم القديم ليس من الأسْماء الحُسنى
Локин бояд бидонед, ки номи ҚАДИМ аз асмои ҳусно (номҳои зебои Аллоҳ) нест.