Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми севум: Берун омадани Руҳ
Дастабандиҳо
Full Description
Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми севум: Берун омадани Руҳ
القيامة الصغرى وعلامات القيامة الكبرى، القسم الثالث: خروج الروح
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Таълиф: Д. Умар Сулаймон Ашқар
تأليف: عمر سليمان الأشقر
Таҳия: Мусъаб Ҳамза
إعداد: مصعب حمزة
Қиёмати суғро ва аломатҳои қиёмати кубро, қисми севум: Берун омадани Руҳ
Фасли севум: Берун омадани Руҳ, парвоз ба суи малакути аъло аст
Имом Муслим аз ҳазрати Абуҳурайра (р.з) чунин нақл мекунад: Ҳаргоҳ руҳи муъмин берун ояд ду фаришта ба истиқболаш меоянд ва онро ба суи осмонҳо боло мебаранд.
Ҳаммод мегӯяд: Абуҳурайра дар бораи бӯйи хушу поки руҳи муъмин сухан гуфт ва суҳбат аз мушк ба миён омад, фармуд: Сокинони осмон дар бораи руҳи муъмин мегуянд: Руҳи покизае аст, ки аз тарафи замин омадааст, раҳмати Худованд бар ӯ ва бар ҷасаде ки дар он сукно гузидаед фуруд ояд. Онгоҳ фаришта руҳро назди Парвардигор боло мебарад ва ҳангоми расидан, Парвардигор ба ӯ хитоб намуда мефармояд: Ин руҳро ба биҳишт бибаред ва онро барои ҳамеша зинда бигзоред.
Фармуд: Ҳаргоҳ руҳи кофир берун равад - Ҳаммод мегуяд: Абуҳурайра аз бӯйи бад ва малъун будани руҳи кофир сухан гуфт: - Аҳли осмон мегуянд: Руҳи нопоке аст, ки аз тарафи замин омада аст, Ровӣ мегуяд: Худованд мефармояд: Онро барои ҳамеша ба дӯзах бибаред.
Расули Худо дар ҳадиси Бароъ дар бораи ҳурмат ва каромати руҳи муъмин баъд аз берун омадани он аз ҷасад, сухан гуфтааст ва мефармояд:
Фариштагони поки Худованд бар ин руҳи покиза дуруд мефиристанд, дарҳои осмон барои ӯ боз карда мешаванд ва дар кафанҳои хӯшбӯйи биҳишт кафан дода мешавад ва бӯйи хуш ки беҳтару бартар аз бӯйи мушк аст аз он ба машом мерасад. Сипас Фариштагон онро бо эҳтироми хос ба осмонҳо мебаранд ва дари осмонҳо барои ӯ боз карда мешавад. Аммо руҳи нопок вақти берун омадан мавриди лаънату нафрини фариштагон қарор мегирад ва дарҳои осмонҳо бар рӯйи он баста ва ҳар гуруҳи аз фариштагони худованд бар даре аз дарҳои осмон истода аз ворид шудани он пешгири мекунанд. Сипас он руҳи нопок дар кафане аз кафанҳои дӯзах гузошта мешавад ва бӯйи бисёр баде ки фариштагонро озор медиҳад аз он руҳ баланд мешавад. Вақте ба суи осмонҳо боло меравад ва дари осмонҳо ба рӯйи он кушода намешавад ва аз баланди ба суи замин партоб мешавад.
Дар ҳадиси ҳазрати Бароъ ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар он аз мунтақил шудани инсон аз марг ва рафтан ба суи барзах сухан фармуд, чунин омадааст: Вақте руҳи муъмин берун меояд то фариштагони руи замин ва осмонҳо дар ҳаққи он дуъои мағфирату бахшиш кунанд. Дарҳои осмонҳо барои он кушода мешаванд. Нигаҳбонони ҳар даре аз дарҳои осмон аз Худованд мехоҳад то ин руҳ аз дари ӯ убур дода шавад. Вақте фариштаи марг онро қабз мекунад барои як лаҳза дар дасти ӯ гузошта намешавад, балки билофосила фариштагон онро мегиранд ва дар кафан ва хушбуиҳои биҳишт мегузоранд.
Мафҳум ва маънои ин ояти шариф ин аст:
﴿تَوَفَّتۡهُ رُسُلُنَا وَهُمۡ لَا يُفَرِّطُونَ ٦١﴾ [الانعام: ٦١]
“Фиристодагони мо (аз миёни фариштагони дигар ба суроғи ӯ меоянд) ҷони ӯро мегиранд, ва (фариштагони гуруҳи аввал ва фариштагони гуруҳи дуввум ҳеҷ кадоми онҳо дар маъмурияти худ) кутоҳи намекунанд”.
(Сураи Анъом ояти 61)
Ва беҳтарин бӯйи хуше ки дар руи замин дида мешавад аз он ба машом мерасад, Фариштагон онро ба суи осмонҳо боло мебаранд ва аз канори ҳар гуруҳе аз фариштагон бигзарад, онҳо мегуянд: Ин руҳи покиза аз они чи касе бошад? Фариштагон дар ҷавоб мегуянд: фалони фарзанди фалонӣ аст. (Бо беҳтарин номе ки дар дунё дошта буд ёд мекунанд)
Вақте ба наздиктарин осмон мерасад, дарро мезананд, дар боз карда мешавад ва гуруҳи махсусе аз фариштагони ҳар осмон то осмони дигар онро ташйиъ мекунанд то ба осмони ҳафтум мерасад. Худованди мутаъол хитоб ба он мефармояд: Номи бандаи манро дар радифи ъиллийин бинависед.
﴿وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا عِلِّيُّونَ ١٩ كِتَٰبٞ مَّرۡقُومٞ ٢٠ يَشۡهَدُهُ ٱلۡمُقَرَّبُونَ ٢١﴾ [المطففين: ١٩، ٢١]
“Ту чи медони ки "ъиллийин" чи ва чигуна аст? китоби навишташудае аст (ки нишондор ба аломатҳои мушаххас буда ва навиштаҳои хоно ва гуё аст) ки фариштагони муқарраб (барои навиштани матолиб) онро мушоҳида мекунанд”.
(Сураи Мутаффифин оятҳои 19 -21)
Номи ӯ дар радифи ъиллийин навишта мешавад ва баъд мефармояд: Ин руҳро ба замин баргардонед, чун ман инсонҳоро аз замин офаридаам ва ба онҷо бармегардонам ва бори дигар онҳоро аз замин берун хоҳам овард.
Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар бораи руҳи нопок, ки аз ҷасади кофир берун меояд, чунин мефармояд: Так таки фариштагони замину осмон онро лаънат мекунанд, дарҳои осмон бар рӯйи он баста мешавад. Нигаҳбонони ҳар дар аз Худованд мехоҳанд, ки ин руҳро аз дари онҳо убур надиҳанд. Фариштаи марг вақте онро қабз мекунад, ҳатто як лаҳза ҳам дар дасти ӯ гузошта намешавад, балки онро мегиранд ва дар порчаи оташин кафан мекунанд, бадтарин бӯйи бади руйи замин аз он ба машом мерасад. Фариштагон онро ба суи осмонҳо мебаранд, аз канори ҳар гуруҳи аз фариштагон ки бигзарад, савол мекунанд: Ин руҳи нопок азони чи касе бошад? Фариштагон мегуянд: Фалони фарзанди фалони аст, (бо бадтарин номе ки дар дунё дошт аз ӯ ёд мекунанд) Ва вақте ба осмони дунё (наздиктарин осмон) бирасанд, барои он руҳи кофир дарро мезананд, Дарҳои осмон бар рӯйи он кушода намешавад. Дар ин лаҳза Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин оятро тиловат фармуд:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بَِٔايَٰتِنَا وَٱسۡتَكۡبَرُواْ عَنۡهَا لَا تُفَتَّحُ لَهُمۡ أَبۡوَٰبُ ٱلسَّمَآءِ وَلَا يَدۡخُلُونَ ٱلۡجَنَّةَ حَتَّىٰ يَلِجَ ٱلۡجَمَلُ فِي سَمِّ ٱلۡخِيَاطِۚ وَكَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُجۡرِمِينَ ٤٠﴾ [الاعراف: ٤٠]
“Дарҳои осмон бар рӯи касоне, ки оёти Моро дурӯғ шуморидаанд ва аз онҳо саркаши кардаанд, кушода нахоҳад шуд ва ба биҳишт дохил нахоҳанд шуд, то он гоҳ, ки шутур аз сӯрохи сӯзан бигзарад. Ва муҷримонро инчунин ҷазо медиҳем!”.
(Сураи Аъроф ояти 40)
Худованд мефармояд: Номи ӯро дар поинтарин макон дар рӯйхати аҳли дӯзах бинависед. Сипас мефармояд: Бандаи манро ба замин баргардонед, чун ман ваъда кардам, ки инсонҳоро аз замин биофаринам ва ононро ба замин баргадонам ва бори дигар ишонро аз замин берун биёварам. онгоҳ руҳи кофир аз осмони ҳафтум ба гунае ба суи замин андохта мешавад, ки дар лоша қарор гирад. Сипас Расули Худо ин оятро тиловат фармуданд:
﴿وَمَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَكَأَنَّمَا خَرَّ مِنَ ٱلسَّمَآءِ فَتَخۡطَفُهُ ٱلطَّيۡرُ أَوۡ تَهۡوِي بِهِ ٱلرِّيحُ فِي مَكَانٖ سَحِيقٖ ٣١﴾ [الحج : ٣١]
“Рӯйовардагон ба Худо бошед ва ширк наёвардагон ба ӯ ва ҳар кас, ки ба Худо ширк оварад, чун он касест, ки аз осмон фурӯ афтад ва паррандае ӯро бирабояд ё бодаш ба маконе дур андозад”.
(Сураи Ҳаҷ ояти 31)
Ибни Моҷаҳ аз Абуҳурайра нақл мекунад, ки Расули Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:
(الْمَيِّتُ تَحْضُرُهُ الْمَلَائِكَةُ فَإِذَا كَانَ الرَّجُلُ صَالِحًا قَالُوا اخْرُجِي أَيَّتُهَا النَّفْسُ الطَّيِّبَةُ كَانَتْ فِي الْجَسَدِ الطَّيِّبِ اخْرُجِي حَمِيدَةً وَ أَبْشِرِي بِرَوْحٍ وَرَيْحَانٍ وَرَبٍّ غَيْرِ غَضْبَانَ فَلَا يَزَالُ يُقَالُ لَهَا ذَلِكَ حَتَّى تَخْرُجَ ثُمَّ يُعْرَجُ بِهَا إِلَى السَّمَاءِ فَيُفْتَحُ لَهَا فَيُقَالُ مَنْ هَذَا فَيَقُولُونَ فُلَانٌ فَيُقَالُ مَرْحَبًا بِالنَّفْسِ الطَّيِّبَةِ كَانَتْ فِي الْجَسَدِ الطَّيِّبِ ادْخُلِي حَمِيدَةً وَ أَبْشِرِي بِرَوْحٍ وَرَيْحَانٍ وَرَبٍّ غَيْرِ غَضْبَانَ فَلَا يَزَالُ يُقَالُ لَهَا ذَلِكَ حَتَّى يُنْتَهَى بِهَا إِلَى السَّمَاءِ الَّتِي فِيهَا اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ وَإِذَا كَانَ الرَّجُلُ السُّوءُ قَالَ اخْرُجِي أَيَّتُهَا النَّفْسُ الْخَبِيثَةُ كَانَتْ فِي الْجَسَدِ الْخَبِيثِ اخْرُجِي ذَمِيمَةً وَ أَبْشِرِي بِحَمِيمٍ وَ غَسَّاقٍ وَآخَرَ مِنْ شَكْلِهِ أَزْوَاجٌ فَلَا يَزَالُ يُقَالُ لَهَا ذَلِكَ حَتَّى تَخْرُجَ ثُمَّ يُعْرَجُ بِهَا إِلَى السَّمَاءِ فَلَا يُفْتَحُ لَهَا فَيُقَالُ مَنْ هَذَا فَيُقَالُ فُلَانٌ فَيُقَالُ لَا مَرْحَبًا بِالنَّفْسِ الْخَبِيثَةِ كَانَتْ فِي الْجَسَدِ الْخَبِيثِ ارْجِعِي ذَمِيمَةً فَإِنَّهَا لَا تُفْتَحُ لَكِ أَبْوَابُ السَّمَاءِ فَيُرْسَلُ بِهَا مِنْ السَّمَاءِ ثُمَّ تَصِيرُ إِلَى الْقَبْرِ) ( ابن ماجه في سننه, والألباني في صحيح جامع الصغير 2/169. )
“Фариштагон назди майит меоянд, агар шахс дар ҳоли сакарот инсони солеҳ бошад, ба ӯ хитоб намуда мегуянд: Эй руҳи покизае ки дар ҷасади покиза ҳасти берун биё ва равҳу райҳони биҳишт ва розигии Парвардигорро ба ту табрик мегуем. Фариштагон то берун баромадани руҳ ин калимаҳоро барои майит замзама мекунанд. Баъд аз берун омадан ба осмонҳо бурда мешавад, Дари осмонро мекубанд, Суол мешавад: Кист ки дарро мезанад? Мегуянд: Фалонӣ аст, Дар ҷавоб мегуянд: Хӯш омади эй нафси покиза, эй ки дар ҷасади покизае буди ворид шав дар ҳоле ки мавриди ситоиш ҳасти ва башорати равҳу райҳон ва хушнудии Парвардигор бар ту бод. Ин калимаҳо ҳамеша барояш гуфта мешавад, то ба осмоне мерасанд, ки Худованд бар он қарор дорад [1], Вале агар шахси дар ҳоли сакарот инсони баде бошад, Фариштаи марг ба ӯ мегуяд: Эй руҳи нопок, ки дар ҷасади нопок ҳасти, берун биё, дар ҳоле ки шоистаи маломат ҳасти, оби ҷушон ва бадбӯй дар интизори ту аст ва чизҳои монанди он низ дар камини ту нишастаанд, то туро азобу шиканҷа диҳанд. Ин калимаҳо ҳамеша барояш гуфта мешаванд, то инки он руҳи нопок аз ҷасад ӯ берун биёяд. Сипас он руҳи нопок ба осмонҳо бурда мешавад ва барои талаби боз кардани дар мешавад. Пурсида мешавад: Ин руҳи ки аст? Гуфта мешавад: Фалонӣ аст. Гуфта мешавад: Бисёр номаймун аст ин руҳи нопок, ки дар ҷасади нопоке будааст, Дар ҳоле ки мавриди маломат қарор гирифта аст бояд ба ҳамонҷо баргардад, ки омадааст, ҳеҷ даре ба хотири ӯ кушода намешавад, аз осмон баргардонида ва ба қабр фиристода мешавад. (Сунани ибни Моҷаҳ, Албони дар Саҳеҳ ал-ҷомеъ ас-сағир 2/169)
[1] - Мақсад ин нест, ки осмон бар Худованд муҳит аст ва Худовандро муҳосира кардааст, Худованд аз чунин чиз пок ва мубарро аст, балки Худованд болои осмонҳо аст ва аз махлуқоти худ ҷудо аст. Худованд дар бораи курсии худ мефармояд:
﴿ وَسِعَ كُرۡسِيُّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَۖ ٢٥٥ ﴾ [البقرة: ٢٥٥]
(Курсии ӯ осмонҳо ва заминро дар бар дорад.) ( Сураи Бақара ояти 255). Расули Худо (салому даради Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд: Осмонҳо дар баробари курсӣ монанди як ҳалқае аст, ки дар як дашти паҳновар афтода бошад, Боз азамату бузургии Курсӣ дар баробари азамати Арш монанди ҳалқае аст, ки дар як дашти бисёр паҳноваре афтода бошад.