×
Гуноҳони бузург зиёданд вале аз ҳама бузургтараш чи аст? Кадом гуноҳ аст? Оё гуноҳон ҳам дар бади ва қабоҳат мартабаи бузургу хурд доранд? Бузургтарин гуноҳ ширк аст.

    Бузургтарин гуноҳ

    ] Тоҷикӣ – Tajik – طاجيكي [

    Мусъаби Ҳамза

    2011 - 1432

    ﴿ الشرك أعظم الذنوب ﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    مصعب حمزة

    2011 – 1432

    Бузургтарин гуноҳ

    Гуноҳони бузург зиёданд вале аз ҳама бузургтараш чи аст, кадом гуноҳ аст?

    عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ مَسْعُودٍ رَضِيَ اللَّه عَنْهُ قَالَ: سَأَلْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: أَيُّ الذَّنْبِ أَعْظَمُ عِنْدَ اللَّهِ؟ قَالَ: "أَنْ تَجْعَلَ لِلَّهِ نِدًّا وَهُوَ خَلَقَكَ". البخاري (4/1626 ، رقم 4207) ، ومسلم (1/90 ، رقم 86)

    Абдуллоҳ ибни Масъуд(рз) мегуяд: Паёмбари Худоро пурсидам: Кадом гуноҳ дар назди Худо бузургтар аст?

    Гуфт: «Инки барои Худо шарик қарор диҳи (дар ибодат карданаш) ва дар ҳоле ки У туро халқ кардааст»

    Дар ривояти дигаре омада аст Расули Худо (дуову дуруд бар У бод) се гуноҳи бузургро бо тартиб зикр кардааст ки аввалаш ширк овардан ба Худо аст.

    عن عبد الله بن مسعود - رضي الله عنه - قال: سألت النبي - صلى الله عليه وسلم - أي الذنب أعظم عند الله ؟ قال: ( أن تجعل لله ندّاً وهو خلقك، قلت: إن ذلك لعظيم . قلت: ثم أي ؟ قال: وأن تقتل ولدك تخاف أن يطعم معك، قلت: ثم أي ؟ قال: أن تزاني حليلة جارك ) متفق عليه .

    Абдуллоҳ ибни Масъуд(рз) мегуяд: Паёмбари Худоро пурсидам: Кадом гуноҳ дар назди Худо бузургтар аст?

    Гуфт: «Инки барои Худо шарик қарор диҳи (дар ибодат карданаш) ва дар ҳоле ки У туро халқ кардааст». Гуфтам: Ин бисёр гуноҳи бузург аст, баъд аз ин кадом гуноҳ? Гуфт: «Инки фарзандатро аз тарси он ки ҳамроҳат таъом мехурад бикуши (яъне аз тарси ин ки ризқу рузии уро ту медиҳи ва ё у аз ҳисоби ту мехураду менушад)». Гуфтам: Баъд аз ин кадом гуноҳ? Гуфт: «Ин ки бо зани ҳамсояат зино куни»(Бухорӣ ва Муслим.)

    Пас ин се гуноҳ аз бузургтарин гуноҳон мебошанд ки Расули худо ба тартиб онҳоро зикр кард, ки дар мартабаи аввал ширки ба Худо мебошад.

    Ва ҳар як инсон кушиш кунад ки аз гуноҳон дур бошад ва хусусан аз ин гуноҳони бузург, ва боз хусусан аз ширк овардан ба Худо, зеро ҳама гуноҳон бахшида мешаванд магар ширки ба Худо.

    Асҳоби Паёмбар (Дуову дуруд бар У бод) –Худованд аз онҳо рози бод- аз гуноҳон ва дараҷаи гуноҳон мепурсиданд, то инки бадии онро фаҳмида аз он дури ҷуянд, ва дигаронроҳам аз воқеъ шудан ба ин гуноҳҳо огоҳи ва таҳзир диҳанд.

    Дар ҳидиси зикр шуда мебинем ки чигуна Абдуллоҳ ибни Масъуд аз бузургтарин гуноҳ ва бадтарин гуноҳ пурсид, ва Расули худо (Дуову дуруд бар У бод) ҳам барои у баён кард, ки бадтарин ва бузургтарин гуноҳ ин ширк овардан ба Худо аст, дар ҳоле ки уро халқ кардааст ва ризқу рузи додааст, ва дар ҳама ҳолатҳои сахт ру ба У меорад, вале баъди ин ҳама неъматҳо инсон дар ибодат кардан ба У шарик меорад, ва ҳамроҳи У дигар чизро ё касро парастиш мекунад, ки ин бисёр зулми бузурге аст.

    Худованд мефармояд:

    ﭽ ﭱ ﭲ ﭳ ﭴ ﭵ ﭼ لقمان: ١٣

    "Дар ҳақиқат ширк зулми бузурге аст". Зулм чизеро дар макони ғайри муносибаш гузоштан аст. Пас касе ки ғайри Худоро ибодат кунад, зулми бузурге кардааст, зеро ибодатро дар ҷои муносибаш ҷойгузори накардааст, ва ибодат ки хос барои Худованд аст барои дигар кас анҷом додааст.

    Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﭽ ﮢ ﮣ ﮤ ﮥ ﮦ ﮧ ﮨ ﮩ ﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮﮯ ﮰ ﮱ ﯓ ﯔ ﯕ ﯖ ﯗ ﯘ ﭼ النساء: ٤٨

    "Албатта, Худо гуноҳи касонеро, ки ба ӯ ширк оваранд, намебахшад ва гуноҳони дигарро барои ҳар кӣ бихоҳад, меомурзад. Ва ҳар кӣ ба Худо ширк оварад, дурӯғе сохта ва гуноҳе бузург муртакиб шудааст." (Нисо 48)

    Баъд аз ин саҳобии бузургвор аз гуноҳе ки дар қабоҳат ва бади баъди ширк меояд пурсид, Расули Худо (Дуову дуруд бар У бод) гуфт: "Ин ки фарзандатро аз тарси он ки ҳамроҳат таом мехурад бикуши"

    Ин фикр ҳам бисёр гуноҳи бузург аст, зеро бо ин ақида ва фикр инсон ба натиҷае мерасад ки ризқу рузии инсон аз ҷониби Худованд нест, ва ё ин ки Худованд барои ризқу рузи додан қодир нест, ки ин ақидаи фосид ва нодуруст аст, зеро Худованд ҳама махлуқоте ки вуҷуд доранд ризқу рузии онҳоро то вақте ки ҳастанд муайян карда ва додааст.

    Худованд мефармояд:

    ﭽ ﯥ ﯦ ﯧ ﯨ ﯩ ﯪ ﯫ ﯬ ﯭﯮ ﯯ ﯰ ﯱ ﯲ ﯳ ﯴ ﯵ ﯶ ﯷﯸ ﯹ ﯺ ﯻ ﯼ ﯽ ﭼ الروم: ٤٠

    " Худост, ки шуморо биёфарид, сипас рӯзӣ дод, сипас мемиронад, сипас зинда мекунад. Оё касоне, ки шарики Худо месозед, ҳеҷ аз ин корҳо тавонанд? Пок аст ӯ ва аз ҳар чӣ барояш шарик меоваранд, бартар аст." (Рум 40)

    Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﭽ ﮤ ﮥ ﮦ ﮧ ﮨ ﮩﮪ ﮫ ﮬ ﮭ ﮮ ﮯ ﮰ ﮱ ﭼ المائدة: ٨٨

    "Аз чизҳои ҳалолу покизае, ки Худо ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва аз Худое, ки ба ӯ имон овардаед, битарсед." (Моида 88)

    Худованд дар ҷои дигар мефармояд:

    ﭧ ﭨ ﭽ ﮅ ﮆ ﮇ ﮈ ﮉ ﮊ ﮋ ﮌ ﮍ ﮎ ﮏ ﮐ ﮑ ﮒ ﭼ النحل: ١١٤

    "Аз ин чизҳои ҳалолу покиза, ки Худо ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри неъматашро ба ҷой оваред, агар Худоро мепарастед!" (Наҳл 114)

    Ин гуфтаҳои Худованд далолат дар он мекунад ки ягона ризқдаҳанда У аст.

    Инчунин вақте инсон ру ба куштани фарзанди худ меорад, ин амал дар назди Худованд аз бадтарин ҷиноят ва сахттарин гуноҳ, ва дар мартабаи дувум баъд аз ширк қарор мегирад. Ва инсон сазовори азоби сахте мегардад.

    Баъд аз ин саҳобии бузургвор боз пурсид ки оё баъд аз ин ду боз гуноҳи қабеҳ ва баде ҳаст, Расули Худо (Дуову дуруд бар У бод) гуфт: "Инки бо зани ҳамсояат зино кунӣ".

    Бузурги ва қабоҳати ин гуноҳ дар он аст ки ҳамсоя амонатдор ва нигаҳбони ору номуси ҳамсояи худ аст.

    Вақте ин амонатдорӣ бар хиёнат табдил меёбад ва ҳамсоя бар маҳорими ҳамсояи худ таҷовуз мекунад ин хеле гуноҳи бузург ва баде аст, зеро Худованд ва Расулаш ҳаққи ҳамсояро хеле бузург шуморидааст, пас бар ин ҳақ таҷовуз ва хиёнат кардан гуноҳи бузург ва нофармонии Худо ва Расулаш мебошад.

    Расули Худо (Дуову дуруд бар У бод) мефармояд: "Касе ки имон ба Худо ва рузи қиёмат дорад, пас бар ҳамсояаш некуи кунад" ва дар ривояти дигар мефармояд: "Касе ки имон ба Худо ва рузи қиёмат дорад, пас ҳамсояашро азият накунад".

    Аз Абуҳурайра ривоят аст ки Расули Худо (Дуову дуруд бар У бод) фармуд:

    عن أبي هريرة أن رسول الله - صلى الله عليه وآله وسلم – قال: "والله لا يؤمن، والله لا يؤمن، والله لا يؤمن" قالوا: وما ذاك يا رسول الله ؟ قال: "جار لا يأمن جاره بوائق" قالوا: وما بوائقه؟ قال: "شره" (مستدرك الحاكم)

    "Қасам ба Худо имонаш комил намешавад, қасам ба Худо имонаш комил намешавад, қасам ба Худо имонаш комил намешавад". Гуфтанд: Чист он эй Расули Худо? Гуфт: "Ҳамсояе ки эмин намемонад ҳамсояаш аз бавоиқаш ". Гуфтанд: Бавоиқаш чи аст? Гуфт: "Шарру бадиаш" (Мустадраки Ҳоким)

    Дар ривояти дигар омадааст, ки:

    عن أبي هريرة عن النبي - صلى الله عليه وآله وسلم – قال: "لا يدخل الجنة من لا يأمن جاره بوائقه" (البخاري و مسلم)

    "Дохил намешавад ҷаннатро касе ки эмин набошад ҳамсояаш шарру бадиҳояшро" (Бухори ва Муслим).

    Ин ҳадисҳо ва дигар ҳадисҳои зиёде ҳастанд ки ҳуқуқи ҳамсояро баён мекунад ва аз зарар расондан ба у таҳзир ва огоҳи медиҳад (Аз ҷумла ҳадиси дар боло зикр шуда).

    Пас инсон ҳама вақт аз гуноҳ ва маъсияти Худо ва Расул дури ҷуяд ва хусусан ин се гуноҳи бузург ки аз ҳам бузургтараш ширки ба Худо мебошад.

    Баъзе фоидаҳо аз ҳадис:

    1- Тафовут ва гуногунии гуноҳон дар шарри ва бади ва қабоҳат.

    2- Шарик овардан ба Худо мутлақан бузургтарин гуноҳ аст.

    3- Баён кардани ҳақиқати ширк, инки ширк баробар гардонидани ғайри Худованд бо Худованд дар зоту асмо ва сифоташ аст.

    4- Худованд танҳо мустаҳиқи ибодат аст, зеро У холиқи ҳама махлуқот аст.

    5- Ҳамагуна ибодатҳо барои ғайри Худованд ҳаром аст.

    6- Худовандро бо махлуқоташ баробар кардан ҳаром аст.

    7- Фазлу бузургии яктопарасти, ва инки яктопарасти бузургтарин ибодат аст.

    Худованд ҳамаи мусулмононро аз шарри гуноҳон ва хусусан аз ширк нигаҳ дорад.