Дарҳои биҳишт ва аҳолии Қум, назди шиъаён
Дастабандиҳо
Full Description
Дарҳои биҳишт ва аҳолии Қум, назди шиъаён
أبواب الجنة و أهل مدينة قم
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Абдурраҳмон ибни Саъд Шасрӣ
عبد الرحمن بن سعد الشثري
Тарҷума: Дорул-Ислом Тоҷикӣ
ترجمة: دار الإسلام الطاجيكي
Дарҳои биҳишт ва аҳолии Қум, назди шиъаён
Аҳолии Қум рӯзи қиёмат аз гузаштани пули сирот муъоф ҳастанд
Суоли 84: Дар ақидаи шиъа чи касе аз тулони мондан дар майдони Ҳашр ва аз гузаштани пули сирот истисно мешавад?
Ҷавоб: Аҳолии шаҳри Қум, ки (қаблан) маркази давлати Сафавиҳо будааст мустасни ҳастанд ва онҳо дар қабрҳояшон ҳисоб гирифта мешавад ва аз қабрҳо ба биҳишт мераванд,
Шарҳ:
Ба ҳамин сабаб охундҳои шиъа бузургтарин даллолҳои фуруши замин дар Қум ҳастанд.
Дарвозаҳои биҳишт
Суоли: 85: Адади дарвозаҳои ҷаннат дар эътиқоди шиъаҳо чанд ҳастанд? ва барои ки ҳастанд?
Ҷавоб: Дар ҳақи Абулҳасани Ризо дуруғе бофтаанд, ки гуё гуфта бошад:" Дар ҷаннат ҳашт дарвоза аст, ва яке аз онҳо хос барои аҳли Қум мебошад, ва онҳо (шиъаҳои аҳли Қум) дар миёни шиъаҳои дигар минтақаҳо, беҳтарини шиъаҳои мо ҳастанд, Аллоҳ таъоло хамираи вилоятамонро дар хоки онҳо қарор додааст. ([1])".
Шарҳ: Яке аз олимони муосири онҳо, ки аз тоҷирони амлок ва замин аст бар адади дарҳои кушодашуда барои аҳли Қум изофа карда аз имом Ризо ривоят карда гуфтааст: " Биҳишт ҳашт дарвоза дорад, сетои он азони аҳли Қум аст, Хушо ба ҳоли онҳо, хушо ба ҳоли онҳо".([2])
Пас эй шиъаёни араб! Чиро мунтазиред, дарҳои сегонаи биҳишти худро дарёбед пеш аз онки ба рӯятон баста шаванд.
(Тарҷума аз китоби Ақоид-уш-шиъатил иснай ашария, 135-136).