×
Вақте инсон дар мавриди худаш ва мардумоне, ки дар атрофи ӯ қарор доранд андеша менамояд, ин зоҳири ашё ва ончи ба назар дида мешавад, мебошад. Магар афроди андаке, ки Худованд онҳоро раҳм намудааст. Мардум дар баробари он мазоҳири дунё қариб, ки аз амалҳои қалбӣ ва захираҳои ниҳонии он дар ғафлат ва бехабарӣ қарор доранд. Ҳаёти худро сарфи ин ҷиҳати зоҳирӣ мекунанд ва аз ҷиҳати ботинии худ дар ғафлату бехабарӣ ба сар мебаранд.

    Ислоҳи дилҳо

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Олимҷони Сафар

    Таҳия: Мусъаби Ҳамза

    2013 - 1434

    إصلاح القلوب

    «باللغة الطاجيكية»

    عالمجان سفر

    مراجعة: مصعب حمزة

    2013 - 1434

    Ислоҳи дилҳо

    Бисми-л-лоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

    Алҳамду лиллоҳ, ва-с-салоту ва-с-салому ъало расулиллоҳ.

    Вақте инсон дар мавриди худаш ва мардумоне, ки дар атрофи ӯ қарор доранд андеша менамояд, дар кадом табақае, ки он инсон қарор надошта бошанд, ба хубӣ хоҳад дарк кард, ки ончи мардум аслан сари он диққат медиҳанд ва ба куллӣ ба сӯи он равонаанд, ин зоҳири ашё ва ончи ба назар дида мешавад, мебошад. Магар афроди андаке, ки Худованд онҳоро раҳм намудааст. Мардум дар баробари он мазоҳири дунё қариб, ки аз амалҳои қалбӣ ва захираҳои ниҳонии он дар ғафлат ва бехабарӣ қарор доранд. Ҳаёти худро сарфи ин ҷиҳати зоҳирӣ мекунанд ва аз ҷиҳати ботинии худ дар ғафлату бехабарӣ ба сар мебаранд.

    Ҳар инсон аввал ба манфиати худ менигарад, пас мо ҳам бо ин қоида амал намуда дар ин мавзӯъ баргашта ҳаёти худро аз назар мегузаронем, ки мо ба чӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳем? Агар мо ҳам ҳаёти худро дар асоси ба даст овардани мазоҳири дунё сарф карда истода бошем, пас бояд ин кори худро асоснок намоем. Ё ба ибораи дигар баргашта ба ин амалкард аз рӯи қавоид ва асосҳои дурустӣ зиндагӣ баҳо диҳем, ки оё ин амали мо дар ҳаётамон дуруст аст, то ба он идома диҳем? Ё ин амал асоси дурусте надорад, то мо аз он даст бикашем ва ҳаёти худро ба чизе, ки бар асоси мустаҳкаме барпо нест, сарф нанамоем.

    Бармегардем ба масъалаи қалб, зеро ин чизе аст, ки ба он аҳамияти кам дода мешавад. Ва чун мо ин масъаларо аз ҷиҳати шинохт ва аҳамияти он дидем, барои мо аҳамияти ҷиҳати дигари масъала, ки эҳтимоми бештар ба мазоҳири дунё аст, хело равшан хоҳад шуд.

    Чигуна, ки зоҳири инсон эҳтиёҷ ба ислоҳ дорад, аз шустани бадан, либоси зебо бабар кардан, атру накҳати зебо истифода намудан, хонаи зебо ва фарохе доштан, хонаро ороиш додан, маркаби хубе доштан ва амсоли инҳо, қалби мо низ, ё олами ботинии мо низ ба ислоҳ эҳтиёҷ дорад. Вале эҳтиёҷи ислоҳи қалб аз олитарин матолиб, мақсадҳои баландмартаба ва орзӯҳои бузургу ғояти неке ба шумор меравад, ки аҳволи инсонҳо наметавонад ба салоҳ биёяд, магар ба воситаи ислоҳи қалб, ба изни Худованди мутаъол. Пас ислоҳи ҳоли мардумон вобаста ба ислоҳи қалб аст на акси он.

    Дар мавриди ислоҳи қалб сухан гуфтан аслан кори нодир ва барои мардум кори аҷоиб гаштааст. Нотиртар аз он касе аст, ки ислоҳи қалбҳоро медонад ва аз он нодиртар касе аст, ки ба ислоҳи қалбҳо мардумро мехонаду худ ва мардумро ба он насиҳат менамояд. Агар толибилме ба ин масъалаҳо даст занад ва дар бораи онҳо мавзӯъро кушояд, он аз доираи меҳварии мардум дур карда мешавад. Ин инсон дар миёни мардум ғариб мемонад, онҳо шаъни худро доранд ва ин шаъни худро. Илми ӯ ғайри илми онҳо аст, иродаву хоҳишоти ӯ ғайри иродаву хоҳишоти онҳо аст. Роҳи ӯ ғайри роҳи онҳо аст, ки он дар водие ва онҳо дар водии дигаре мебошанд. Танҳост, дар роҳи талаб кардани ислоҳи қалбҳо. Ба он илм худ побанд гашта ва бар асоси он истиқомат менамояд. Барои ӯ, ки танҳои танҳо аст, бо вуҷуди мардуми зиёд, ғарибу саргардон аст, бо вуҷуди ҳамсояҳои бешумор... Тубо бод! Беҳтарин макони ҷаннат барои ӯ бод, ки бо вуҷуди танҳоӣ ин масъалаи муҳимро, ки аслан барои мардум манфиат дорад, ба душ гирифта нагузошта, ки комилан аз байн равад ва онро дар вақтҳои муносиб барои мардум пешкаш намудааст.

    Яке аз шоъирон каломи хуберо ба назм овардааст, ки маънои он чунин аст:

    Роҳҳо гуногуну зиёданд, ва роҳҳои ҳақ танҳову ягонаанд,

    Ва равандагони роҳи ҳақ бошанд афрод мебошанд.

    Онҳо шинохта намешаванд ва мақсадҳои онҳо низ дарк карда намешавад.

    Онҳо оҳиста-оҳиста қасдкунанда роҳ мераванд.

    Ва мардум аз он чи барояшон ирода шудааст дар ғафлатанд.

    Ва аксари онҳо аз роҳи ҳақ дар хоб мондаанд.

    Умуман аксари мардум танҳо ба чизи осон ва ба чизе ки ба табиати онҳо мувофиқтар бошад, рӯй меоваранд. Ҳар вақте, ки як коре барои банда манфиатноктар бошад ва ба Худованд ҳам маҳбубтар бошад, шайтон ба он бештар эътироз мекунад. Ва ҳар вақте чизи матлуб бузург ва бошарофат шуд, офатҳо ва монеъаҳо дар баробари он бештар мешаванд, ин суннати Худованд аст дар офаридаҳояш.

    Ба ҷаннат ва бузургии он назар намо ва ба монеъаҳое, ки барои расидани ба он пеши инсон меистанд, то ҷое ки муҷиб гашта, ки аз ҳар ҳазор нафар ба ҷаннат танҳо як нафар ворид шавад.

    Ба муҳаббати Худованди мутаъол ва танҳо ба тарафи ӯ баргаштан ва танҳо ӯро ибодат намудан ва ба ӯ унс гирифтан ва ӯро валӣ ва вакил ва басанда гирифтан. Оё аз ин дида чизи бузургтареро метавонад инсон касб намояд?

    Вале дар баробари он ба монеъаҳое, ки барои расидан ба ин чизҳои шарифу бузург, аз ширку бидъат ва маъсият қарор доранд, назар намо. Инҳо ҳама қалбро аз сайри ба тарафи Худованд бозмедоранд. Роҳи ӯро мебурранд. Ин монеъаҳо сахтанд. Аз банди онҳо танҳо яке пушти дигаре метавон раҳо ёфт. Агар ин монеъаҳо ва офатҳо намебуданд, ин роҳ пур аз равандагон мебуд. Агар Худованд бихоҳад онҳоро барҳам мезанад ва азбайн мебарад, валекин Худованд коре мекунад, ки худаш ирода дорад ва ҳикмати онро танҳо худаш медонад.

    Чун мардум дар ин замон аз дилҳои худ дар ғафлат ба сар мебаранд, хостем сари ин мавзӯъ чанде баҳсу баррасӣ намоем, бошад ки Худованд зоҳиру ботини моро ислоҳ намояд ва ба он чӣ дуст медорад ва ба он дар тамоми корҳоямон розӣ мебошад, моро ба миннату карами худ муваффақ гардонад.

    Усулҳои нафису қимматбаҳо дар ислоҳи дилҳо

    Асли аввал: Дил мавзеъи назари Аллоҳ таъоло аст.

    Аз Абу Ҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ (с) гуфт: "Ҳамоно Аллоҳ таъоло ба суратҳои шумо ва молҳои шумо назар намекунад, валекин ба қалбҳои шумо ва амалҳои шумо назар мекунад".

    Бошарафтарин чизе, ки дар инсон мебошад ин қалбаш аст. Он маҳалли назари Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло мебошад. Қалб ба шарафмандтарин атоҳову бахшишҳо, чун имон ва тавобеъи он махсус гардонида шудааст. Бинобар ин бар банда лозим аст, ки ба қалбаш эҳтимом бидиҳад ва онро ба тавба ва баргаштан ба сӯи Аллоҳ таъоло зиннат диҳад. Онро аз ҳар чизе, ки Аллоҳ таъоло бад мебинад, пок созад. Зеро зиннати зоҳирӣ бо ботини вайрона ҳеч манфиате надорад. Аллоҳ таъоло фармуд:

    "Эй фарзандони Одам! Мо бар шумо либосеро нозил кардем, ки андомҳои ниҳонии шуморо мепӯшонад ва мояи зиннати шумост. Ва либоси тақво, ин беҳтар аст" Сураи Аъроф: 26.

    Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ду намуд либосеро нозил намудааст: Либоси зоҳирие, ки авратро мепӯшонад ва онро ниҳон мекунад ва либоси ботиние аз тақво, ки бандаро зиннат медиҳад ва онро мепӯшонад. Вақте ин либос аз дасти ӯ аз байн рафт, аврати ботинии ӯ намоён мегардад, ҳамчуноне ки ба кашидани ончи авраташро мепӯшонад, аврати зоҳириаш намоён мешавад.

    Маънои шеъри шоире чунин аст, ки:

    Агар инсон либосе аз тақво ба бар накард,

    Урён мегардад, агарчанде пӯшида ҳам бошад.

    Ва беҳтарин либоси инсон ин итоати Парвардигораш аст.

    Ва дар касе, ки ба Худованд осӣ (нофармонбардор) бошад, хайре нест.

    Ана ҳамин хел, агар марде ё зане дар хоб дида шуд, ки авратҳояш урён аст, ба фасоди дини он инсон далолат мекунад.

    Шоире маънии баландеро ба назм овардааст, ки маънои он чунин аст:

    Ман гӯё ин ки мебинам касеро, ки на ҳаё дорад ва на амонат, дар миёни мардум урён аст. Яъне либоси тақвои ӯ вуҷуд надорад, пас ӯ аз ҷиҳати ботинӣ урён аст, гарчанде дар зоҳир барои худ аз беҳаёӣ ва бо беамонатӣ ва хиёнат либоси зоҳирие ба даст оварда бабар карда бошад.

    Аллоҳро! Аллоҳро! рақиби ислоҳи ниҳонҳо бидонед. Зеро вақте ниҳони инсон фосид бошад, салоҳи зоҳири ӯ манфиате надорад.

    Аллоҳ таъоло фармудааст:

    "Ва Худованд медонад ончӣ дар дилҳои шумо аст" Сураи Аҳзоб: 51.

    Пас эй бародари азиз! Назар кун: Аллоҳ таъоло аз қалби ту чӣ медонад??

    Яъне оё қалби ту бар салоҳ ва ободӣ аст ва ба он ҳоле аст, ки Аллоҳ таъоло онро дӯст медорад? Ё дар фасод аст, ки Аллоҳ таъоло онро дӯст намедорад? Пас Худованд медонад, ки дар қалби ту чист ва ту ҳам ба он огоҳ ҳасти ва медони, ки ин ҳолат ризогии Аллоҳро ба бор меорад ё хашму ғазаби ӯ таъолоро. Вале барои бандагон бошад нишонаи салоҳ ва фасоди қалби инсон дар амалҳои ӯ зоҳир мегардад, ки ин асли дуввуми мо хоҳад буд.

    Аз ин асли аввал инро бардошт намудем, ки қалби инсон мавзеъи назари Аллоҳ таъоло будааст, пас барои инсон лозиму зарур аст, ки мавзеъи назари Аллоҳ таъолоро чунон омода намояд, ки вақте ба он Аллоҳ таъоло назар кард аз он хурсанд шавад ва ба он розӣ бошад.

    Асли дуввум: Салоҳи андомҳо вобаста ба салоҳи қалб аст.

    Аз Абузар (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) дар ҳадисе, аз Аллоҳ таборак ва таъоло ривоят намудааст, ки гуфт:

    "...Эй бандагони ман! Агар аввали шумо ва охири шумо ва инси шумо ва ҷинни шумо бар тақводортарин қалби яке аз шумо бошанд, ин дар мулки ман чизеро зиёда намекунад. Эй бандагони ман! Агар аввали шумо ва охири шумо ва инси шумо ва ҷинни шумо бар фоҷиртарин қалби яке аз шумо бошанд, ин аз мулки ман чизеро нуқс намерасонад". Муслим.

    Дар ин ҳадиси қудсӣ далел бар ин аст, ки асл дар тақво ва фуҷур ин қалб аст. Вақте қалб некӣ кард ва тақворо пеша гирифт, андомҳо некиро пеша мегиранд ва агар қалб роҳи фуҷуру гуноҳро гирифт, андомҳо фуҷурро пеша мегиранд. (Ҷомеъул улум ва-л-ҳикам).

    Аз Нуъмон ибни Башир (р) ривоят шуда, ки гуфт: Расулуллоҳ (с) гуфтанд:

    "... огоҳ бошед, ки дар ҷасад гуштпорае аст, агар ислоҳ шуд, тамоми ҷасад ислоҳ мешавад ва агар фасод (вайрон) шуд тамоми ҷасад вайрон мешавад, огоҳ бошед, ки он қалб аст". Бухорӣ ва Муслим.

    Ҳангоме, ки қалб солеҳ бошад ва дар ӯ ҷуз иродаву хоҳиши Аллоҳ ва иродаи ончӣ онро Худованд мехоҳад набошад, андомҳо ҳам танҳо ба он чи, ки Аллоҳ таъоло онро мехоҳад, ангехта мешаванд. Пас ба ончӣ дар он ризогии Аллоҳ аст шитоб мекунанд ва аз он чи бад мебинад даст мекашанд. Забон аз рӯи рост гуфтан, содиқӣ, устуворӣ, ҳикмат ва манфиатнокӣ ислоҳ шудааст. Ва чашм аз рӯи ибрат гирифтан ва чашмро аз ҳаром баргирифтан ислоҳ шудааст. Ва гӯш аз рӯи гӯш фаро ниҳодан ба насиҳат ва гуфтори манфиатнок ва он чи бандаро дар зиндагӣ ва бозгашташ нафъ дорад, ислоҳ шудааст. Ва фарҷ бошад аз рӯи покдоманӣ ва нигоҳ доштан аз ҳаром ислоҳ шудааст.

    Аз Анас (р) ривоят шуда, ки гуфт: Расулуллоҳ (с) гуфтанд:

    "Имони ягон бандае мустақим намешавад то даме ки қалбаш мустақим нашавад ва қалбаш мустақим намешавад то даме, ки забонаш мустақаи нашавад". Аҳмад.

    Асли истиқомат бошад, истиқомати қалб бар тавҳид ва ягонапарастӣ мебошад. Вақте қалб бар маърифати Аллоҳ таъоло ва бар тарси аз он ва бузургдошташ ва ҳайбат доштанаш аз ӯ ва иродаву умед карданаш аз ӯ ва ба тарафи ӯ дуъо кардан ва бар ӯ таваккул намудан ва аз ғайри ӯ рӯй баргардонидан, рост шуд, тамоми андомҳо рост мешаванд.

    Аз Абу Умома (р) ривоят шуда, ки гуфт: Расулуллоҳ (с) гуфтанд:

    "Касе барои Аллоҳ дӯст дошт ва барои Аллоҳ бад дид ва барои Аллоҳ ато намуд (дод) ва барои Аллоҳ манъ кард, ҳамоно имонро истикмол намудааст". Абу Довуд.

    Пас ҳангоме, ки муҳаббати ӯ барои Аллоҳ бошад ва бад дидани ӯ барои Аллоҳ бошад, инҳо амалҳои қалби ӯ ба шумор мераванд. Додани(садақа, тӯҳфа,кумак ва ғайра) ӯ барои Аллоҳ бошад ва манъ кардани ӯ барои Аллоҳ бошад, ки ҳардуи ин амалҳо амалҳои баданӣ мебошанд. Ин бар он далолат намуд, ки камоли имон аз рӯи ботин ва зоҳир мешавад.

    Дӯст доштан ва муҳаббат намудан дар роҳи Аллоҳ маънояш ин аст, ки: Аллоҳро дӯст дорад ва он чизеро ки ӯ дӯст медорад, онро дӯст дорад.

    Ва бад дидан дар роҳи Аллоҳ ин аст, ки: Ҳар чизе, ки Аллоҳ таъоло онро бад дидааст, онро бад бубинад: аз куфру фосиқӣ ва исёну нофармонию бидъаткорӣ ва низ касеро ки ба он мавсуф аст ё ба сӯи он даъват мекунад.

    Касе, ки муҳаббату бадбинии ӯ ва ато намудану манъ карданаш барои хоҳишоти нафс бошад, ин дар имонаш нуқсоне аст, пас бар ӯ тавба лозим мешавад, то аз ин варта раҳо ёбад.

    Ҳамоно як гӯштпорае, ки салоҳи ту дар гарави салоҳи он аст ва фасоди ту дар гарави фасоди он, бар гардани ту лоиқу сазовор аст, ки онро пурсуҷӯ намои ва ба ислоҳи он шитоб куни.