Ҳукми намози он шахсе, ки атриёти бо спирт истифода мекунад
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Ҳукми намози он шахсе, ки атриёти бо спирт истифода мекунад
حكم صلاة من استعمل العطر الذي فيه كحول
< الطاجيكية – Tajik - Тоҷикӣ >
Шабакаи Исламвеб
موقع اسلام ويب
Муҳаммадазиз Раҷабӣ
محمد عزيز رجب
Ҳукми намози он шахсе, ки атриёти бо спирт истифода мекунад
Ҳукми намози он шахсе, ки атриёти бо спирт истифода мекунад.
Посухи шабакаи Исломвеб:
Алҳамду лиллоҳ, вас-салоту вас-салому ъала набийино Муҳаммадин ва ъала олиҳи ва саҳбиҳи ва ман волоҳ, аммо баъд:
Аксари аҳли илм аз ҷумла аиммаи чаҳоргона бар инанд, ки хамр (арақ) наҷас мебошад, наҷосати ҳиссӣ, мисли бавл (пешоб). Ва фатвои мо низ бар ҳамин қавл аст.
Ва ончӣ медонем, ин спиртҳое ки ба атриёт изофа мешавад, спиртҳои масткунанда ҳаст, ва ба ҳамин эътибор хамр мебошад. Пас дар асоси ҳамин қавл дуруст намешавад намоз бо либосҳое ки атриёти омехта бо спирт дорад, зеро ки либосҳои наҷас ҳастанд. Ва аз шурути намоз ин покии бадан ва либос аз наҷосат аст.
Вале он намозҳое ки дар гузашта хондаӣ, ва чунин атриётро истифода карда будӣ, иъода кардан (дубора хондан)-и он лозим нест. Агар ба олиме ки ин спиртро тоҳир медонад тақлид карда бошӣ, ва ё инки наҷас будани ин спиртро намедонистӣ.
Ва ҳатто қавли баъзе уламоро ҳам ба назар гирем, ки спирт тоҳир аст, лекин эҳтиёт ин аст, ки парҳез карда шавад. Барои ҳамин ҳам аллома Ибни Усаймин, ки ӯ спиртро тоҳир медонад, мегӯяд:
«Лекин бидуни шак, эҳтиёт ва тақво ин аст ки аз истеъмоли он парҳез карда шавад. Ба далели умуми қавли Худованд: (Фаҷтанибуҳу). Ва мо ба бародарони худ ишора мекунем, ончӣ ки спирти зиёд дорад истифода накунанд, илло ба хотири поксозии ҷароҳат ва монанди инҳо…».
Валлоҳу аълам.