×
Касе ки вафот кунад ва бар ӯ рӯзаи моҳи рамазон монда бошад.

    Суол: Агар шахсе вафот кард ва бар гарданаш рӯзаи моҳи рамазон боқи монда бошад, ё назр карда бошад, оё ба ҷои ӯ хонаводааш рӯза мегиранд, ё барои ҳар рӯзи рӯзааш каффора пардохт мекунанд?

    Ҷавоб: Агар шифо ёфта бошад, ки рӯза гирифта тавонад, ва баъд аз он рӯза нагирифта вафот карда бошад, дуруст аст , ки валии ӯ баҷояш рӯза гирад, зеро Паёмбар (с) мегуяд: Касе вафот кард ва бар гарданаш рӯза боқи монда бошад, валии ӯ ба ҷояш рӯза мегирад. (Дар саҳеҳ будани ҳадис иттифоқ аст). Валии ӯ ақрибои ӯ мебошанд, мисли: падар, фарзанд, бародар, писарамак ва дигар ақрибояш.

    Ва агар маризии ӯ то вафоташ давом ёфта бошад, пас қазои рӯза бар ӯ воҷиб нест ва фидя (кафора) ҳам намедиҳанд ва баҷои ӯ рӯза гирифтани ақрибояш ҳам лозим нест.

    Сомонаи Лаҷнаи доими барои баҳсҳои илми ва фатво.