Бадии гуноҳ
Дастабандиҳо
Full Description
Бадии гуноҳ
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Солеҳ ибни Фавзон
2013 - 1434
شر المعاصي
«باللغة الطاجيكية»
صالح بن فوزان بن عبدالله الفوزان
2013 - 1434
Бадии гуноҳ
Эй бандагони Худо!
Шумо аз Худованди муттаъол битарсед ва кори Ӯро бузург ҳисобед ва аз ғазаби Ӯ дарҳазар бошед.
Эй бародарон!
Аксари фарзандони ин замона нигоҳи модди доранд, аз ин лиҳоз, робитаи сабабу сабабгор аз байн рафтааст. Онҳо парвои кор ва оқибати он надоранд.
Дар кишварҳои мусалмоннишин гурӯҳе даст ба шаҳватпарасти мезананд. Онҳо дигар ба бекори одат кардаанд.
Гурӯҳи дигаре гирифтори шакку шубҳаҳо шудаанд, чи дар шарқ ва чи дар ғарб.
Онҳо қавонини илоҳиро фаромӯш карда, ҳар намуд корҳои шубҳанокро ҳуҷҷат қарор медиҳанд. Онҳо гумон мекунанд, ки душманони Худо танҳо рост мегӯянд ватанҳо рафтори нек доранд ва тамоми корҳои онҳо хуб аст.
Ин ҳама дар шароитест, ки олам имрӯз гирифтори офату балоҳоест ба монанди тӯфонҳои вайрон кунанда, селҳои харобиовар, заминларзаҳои даҳшатнок, ҷангҳои хонумонсӯз, бемориҳои наве, ки пештар вуҷуд надошт ва садҳо офат дар инсонҳою ҳайвоноту ҳосилот ва дигар ҳодисаҳои тааҷҷубовар.
Суннати илоҳи чунин нест, ки гунаҳкоронро беҷазо ва беқасос монад.
Пас гунаҳкорон мунтазири чи нишастаанд?
Эй бародарон!
Ҳеҷ офату ҳеҷ балое дар олам рух намедиҳад, магар ин ки сабабгори он гуноҳу исён аст. Ба сабаби маъсият Иблис бо он имоне, ки дошт, кофир шуд, бо он наздикияш дур шуд, бо он раҳмати илоҳи гирифтори лаънат гашт ва аз ҷаннат ба дӯзах рафт.
Ба сабаби гуноҳ қавми Нӯҳ ғарқи тӯфон гашт, қавми Одро боди тунд ҳалок кард, қавми Самудро садо кушт, ба сари қавми Лут замин чаппа шуд.
Ба сабаби гуноҳ сангпораҳо бар сарашон мерехт, ки чи борони баде буд.
Худованд мефармояд:
﴿فَكُلًّا أَخَذۡنَا بِذَنۢبِهِۦۖ فَمِنۡهُم مَّنۡ أَرۡسَلۡنَا عَلَيۡهِ حَاصِبٗا وَمِنۡهُم مَّنۡ أَخَذَتۡهُ ٱلصَّيۡحَةُ وَمِنۡهُم مَّنۡ خَسَفۡنَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ وَمِنۡهُم مَّنۡ أَغۡرَقۡنَاۚ وَمَا كَانَ ٱللَّهُ لِيَظۡلِمَهُمۡ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ ٤٠﴾
سُورَةُ العَنكَبُوتِ ٤٠
"Мо ҳар яки онҳоро бо гуноҳашон гирифтем. Бар сари баъзеи онҳо сангпора резондем. Ва баъзеро бо овоз гирифтем ва баъзеро ба замин фурӯ бурдем ва баъзеро ғарқ намудем. Ва Худованд чунин нест, ки онҳоро зулм намояд, вале онҳо худро зулм менамуданд"
Cураи Анкабут, 40
Ин як ҳақиқати возеҳ ва равшан аст.
﴿فَكُلًّا أَخَذۡنَا بِذَنۢبِهِ﴾
"Мо ҳар яки онҳоро ба гуноҳашон гирифтем"
Ин аст гуноҳ ва ин аст оқибати он ва он аз золимон дур нест.
Гуноҳ агар дар ҳар кишваре ошкоро шуд, хароб мегардад ва агар дар ҳар диле даромад, он дил тира мегардад ва дар ҳар миллате пайдо шуд, он миллат хору залил мегардад.
Гуноҳ дар ҳар маконе, ки фуруд омад, онро аз ҳама хайрот холи месозад.
Эй мусалмонон!
Гуноҳ шуми дорад ва оқибати он хатаре дорад, ҳам бар худи инсон ва ҳам бар хонадонаш, ки муҳитро вайрон намуда, афкорро халалдор мекунад.
Ба сабаби гуноҳ банда дар пешгоҳи Парвардигораш залил намоён мегардад ва Худованд ҳайбати ӯро аз дили дигарон дур месозад.
Худованд мефармояд:
﴿وَمَن يُهِنِ ٱللَّهُ فَمَا لَهُۥ مِن مُّكۡرِمٍۚ ١٨﴾
سُورَةُ الحَجِّ ١٨
"Ва ҳар киро, ки Худованд хор кард, касе наметавонад иззат бахшад"
Сураи Ҳаҷ, 18
Ҳасан (р) мегӯяд: "Дар баробари Худованд саҳлангори карданд, ки усён варзиданд, агар Ӯ таъолоро азиз ва гироми медоштанд, ҳифзашон мекард".
Имом Аҳмад дар муснади худ аз Абдураҳмон ибни Ҷубайр ибни Нафир ва ӯ аз падараш чунин ривоят мекунад, ки "Вақте Қибрисро фатҳ намуданд, ман дидам, ки Абудардо танҳо нишаста, гиря мекард. Аз ӯ пурсидам: Ман тааҷҷуб мекунам, ки чаро ту дар ин рӯзе, ки Худованд Ислом ва муслиминро пирӯз гардонидааст, гиря мекуни?! Гуфт, балки ман аз ту тааҷҷуб мекунам, эй Ҷубайр! Бингар, чи гуна ин мардум дар назди Худованд беқадр шудаанд, вақте авомири ӯро тарк намудаанд. Ин миллат пирӯз буд ва мулкашон обод, вале чун амрҳои Худоро тарк намуданд, бингар ҳолашон ба куҷо расид".
Тамоми ғаму андӯҳ ва бемориҳои нафсони ба сабаби гуноҳ мешавад. Гуноҳ сарчашмаи нотавони, танбали, бекори ва ҳамчунин тарс, бахили, гирифтории қарзҳо ва маломати мардум мебошад.
Ба сабаби гуноҳ неъмат аз байн меравад, азоб меояд ва ғазаби Худованд фуруд меояд. Вақте банда гирифтори гуноҳ гашт, дилаш сиёҳ мегардад ва аз аҳли хайр ва росткорон дури меҷӯяд ва алоқаашро бо онҳо канда мекунад. Дар айни ҳол, хешони солеҳаш аз ӯ мегурезанд, ҳатто баъзе солеҳин мегӯянд "Ман чун гуноҳе мекунам, таъсири онро дар ҳамсарам ва ҳатто аспам мебинам".
Ҳар касе, ки гуноҳро идома диҳад, дилаш ба он одат мекунад ва онро қабул мекунад ва ба ҳамин тариқ, корашро идома медиҳад, ба дараҷае, ки дигар бадии гуноҳро эҳсос намекунад ва дигар онро ба таври ошкоро анҷом медиҳад.
Аксари ҳамин намуд гунаҳкорон дигар аз ҷурми ин гуноҳашон раҳои надоранд, ҳамчуноне, ки дар ҳадиси шариф омадааст:
"Ҳамаи умматони ман халос мешаванд, магар ононе, ки гуноҳро ошкоро мекунанд. Ошкоро кардан инаст, ки шабона банда кореро анҷом медиҳад ва Худованд он гуноҳашро пӯшонидааст, вале рӯзона мегӯяд: Эй фалон! Ман имшаб чунину чунон кардам, ӯро дар шаб Худованд гуноҳашро пӯшонд, вале рӯзона он пӯшиши илоҳиро бозмекунад"
Ривояти Муттафақ
Аз ҷумлаи худро ошкор кардан он аст, ки тоҷир дар молҳояш фиребро истифода мебарад ва ин корашро дар пеши дигарон таъриф намуда, худро зирак ва доно нишон медиҳад. Ҳамчунин аз ҷумлаи худро ошкор кардан он аст,ки ишқбоз дар бораи девонагияш ва фосиқ дар бораи фисқаш ривоятҳо намояд.
Аз ҷумлаи худ ошкоркуни ин рафторҳои бад ва калимаю ибораҳои бадро бар забон рондан ва ба он ифтихор намудан аст, ки аксари маҷаллаю рӯзнома ва радиову телевизионҳо аз ҳамин қабил мебошанд.
Мусибати бузург дар он аст, ки гунаҳкор гуноҳи худро эҳсос намекунад ва баръакс бо кардани гуноҳаш хурсанд ҳам мешавад.
Инсон барои ба даст овардани мол бо роҳҳои ҳаром хурсанди мекунад ва барои даст ёфтан ба гуноҳ хурсанд мегардад ва барои бори дигар такрор кардани он кӯшиш менамояд. Касе ки ҳолаш чунин бошад, чи гуна метавонад машғули тоату ибодат шавад? Вақте гуноҳ дар дил ҷой гирифт, дигар ғайрату номусро дар баробари хонадонаш мекушад. Дигар на парвои тарбияи онҳо дорад, на парвои насиҳат ва агар гуноҳеро аз онҳо бинад, онро ночиз мешуморад.
Палидтарини халқи Худо ва касе, ки мувофиқи ҳадисҳои саҳеҳи Паёмбар (с) ҳаргиз бӯи ҷаннатро намебинад, дайюс мебошад, ки корҳои мункарро дар хонадонаш мебинад, вале парво надорад.
Рӯиҳам гуноҳ намудан, роҳҳои тоатро баста, одамиро аз ҷодаи хайр дур мекунад. Барои ҳамин, дилҳо сиёҳ гашта, нафсҳо чун санг мегарданд ва аз тавбаи насӯҳ рӯй метобанд.
Далели возеҳи гуфтаҳои боло он аст, ки имрӯзҳо бисёре аз чунин гунаҳкорон мебинем, ки бо забон борҳо тавба мекунанд ва калимаи истиғфорро бар забон меронанд, вале дилашон он гуноҳро бад намебинад ва баъди чанд лаҳза боз даст ба ҳамон кори мункар мезананд, ки инро дили мурда мегӯянд.
Эй мӯъминон!
Дар бисёр ҷамъиятҳо рибо, зино, майнӯши ва истеъмоли маводи мухаддир зиёд шудааст.
Ҳаром хӯри зиёд шудааст, ҳиллаҳо гуногун шудааст, дурӯғ, қасами ботил ва фиреб мунташир гаштааст. Садои мусиқии пурфаҳш, бадахлоқи, одатҳои баде дар миёни ҷавонписарону ҷавондухтарон ривоҷ ёфтааст.
То ба кай мо аз қавонини илоҳи дур мегардем? То ба кай аз макри илоҳи дар амон мемонем? Худованд мефармояд:
﴿ذَٰلِكَ بِأَنَّ ٱللَّهَ لَمۡ يَكُ مُغَيِّرٗا نِّعۡمَةً أَنۡعَمَهَا عَلَىٰ قَوۡمٍ حَتَّىٰ يُغَيِّرُواْ مَا بِأَنفُسِهِمۡ وَأَنَّ ٱللَّهَ سَمِيعٌ عَلِيمٞ ٥٣﴾
سُورَةُ الأَنفَالِ ٥٣
"Ин ба сабаби он аст, ки Худованд неъматҳояшро, ки ба қавме додааст, дигаргун намекунад, магар он чиро дар замирашон аст, онҳо худ дигаргун кунанд"
Сураи Анфол, 53
Мардум вақте аз қавонини илоҳи бехабаранд, дар шаҳватҳои худ ғарқ мешаванд ва роҳи худро гум мекунанд ва дар бадиҳо гирифтор мешаванд.
Пастравии ахлоқ ва паҳншавии фоҳишаги ва равишҳои беҳудаги роҳест, ки инсонро ба оқибатҳои бад мерасонад.
Чун нафсҳо вайрон шаванд, фисқу ҷунун мунташир гардад, арзишҳои воло беқадр мегарданд, миллат вайрон мешавад ва қуввату мояи волои худро гум мекунад ва оқибат нобуд гашта, дигар ӯро ҳатто дар сафаҳоти таърих ҳам наметавон пайдо намуд. Зеро Худованд нобуд намесозад, магар нобудшавандаро.
Шумо аз Худо битарсед, ҳақ ошкор аст ва дин равшан.
Шумо қавонини Худоро бишносед ва ҳаргиз аз макри Худо ғофил набошед. Худоё, лағжишҳои моро кам кун ва камбудиҳоро бибахш ва ба ҳилми худ дастгири касе бош, ки ҷуз Ту дастгире надорад. Худоё, ба раҳмати худ моро дӯст гир ва аз бадиҳо дурамон намо, чи ошкор бошанд ва чи ниҳон.
Худоё, кишвари мо ва дигар кишварҳои мусалмониро аз фоҳишаҳо пок соз.
Худованд мефармояд:
﴿وَمَآ أَرۡسَلۡنَا فِي قَرۡيَةٖ مِّن نَّبِيٍّ إِلَّآ أَخَذۡنَآ أَهۡلَهَا بِٱلۡبَأۡسَآءِ وَٱلضَّرَّآءِ لَعَلَّهُمۡ يَضَّرَّعُونَ ٩٤ ثُمَّ بَدَّلۡنَا مَكَانَ ٱلسَّيِّئَةِ ٱلۡحَسَنَةَ حَتَّىٰ عَفَواْ وَّقَالُواْ قَدۡ مَسَّ ءَابَآءَنَا ٱلضَّرَّآءُ وَٱلسَّرَّآءُ فَأَخَذۡنَٰهُم بَغۡتَةٗ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ ٩٥ وَلَوۡ أَنَّ أَهۡلَ ٱلۡقُرَىٰٓ ءَامَنُواْ وَٱتَّقَوۡاْ لَفَتَحۡنَا عَلَيۡهِم بَرَكَٰتٖ مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَٰكِن كَذَّبُواْ فَأَخَذۡنَٰهُم بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ ٩٦ أَفَأَمِنَ أَهۡلُ ٱلۡقُرَىٰٓ أَن يَأۡتِيَهُم بَأۡسُنَا بَيَٰتٗا وَهُمۡ نَآئِمُونَ ٩٧ أَوَ أَمِنَ أَهۡلُ ٱلۡقُرَىٰٓ أَن يَأۡتِيَهُم بَأۡسُنَا ضُحٗى وَهُمۡ يَلۡعَبُونَ ٩٨ أَفَأَمِنُواْ مَكۡرَ ٱللَّهِۚ فَلَا يَأۡمَنُ مَكۡرَ ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡقَوۡمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ٩٩﴾
سُورَةُ الأَعرَافِ ٩٤-٩٩
"Ва мо ба ҳеҷ диёре Паёмбаре нафиристодем, магар ин ки аҳли онро ба ранҷҳо ва сахтиҳо гирифтор сохтем, то зори намоянд. Пас мо хушиҳоро ба ҷои нохушиҳо овардем, то ин ки бисёр шуданд ва гуфтанд: Падарони моро сахтиҳо ва зарарҳо расида буд. Пас онҳоро, ки ғофил буданд, ногаҳон аз по даровардем. Ва агар аҳли диёр имон меоварданд ва тақво меварзиданд, дар ҳақиқат мо барои онҳо дарҳои баракатҳоро аз осмонҳо ва замин мекушодем. Вале онҳо такзиб карданд, пас мо ҳам онҳоро ба кайфари кирдорашон фурӯ гирифтем.
Оё аҳли диёр дар амонанд, аз он ки бар сари онҳо азоби мо шабона биояд, дар ҳоле, ки онҳо дар хобанд? Оё дар амонанд, аҳли диёр, аз он ки бар сари онҳо азоби мо рӯзона биояд, дар ҳоле, ки онҳо дар бозиянд? Оё онҳо аз макри Худо дар амонанд? Дар ҳоле, ки аз макри Худо ғофил нестанд, магар қавми зиёнкор"
Сураи Аъроф, 94 -99
Эй мусалмонон!
Шумо аз гуноҳ ҳазар намоед, ки он номарасони куфр аст ва боиси дур шудани неъматҳост ва ҷалбкунандаи азоб аст. Гуноҳ умрро кӯтоҳ, баракатро дур ва ризқро кам мекунад.
Банда ба сабаби гуноҳ аз ризқаш маҳрум мегардад. Гуноҳ дилро сиёҳу вайрон мекунад ва бандаро аз нури илм дур месозад ва ҳар гуноҳ бандаро ба гуноҳи дигар мекашонад.
Баъзе аҳли салаф гуфтаанд: "Сазои гуноҳ он аст, ки баъди он гуноҳи дигар меояд", гуноҳ гуноҳро маҳбуб мегардонад ва дигар инсон аз ҷумлаи идомадиҳандагони гуноҳ мегардад, ба дараҷае, ки инсон гуноҳ мекунад, бо вуҷуди он ки ҳукми он гуноҳро хуб медонад ва хатари онро эҳсос мекунад. Инсон дигар худ аз кардани он гуноҳ ҳеҷ лаззат намебарад, вале он барояш одат мегардад. Шумо ба ҳоли бенамозон, майпарастон, бангиён, рибохӯрон, бесатрон назар афканед, ки ба ин феъли худ одат кардаанд ва дигар наметавонанд аз он даст кашанд.
Худованд мефармояд:
﴿أَفَمَن زُيِّنَ لَهُۥ سُوٓءُ عَمَلِهِۦ فَرَءَاهُ حَسَنٗاۖ فَإِنَّ ٱللَّهَ يُضِلُّ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُۖ فَلَا تَذۡهَبۡ نَفۡسُكَ عَلَيۡهِمۡ حَسَرَٰتٍۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِمَا يَصۡنَعُونَ٨﴾
سُورَةُ فَاطِرٍ ٨
"Оё он касе, ки барояш аъмоли ӯ зинат дода шудааст ва онро хуб мепиндорад, пас Худованд ҳар касеро, ки хоҳад, гумроҳ месозад ва ҳар касеро хоҳад ҳидоят менамояд. Пас ту худ ба ҳоли онҳо ҳасрат нахур албатта Худованд ба он чи мекунед доност"
Сураи Фотир, 8
Имкон дорад, ки марг чунин инсонҳоро домангир шаваду онҳо бо ҳамин ҳол аз олам гузаранд ва ин сабаби фарҷоми бади эшон шавад.
Чунин инсонҳо дар лаҳзаҳои охири умри худ албатта пушаймон мешаванд ва афсӯсҳо мехӯранд, вале дигар аз одати худ даст бардошта наметавонанд, ӯ дигар бо ҳасрат фарёд мекунад
﴿يَقُولُ يَٰلَيۡتَنِي قَدَّمۡتُ لِحَيَاتِي ٢٤﴾
سُورَةُ الفَجرِ ٢٤
"Эй кош, ман барои қиёматам чизе омода мекардам"
Сураи Фаҷр, 24
Худованд мефармояд:
﴿وَأَنفِقُواْ مِن مَّا رَزَقۡنَٰكُم مِّن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَ أَحَدَكُمُ ٱلۡمَوۡتُ فَيَقُولَ رَبِّ لَوۡلَآ أَخَّرۡتَنِيٓ إِلَىٰٓ أَجَلٖ قَرِيبٖ فَأَصَّدَّقَ وَأَكُن مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ١٠﴾
سُورَةُ المُنَافِقُونَ ١٠
"Ва шумо садақа кунед аз он чи бароятон рӯзи додаем, пеш аз он ки марг домангири яке шумо гардад, пас бигӯяд, эй кош мӯҳлати маро дертар мекарди ва ман садақа мекардам ва аз ҷумлаи накӯкорон мешудам"
Сураи Мунофиқун, 10
Боз Худованд мефармояд:
﴿حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَحَدَهُمُ ٱلۡمَوۡتُ قَالَ رَبِّ ٱرۡجِعُونِ ٩٩ لَعَلِّيٓ أَعۡمَلُ صَٰلِحٗا فِيمَا تَرَكۡتُۚ كَلَّآۚ إِنَّهَا كَلِمَةٌ هُوَ قَآئِلُهَاۖ وَمِن وَرَآئِهِم بَرۡزَخٌ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ ١٠٠﴾
سُورَةُ المُؤمِنُونَ ٩٩-١٠٠
"Вақте, ки марги яке аз онҳо фаро расад, мегӯяд: "Парвардигоро, маро бозгардон. Шояд аз корҳои неки вониҳода чизеро анҷом диҳам. Ҳаргиз! Ин ибораест, ки онро мегӯяд ва аз қафои он барзах аст, то рӯзе, ки ҳашр мешаванд"
Сураи Мӯъминун, 99-100
Эй мусалмонон!
Хатарноктарин зарари гуноҳ он аст, ки ҳаёро аз шахси гунаҳгор дур мекунад, то ҷое, ки дигар ошкоро гуноҳ кардан мегирад ва онро дар пеши хурду бузург эълон мекунад.
Дар Саҳеҳ аз Паёмбар (с) ривоят мекунанд, ки мефармоянд:
"Ҳамаи умматони ман халос мешаванд, магар ононе, ки ошкоро гуноҳ мекунанд. Ошкоро кардан ин аст, ки шабона банда кореро анҷом медиҳад ва Худованд он гуноҳашро пӯшонидааст, вале рӯзона мегӯяд:
Эй фалон!
Ман имшаб чунину чунон кардам.
Дар шаб Худованд гуноҳи ӯро пӯшонд, вале рӯзона ӯ пӯшиши илоҳиро боз мекунад"
Ривояти Мутафақ
Баъзе афрод бо гуноҳҳои худ менозанд ва чунин мепиндоранд, ки он барои ӯ лозим аст.
Вай дигар гуноҳҳоро паиҳам анҷом медиҳад, то ҷое, ки дигар гуноҳ дар назараш чизи одди мешавад ва анҷом додани он барояш хуб ҷилва мекунад. Ин аз аломатҳои мурдадили ва табоҳсириштии инсон аст.
Гуноҳ ҳарчанд дар назари гунаҳкор хурд намоён шавад, ҳамон қадар дар назари Худованд бузург мегардад.
Гуноҳро ночиз шуморидан аломати мунофиқист ва далеле аз далоили нифоқ аст.
Дар Саҳеҳ аз Абдуллоҳ ибни Масъуд омадааст, ки фармуданд: "Гунаҳкор гуноҳони худро ба монанди пашша мебинад, ки дар рӯи бинияш нишастааст ва ҳамин тавр мегӯяд".
Гуноҳро ночиз шуморидан ва онро хурд ҳисобидан ва ба он аҳамият надодан боиси исрори гуноҳ аст, ки Худованд онро яке аз сабабҳои манъ шудани мағфират хондааст.
Худованд мефармояд:
﴿وَلَيۡسَتِ ٱلتَّوۡبَةُ لِلَّذِينَ يَعۡمَلُونَ ٱلسَّئَِّاتِ حَتَّىٰٓ إِذَا حَضَرَ أَحَدَهُمُ ٱلۡمَوۡتُ قَالَ إِنِّي تُبۡتُ ٱلۡـَٰٔنَ وَلَا ٱلَّذِينَ يَمُوتُونَ وَهُمۡ كُفَّارٌۚ أُوْلَٰٓئِكَ أَعۡتَدۡنَا لَهُمۡ عَذَابًا أَلِيمٗا ١٨﴾
سُورَةُ النِّسَاءِ ١٨
"Ва нест тавба барои касоне, ки гуноҳҳо мекунанд, то ин ки марг домангирашон гашт, мегӯяд: Ман акнун тавба кардам"
Сураи Нисо, 18
Худованд боз мефармояд:
﴿وَإِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِۦ يَٰقَوۡمِ لِمَ تُؤۡذُونَنِي وَقَد تَّعۡلَمُونَ أَنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُمۡۖ فَلَمَّا زَاغُوٓاْ أَزَاغَ ٱللَّهُ قُلُوبَهُمۡۚ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ ٥﴾ سُورَةُ الصَّفِّ ٥
"Ва ҳангоме, ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: "Эй қавми ман, чаро маро азият медиҳед, дар ҳоле, ки шумо медонед, ки ман фиристодаи Худовандам ба сӯи Шумо.
Вақте, ки онҳо аз ҳақ мунҳариф шуданд, Худованд дилхояшонро мунҳариф сохт ва Худованд қавми фосиқро ҳидоят намекунад"
Сураи Саф, 5
Эй мӯъминон!
Хатари давомнокии гуноҳ он аст, ки натиҷаи он дар вақти ҷудо шудан аз ин олам ва рафтан ба охират зоҳир мешавад, ки дар муҳимтарин лаҳазот ва душвортарин ҳолат гуноҳ байни инсон ва дили вай монеъ шуда, он гоҳ инсони гунаҳкорро гуноҳонаш дар вақти назъи ҷон дар назараш ба ҷилва меояд ва ӯ машғули онҳо мешавад ва наметавонад дар ин лаҳза калимаи шаҳодатро ба забон биронад.
Имом ибни Қайим (р) мегӯяд: Мардеро марг расид ва ба ӯ гуфтанд: Бигӯ: "Ло илоҳа иллаллоҳ", ӯ сурудеро замзама кард ва садои асбоби мусиқиро тараннум намул. Ва нахост "Ло илоҳа иллаллоҳ"-ро бар забон ронад. Ба марди дигаре гуфтанд: Бигӯ: "Ло илоҳа иллаллоҳ". Гуфт: Ба ин калима кофир шудааст ва ҷон дод. Ба саввум гуфтанд: Бигӯ: "Ло илоҳа иллаллоҳ". Гуфт: Ман ҳар бор мехоҳам ин калимаро бар забон ронам, забонам қабул намекунад. Ба яке аз тоҷирон ҳангоми маргаш гуфтанд: Бигӯ: "Ло илоҳа иллаллоҳ", ӯ гуфт: Ин мол арзон аст, ин харидор хуб аст.
Марди дигаре, ки кораш тарозузани буд, дар вақти ҷон доданаш ӯро гуфтанд: Бигӯ: "Ло илоҳа иллаллоҳ". Пас гуфт, ки ӯ наметавонад онро бигӯяд, зеро паллаи тарозу бар забонаш вазнин шудааст. Ин аст хатари гуноҳ, ки имкон дорад ба гунаҳкорон дар ҳамин дунё расад, агар онҳо тавба накунанд.
Шумо, эй мусалмонон, аз тамоми гуноҳони худ ба даргоҳи Худованд тавба намоед ва аз ҳама хатоҳо узр ба даргоҳи Худо оваред, зеро Худованд бо тавбаи насӯҳ тамоми гуноҳонро мебахшад ва айбҳоро мепӯшонад ва азобро дур мекунад ва имонро пурра менамояд ва аз оташ мераҳонад ва дохили ҷаннат менамояд.
Худованд мефармояд:
﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ تُوبُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِ تَوۡبَةٗ نَّصُوحًا٨﴾
سُورَةُ التَّحرِيمِ ٨
"Эй касоне, ки имон овардаед, ба сӯи Худованд тавбаи насӯҳ намоед"
Сураи Таҳрим, 8