×
Агар касе шаш рӯзи моҳи шаволро пурра нагирифт, ҳукмаш чист?

    Агар касе шаш рӯзи моҳи шаволро пурра нагирифт, ҳукмаш чист?

    Суол: Рӯза гирифтани шаш рӯзи шаволро шуруъ кардам, вале бо сабаби баъзе корҳо ва машғулиятҳоям онро (шаш рӯзро) пурра гирифта натавонистам ва бар ман ду рӯзаш боқи монд, чикор кунам, оё онро қазои бигирам, ва оё ман барои онки онро пурра гирифта натавонистам гунаҳгор мешавам?

    Ҷавоб: Рӯза гирифтани шаш рӯзи шавол воҷиб нест, балки мустаҳаб аст (нафл), Пас ту он рӯзҳое ки рӯза гирифтаи аҷру савобашро соҳиб шудаи, Ва умед аст, ки аҷру савоби шаш рӯзро дарёфт намудаи, агар ба сабаби узри шаръи он ду рӯзашро гирифта натавониста боши, зеро Паёмбари Худо (с) мефармояд: Агар банда мариз шавад ё сафар кунад, худованд он амалеро ки дар сиҳатиаш ва муқимиаш баҷой меовард, барояш менависад. (Бухорӣ) (Яъне савобу аҷри он амалашро мегирад агарчанде он амалро дар маризи ё сафараш ба ҷой оварда натавонад) Худованд тавфиқ диҳанда аст.

    Маҷмуъи фатвоҳои Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз 5/270.