Ақидаи имом Таҳовӣ (р) дар бораи авлиё
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Ақидаи имом Таҳовӣ (р) дар бораи авлиё
عقيدة الإمام الطحاوي في الأولياء
< الطاجيكية >
Абдураҳмони Абдусаттор
عبد الرحمن عبد الستار
Ақидаи имом Таҳовӣ (р) дар бораи авлиё
Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
Ҳамду сано бар Аллоҳ таъоло, ки холиқи замину осмон аст, ва дуруду салом бар Муҳаммад (с) ки фиристодаи Аллоҳ таъоло барои тамоми оламиён аст.
Аллоҳ таъоло барои ҳар уммат аз ҷониби худ Паёмбароне мефиристад, то инки мардумро ба яктопарасти даъват кунанд ва аз парастиши тоғутҳо ва касоне, ки лоиқи ибодат нестанд манъ кунанд. Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَۖ ٣٦﴾ [النحل: ٣٦]
“Дар миёни ҳар миллате паёмбаре фиристодем, ки Худоро бипарастед ва аз тоғут дурӣ ҷӯед”.
(Сураи Наҳл 36)
Тоғут: Ҳар касеро мегӯянд, ки ба ғайр аз Аллоҳ таъоло ва ба розиги худ ибодат карда шавад.
Ба монанди Фиръавн, ки қавмаш ӯро ибодат мекард ва худаш аз он рози буд, балки мардумро мегуфт: Ман Худои шумо ҳастам.
Аммо ҳазрати Исо (а) ки то имрӯз насрониҳо ӯро Худо медонанд ва ӯро мепарастанд худи ҳазрати Исо (а) аз парастиши онҳо рози набуд ва барояшон мегуфт, ки ман бандаи Худо ҳастам ва он зотеро парастиш кунед, ки Худои ҳамаи мо аст.
Пас Паёмбарони Худо беҳтарин бандагони Худо мебошанд, чун Худованд онҳоро аз миёни бандагонаш барои расондани паёми худ интихоб кард. Бинобарин набояд касе аз авлиё ва дӯстони Худоро аз Паёмбарон беҳтар бидонем.
Ин аст ақидаи уламои ислом ва инчунин ақидаи имом Таҳовӣ (р) дар ин бора.
Чуноне дар китобаш мегӯяд:
"...ولا نفضل أحدا من الأولياء على أحد من الأنبياء – عليهم السلام -, ونقول: نبي واحد أفضل من جميع الأولياء".
Мегӯяд: "Ҳеҷ кадоме аз авлиёро аз Паёмбарони Худо беҳтар намедонем, ва мегуем: Як Паёмбар аз ҳама авлиёҳо беҳтар аст".
Ин маънои онро надорад ки имом Таҳовӣ (р) фазлу бузургии авлиёро инкор мекунад, балки манзилати онҳоро исбот мекунад, аммо онҳоро аз манзилаташон боло намедонад, чуноне мегӯяд:
"وعلماء السلف من السابقين, ومن بعدهم من التابعين - أهل الخير والأثر, وأهل الفقه والنظر- لا يذكرون إلا بالجميل, ومن ذكرهم بسوء فهو على غير السبيل".
Мегӯяд: "Олимони салаф аз гузаштагон, ва касоне ки баъди онҳо аз тобиъинанд – аҳли хайру осор (ҳадисҳо ва гуфтаҳои саҳобагон) ва фиқҳу назар - ёд карда намешаванд магар ба неки, ва касе ки онҳоро ба бади ёд кунад пас ӯ аз роҳи дуруст дур шуда аст".
Уламои гузаштаи ислом, ки ҳаёти худро дар хидмати ислом гузаронида буданд ҳаргиз манзилат ва мартабаи онҳоро фаромуш нахоҳем кард ва ҳамеша дар ҳақашон дуъои нек хоҳем кард, аммо касе аз онҳоро бо Паёмбарони Худо баробар ва ё беҳтар аз онҳо намедонем, чун Аллоҳ таъоло Паёмбарони Худро аз беҳтарин бандагонаш интихоб кардааст.
Каромотҳое, ки Аллоҳ таъоло барои авлиёи худ дода аст, исбот мекунем, агар он каромотҳо мухолифи гуфтори Қуръон ва Паёмбари Худо набошанд. Ва агар бароямон аз тариқи ровиёни боваринок ва Худотарс расида бошад.
Имом Таҳовӣ мефармояд:
"ونؤمن بما جاء من كراماتهم, وصح عن الثقات من رواياتهم".
Яъне: "Имон дорем бар каромотҳояшон, ки аз тариқи ровиёни ростгӯй бароямон расида бошад".
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿وَٱلَّذِينَ جَآءُو مِنۢ بَعۡدِهِمۡ يَقُولُونَ رَبَّنَا ٱغۡفِرۡ لَنَا وَلِإِخۡوَٰنِنَا ٱلَّذِينَ سَبَقُونَا بِٱلۡإِيمَٰنِ وَلَا تَجۡعَلۡ فِي قُلُوبِنَا غِلّٗا لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ رَبَّنَآ إِنَّكَ رَءُوفٞ رَّحِيمٌ ١٠﴾ [الحشر: ١٠]
“Касоне, ки аз паси онҳо омадаанд, мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, мову бародарони моро, ки пеш аз мо имон овардаанд, биёмурз ва кинаи касонеро, ки имон овардаанд, дар дили мо ҷой мадеҳ. Эй Парвардигори мо, ҳаройна, ту мушфиқу меҳрубон ҳастӣ!»”.
(Сураи Ҳашр 10)
Ин дастури Қуръон ва Паёмбари Худо барои мусалмонон нисбати гузаштагони аҳли ислом аз асҳоби Паёмбари Худо то дигар уламои ислом ва авлиёи Худо аст.
Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос (р) мегӯяд: Худованд бар ҳамаи мусалмонон дастур дода аст, то барои асҳоби Муҳаммад (с) талаби мағфират ва дуъои нек кунанд. Дар ҳоле ки Аллоҳ таъоло медонист ки онҳо дар оянда бо ҳам ихтилоф мекунанд.
Дар ривояте ҳазрати Ойша (р) мефармояд: Ман аз Паёмбари Худо шунидам ки фармуд: "Ин уммат то замоне ҳалок намешавад, ки ояндагонаш гузаштагонашро лаънат ва маломат нанамояд".
Пас аз оёт ва аҳодиси гузашта фаҳмида мешавад, ки мусулмонон бояд аз кинаварзӣ ва бадбинии ҳамдигар дур бошанд, зеро кинаварзӣ ва лаънатгуйии ҳамдигар сабаби шикаст ва ҳалоки онҳо хоҳад гашт.
Дар охир ба чунин хулоса мерасем ки мувофиқи гуфтаҳои имом Таҳовӣ (р) мусулмон фазлу манзалати олимон ва авлиёи худоро дониста, онҳоро дар мартабаи худ қарор диҳад, Ва инки онҳо бо вуҷуди ин мартабаи баланд дар назди Худованд ва бандагонаш беҳтар аз паёмбарон нестанд. Балки паёмбарон беҳтаринҳои башарият мебошанд. Ва инки яке аз паёмбарон беҳтар аз ҳама авлиё ва дӯстони худованд мебошад. Чигунае ки асҳоби Паёмбар (с) беҳтаринҳои ин уммат ҳастанд, ва дар байни саҳобагон бетаринашон Абубакр баъд аз он Умар, баъд аз он Усмон, баъд аз он Алӣ (Худованд аз ҳамааашон розӣ бод) мебошад.