Барои ҷавонон дар моҳи шарифи рамазон
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Барои ҷавонон дар моҳи шарифи рамазон
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Таҳия ва тарҷума: Абдусаттори Ҳақназар
2014 - 1435
للشباب في رمضان
«باللغة الطاجيكية»
إعداد وترجمة: عبد الستار حقنظر
2014 - 1435
Барои ҷавонон дар моҳи шарифи рамазон
Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
Имрӯзҳо мо ва шумо моҳи шарифи рамазонро пешвоз гирифтем. Умедворам ту ҳам монанди дигар бародарони мусалмонат ба фаро расидани ин моҳи муборак хушҳол шуда боши.
Ба муносибати фаро расидани ин моҳи муборак хостам суханони муфиде ба шумо расонам, ва Худованди бузургро дуъо мекунам, ки ин суханонро сабаби тавфиқ ва ҳидояти мо ва шумо гардонад ва ин моҳи шарифро барои мо ва шумо моҳи раҳмат,моҳи мағфират, ва моҳи халоси аз оташи дӯзах бигардонад. Ва дар ин мақолаи кутоҳ мехоҳам чанд кореро ки барои ҷавонон ҳама вақт муҳим ва хоссатан дар моҳи шарифи рамазон муҳимтар аст, ёдовари намоям, зеро рамазон моҳест, ки дар он савобро Худованд чанд баробар зиёд мегардонад, пас ғанимат донистани ин моҳ барои ҳар як мусулмон ва ҳар як ҷавон бисёр муҳим ва зарури аст.
Парҳезкорӣ
Ҷавонони гиромӣ! чунонеки мебинем дар моҳи рамазон бисёре аз ҷавонон ғарқ дар шаҳавот ва бепарвоги ва гирифтори гуноҳон ҳастанд, ва бепарвоги дар адои ибодатҳо ва ёди Худо ҳастанд.
Боз ҳаминхел ҷавононро мебинем ки дар ин моҳи муборак дар пайи донистани масоили хурди намоз ва рӯза ҳастанд, монанди ин ки: ҳангоми таҳорат чанд қатра хун ногаҳон аз бини баромад, оё ин дар таҳорат асар дорад? Ва ё ҳангоми гузаштан аз хиёбон ғуборе ба даҳонаш рафта аст, ҳукмаш чист?.
Ин ҷавонон дар тарҳи ингуна саволҳо бисёр ҷидди ҳастанд, ва ҳатто агар барои вай кафорат бошад барои пазируфтани он омодагии комил доранд.
Бародари азизам! Савол намудан дар бораи масоили ибодот, ки гоҳе инсон ба он бархурд менамояд, чизи арзандаест ва касе ҳақ надорад онро рад намояд ва мубтало будани фард бар гуноҳ, ҳаққи вайро дар аҳамият додан ва пурсиш дар бораи тоъат ва ибодот салб намекунад.
Лекин дар муқобил мебинем, ки ҳаминхел ҷавонон гирифтори гуноҳони калон мешванд ва дар бораи он бепарвоги мекунанд, пас албатта муҳимтар он аст, ки худро аз гирифтории гуноҳони калон манъ кунанд, то гирифтори ғазаби Худо нашаванд.
Баъзе аз ҷавонон ҳангоме, ки вайро аз анҷоми кори бад манъ мекуни ва ба корҳои нек даъват мекуни мегуяд: ман ба ончи ту мегуй қаноъати пурра дорам, ва лекин хоҳишоти нафсам бар ман ғалаба карда аст ва наметавонам худро идора кунам, аммо агар дар моҳи рамазон ҳамин инсонро бубини худро аз хурдану нушидан манъ карда метавонад, ва инчунин худро барои саҳархурӣ аз хоби ширин бедор карда метавонад, ва худро бар шаҳавоти нафсаш ғолиб карда метавонад, пас ин маънои онро дорад ки ин инсон ҳама вақт худро бар шаҳавоти нафсаш ғолиб карда метаваонад, агар ихлос дошта бошад ва соҳиби қасди содиқона бошад.
Моҳи рамазон барои мо дарс медиҳад, ки мо ҳамавақт худро ғолиби шаҳавоти нафсамон карда метавонем ва узре дар инбора надорем.
Танҳо барои ин кор имони комил ва ихлос барои Худо, ва қасди содиқона барои он дошта бошем.
Ва инчизро мо метавонем бо чашмони худ бубинем, агар бар масҷидҳо гузар кунем мебинем ки ҷавононе монанди ту худро дар масҷид пайваст кардаанд ва ин моҳи муборакро бо хондани Қуръон ва ёди Худо басар мебаранд, ва номаи аъмоли некашонро дар рӯзи қиёмат беҳтар месозанд, ва хушбахтии дунё ва охиратро аз парвардигорашон талаб мекунад.
Ва дар даҳ рӯзи охири рамазон бисёре аз ҷавононеро мебини ки бар ибодати эътикоф машғул шуда ҳама соатҳои худро дар ибодати парвардигорашон мегузаронанд, чунки дар ин даҳ рӯзи охир Худованд савоби кори некро чанд баробар зиёд мегардонад.
Ва мутаасифона гуруҳи дигаре аз ҷавононро мебини ки ин рӯзҳои муборакро дар ғафлату бепарвоги ва дур аз ёди Худо мегузаронанд.
Пас вой бар ҳоли инхел ҷавонон, чун ин рӯзҳои ҷавони аз даст мераванд ва дар калонсоли аз анҷом додани бисёри корҳои нек оҷиз мемонад, аммо дар он рӯз ба ҷуз пушаймони чизи дигаре барояш намемонад.
Дар ҳадиси шарифе омада аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:
عن بن عباس رضي الله عنهما قال: قال رسول الله صلى الله عليه وسلم لرجل وهو يعظه: "اغتنم خمسا قبل خمس: شبابك قبل هرمك, وصحتك قبل سقمك, وغناءك قبل فقرك, وفراغك قبل شغلك, وحياتك قبل موتك"
أخرجه الحاكم في المستدرك رقم (7846) 4 / 341 وقال: هذا حديث صحيح على شرط الشيخين ولم يخرجاه.
Ҳазрати ибни Аббос ривоят мекунад, ки Паёмбари Худо мардеро гуфт, дар ҳоле ки ӯро мавъиза мекард: “Панҷ чизро пеш аз панҷ чиз ғанимат бидон: Ҷавониятро пеш аз калонсолият, ва саломатиятро пеш аз маризи ва касалият, ва дорогиятро пеш аз нодорӣ ва камбағалият, ва вақти фориғию бекориятро пеш аз саргардони ва гирифторият, ва ҳаёту зиндагиятро пеш аз маргат”.
Ҳоким дар китоби Мустадрак 4/341, рақами 7846, ривоят карда, гуфтааст: Ин ҳадис саҳеҳ ва мувофиқ бар шарти Бухорӣ ва Муслим аст.
Паёмбари Худо дар ин ҳадиси шариф ҷавонони умматашро барои ғанимат донистани ин панҷ чиз дар тоъат ва ибодати Худо васият мекунад.
Ва чуноне, ки дидем аввалини ин панҷ чиз марҳала ва умри ҷавони аст, чун ҷавон дар соли ҷавонияш метавонад ибодати парвардигорашро бахуби анҷом диҳад, ки калонсол тавонои онро надорад, монанди руза гирифтани моҳи муборак ки бисёри калонсолон аз рӯза гирифтан оҷиз мемонанд, ва инчунин монанди адо кардани ҳаҷи фарзи барои касеки барояш воҷиб аст ва дигар ибодатҳо.
Хостан василаи асосӣ барои тавонистан аст:
Бародари гиромӣ! Бисёре аз ҷавонон дар роҳи ғафлат ва гумроҳӣ буданд, ва гирифтори гуноҳони бузурге мешуданд, сипас ба ёрии Худованд ва ирода ва хоҳиши худашон ҳидоят ёфтанд ва ҳолаташон тағйир ёфт ва аз ҷумлаи бандагони некукори Худованд шуданд.
Чунки онҳо аз Худованд талаби ҳидоят карданд ва дар ҳақиқат мехостанд, ки худро аз ғафлат ва гумроҳи халос кунанд, пас Худованд онҳоро ҳидоят намуд ва роҳи некро барояш осон гардонид.
Чун ин ваъдаи Худованд ва Паёмбараш аст, ки ҳар касе аз Худованд содиқона ҳоҷатеро талаб кунад, Худованд ҳоҷаташро бароварда месозад.
Пас бародари ҷавон! Оё рӯзе бо худ фикр кардаи, ки то имрӯз ҷавониятро дар чи гузаронидаи?
Агар ҷавониятро то имрӯз дар тоъату ибодати Парвардигорат гузаронида боши, пас хушо бар ҳолат, ва башоратат медиҳам бар инки дар рӯзи қиёмат ки зиндагии доими дар онҷост аз ҷумлаи касоне мебоши, ки дар зери сояи Парвардигорат аз гармии сахти онрӯз наҷот меёби, агар то охири умрат бо ин тоъату ибодат зиндаги куни, Аммо агар ҷавонии худро то имрӯз дар ғафлату бепарвоги ва дур аз ибодати парвардигорат гузаронида боши, пас огоҳат месозам аз он рӯзе, ки қадамҳоят аз ҷой худ ҷунбида наметавонад магар инки аз чаҳор чиз пурсида шави, чуноне дар ҳадиси шариф омада аст, ки Имом Тирмизӣ онро ривоят мекунад:
“Рузи қиёмат ду пойи банда аз ҷой худ такон нахоҳад ёфт, пеш аз онки аз чаҳор чиз савол карда шавад: аз умраш дар чи онро гузаронида аст, ва аз ҷавонияш, ки чигуна онро гузаронида аст, ва аз молаш ки онро аз куҷо ба даст овард ва дар чи чиз онро сарф кард...”.
Ва дар охир аз Худованди бузург дуъо мекунам ки моҳи шарифи рамазонро барои мо моҳи раҳмат, ва моҳи мағфирати гуноҳон, ва халоси аз оташи дузах бигардонад, ва моро аз ҷумлаи ҷовононе бигардонад, ки ин моҳи муборакро бо имон ва ихлоси комил рӯза мегиранд.