Китоби ТАВҲИД - Боби дуввум
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Китоби ТАВҲИД - Боби дуввум
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Таҳия ва нашр: Муҳаммадазиз Раҷабӣ
2014 - 1435
كتاب التوحيد - الباب الثاني
باب فضل التوحيد وما يكفر من الذنوب
« باللغة الطاجيكية »
ترجمة: محمد عزيز رجب
2014 - 1435
Китоби ТАВҲИД — Боби дуввум
Боби 2.
Дар баёни фазилати тавҳид ва ин, ки тавҳид ва яктопарастӣ сабаби бахшиши гуноҳон аст.
Аллоҳ таъоло мефармояд:
﴿ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَلَمۡ يَلۡبِسُوٓاْ إِيمَٰنَهُم بِظُلۡمٍ ٨٢﴾ [الانعام: ٨٢]
«(Амният аз они) касоне ҳаст, ки имон оварданд ба Аллоҳи ягона ва имони худро бо зулм (ширк) олуда насохтанд…».
Сураи Анъом – 82.
Аз Убода ибни Сомит (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:
«من شهد أن لا إ له إلا الله وحده لا شريك له وأن محمدا عبده ورسوله، و أن عيسى عبد الله ورسوله وكلمته ألقاها إلي مريم و روح منه، و الجنة حق، و النار حق أدخله الله الجنة علي ما كان من العمل.»
«Ҳар шахсе гувоҳӣ диҳад бар ин, ки ҳеҷ маъбуди барҳаққе нест, ба ҷуз Аллоҳи ягона, ки шарике надорад ва Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст ва шаҳодат диҳад, ки Исо низ банда ва фиристодаи Аллоҳ ва калимаи Ӯст[1], ки бар Марям фиристодааст ва (Исо) руҳе аз (аз арвоҳи халқкардаи) Аллоҳ аст[2]. Ва гувоҳӣ диҳад, ки Ҷаннат ва Дузах ҳақ аст, Аллоҳ ӯро бо ҳар амале, ки карда бошад дохили биҳишт мекунад».[3](ривояти Бухорӣ 3435, Муслим 28).
Инчунин Бухорӣ ва Муслим аз ҳадиси Итбон ривоят кардаанд, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудааст:
«فإن الله حرّم على النار من قال: لا إله إلا الله يبتغي بذلك وجه الله»
«Ҳамоно Аллоҳ оташи дузахро ҳаром гардонидааст барои ҳар касе, ки «ло илоҳа иллал-лоҳ» – ро танҳо барои ризои Аллоҳ гуфта бошад».
Аз АбуСаиди Худрӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфтааст:
«قال موسى: يا رب، علمني شيئا أذكرك و أدعوك به. قال: يا موسي! قل لا إله إلا الله. قال: يا رب، كل عبادك يقولون هذا. قال: يا موسي! لو أن السموات السبع و عامرهن غيري و الأرضين السبع في كفة، و لا إله إلا الله في كفة مالت بهن لا إله إلا الله .»
«Мусо (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: Парвардигоро! Маро чизе биёмӯз, ки туро бо он ёд кунам ва дуъо кунам. Худованд гуфт: Эй Мусо! Бигӯ: «Ло илоҳа иллал-лоҳ» (ҳеҷ маъбуди барҳаққ нест магар Аллоҳ). Мусо гуфт: Парвардигоро! Ҳамаи бандагонат инро мегӯянд (аз ту чизе мехоҳам, ки хосси ман бошад). Аллоҳ гуфт: Эй Мусо! Агар ҳафт осмонро бо сокинони онҳо ба ғайр аз Ман ва ҳафт қабати заминро дар як паллаи тарозу гузошта шавад, ва «Ло илоҳа иллал-лоҳ» дар паллаи дигар, пас «Ло илоҳа иллал-лоҳ» аз ҳамаи онҳо вазнинтар ва бартар хоҳад буд». (Ривояти Ибни Ҳиббон ва Ҳоким).
Имом Тирмизӣ аз Анас (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят кардааст, ки гуфт:
Аз Расулуллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) шунидам, ки фармуд:
قال اللَّه تعالى: يَا ابْنَ آدَم، إِنَّكَ لَو أَتَيْتَني بِقُرابٍ الأَرْضِ خطايا، ثُمَّ لَقِيْتَني لا تُشْرِكُ بِي شَيْئًا، لأَتَيْتُكَ بِقُرَابِهَا مَغْفِرَةً
«Аллоҳ таъоло гуфтааст: Эй фарзанди одам! Агар дар ҳоле ба сӯйи ман биёӣ ва бо ман мулоқот кунӣ, ки ба пурии кураи замин гуноҳ кардаӣ, вале ҳеҷ чизу ҳеҷ касро ба ман шарик насохта бошӣ, ман бо ҳамин андоза мағфират ва омӯриш наздат хоҳам омад». (ривояти Имом Тирмизӣ, ва онро ҳасан донистааст).
Баёни масъалаҳои ин боб:
1) Бузургӣ ва фарогирии раҳмат ва фазли Аллоҳ таъоло.
2) Зиёд будани аҷру подоши тавҳид дар назди Аллоҳи мутаъол.
3) Илова бар инки тавҳид аҷру подоши зиёд дорад, инчунин сабаби омурзиши гуноҳон аст.
4) Тафсири ояти 82-уми сураи Анъом, ва инки вожаи «зулм» дар ин оят ба маънои ширк аст.
5) Андеша кардан дар мавриди панҷ масъалае ки дар ҳадиси Убода ибни Сомит омадааст.
6) Бо ҷамъ кардан байни ҳадисҳо, яъне ҳадиси Убода ва ҳадиси Итбон ва дигар ҳадисҳои ин мавзуъ, маънои ҳақиқии «Ло илоҳа иллал-лоҳ» барои мо маълум мешавад, ва ҳамчунин иштибоҳи «фиребхӯрдаҳо» барои мо маълум мешавад. (Фиребхӯрдаҳо онҳое ҳастанд, ки гумон мекунанд гуфтани«Ло илоҳа иллал-лоҳ» ба (танҳоӣ бидуни амал кардан) кифоят мекунад).
7) Шарти қабул шудани «Ло илоҳа илаллоҳ» ин аст, ки онро бо ихлос ва барои хушнудии Аллоҳ таъоло гуфта бошад. Чӣ тавре ки дар ҳадиси Итбон омадааст.
8) Ҳатто Паёмбарон низ ниёз доштанд, ки фазилати «Ло илоҳа иллал-лоҳ» ба онҳо ёдоварӣ карда шавад.
9) «Ло илоҳа иллал-лоҳ» (дар ҳисоби рӯзи Қиёмат) аз ҳамаи мавҷудот вазнинтар ва бартар аст; вале бо ин ҳол тарозуи бисёре аз гӯяндагони ин калима сабук хоҳад буд (аз сабаби гуноҳҳои зиёд, ва аз сабаби ба ҷой наёвардани ҳуқуқ ва шартҳои ин калима).
10) Замин низ монанди осмон дорои ҳафт табақа мебошад.
11) Дар ҳафт табақаи осмон мавҷудоте сукунат доранд.
12) Исботи маънои ҳақиқии сифоти Аллоҳи мутаъол; бар хилофи ашъариҳо (ва аҳли таътил, ва касоне ки мункири сифоти Аллоҳ ҳастанд ва дар ин боб сифати «ваҷҳ» дар ҳадиси Итбон омадааст).
13) Дар ҳадиси Итбон (разияллоҳу анҳу) омадааст, ки Расулуллоҳ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) фармуд: «Ҳамоно Аллоҳ оташи дузахро ҳаром гардонидааст барои ҳар касе, ки «ло илоҳа иллал-лоҳ» – ро танҳо барои ризои Аллоҳ гуфта бошад». Бо шинохтани ҳадиси Анас (разияллоҳу анҳу), ки дар Тирмизӣ омадааст, маънои дурусти ҳадиси Итбонро дармеёбем, ки хушнудӣ ва ризои Аллоҳ таъоло ин тарк ширк аст, ва гуфтани забонии «Ло илоҳа иллал-лоҳ» ба танҳоӣ кофӣ нест ва он тарки ширк нест.
14) Андеша ва тааммул кардан бар инки Исо ва Муҳаммад (салому дуруди Аллоҳ бар ҳардуи онҳо бод) ҳардуяшон бандаи Аллоҳ ва паёмбари Аллоҳ ҳастанд.
15) Донистани инки яке аз сифатҳои Исо (алайҳис-салом) ин аст, ки ӯ калимаи Аллоҳ ҳаст (яъне пайдоиши ӯ дар натиҷаи калимаи Аллоҳи мутаъол аст, ки ба Марям илқо кардааст ва бо гуфтани «Бишав» ӯро пайдо кардааст).
16) Инчунин яке аз сифатҳои дигари Исо (алайҳис-салом) ин аст, ки ӯ руҳе аз Аллоҳ ҳаст (руҳе мисли дигар арвоҳи офаридаи Аллоҳ ҳаст, ки барои ташриф ва такрим Аллоҳ таъоло он руҳро чунин ба худаш нисбат медиҳад, мисли китоби Аллоҳ, ва Байтуллоҳ ва ғайра, ва ин ҳеҷ гоҳ ба ин маъное нест, ки Исо ҷузъе аз Худованд бошад (Аллоҳ паноҳ диҳад аз ин гуна ақидаи ботил)).
17) Донистани фазилати имон ба Ҷаннат ва Дузах.
18) Донистан ва андеша кардан дар мавриди ин фармудаи Паёмбар (дар ҳадиси Убода): « علي ما كان من العمل – Бар ҳар амале ки бошад». (Яъне гӯяндаи «Ло илоҳа иллал-лоҳ» ҳар амале ки дошта бошад, саранҷом вориди Биҳишт хоҳад шуд, модоме ки ширк наварзидааст).
19) Тарозу ду палла (киффа) дорад.
20) Исботи сифати «Ваҷҳ (яъне рӯй)» барои Аллоҳ таъоло.
[1]Калимаи Аллоҳ аст, яъне аз сухани Худованд офарида шудааст. Аллоҳ фармуд: Бишав! Пас ӯ (Исо) бишуд, ба вуҷуд омад.
[2]Исо «Руҳуллоҳ» гуфта шудааст, ва ин «Руҳуллоҳ» гуфтан ва нисбат додани Исо ба Аллоҳ, нисбати шараф ва икром аст, мисли Хонаи Аллоҳ, ва Китоби Аллоҳ гуфтан. Ва Исо алайҳис-салом руҳе аз руҳҳои (нафсе аз нафсҳои) офаридаи Аллоҳ ҳаст.
[3]Яъне дар охир ӯро баъди муҳосаба кардан ва подоши аъмолашро додан, вориди Биҳишт месозад, зеро ки соҳиби тавҳид ва гӯяндаи калимаи тавҳид соҳиби наҷот аст.
***— бо истифода аз тарҷумаҳои Абу Муҳаммад ва Исҳоқ ибни Абдуллоҳи Дабирӣ ал-Авазӣ –