×
Ин мақола иборат мебошад аз баъзе хатоҳоеки ҳоҷиёни хонаи Худо дар ҳангоми тавоф кардан дар гирди хонаи Худо, ва инчунин ҳангоми саъӣ кардаи миёни сафо ва марва гирифтори он мешаванд, ва барои огоҳ намудани ҳоҷиёни хонаи Худо хостем ин хатоҳоро зикр кунем то инки ҳоҷиёни хонаи Худо аз ин хатоҳо ҳазар кунанд. Ва ин хатоҳо иборат мебошанд аз.

    Баъзе хатоҳое, ки ҳоҷиёни хонаи Худо дар ҳангоми тавоф ва саъӣ гирифтори он мешаванд

    ] طاجيكية – TajikiТоҷики [

    Таҳия: Қисми илмии дори Ватан

    2010 - 1431

    أخطاء يرتكبها بعض الحجاج في الطواف والسعي

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد: القسم العلمي بمدار الوطن

    2010 - 1431

    Баноми Худованди меҳрубон

    Баъзе хатоҳое, ки ҳоҷиёни хонаи Худо дар ҳангоми тавоф ва саъӣ гирифтори он мешаванд:

    Якум: Хатоҳои тавоф дар гирди хонаи Худо:

    Ин мақола иборат мебошад аз баъзе хатоҳое, ки ҳоҷиёни хонаи Худо дар ҳангоми тавоф кардан дар гирди хонаи Худо, ва инчунин ҳангоми саъӣ кардан миёни сафо ва марва гирифтори он мешаванд, ва барои огоҳ намудани ҳоҷиёни хонаи Худо хостем ин хатоҳоро зикр кунем то инки ҳоҷиёни хонаи Худо аз ин хатоҳо ҳазар кунанд. Ва ин хатоҳо иборат мебошанд аз:

    1) Талафуз кардани нияти тавоф бо забон: чун нияти тавофро бо забон талафуз кардан бидъат аст, ба хотире, ки Пайғамбари Худо ин корро накарда буд, ва на барои кардани он амр карда буд.

    2) Хондани дуъоҳои хос дар ҳангоми тавоф, чун баъзе ҳоҷиён ба чунин ақида ҳастанд ки ҳар як гардиши гирди хонаи Худо барои худ дуъоӣ хос дорад ва худро ба он дуъоҳо мултазим месозанд, ва албатта ин ҳам бидъат аст чун аз Пайғамбари Худо барои тавофи хонаи Худо дуъоҳои махсус зикр нашуда аст.

    3) Дуъо кардан бо овози баланд ҳангоми тавоф дар гирди хонаи Худо.

    4) Бисёр издиҳом кардан дар назди "ҳаҷарул асвад" ва рукни ямома барои даст расодан дар онҳо, чун издиҳом кардан сабаби азияти ҳоҷиёни хонаи Худо мегардад барои ҳамин издиҳо кардан дуруст нест.

    5) Якҷо шудани занҳо бо мардҳо дар ҳангоми тавоф, яъне: музоҳамат ва наздик шудани занҳо бо мардҳо ҳангоми тавоф дуруст нест.

    6) Буса намудани "рукни ямома" ва дурусташ даст расодан бо он аст, на буса кардани он.

    7) Гумон доштан дар он ки даст расонидани ҳаҷарул асвад ва рукни ямома барои табаррук аст, ва дурусташ ин аст ки даст расонида ба онҳо барои табарук не балки барои баҷо овардани ибодати Худо мебошад.

    8) Рамл "зуд роҳгаштан дар тавоф" кардан дар ҳар гардиши гирди хонаи Худо, ва дурусташ ин аст ки рамл кардан танҳо дар се гардиши аввал мбошад.

    9) Баъзе аз ҳоҷиён ҳангоми тавоф хонаи каъбаро пушти сар мекунанд, ва ё худро ҳангоми тавоф рубаруи каъба мекунанд ва инчунин баъзе аз онҳо каъбаро аз дасти рости худ мемонанд дар ҳоле, ки ҳамаи ин корҳо хато мебошанд ва дурусташ ин аст ки ҳангоми тавоф каъба аз дасти чап бояд бимонад.

    10) Ламс кардани атрофи каъба аз чор тараф, албатта ин хато аст, ва дурусташ даст расодан ба ҳаҷари асвад ва агар имкон бошад буса кардани он ва ё ишора кардан ба онҳам кифоят мекунад, ва инчунин даст расонидан ба рукни ямома ва на буса кардани он.

    11) Хондани ду ракаъати намози баъди тавоф танҳо дар пушти мақоми ҳазрати иброҳим, чун баъзе ҳоҷиён гумон мекунанд, ки ду ракъат намози баъди тавоф танҳо дар пушти мақоми ҳазрати Иброҳим хонда мешавад барои ҳамин дар онҷо миёни ҳоҷиён музоҳамат сахт ба миён меояд ва сабаби азияти ҳоҷиён мегардад, ва дурусташ ин аст ки хондани ду ракъат намози баъди тавоф дар ҳаргушаи ҳарам дуруст аст.

    12) Дароз хондани намози тавоф, ва дурусташ кутоҳ хондани он аст.

    13) Баъзе аз ҳоҷиён дар назди мақоми ҳазрати Иброҳим дуъои хосе ба номи "дуъои мақоми ҳазрати Иброҳим" мехонанд, ва ин дуъо бидъат буда ягон асле дар шариъати ислом надоард.

    Дуюм: Хатоҳои саъӣ миёни сафо ва марва:

    1) Талафуз кардани ният барои саъи миёни сафо ва марва, ва инчунин такия кардан ба баъзе китобчаҳое, ки иборат аз баъзе дуъоҳои бидъати мебошад.

    2) Дуъо кардан дар миёни сафо ва марва бо овози баланд, ва инчунин дуъо кардани ҷамоъи дуруст нест.

    3) Тез роҳ нагаштан дар миёни "ду хати сабзе, ки миёни сафо ва марва вуҷуд дорад" ва дурусташ ин аст ки ҳоҷи дар миёни ин ду хат бояд камтар тезтар роҳ гардад.

    4) Тез роҳ гаштани занҳо миёни "ду хати сабзе, ки миёни сафо ва марва вуҷуд дорад", ва дурусташ ин аст ки занҳо бояд дар ҳамаи саъи миёни сафо ва марва оҳиста роҳ гарданд чун тез роҳ гаштан танҳо барои мардҳо суннат аст.

    5) Баъзе аз ҳоҷиён гумон мекунанд ки миёни сафо ва марва рафтан ва омадан як тавоф ҳисоб мешавад, ва дурусташ ин аст ки миёни сафо ва марва рафтану омадан ду товоф ҳисоб мешавад, пас се маротиб рафтану омадан бо якбори дигар рафтан ҳафт шавт шуда саъӣ пура мегардад.

    6) Саъӣ кардан миёни сафо ва марва ба воситаи савор шудан дар ароба бидуни узр дуруст нест.

    7) Баъзе аз ҳоҷиён гумон мекунанд ки пеш аз саъӣ таҳорат кардан лозим аст ки ин гумони хато аст, ва дурусташ ин аст ки таҳорат кардан барои саъӣ мустаҳаб аст, ва инчунин агар зан дар ҳолати ҳаӣз ва ё нифос бошад саъӣ кардани у дуруст аст.