×
Шунидам, ки масҳ кашидан бар рӯй баъди дуъо бидъат будааст, ва инки бӯса кардани Қуръони карим бидъат будааст, дар ин маврид равшани андозед?

    Ҳукми масҳи рӯй баъди дуъо ва ҳукми бӯса кардани Қуръон

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Тарҷума ва таҳия: Муҳаммадазиз Раҷабӣ

    2014 - 1435

    حكم مسح الوجه بعد الدعاء وحكم تقبيل القرآن

    « باللغة الطاجيكية »

    إعداد وترجمة: محمد عزيز رجب

    2014 - 1435

    Ҳукми масҳи рӯй баъди дуъо ва ҳукми бӯса кардани Қуръон

    Савол: Шунидам, ки масҳ кашидан бар рӯй баъди дуъо бидъат будааст, ва инки бӯса кардани Қуръони карим бидъат будааст, дар ин маврид равшани андозед?

    Аллоҳ шуморо подоши некӯ диҳад

    Ҷавоб: Масҳ кашидани рӯй баъди дуъо бидъат нест, лекин тарки он беҳтар аст, ба хотири онки аҳодис дар ин масъала заъиф ҳастанд. Гурӯҳе аз аҳли илм онро ҳасан гуфтаанд. Зеро ки аз ҷумлаи аҳодиси ҳасан лиғайриҳӣ ҳаст. Ҳамчуноне ки Ҳофиз Ибни Ҳаҷар (раҳимаҳуллоҳ) дар охири Булуғул-Маром гуфтааст. Ва дигарон низ инро зикр кардаанд.

    Пас ҳар касе ки ин аҳодисро аз боби аҳодиси ҳасан медонад, масҳ кашиданро мустаҳабб мегӯяд, ва аммо оне ки ин ҳадисҳоро заъиф медонад, масҳ кашиданро мустаҳабб намедонад.

    Дар ҳадисҳои саҳеҳ масҳ кашидани рӯй баъди дуъо нест, он ҳадисҳои маъруфе, ки дар саҳеҳайн (Бухорӣ ва Муслим) ҳаст. Ва ё инки дар яке аз ин ду китоби саҳеҳ, масҳ нест. Балки дар он танҳо дуъо омадааст.

    Пас агар касе масҳ кашид, боке надорад, ва агар касе тарк кард он беҳтар аст; зеро ки ҳадисҳое, ки дар он масҳ ривоят шудааст, чӣ тавре ки гуфтем заъиф ҳастанд.

    Лекин агар касе масҳ кашид мушкиле нест, инкор намекунем, ва бидъат намегӯем.

    Дуввум суол чӣ буд?

    Бӯса кардани мусҳаф?

    Ҳамчунин бӯса кардани Қуръон боке надорад, ва бидъат нест. Зеро ки ин аз боби таъзими Қуръон аст ва аз боби муҳаббат ба Қуръон аст.

    Ривоят шудааст, ки Икрима ибни АбиҶаҳл мусҳафро бӯса мекардааст, ва мегуфтаст: Ин каломи парвардигори ман аст!

    Лекин ин бӯса кардани мусҳаф машруъ нест, ва таркаш беҳтар аст. Аммо агар касе бӯса кард, пас мушкиле нест.

    Ҷазокумуллоҳу хайран.

    Фатовои «Нурун ала дарб», имом Абдулазиз ибни Боз (раҳматуллоҳ алайҳ).

    http://www.binbaz.org.sa/mat/11228