Ҳукми дуъои дастаҷамъӣ ва дуъоҳои баъди намоз (ва матолиби дигаре дар мавриди дуъо)
Дастабандиҳо
Full Description
Ҳукми дуъои дастаҷамъӣ ва дуъоҳои баъди намоз (ва матолиби дигаре дар мавриди дуъо)
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Таҳия ва тарҷума: Муҳаммадазиз Раҷабӣ
2013 - 1435
حكم دعاء الجماعي وأدعية بعد الصلوات
«باللغة الطاجيكية»
إعداد و ترجمة: محمد عزيز رجب
2013 - 1435
Ҳукми дуъои дастаҷамъӣ ва дуъоҳои баъди намоз (ва матолиби дигаре дар мавриди дуъо).
Савол: Ҳукми дуъо кардан бо ҷамоъат чист ва ҳамчунин дуъоҳои сегонаи ҷамоъавӣ баъди намозҳо чӣ ҳукм дорад?
Ҷавоб: Ба номи Аллоҳ, ва ҳамду сано Аллоҳ таъолоро, ва салому дуруди Аллоҳ бар Муҳаммад ва олу асҳобаш.
Қоъидае ҳаст, ки «Асл дар ибодат таваққуф (манъ, бутлон ва ҳазр) аст», ва з-ин сабаб бар мусалмон воҷиб аст, ки дар ибодати хеш пойбанди далел бошад. Ва бидуни далел ва раҳнамоии шаръ ибодатеро ба ҷо наёрад. Ва ин қоъидаи шаръиро Ибни Ҳаҷари шофеъӣ ва Насафии ҳанафӣ ва Ибни Дақиқи моликӣ (ва шофеъӣ) ва ғайра аз аҳли илм зикр кардаанд.
Ва ҳамчунин қоъидаи дигар ин аст, ки:
إذا تَرَكَ الرسول صلى الله عليه وسلم فعل عبادة من العبادات مع كون موجبها وسببها المقتضي لها قائمًا ثابتًا، والمانع منها منتفيًا، فإن فعلها بدعة.
«Ҳарчӣ аз ибодот, ки Паёмбар (ва ёронаш) имкони карданашро доштанд ва сабабу муқтазои он барояшон фароҳам буд ва монеъае барояшон вуҷуд надошт, вале онро анҷом надодаанд, пас анҷом додани он имрӯз бидъат аст».
Ва низ ин ду қоъидаи дигар:
كل عبادة وردت في الشرع على صفة مقيَّدة، فتغيير هذه الصفة بدعة.
كل عبادة مطلقة ثبتت في الشرع بدليل عام، فإن تقييد إطلاق هذه العبادة بزمان أو مكان معين أو نحوهما، بحيث يوهم هذا التقييد أنه مقصود شرعًا من غير أن يدلَّ الدليل العام على هذا التقييد فهو بدعة.
1. «Ҳар ибодате ки дар шариъат бо сифати махсусе ворид шудааст, пас тағйир додани ин сифат бидъат аст».
2. «Ва ҳар ибодати мутлақе ки дар шариъат бо далели ъомм (умум) собит шудааст, пас махсус кардани ин ибодати мутлақ бо замону макони муъайяне, (то чунон вонамуд шавад, ки чунин тақйид ва хусусият аз ҷониби шаръ амр шудааст, бидуни онки далели оми шаръӣ ба чунин тақйид амр карда бошад), пас чунин тақйид ва махсусгардонӣ бидъат аст».
(Барои тафсилоти бештар, бингаред: «Қавоъиду маърифатил-бидаъ»-и д. Муҳаммад Ҷизонӣ).
Ҳукми дуъои дастаҷамъӣ
Шайх Муҳаммад Солиҳ Мунаҷҷид мегӯяд:
«Дуъо бо ҷамоъат (яъне яке дуъо мекунад, ва боқимондагон омин мегӯянд), ё ки собит аст, мисли дуъои истисқо ва қунут, ки дар машруъияти он (яъне ҷоиз будани он) шакке нест.
Ва ё инки дар ҷойҳое ҳаст, ки дар мавриди он чизе аз суннати набавӣ ворид нашудааст, мисли дуъо пас аз намоз, ва пас аз дафни маййит, ва ё дар Арафа ва амсоли он. Пас дар чунин ҳолатҳо агар аҳёнан бошад, пас боке надорад, вале агар одати мустамир (давомнок) шавад, пас бидъат аст».
http://www.islamqa.com/ar/ref/93757
Аз Имом Аҳмад ибни Ҳанбал суол карда шуд:
Оё кароҳат дорад (нописандида аст), ки қавме бо ҳам ҷамъ оянд ва Худовандро дуъо кардаву дастони худро бардоранд?!
Дар посух гуфт:
سئل الإمام أحمد رحمه الله : هل يكره أن يجتمع القوم يدعون الله ويرفعون أيديهم؟ قال: ما أكرهه للإخوان إذا لم يجتمعوا على عمد إلا أن يكثروا. انتهى
«Ин корро барои бародарон макруҳ намедонам, агар қасдан ҷамъ наоянд, магар инки зиёд чунин кунанд».
قال ابن منصور: قال إسحاق بن راهويه كما قال ، وإنما معنى: إلا أن يكثروا: إلا أن يتخذوها عادة حتى يكثروا
Ва ибни Мансур гӯяд: Исҳоқ ибни Роҳавайҳ низ мисли имом Аҳмад гуфтааст.
Ва маънои сухани Имом Аҳмад – (магар инки зиёд чунин кунанд) ин аст: Магар инки онро одати худ қарор диҳанд, то инки зиёд чунин карда шавад.
Ва АбулАббос Фазл ибни Меҳрон гуфтааст:
Аз Яҳё ибни Муъин ва Аҳмад ибни Ҳанбал (раҳматуллоҳи алайҳимо) суол кардам, ки назди мо қавме ҳастанд, ки ҷамъ мешаванд ва Қуръон мехонанду зикри Аллоҳ таъоло мекунанд, дар мавриди эшон чӣ мефармоӣ?
Аммо Яҳё ибни Муъин гуфт: Аз мусҳаф бихонад, ва баъди намоз дуъо бикунад, ва бо худаш (бидуни ҷамъ шудан бо касе) Аллоҳро ёд кунад.
Гуфтам: Бародаре дорам, ки чунин мекунад.
Гуфт: Ӯро наҳй кун (боздор).
Гуфтам: Қабул намекунад.
Гуфт: Панду андарзаш деҳ.
Гуфтам: Қабул намекунад, ӯро тарк кунам (яъне ӯро ҲАҶР намоям)?
Гуфт: Бале.
Сипас ба назди Аҳмад омадам ва мисли он суханро барояш нақл кардам, ва Аҳмад низ бароям гуфт:
Аз мусҳаф қироат мекунад, ва Худовандро дар нафси хеш ёд мекунад, ва ҳадиси Расулуллоҳро талаб менамояд.
Гуфтам: Пас ӯро (аз он кораш) манъ намоям?
Гуфт: Бале.
Гуфтам: Агар қабул накард чӣ?
Гуфт: Қабул хоҳад кард иншоаллоҳ, зеро ки он бидъат аст. Яъне он ҷамъ шудан ва он васфе ки кардӣ.
Гуфтам: Агар қабул накард, ӯро тарк намоям (яъне ӯро ҲАҶР кунам)?
Имом Аҳмад табассум намуд сукут кард.
(«Ал-Одобуш-Шаръийя», 2/102).
Ва шайхул Ислом Ибни Таймия (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст:
الاجتماع على القراءة والذكر والدعاء حسن مستحب إذا لم يتخذ ذلك عادة راتبة كالاجتماعات المشروعة، ولا اقترن به بدعة منكرة.
«Ҷамъ омадан ба хотири қироат ва зикру дуъо хуб асту мустаҳабб, агар онро мисли иҷтимоъоти машруъа одати доима қарор надиҳанд, ва ҳамчунин ба он ҷамъомад бидъати мункаре ҳамроҳ нагардад». («Маҷмуъул-фатово», 22/523).
Аз аллома ибни Усаймин (раҳимаҳуллоҳ) чунин суол карда шуд:
Баъзе аз мардум (бар амре) ҷамъ мешаванд, ва дар ниҳояти он нишаст дуъои дастаҷамъӣ мекунанд, як нафар дуъо мекунад ва дигарон омин мегӯянд. Оё ин дуруст аст?
Дар ҷавоб гуфтааст:
Дуруст аст, агар ба таври одат набошад. Зеро ки агар одат карда шавад, пас (мисли) суннат мешавад, ҳол онки чунин одат суннат нест.
Пас агар онро одат намоянд, ки ҳар гоҳ (дар ҷамъомади худ) нишастанд онро бо дуъо хотима диҳанд, пас бидъат аст. Зеро ки мо чунин феълро аз Паёмбар (алайҳис-салоту вас-салом) хабар надорем.
Аммо агар аҳёнан бошад, мисли онки сабабе аз шодӣ ва ё аз нохушӣ бар онҳо бигзарад, ва сипас Аллоҳро дуъо кунанд, пас боке надорад. Зеро ки фарқ аст байни чизи давомнок ва чизи ногаҳонӣ. Шояд инсон чизҳои ногаҳониро мекунад, ва маломат карда намешавад.
Ҳамчуноне ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) аҳёнан (гоҳ-гоҳ) ҳамроҳи баъзе аз саҳобагон намози шабро ҷамоъат мехонд. Вале бар замми ин, аз суннат нест, ки инсон намози шабро ҷамоъат бихонад, магар аҳёнан.
(«Лиқоот боб мафтуҳ», 21/117).
Масъалаи дуъои ҷамоъӣ кардан баъди намозҳо
Аввал бингарем ба асли худи дуъо кардан (бо танҳоӣ) пас аз намозҳои фарзӣ.
Дар мавриди дуъо кардан пас аз намозҳои фарзӣ (ҳар шахс дар танҳоӣ), аҳли илм ба ду қисманд:
* 1. Гуруҳе аз аҳли илм мегӯянд, ки дуъо кардан пас аз намоз машруъ ва ҷоиз аст, ба далели ин фармудаи Паёмбар (алайҳис-салоту вас-салом) ба Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳу): «Пас аз ҳар намозат инро ҳеҷ гоҳ тарк макун, ки бигӯӣ: Илоҳо, маро бар ёд карданат ва шукри туро ба ҷой овардан ва туро некӯ ибодат кардан ёрӣ намо!». (АбуДовуд, Насоӣ, тасҳеҳи Ибни Ҳиббон ва Ҳоким).
Ва имом Бухорӣ (раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст: Боби дуъо кардан пас аз намоз.
Ибни Ҳаҷар (раҳимаҳуллоҳ) гӯяд: «Яъне намози фарзӣ, ва дар ин тарҷума (яъне дар ин бобгузории имом Бухорӣ) раддест бар онҳое гуфтаанд, ки дуъо кардан пас аз намоз машруъ нест».
Ва гуфтаанд, ки суннат ин аст, ки ҳар фарди намозгузор сирран дуъо бикунад.
Имом Нававӣ мегӯяд:
إن الذكر والدعاء بعد الصلاة يستحب أن يسر بهما، إلا أن يكون إماماً فيجهر ليتعلموا، فإذا تعلموا وكانوا عالمين أسرّه
«Мустаҳабб аст, ки зикр ва дуъоро баъди намоз сирран ба ҷой орад, магар инки имом бошад, дар ин ҳолат (яъне агар имом бошад) онро зикру дуъои худро ҷаҳрия анҷом медиҳад, то биёмӯзанд. Ва чун омӯхтанд ва онро донистанд, онро сиррӣ анҷом медиҳад».
Ва дар китоби «Мадхал»-и Ибни Ҳоҷи Моликӣ омадааст:
وكذلك يستحب لكل واحد من المصلين أن يدعو لنفسه ولمن حضره من إخوانه المسلمين من إمام ومأموم، وليحذروا جميعاً من الجهر بالذكر والدعاء، اللهم إلا أن يريد الإمام بذلك تعليم المأمومين بأن الدعاء مشروع بعد الصلاة فيجهر بذلك ويبسط يديه -على ما قاله الشافعي- حتى إذا رأوا أنهم قد تعلموا أمسك
«Ҳамчунин мустаҳабб аст, ки ҳар намозгузор барои худ ва барои ҳозирин аз бародарони мусалмонаш дуъо бикунад, ва барҳазар бошанд ҳамаи онҳо аз онки зикру дуъои хешро бо ҷаҳрия анҷом диҳанд. Магар инки имом ба хотири таълими маъмумин (яъне қавм) дуъоро ҷаҳрия бикунад, то бидонанд, ки дуъо баъди намоз ҷоиз аст… Ва чун диданд, ки қавм омухтаанд, пас худдорӣ мекунад».
* 2. Аммо гуруҳи дигаре аз аҳли илм ҳатто дуъо кардани (ҳар шахс дар танҳоӣ)-ро низ баъди намозҳои фарзӣ машруъ намедонанд ва далели онҳо ин аст, ки ҳадисҳои ин боб далолат ба дохили намоз дорад на беруни намоз. Яъне ки дуъо ва муноҷот дар дохили намоз аст, ва аммо берун аз намоз азкор аст, на дуъо.
Пас дуъо кардан дар намозҳои фарзӣ бояд дар дохили намоз қабл аз салом бошад ва аммо баъди салом кардан ва хориҷ шудан аз намоз вақти зикрҳои маъсура ҳаст!
Зеро ки аз Паёмбар дар ин маврид ҳадиси сареҳе ворид нашудааст, ки ӯ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) баъди намозҳои фарзӣ дуъову муноҷот карда бошад.
Ва аммо баъди намозҳои нафлӣ ва ё инки дар умум, дуъо кардан машруъ ва ҷоиз аст, ки албатта баҳси ҷудогона дорад.
Пас мерасем ба масъалаи дуъои дастаҷамъӣ баъди намозҳои фарзӣ!
Дуъои дастҷамъӣ баъди намозҳо аз суннати набавӣ нест, ва ҳеҷ хабаре аз Паёмбар ва ёрони ӯ ва ё ҳатто Тобиъин ворид нашудааст, ки онҳо баъди намозҳои хеш чунин дуъое карда бошанд.
Зафар Аҳмади Таҳнавии ҳанафӣ — соҳиби «Эълоус-Сунан» дар ин масъала сароҳатан ва возеҳу ошкор баъзе аз ақвомро танқид кардааст, ва ин дуъоҳои сегонае ки дар кишварҳое мисли Ҳиндустону Покистон, ва Афғонистону Осиёи миёна маъруф аст, бидъат гуфтааст.
Устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода (раҳимаҳуллоҳ) низ дар рисоле дар баёни одоби дуъо, бо иқтибос аз «Эълоус-Сунан» ин масъаларо баррасӣ кардаву бидъат будани онро баён кардааст.
Ва низ шайх АбдулҲай Юсуф (раиси қисми «Фарҳанги Исломӣ»-и донишгоҳи Хуртуми Судон) мегӯяд:
«… дар дуъо кардани ҷамоъӣ баъди намозҳо якчанд маҳзурот (амри мухолифи шаръ ва муҳаррамот) ба вуқуъ меояд:
1. Мухолифат бо ҳадйи набавӣ (суннати набавӣ), зеро ки Паёмбар чунин амалро накардааст.
2. Ташвиш бар намозгузорони масбуқе, ки баъди салом додани имом ба намози худ бояд бипардозанд.
3. (Натиҷаи ин бидъат) – баъзе аз мардум, агар аз паси имоме намоз бигзорад ки дуъо намекунад, дар қалбаш ҳараҷе пайдо мешавад, ва ҳатто гумон мекунад, ки намозаш ботил аст. Ва ҳамин (натиҷаи бидъат) худ ба танҳои мафсадае бузург аст.
*** (Мегӯям (Раҷабӣ): Бале дар ҳақиқат ҳам кор ба ҷойе расидааст, ки баъзеҳо бо ҷамоъат дуъо накарданро аз мубтилоти намоз медонанд, ва онро ба ҳадди вуҷуб ва ҳатмият расонидаанд).
Ва ахиран мегӯям, ки ин масъала набояд сабаби барангехтани бадбиниву буғзу адоват ва тафриқа байни аҳли масҷид гардад. Балки бар имомҳои масоҷид воҷиб аст, ки дар пайравӣ аз суннат ва таълими он бар мардум ҳарис бошанд, бо риъояти рифқу меҳрубонӣ. Ва Аллоҳ тавфиқдиҳанда ва ёру ёвар аст, ва салому дуруди Аллоҳ бар Муҳаммад ва олу асҳобаш».
Бардоштани дастҳо барои дуъо дар умум ва ё баъди намозҳои фарзӣ
Масъалаи дигаре, ки марбут ба дуъо ҳаст, ин рафъи дастон дар дуъо мебошад.
Дар асл бардоштани дастон дар дуъо аз асбоби иҷобати дуъо ҳаст, ва ҳадиси машҳури Паёмбар аст, ки Аллоҳ таъоло дастони бардоштаи банди хешро холӣ бознамегардонад.
Вале аз суннати худи Паёмбар маълум мегардад, ки ӯ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) дар бардоштани дастон (ғолибан) бар се ҳолат будааст:
1. Ҷойҳое ки бардоштани дастон дар дуъо аз ӯ собит аст.
2. Ҷойҳое ки ӯ дастони худро набардоштааст.
3. Ҷойҳое ки аз ӯ на бардоштан ва на набардоштан маълум нест.
Пас хулосаи қавл ин аст, ки дар он ҷойе ки Паёмбар дастони худро бардоштааст, мо бо пайравӣ аз ӯ дастони худро мебардорем, ва дар он ҷойҳое ки набардоштааст, мо низ намебардорем, ва аммо дар он мавзеъе ки маълум нест, пас бардоштани дастон аз адоби дуъо ҳаст ва аз асбоби иҷобати дуъост, дар ин ҳолат мебардорем.
Ва аммо бардоштани дастон баъди намозҳои фарзӣ аз Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) собит нест. Пас ҳар нафаре ки дар ин маврид мухолифат карданӣ ҳаст, бояд бо истинод бо далеле собит кунад, ки Расулуллоҳ дар ин тули зиёда аз 20 сол дастони худро дар фалон мавзеъ бардоштааст ва ё набардоштааст, ва ё инки ҳақро бипазирад!
Дуъо ба хотири таъом
Аз Лаҷнаи доимаи ифто суол карда шуд, ки шахсе ҳар рӯзи Ҷумъа одати таъом додан ба гурӯҳе аз мардумро дорад, ва баъди таъом мардум аз ҷойи худ барнамехезанд, балки дуъо кардани якеяшонро интизор мешаванд, ки соҳиби таъом ӯро таъйин кардааст (яъне барои дуъо кардан), то дуъо бикунад, ки савоби ин таъом ба аҳлу хешовандони фавткардаашон бирасад. Ва дар ин асно дуъокунанда ва ҳозирин дастони худро мебардоранд ва омин мегӯянд. Пас оё ин дуъо, ки дар он дастонро мебардоранд баъди таъом ҷоиз аст ё не?!
Ҷавоб: Дуъои ҷамоъӣ баъди таъом бо ин шакли зикршуда асле дар ин шариъати мутаҳҳар надорад. Пас воҷиб аст, ки тарк карда шавад, зеро ки бидъат аст. Ва воҷиб аст, ки иктифо кард бо ончӣ, ки дар суннат омадааст, мисли дуъо кардан барои соҳиби таъом бо баракат ва амсоли он. Ҳар шахс ба танҳои ин дуъоро (барои соҳиби таъом) мекунад.
Ва аз ҷумлаи он дуъоҳое ки дар суннат ворид шудааст, ин аст:
اللهم بارك لهم فيما رزقتهم واغفر لهم وارحمهم
«Илоҳо, бар онҳо баракат бидеҳ дар ончӣ, ки барояшон рӯзӣ фармудаӣ, ва гуноҳашонро мағфират намову эшонро ба раҳмати хеш бигир».
Ва ҳамчунин ин дуъо:
أفطر عندكم الصائمون، وأكل طعامكم الأبرار، وصلت عليكم الملائكة
«Рӯзадорон дар назди шумо ифтор карданд, ва таъоми шуморо некӯкорон тановул карданд, ва фариштагон бар шумо дуруд фиристоданд».
(«Фатовои лаҷнаи доима», 24/190).
Ба рӯй молидани дастон баъди дуъо кардан
Дар ин масъала хонандаеро, ки бо забони арабӣ ошно ҳаст, ба қироати китоби гаронбаҳои шайх аллома Бакр АбуЗайд даъват менамоям, вале инҷо ба таври мухтасар ин фатворо меорам:
«… аммо масҳи рӯй (чеҳра) бо дастон, дар ин маврид уламо ихтилоф доранд: Баъзе онро мустаҳабб медонанд ва баъзеи дигар онро мустаҳабб намедонанд. Зеро ки дар ҳадисҳои саҳеҳ масҳи рӯй баъди дуъо наёмадааст. Ва ҳадисҳои заъифе омадааст, ки ӯ (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бо дастонаш масҳ кашид, масҳ кашид бо ду дасти хеш рӯяшро. Пас агар (шахсе) чунин кард, боке надорад, вале агар тарк кард беҳтар аст.
Зеро ки баъзе аз аҳли илм ҳадисҳои ин бобро ёрирасони ҳадигар донистааст, ва онро аз қисми ҳадисҳои ҳасан гардонидааст, ва масҳи рӯйро мустаҳабб дониста, аз ҷумла Ибни Ҳаҷар (раҳимаҳуллоҳ) дар «Булуғул-Маром», зикр кардааст, ки ҳадисҳо ҳамдигарро тақвият менамоянд. Ва гурӯҳе дигар гуфтанд, мустаҳабб нест, зеро ки (он аҳодис) заъиф ҳастанд.
Пас хулоса ин аст, ки амри ин масъала васеъ ҳаст (яъне хилоф дар ин масъала боке надорад) ин-шоаллоҳ. Ҳар кас, ки рӯяшро молид, боке нест, ва ҳар касе ки тарк кард, шояд ки беҳтар ва авлотар бошад, зеро ки дар аҳодис масҳ нест».
(«Фатово нурун-ало дарб», ҷузъ 9, саҳ. 166).
Ва дар охир хонандаи азиз ва бародарони гиромиро ба дастрас намудани китоби пурарзиши «Паноҳгоҳи мусалмон» тавсия менамоям.
Дар ин китоб дуъову зикрҳои ҳаррӯзаи Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ҷамъоварӣ карда шудааст, ки барои ҳар ниёишкунанда ва ҳар толиби савобу аҷру подош кифоякунанда ҳаст.
Ва Аллоҳ таъоло соҳиби тавфиқ аст, ва Ӯ таъоло донову бартар аст.