Дар баёни маънои калимаҳои «Суннат» ва «ҷамоъат»
Дастабандиҳо
Full Description
Дар баёни маънои калимаҳои «Суннат» ва «ҷамоъат»
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Таҳия ва тарҷума:
Муҳаммадазиз Раҷабӣ
2013 - 1435
بيان معنى لفظ "السنة والجماعة"
«باللغة الطاجيكية»
إعداد و ترجمة: محمد عزيز رجب
2013 - 1435
Дар баёни маънои калимаҳои «Суннат» ва «Ҷамоъат».
«Суннат» чист
Ба номи Аллоҳи Раҳмон ва Раҳим.
Ҳамду сано Парвардигори оламиёнро, ва дуруду саломи Ӯ бар Муҳаммад ва олу асҳобаш.
«Суннат» дар луғат ба маънои «роҳу равиш» аст ва аммо дар истилоҳи муҳаддисин: «Суннат» — яъне ҳар чӣ ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) гуфтааст, ва ё ҳар амале, ки ӯ анҷом додааст ва ҳамчунин ҳар амалеро ки иқрор намудааст. Ва он (яъне суннати набавӣ) дар ахбори саҳеҳ нақл шудааст.
Ин аст таърифи машҳур аз суннат, ки дар зеҳни мусалмонон ҷой гаштааст, вале дар ҳақиқат истилоҳи «Суннат» маънои аз ин фарохтар ва шомилтаре дорад: «Суннат» — дар бар мегирад эътиқод, ибодот ва тариқаеро ки салафи солеҳ «насли аввали мусалмонон» пайравӣ мекарданд.
Ва ҳамчунин «Суннат» ба он чизе гуфта мешавад, ки мухолифи бидъат бошад.
Шайхул Ислом ибни Таймия (раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: «Суннат – ин яъне ончӣ ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) бар он будааст, аз эътиқод ва қавлу амал». (ниг. Ҳамавия -2).
Ва низ ҷойи дигар дар бораи «Аҳли суннат ва ҷамоъат» мегӯяд: «Аҳли суннат, онҳое ҳастанд, ки комилан ва бо диққат аз китоби Аллоҳ ва суннати Паёмбар пайравӣ мекунанд, ва ҳамчунин пайравӣ мекунанд аз ончӣ ки насли аввал аз ҷумлаи Муҳоҷирин ва Ансор бар он будаанд, ва онҳое ки бо некӣ аз эшон пайравӣ карданд». (ниг. Маҷмуъул-фатово 2/375).
Ҳофиз Ибни Раҷаби Ҳанбалӣ (ваф.795ҳ., соҳиби китоби: Ҷомиъул-улуми вал ҳикам) гуфта: «Аиммаи мо бо калимаи «Суннат» роҳу равиши Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва ёронашро дар назар доштаанд, ки роҳи холӣ аз шубуҳот ва шаҳавот аст. Ва баъдан бо калимаи «Суннат» эътиқоди саҳеҳро дар назар медоштанд, ки орӣ аз хурофот аст дар масъалаи имон ба Аллоҳ, малоик, китобҳо, паёмбарон, рӯзи Қиёмат, ва тақдир. Ва низ дар масъалаи қадру манзалати ёрони Паёмбар (разияллоҳу анҳум аҷмаъин), ва ғайраҳо.
Ва китобу рисолаҳо дар ин мавзӯъ «Суннат» номгузорӣ шуд. Ва сабаби чунин ном гирифтани ин илм, аҳамияти он буд. Ва ҳар касе, ки бо ончӣ ки дар ин китобҳо омадааст мухолифат намояд, ӯ худро ба ҳалокат андохтааст». (ниг. Кашфул-курба фи васфи аҳлил-ғурба 7).
Ва исломи дуруст – ҳамон исломест, ки мувофиқ бо Суннат бошад, ва аз ин лиҳоз имоми аҳли суннат, имом ал-Барбаҳорӣ (ваф. 329 ҳиҷрӣ, раҳимаҳуллоҳ) гуфтааст: «Бидонед, ки Ислом ин Суннат аст, ва Суннат ин Ислом аст, ва ин дуто бидуни ҳамдигар буда наметавонанд». (ниг. Шарҳус-Сунна, 34).
Юнус ибни Убайд (ваф. 124 ҳиҷрӣ, раҳимаҳуллоҳ) мегӯяд: «Дар ҳайратам аз инки дар ин рӯзҳо нафаре мардумро ба сӯи Суннат даъват намояд, ва аз ин ҳам аҷибтар он аст, ки касе ба ин даъват ҷавоб гуфтаву тариқи Суннатро бипазирад». (ниг. Ҳиля, 3/21).
Юнус ибни Убайд, ки аз ҷумлаи сиғори тобиъин ҳаст (Анас ибни Моликро дидааст), дар бораи замони хеш шикоят карда, ки СУННАТ ғариб аст ва пайравӣ аз суннат чунон амри азиме ҳаст, ки шоистаи таъаҷҷуб мебошад. Агар ӯ аз даврони хеш чунин таъаҷҷуб намояд, пас ба ин даврони мо чӣ бояд гуфт?!
Ин давроне ки аҳли суннат бо ҳар туҳмате бадном карда шудаву, аҳли бидъат ва залолат бо бузургтарин авсоф мадҳу сано карда мешаванд!
Барои ҳамин ҳам салафи солеҳи мо ҳар чӣ, ки бо эътиқод ва умуман тадайюн рабт доштааст, онро Суннат номидаанд. Ва аксари онҳо китобҳои худро ки дар мавзуъи эътиқод ва пайравӣ будааст, «суннат» номгузорӣ кардаанд. Мисли «Сунна»-и ибни Аби Осим, «Сунна»-и Абдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Ҳанбал, «Сунна»-и ал-Марвазӣ, «Сунна»-и Ибни Шоҳин, «Сунна»-и Халлол ва ғайраҳо…
Ва ин ҳама ихтилоф ва низоъе, ки байни мусалмонон ҳаст, аз сабаби дӯрӣ ҷустан ва наёмӯхтани ин китобу рисолаҳои салафи хеш аст. Ин китобу рисолаҳое ки эътиқоди салим ва равиши тадайюни гузаштагони мо дарҷ гаштааст.
«Суннат» — ин муборактарин ва муфидтарину муҳимтарин илму донише ҳаст, ки баъди китоби Аллоҳ омӯхта мешавад. Хоҳ дар умури ухравӣ бошад, ва хоҳ дар умури дунявӣ.
«Ҷамоъат» чист
Дар бисёре аз аҳодиси хеш Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) лафзи «ҷамоъат» — ро истифода кардааст ва уммати хешро ба пайравӣ аз он амр намудааст.
Аз Умар ибни Хаттоб (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) гуфт: «Ҳатман бо ҷамоъат бошед, ва барҳазар бошед аз тафриқа! Шайтон ҳамроҳи инсони танҳо ҳаст ва аммо аз ду тан дур мегардад, ва ҳар касе ки васати биҳишт (беҳтарин макони онро) бихоҳад, пас ҳамроҳи ҷамоъат бошад». Муснади Аҳмад 1/18, Ҳоким 1/114, Суннаи Ибни Аби Осим, ин ҳадисро имом Тирмизӣ, имом ал-Ҳоким, ва шайх Аҳмад Шокир ва шайх Албонӣ тасҳеҳ кардаанд.
Маънои шаръӣ ва истилоҳии калимаи ҷамоъатро ба се қисмати асосӣ ҷудо кардан мумкин аст:
Аввал: — ин пайравӣ аз ҳаққ аст, ки дар асл ҳамон пайравӣ аз салафи солеҳ мебошад. Ибни Масъуд гуфтааст: «Эй Амр ибни Маймун!, бидон, ки аксари ҷамоъатҳо мухолифи ҷамоъати ҳақ ҳастанд. Зеро ки ҷамоъат ин – мувофиқат ва пайравӣ аз ҳақ ҳаст, ҳарчанд ки ту танҳо ҳам бошӣ!». (ниг. Шарҳи усули эътиқоди аҳлис-суннати вал-ҷамоъат, саҳ. 160, Лолакоӣ (ваф. 418 ҳиҷрӣ). Санади ин хабарро шайх Албонӣ дар тахриҷи Мишкотул-Масобиҳ тасҳиҳ кардааст, 1/61.
Дуввум: — ин дар ҷамоъати мусалмонон будан аст, ки атрофи ҳоким ва амири мусалмон ҷамъ шудаанд. Саҳл ибни Абдуллоҳи Тустарӣ мегӯяд: «Ин уммат ба 73 фирқа тақсим хоҳад шуд, ки 72 – тои он ҳалокшудагонанд. Онҳо ҳама аз амири хеш ҷудо шудаанд. Ва гурӯҳи наҷотёфта ҳамоне ҳаст, ки ҳамроҳи ҳокими хеш буданд». (ниг. Қутул-қулуб, 2/242).
Ҳамчунин имом Ибни Ҷарири Табарӣ мегӯяд: «Амр бар ҷамоъат (дар аҳодиси набавӣ), — ин ба маънои итоъат аз амире ҳаст, ки мусалмонон гирди ӯ ҷамъ омадаанд. Ва он касе ки бо ӯ байъат намекунад (итоъат намекунад), ҳамон аз ҷамоъат хориҷ гаштааст». (ниг. Фатҳул-Борӣ, 13/47).
Саввум: - ин пайравӣ аз аҳли илм аст, ки ҳамонҳо ҳастанд ҷамоъат, зеро ки эшон аз дигарон беҳтар огоҳ ҳастанд аз он ҳаққе, ки бояд пайравӣ кард. Имом АбуИсо Тирмизӣ гуфтааст: «Маънои калимаи «ҷамоъат» дар назди аҳли илм, — ин уламои фиқҳ ва ҳадис ҳастанд». (ниг. Сунани Тирмизӣ 4/467).
Рӯзе аз имом Абдуллоҳ ибни Муборак пурсиданд, ки маънои «ҷамоъат» дар ин ҳадис чист: «Дасти Аллоҳ бар ҷамоъат аст»?!. (ниг. Сунна, ибни АбиОсим 1/42).
Абдуллоҳ ибни Муборак дар ҷавоб гуфт: «Абубакр ва Умар!».
Гуфтанд: «Абубакр ва Умар вафот кардаанд!».
Гуфт: «Фалонӣ ва фалонӣ».
Гуфтанд: «Фалонӣ ва фалонӣ низ вафот кардаанд!».
Гуфт: «Абуҳамза ас-Сукарӣ, — ӯ ҳаст ҷамоъат!». (ниг. Сунани Тирмизӣ, 4/467, ва ал-Иътисоми Шотибӣ 2/771).
Исҳоқ ибни Роҳавайҳ гуфт: «Дар замони хеш, ҷамоъат – ин Абуҳамза буд, ва аммо дар даврони мо, ҷамоъат – ин Муҳаммад ибни Аслам ва пайравони ӯ ҳастанд».
Ва ҳамчунин гуфт: «Агар аз ҷоҳилон бипурсӣ, ки «Саводул-аъзам» чист?. Хоҳанд гуфт: «Ҷамоъати мардум».
Вале онҳо намедонанд, ки ҷамоъат – ин олиме ҳаст, ки аз пайи Расулуллоҳ раҳсипор аст. Ва касе ки аз ӯ (яъне, аз он олим) пайравӣ кард ҷамоъат ҳаст, ва аммо оне ки бо ӯ мухолифат намуд, ҷамоъатро тарк кардааст». (ниг. Ҳилятул-Авлиё, 9/239).
Имом Шотибӣ дар баёни ин суханони Исҳоқ ибни Роҳавайҳ мегӯяд: «Аз ин суханон маълум мешавад, ки онҳое ки «ҷамоъат»-ро як гурӯҳи оддии мардум, ҳарчанд ки ҳамроҳашон олиме набошад ҳам, медонанд, дар гумроҳӣ ҳастанд. Ин фаҳми авомун-нос аст, на аҳли илм». (ниг. Ал-Иътисом, 2/267).
Имом Бухорӣ мегӯяд: «Ва Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) моро ба пайравӣ аз «ҷамоъат» амр кардааст, ва он – аҳли илм ҳастанд». (ниг. Саҳеҳи Бухорӣ, 1/648).
Ибни Қаййим мегӯяд: «Дар воқеъ, иҷмоъ ва ҳуҷҷат ва саводи аъзам – ин Олим аст. Олиме ки пайрави ҳақ мебошад, ҳатто ки агар танҳо ҳам бошад, ва ҳатто агар тамоми махлуқоти замин бо ӯ мухолифат варзанд». (ниг. Иъломул-Муваққиъин, 3/397).
Бо ин тарз, мафҳуми калимаи «ҷамоъат» танҳо ба чунин маъно бармегардад: —пойбанди ҳақ буданд.
Имом Абушома мегӯяд: «Вақто ки амр карда мешавад, ки аз ҷамоъат пайравӣ намоед, ин ба маънои пайравӣ аз ҳақ ҳаст, ва пайравӣ аз онҳое ҳаст, ки пойбанди ҳақ ҳастанд, агарчанде ки пайравони ҳақиқат андак бошанд, ва мухолифонаш бисёр! Ва ҳақиқат – он чизе ҳаст, ки насли аввал дар замони Паёмбар ва ёронаш бар он буданд. Ва мо ҳеҷ гоҳ ба касрат ва зиёдии гумроҳшудагон баъди эшон, таваҷҷуҳ намекунем». (ниг. Ал-Боъис ало инкорил бидаъи вал-ҳаводис, 91).
Аллома имом Ибни Қаййим дар шарҳи он суханон мегӯяд: «Аз суханони АбуМуҳаммад ибни Исмоъил, маъруф ба АбуШома, сухане зеботар нест (дар ин маврид)». (ниг. Иғосатул-Лаҳафон, 1/69).
Ин аст хулосаи мафҳуми шаръӣ ва саҳеҳи «ҶАМОЪАТ», ки мутаассифона имрӯз ба ҳар гуна ҳизбу гурӯҳ ва равишҳои аҳли бидъат нисбаташ медиҳанд.
«ҶАМОЪАТ» – ин ёрони Паёмбар мебошад, ки пайрави ҳақ буданд, ва пас аз вафоти ёрони Паёмбар, «ҷамоъат» — ин аҳли илм ҳастанд, ки меросбарони Паёмбар ҳастанд, ки ҳақро аз дигарон беҳтар ва дурусттар медоданд. Ва медонанд, ки Паёмбар (салому дуруди Аллоҳ бар ӯ ва олу асҳобаш бод) ва ёронаш бо чӣ роҳе рафтаанд ва чӣ равише доштаанд. Ва «ҷамоъат» он мусалмононе ҳастанд, ки Китоби Худовандро ва Суннати Паёмбарро бо фаҳми саҳоба ва аҳли илм пайравӣ менамоянд. Ҳаминҳоянд «ҷамоъат», ҳатто ки агар байнашон макону замонҳо ҷудо сохтааст!
Вал-ҳамду лиллоҳи раббил оламин.