×
Чун куфр муҷиб ва сабаби мондагор будан дар дӯзах аст, пас имон ва амали неку лузуман муҷибу сабаби раҳои аз он аст.

    Роҳҳои наҷот аз оташи дӯзах

    [Тоҷикӣ Tajiki طاجيكية –]

    Таҳия: Мусъаби Ҳамза

    2014 - 1435

    طرق النجاة من النار

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: مصعب حمزة

    2014 - 1435

    Роҳҳои наҷот аз оташи дӯзах

    Чун куфр муҷиб ва сабаби мондагор будан дар дӯзах аст, пас имон ва амали неку лузуман муҷибу сабаби раҳои аз он аст.

    Инҷост, ки мусалмонон барои раҳои аз оташи дӯзах бо тавассул бар имонашон аз парвардигор талаби наҷот мекунанд.

    Худованд мефармояд:

    ﴿ٱلَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَآ إِنَّنَآ ءَامَنَّا فَٱغۡفِرۡ لَنَا ذُنُوبَنَا وَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ ١٦﴾ [آل عمران: ١٦]

    “Ва ҳамон касоне ки (имон дили онҳоро лабрез месозад ва фарёд бармеоваранд ва) мегуянд: Парвардигоро! Мо имон овардаем, пас гуноҳони моро бибахш ва моро аз азоби оташ (дӯзах) ба дур нигаҳ дор”.

    Сураи Оли Имрон 16

    Дар ҷои дигар Худованд мефармояд:

    ﴿ٱلَّذِينَ يَذۡكُرُونَ ٱللَّهَ قِيَٰمٗا وَقُعُودٗا وَعَلَىٰ جُنُوبِهِمۡ وَيَتَفَكَّرُونَ فِي خَلۡقِ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ رَبَّنَا مَا خَلَقۡتَ هَٰذَا بَٰطِلٗا سُبۡحَٰنَكَ فَقِنَا عَذَابَ ٱلنَّارِ ١٩١ رَبَّنَآ إِنَّكَ مَن تُدۡخِلِ ٱلنَّارَ فَقَدۡ أَخۡزَيۡتَهُۥۖ وَمَا لِلظَّٰلِمِينَ مِنۡ أَنصَارٖ ١٩٢ رَّبَّنَآ إِنَّنَا سَمِعۡنَا مُنَادِيٗا يُنَادِي لِلۡإِيمَٰنِ أَنۡ ءَامِنُواْ بِرَبِّكُمۡ فَ‍َٔامَنَّاۚ رَبَّنَا فَٱغۡفِرۡ لَنَا ذُنُوبَنَا وَكَفِّرۡ عَنَّا سَيِّ‍َٔاتِنَا وَتَوَفَّنَا مَعَ ٱلۡأَبۡرَارِ ١٩٣ رَبَّنَا وَءَاتِنَا مَا وَعَدتَّنَا عَلَىٰ رُسُلِكَ وَلَا تُخۡزِنَا يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۖ إِنَّكَ لَا تُخۡلِفُ ٱلۡمِيعَادَ ١٩٤﴾ [ال عمران: ١٩١، ١٩٤]

    “Онҳо, ки Худоро истодаву нишаста ва ба паҳлӯ хуфта, (ва дар ҳама авзоъ ва аҳволи худ) ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳову замин (шигифтангез ва асроромез) меандешанд: (ва нақшаи дилрабо ва сохтори ҳайратовари он шуру ғавғое дар онон бармеангезад ва бар забони ҳолу қол мегуянд) «Эй Парвардигори мо, ин ҷаҳонро (ин дастгоҳи шигифти коинотро) ба беҳуда наёфаридаӣ, Ту покӣ, (аз даст ёзидан ба кори ботил) моро (бо тавфиқ бар анҷоми корҳои шоиста ва хуб) аз азоби оташ боздор!

    Эй Парвардигори мо, ҳар касро, (ба хотири амалҳои зишташ) ки ба оташ афканӣ, расвояш кардаӣ ва (инон бар худ ва дигарон ситам кардаанд ва) золимонро ҳеҷ ёваре нест!

    Эй Парвардигори мо, шунидем, ки нидокунандае (нидокунандаи бузургвори тавҳид яъне: Муҳаммад ибни Абдуллоҳ) (мардумро) ба имон фаро мехонд, ки ба Парвардигоратон имон биёваред! Ва мо имон овардем (ва нидои ӯро лаббайк гуфтем, акнун ки чунин аст). Пас, эй Парвардигори мо, гуноҳони моро биёмурз ва бадиҳои моро аз мо дур кун ва моро бо некон бимирон! (ва дар масири онон бимирон)

    Эй Парвардигори мо, ато кун ба мо он чиро, ки ба забони паёмбаронат ба мо ваъда додаӣ ва моро дар рӯзи қиёмат расво макун, ки Ту ваъдаи хеш хилоф намекунӣ».

    Сураи Оли Имрон 191-194

    Дар ривоятҳои зиёде ин мавзӯъ ва амалҳое ки сабаби наҷот аз оташи дӯзах ҳастанд ба тафсил тавзеҳ дода шудаанд. Ва аз ҷумлаи он амалҳо "Муҳаббати Худованд" аст.

    Дар Мустадраки Ҳоким ва Муснади Аҳмад аз ҳазрати Анас ибни Молик (р) ривоят шуда, ки Расули худо (с) фармуданд:

    و الله لا يلقى الله حبيبه في النار (صحيح الجامع 6/ 104)

    “Ба худо қасам Худованд дӯст ва ҳабиби худро ба дӯзах намеандозад”. (Саҳеҳи ҷомеъ 6/104)

    Ва дигар аз амалҳо рӯза аст, ки дар баробари дӯзах монанди сипаре аз инсон дифоъ мекунад.

    Дар Муснади Аҳмад ва Байҳақи дар шуъаби имон бо санади ҳасан аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

    قال الله تعالى: الصيام جنة يستجن بها من النار ( صحيح الجامع 6/114)

    “Рӯза сипаре аст, ки ба воситаи он аз дӯзах паноҳ ҷуста мешавад". (Саҳеҳи ҷомеъ 6/114)

    Байҳақи дар Шуъаби имон аз Усмон ибни Абилъос нақл мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд:

    الصوم جنة من عذاب الله, ( صحيح الجامع 3/246)

    “Рӯза сипаре аст дар баробри азоби Худованд”. (Саҳеҳи ҷомеъ 3/246)

    Рӯза агар дар шароити ҷиҳод бо душман анҷом гирад, бисёр пирӯзии бузурге аст.

    Аз Абусаъиди Худри ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд:

    "من صام يوما في سبيل الله , بعد الله وجهه عن النار سبعين خريفا". ( صحيح الجامع 5/310, أحمد , بخاري, و غيرهم)

    “Ҳар кас дар ҳоли ҷиҳод дар роҳи худо рӯза гирад, худованд чеҳраи ӯро ба масофаи ҳафтод сол аз дӯзах дур нигоҳ медорад”. (Саҳеҳи ҷомеъ 5/310, Аҳмад, Бухори, ва ғ.)

    Ва аз ҷумлаи амалҳое ки инсонро аз дӯзах наҷот медиҳад, тарси аз Худованд ва ҷиҳод дар роҳи Ӯ аст.

    Худованд мефармояд:

    ﴿وَلِمَنۡ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِۦ جَنَّتَانِ ٤٦﴾ [الرحمن: ٤٦]

    “Ҳар касе ки аз мақоми парвардигори худ битарсад, боғҳое (дар биҳишт) дорад”.

    Сураи Ал-Раҳмон 46

    Имом Тирмизӣ ва Насои дар сунани худ аз Абуҳурайра (р) ривоят мекунанд, ки Расули Худо (с) фармуданд:

    «لَا يَلِجُ النَّارَ رَجُلٌ بَكَى مِنْ خَشْيَةِ اللَّهِ حَتَّى يَعُودَ اللَّبَنُ فِي الضَّرْعِ وَلَا يَجْتَمِعُ غُبَارٌ فِي سَبِيلِ اللَّهِ وَدُخَانُ جَهَنَّمَ».( مشكاة المصابيح 2/356, رقم 3828)

    “Ҳамонгуна ки дохил кардани шири ҷушида ба пистон маҳол аст, касе ки аз тарси азоби Илоҳӣ гиря кунад маҳол аст, ки дохили дӯзах шавад, гарду ғубори дар роҳи худованд (ҷиҳоду даъват) ва дуду оташи дӯзах бар рӯйи ҷисми як инсон ҳаргиз ҷамъ нахоҳад шуд”. (Мушкотул-масобиҳ 2/356, рақами 3828)

    Дар саҳеҳ бухори аз Абуабс чунин омадааст, Паёмбар (с) фармуданд:

    «ما اغبرت قدما عبدٍ في سبيل الله فتمسه النار» ( مشكاة المصابيح 2/349, رقم 3794)

    “Пойи инсоне ки бар асари ҷиҳод дар роҳи Худо олуда шудааст, оташи дӯзах ҳаргиз ба он намерасад”. (Мушкотул-масобиҳ 2/349, рақами 3794)

    Дар саҳеҳ муслим аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбари Худо (с) фармуданд:

    «لا يجتمع كافر و قاتله في النار ابدا»( مشكاة المصابيح 2/349, رقم 3795)

    “Кофир ва қотили ӯ ҳаргиз бо ҳам дар дӯзах ҷамъ намешаванд”. (Мушкотул-масобиҳ 2/349, рақами 3795)

    Аз ҷумлаи амалҳое ки инсонро аз дӯзах наҷот медиҳад, ин аст, ки инсон аз оташи дӯзах ба худованд паноҳ ҷуяд.

    Худованд мефармояд:

    ﴿وَٱلَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا ٱصۡرِفۡ عَنَّا عَذَابَ جَهَنَّمَۖ إِنَّ عَذَابَهَا كَانَ غَرَامًا ٦٥ إِنَّهَا سَآءَتۡ مُسۡتَقَرّٗا وَمُقَامٗا ٦٦﴾ [الفرقان: ٦٥، ٦٦]

    “Ва касоне ки пайваста мегуянд: Парвардигоро! Азоби дӯзахро аз мо дур нигаҳ дор. Чаро ки азоби он (гиребонгири ҳар кас ки шуд аз ӯ) ҷудо намегардад (ва то абад мулозим ва ҳамроҳи ӯ мебошад) бегумон дӯзах бадтарин қароргоҳ ва ҷойгоҳ аст”.

    Сураи Фурқон 65-66

    Дар ҳадисе ки Муснади Аҳмад, сунани ибни Моҷаҳ, саҳеҳ ибни Ҳиббон, мустадраки Ҳоким бо санади саҳеҳ онро аз ҳазрати Анас (р) нақл кардаанд, чунин омадааст, Паёмбари Худо(с) фармуд:

    «ما سَأَلَ اَحَد اَلله الْجَنَّةَ ثَلَاثَ مَرَّاتٍ قَالَتْ الْجَنَّةُ اللَّهُمَّ أَدْخِلْهُ الْجَنَّةَ وَمَنْ اسْتَجَارَ مِنْ النَّارِ ثَلَاثَ مَرَّاتٍ قَالَتْ النَّارُ اللَّهُمَّ أَجِرْهُ» (صحيح الجامع 5/ 145, رقم 5506)

    “Ҳаркас аз Худованд се бор тақозои биҳишт кунад, Биҳишт мегуяд: Парвардигоро! ӯро дохили биҳишт гардон. Ва ҳар шахси мусулмоне се бор аз дӯзах ба Худо паноҳ ҷуяд, Дӯзах мегуяд: Парвардигоро! ӯро аз ман дар паноҳи худ гир”. (Саҳеҳ ҷомеъ 5/145, рақам 5506)

    Дар Бухори ва Муслим аз Абуҳурайра (р) ривоят шуда, ки паёмбар роҷеъ ба фариштагоне ки маҷолиси зикрро дунбол мекунанд, фармуд:

    «إن اَلله عزو جل يسألهم و هو اعلم بهم، فيقول: فَمِمَّ يَتَعَوَّذُونَ قَالَ يَقُولُونَ مِنْ النَّارِ قَالَ يَقُولُ وَهَلْ رَأَوْهَا قَالَ يَقُولُونَ لَا وَاللَّهِ يَا رَبِّ مَا رَأَوْهَا قَالَ يَقُولُ فَكَيْفَ لَوْ رَأَوْهَا قَالَ يَقُولُونَ لَوْ رَأَوْهَا كَانُوا أَشَدَّ مِنْهَا فِرَارًا وَأَشَدَّ لَهَا مَخَافَةً قَالَ فَيَقُولُ فَأُشْهِدُكُمْ أَنِّي قَدْ غَفَرْتُ لَهُمْ » (صحيح الجامع 2/233, رقم 2169)

    “Худованди муттаъол дар ҳоле ки беҳтар аз фариштагон аз аҳволу вазъашон огоҳи дорад, аз ҳоли онҳо мепурсад, ки онон (инсонҳо) аз чи чиз паноҳ меҷуянд? Фариштагон мегуянд: Аз оташи дӯзах. Худованд мефармояд: Оё онон дӯзахро дидаанд? Фариштагон мегуянд: На Парвардигоро! Ба худо савганд онҳо дӯзахро надидаанд. Парвардигор мефармояд: Агар медиданд чи мекарданд? Фариштагон мегуянд: Агар онро медиданд бештар аз он метарсиданд ва бештар аз он дури меҷустанд. Онгоҳ Парвардигор мефармояд: Пас шумо фариштагон гувоҳ бошед, ки ман ононро мавриди мағфират қарор додам”. (Саҳеҳ ҷомеъ 2/233, рақами 2169)

    Гирифта шуда аз китоби (Рӯзи охират: Ковише пиромуни биҳишт ва дӯзах) Умар Сулаймон Ашқар ва дигар манбаъҳо.