×
Ин як узви хурде аст дар бадани инсон, ки шояд соҳибашро бар баландтарин дараҷаи ҷаннат дохил кунад, ва шояд соҳибашро дар пасттарин дараҷаҳои дузах дохил кунад.

    Дар моҳи рамазон забонатро нигаҳ дор

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳия ва тарҷума: Абдураҳмони Абдусаттор

    2013 - 1434

    حفظ اللسان في رمضان

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد و ترجمة: عبد الرحمن عبد الستار

    2013 - 1434

    Дар моҳи рамазон забонатро нигаҳ дор

    عن مُعَاذِ بنِ جَبَلٍ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ، قَالَ: قُلْتُ يَا رَسُولَ الله أَخْبِرْنِي بِعَمَلٍ يُدْخِلُني الْجَنَّةَ وَيُبَاعِدُنِي عنِ النَّارِ، قَالَ: «لَقَدْ سَأَلْتَنِي عَنْ عَظِيمٍ وَإِنَّهُ لَيَسِيرٌ عَلَى مَنْ يَسَّرَهُ الله تَعَالى عَلَيْهِ: تَعْبُدُ اللهَ وَلاَ تُشْرِكُ بِهِ شَيْئَاً، وَتُقِيمُ الصَّلاَةَ، وَتُؤْتِي الزَّكَاةَ، وَتَصُومُ رَمَضَانَ، وَتَحُجُّ الْبَيْتَ، ثُمَّ قَالَ: أَلاَ أَدُلُّكَ عَلَى أَبْوَابِ الخَيْرِ: الصَّوْمُ جُنَّةٌ، وَالصَّدَقَةُ تُطْفِىءُ الْخَطِيئَةَ كَمَا يُطْفِىءُ المَاءُ النَّارَ، وَصَلاَةُ الرَّجُلِ فِي جَوْفِ اللَّـيْلِ ، قَالَ: ثُمَّ تَلاَ ﴿تَتَجَافَى جُنُوبُهُمْ عَنِ المَضَاجِعِ يَدْعُونَ رَبَّهُمْ﴾ [السَّجْدَة 32: 16] حَتَّى بَلَغَ ﴿يَعْمَلُونَ﴾ ثُمَّ قَالَ: أَلاَ أُخْبِرُكَ بِرَأْسِ الأَمْرِ كُلِّهِ وَعَمُودِهِ وَذِرْوَةِ سَنَامِهِ : قُلْتُ: بَلىٰ يَا رَسُولَ الله قَالَ: رَأْسُ الأَمْرِ الاْسْلاَمُ، وَعَمُودُهُ الصَّلاَةُ، وَذِرْوَةُ سَنَامِهِ الجِهَادُ. ثمَّ قَالَ: أَلاَ أُخْبِرُكَ بِمِلاَكِ ذٰلِكَ كُلِّهِ ، قُلْتُ: بَلىٰ يَا رَسُولَ الله، قَالَ: فَأَخَذَ بِلِسَانِهِ، قَالَ: كُفَّ عَلَيْكَ هَذَا . فَقُلْتُ: يَا نَبِيَّ الله وَإِنَّا لَمُؤَاخَذُونَ بمَا نَتَكَلَّمُ بِهِ؟ فَقَالَ: ثَكِلَتْكَ أُمُّكَ يَا مُعَاذُ، وَهَلْ يَكُبُّ النَّاسَ في النَّارِ عَلىٰ وُجُوهِهِمْ - أَوْ قَالَ عَلىٰ مَنَاخِرِهِمْ - إِلاَ حَصَائِدُ أَلْسِنَتِهِمْ». رَوَاهُ التِّرْمِذِيُّ وَ قَالَ: هذَا حَدِيثٌ حَسَنٌ صَحِيحٌ.

    Аз Муъоз ибни Ҷабал, разия-л-Лоҳу анҳу, ривоят аст, ки гуфт: "Гуфтам: эй пайғамбари Худо, маро ха­бар деҳ аз коре, ки маро ба биҳишт дохил кунад ва аз оташи дўзах дур созад". Гуфт: «Ба дурустӣ, маро аз (коре) бузург суол кардӣ. Дар ҳақиқат ин (кор) танҳо бар касе осон аст, ки Худои Таъоло онро бар вай му-яссар гардонад: Худоро ибо­дат кунӣ ва ба Ў ҳеҷ чизро шарик муқаррар насозӣ; ва намоз бигузорӣ; ва закот бидиҳӣ; ва (моҳи) Рамазонро рўза бидорӣ; ва Хонаро (Каъба) ҳаҷ бикунӣ».

    Сипас гуфт: «Оё туро ба дарвозаҳои хайр далолат кунам? Рўза сипар аст (ки рўзадорро аз азоби дўзах нигоҳ медорад); ва садақа гуноҳро маҳв месозад, ҳамчуноне ки об оташро хомўш месозад; ва (дигаре аз дарвозаҳои хайр) намози мард дар нимаи шаб (аст)». (Ровӣ) гуфт: "Пас пайғамбар, салла-л-Лоҳу алайҳи ва саллам, (ин оятро) тиловат кард: (Дар ними шаб) паҳлўҳояшон аз бистарҳо дур мешавад (ва хоби ши-ринро тарк гуфта ва ба ибодати Парвардигорашон мепардозанд [Саҷда, 32: 16].

    Сипас гуфт: «Оё туро аз саромади ҳамаи корҳо, сутуни он ва баландтарини он хабар диҳам?» Гуфтам: "Оре, эй пайғамбари Худо". Гуфт: «Саромади корҳо ислом аст, сутуни он намоз аст ва баландтарин мақоми он кўшиш барои пешрафти дин аст».

    Сипас гуфт: «Оё туро аз асли ҳамаи онҳо хабар диҳам?» Гуфтам: "Оре, эй пайғамбари Худо".

    Пас ба забонаш ишора карду гуфт: «Инро нигоҳ дор!» Гуфтам: "Эй пайғамбари Худо, оё барои он чи мо мегўем, накўҳиш карда мешавем?"

    Сипас гуфт: «Модарат аз ту ҷудо бод, магар одамонро бар рўйҳояшон – ё ин ки гуфт: бар биниҳояшон – ба ҷуз маҳсули бади забонҳояшон боз барои чизи дигаре ба оташ (-и дўзах) меафкананд?!» [Яъне ҷазои касе ки дар байни мардум бадгўӣ карда мегардад ин аст, ки ў аз рўяш ва ё аз бинияш кашида-кашида ба дўзах андохта мешавад]

    Ин (ҳадис)-ро Тирмизӣ ривоят карда гуфтааст: "Ин ҳадис ҳасани саҳеҳ аст".

    Инчунин шоъире мегуяд:

    إذا شئت أن تحيا سعيدا مسلما فدبِر وميِز ما تقول وتفعل

    Агар мехоҳи, ки хушбахтона ва бо саломат зиндаги куни, пас хуб фикр кун, ва аз ончики мегуй ва анҷом медиҳи огоҳ бош.

    كان أبو بكر الصديق – رضي الله عنه – يأخذ بلسانه ويقول: "هذا الذي أوردني الموارد, أي: موارد الهلاك".

    Ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) забонашро мегирифт ва мегуфт: "Ин аст ки манро дар ҷойҳои ҳалок кунанда дохил мекунад".

    Бародар ва хоҳари гироми! Аз забонат огоҳ бош.. чун силоҳи ҳалок кунандае аст ки шояд туро дар ҷойҳои ҳалок кунанда дохил намояд.

    Ин як узви хурде аст дар бадани инсон, ки шояд соҳибашро бар баландтарин дараҷаи ҷаннат дохил кунад, ва шояд, ки то рузи қиёмат сабаби ризогии Парвардигораш аз ӯ шавад, ва инчунин шояд сабаби дарғазаб шудани Парвардигораш аз ӯ шавад ва соҳибашро дар пасттарин дараҷаҳои дузах дохил кунад.

    Чун инсон ҳар лафзе ки аз забонаш мебарорад малоикаҳо уро дар номаи аъмолаш менависанд, пас агар сухани хайр бошад сабаби хушбахтии ӯ дар дунё ва охират мешвавад ва агар сухани бад бошад сабаби бадбахти ва ғазаби Худованд аз ӯ мешавад.

    Дар саҳеҳ Бухори аз Саҳл писари Саъд ривоят аст, ки Паёмбари Худо фармуданд:

    عن سهل بن سعد - رضي الله عنه - عن النبي - صلى الله عليه وسلم - قال : "من يضمن لي ما بين لحييه وما بين رجليه أضمن له الجنة " أخرجه البخاري

    "Касеки аз гуноҳ намудан ба забон ва фарҷаш бароям тазмин (кафолат) бидиҳад ман биҳиштро барояш замонат ва кафолат медиҳам". (Бухорӣ)

    Мақсади Паёмбари Худо дар ин ҳадис ҳифозати намудани забон аз суханони бад ва куфр ва ҳифозат намудани аврат аз зино ва фоҳишаги аст. Пас касе ки забон ва аврати худро аз фоҳишаги ва зино нигоҳ дошта тавонад Паёмбари Худо (с) ӯро башорат ба ҷаннат медиҳад.

    Бародар ва хоҳари гироми! Нигоҳ доштани забон аз сухани бад дар моҳи рамазон бисёр зарур ва муҳим аст. Азбаски рӯза бисёр ибодати бузург аст, пас худро аз фазлу савоби бузургаш бенасиб нагардон.

    Чигуна рӯза мегирад касеки ҳамеша забонаш машғул ба ғайбат, дашном, ва суханони бад мебошад?

    Чигуна рӯза мегирад касеки ҳамеша забонаш машғул ба шаҳодати дуруғ ва фитна ангези миёни мусалмонон мебошад?

    Худованд бар рӯзаи инхел рӯзадорон ҳоҷат надорад ва рӯзаашонро қабул намекунад. Паёмбари Худо дар ҳадисе ки Абуҳурайра (р) онро ривоят карда аст, мефамояд:

    عن أبي هريرة - رضي الله عنه - قال قال رسول الله صلى الله عليه وسلم: "من لم يدع قول الزور والعمل به, فليس لله حاجة في أن يدع طعامه وشرابه".

    "Касеки сухани дуруғ ва амал кардан бар онро тарк накунад, пас барои Худованд ҳоҷате нест, ки он банда таъому шаробашро тарк кунад".

    Дар ҳадиси дигаре ки ҳазрати Абдуллоҳ писари Амр (р) онро ривоят кардааст Паёмбари Худо мефармояд:

    عن عبد الله بن عمرو - رضي الله عنهما- عن النبي - صلى الله عليه وسلم – قال: "المسلم من سلم المسلمون من لسانه ويده ".

    "Мусалмони ҳақиқи он касе аст, ки мусалмонон аз забону дасти ӯ эмин бошанд".

    Бародар ва хоҳари гиромӣ! Шайтонро нагузор, ки рӯзаи туро дар ин моҳи муборак бо забонат фосид кунад, ва туро аз савоби бузурги ин моҳ бенасиб гардонад.

    Ва бидон, ки беҳтарин вақт барои пок намудани забон, ва тарбия кардани он ба суи неки ин моҳи рамазон аст, ки Худованд шайтонҳоро дар ин моҳ мебандад то бандагонаш Ӯро ба пурраги ибодат ва парастиш кунанд.

    Бор Худоё! Забонамонро барои гуфтани сухани ҳақ бурро бигардон, ва онро сабаби хушбахтии мо дар дунё ва охират бигардон.