Эҳсон аз диди Қуръон ва суннат
Дастабандиҳо
Full Description
Эҳсон аз диди Қуръон ва суннат
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Муҳаммадсаид Ризоӣ
2013 - 1434
الإحسان في القرآن و السنة
«باللغة الطاجيكية»
محمد سعيد رضائي
2013 - 1434
Эҳсон аз диди Қуръон ва суннат
“Агар накӯӣ кардед, ба суди худ кардаед ва агар бадӣ кардед боз ҳам барои худ кардаед...”,
сураи “Исро”: 7
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон! Абу Хайсама аз Абдуллоҳ писари Умар ривоят кардааст, ки падарам Умар (Худо аз эшон розӣ бошад) гуфт: Рӯзе мо ҳамроҳи Расули Худо нишаста будем, ногоҳ марде зоҳир шуд, ки либосҳои сафеди покиза ба бар дошт ва мӯйҳои сараш сиёҳи ороста буд, кадом нишоне аз хастарӯҳӣ дар ӯ дида намешуд, касе аз мо ҳам ӯро намешинохтем. Назди Расулуллоҳ (с) нишаст, зонуҳояшро ба зонуҳои он Ҳазрат (с) баробар ва дастҳояшро болои зонуҳо ниҳода, гуфт: “Эй Муҳаммад (с), хабар деҳ маро аз Ислом! Паёмбар (с) гуфт: Ислом он аст, ки шаҳодат бидиҳӣ ҷуз Худои якто парвардигори дигаре вуҷуд надорад ва шоҳидӣ бидиҳӣ Муҳаммад (с) расул ва фиристодаи Худост. Намозро барпой бидорӣ, аз молу дороии худ закот бидиҳӣ ва моҳи Рамазонро рӯза бидорӣ, вақте имкону тавон пайдо кардӣ, ҳаҷҷи хонаи Худоро анҷом диҳӣ.
Он мард гуфт: рост гуфтӣ! Умар (р) гуфт: мо аз он мард тааҷҷуб кардем, ки суол мекунад ва ростии онро худ тасдиқ мекунад! Он мард боз аз Паёмбар пурсид: Хабар деҳ маро аз имон! Паёмбар (с) гуфт: Имон он аст, ки ба Худо бовар кунӣ ва ба малоику китобҳои осмонӣ, Паёмбарони Ӯ, рӯзи охират ва ба тақдири неку бад бовар дошта бошӣ.
Он мард пурсид: Пас хабар бидеҳ маро аз эҳсон! Паёмбар (с) гуфт: эҳсон он аст, ки Худоро тавре ибодат кунӣ, ки Ӯро мебинӣ. Агар ту Ӯро дида наметавонӣ Ӯ туро бешак мебинад.
“Маро аз қиёмат (кай барпо шудани он) хабар бидеҳ”, пурсид он мард Паёмбари Ислом (с) гуфт: дар мавзӯи қиёмат, касеро мепурсӣ, ки аз худи ту бештар намедонад.
Пас он мард боз пурсид: Пас маро аз аломат ва нишонаҳои омадани қиёмат хабар бидеҳ! Паёмбар (с) гуфт: вақте дидӣ, ки каниз сайид ва молики худашро (зердаст калонтари худро) ба дунё овард ва фақирони биёбонӣ, нигоҳбонони шутур, дар иморатсозӣ саъю талош карданд.
Умар (р) гуфт: Баъдан он мард рафт ва ман замоне сокит мондам, то Паёмбар (с) ба ман гуфт: Эй Умар! Оё медонӣ он мард кӣ буд? Гуфтам: Худо ва Расули Ӯ донотаранд. Гуфт: Ӯ Ҷабраил буд, омад динро барои шумо таълим дод.
Ин ҳадисро Имом Бухорӣ бо каме тафовути дар лафз аз Мусадади Абу Ҳурайра (р) овардааст. Қуръони карим се ҷанбаи муҳим: тавҳид, рисолат ва охиратро фаро мегирад. Ҳамон гуна, ки сураи “Ихлос”, яке аз ин ҷанбаҳоро дарбар гирифта, ба танҳоӣ баробари сеяки Қуръон башумор меравад, бахши азими дигари шариъатро суннати Паёмбар (с) ифода мекунад. Чӣ гуна, ки сураи “Фотиҳа” бинобар азамат ва муҳтавои он мақом ва манзилати уммулкитобро дорад, ҳадиси Ислом, имон ва эҳсон низ барои суннат мақом ва ҷойгоҳи муайянеро дороянд. Ин ҳадис илова бар он ки дар кул, ҷанбаи эътиқодӣ ва амалии динро фаро мегирад, як силсила бахшҳои муҳим ва вазоифу амалҳои зоҳириву ботинии мусалмонро баён кардааст. Барои ҳамин ин ҳадисро пешвоёни ҳадис, ҷомеъ ва пурмуҳтаво ном мебаранд. Ин ҳадиси бузург баёнгари он аст, ки Ислому имон ифодакунандаи маънои якдигаранд, дар истилоҳи шаръ метавон якеро ном бурд ва дигарро қасд кард. Дар ҳадиси аввал Ислом таълим шуда, пас аз он имон бошад. Вале ин маънои авлавияти яке бар дигар нест, зеро Ислом исботгари имон (эътиқод) аст. Ҳамон гуна, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар уҳдадор барои густариши имон ҳаст, имон кафили иҷрои қонунҳои илоҳӣ дар муомалоти фардӣ ва иҷтимоист.
Худованд мефармояд: “Шумо беҳтарин гурӯҳе намудор шудед (барои ислоҳи ҷомеаи инсонӣ), ба корҳои писандида амр мекунед ва аз корҳои зишт боз медоред ва (бо ихлосу самимият) ба Худо имон меоред."
сураи “Оли Имрон”: 110
Дар ин ҳадиси шариф расули Худо (с) динро бар се мартаба зикр намудааст, ки мартабаи аввалаш ислом, баъд аз он имон, ва баъд аз он эҳсон мебошад. Ва ин мартабаи эҳсон баландтарин мартабаи дин ба шумор меравад.
Аммо ислом ва имон байни худ умум ва хусус доранд ва ҳарвақто ки он ду бо ҳам зикр шаванд, пас аз ҳамдигар фарқ доранд, аммо агар он ду танҳо танҳо зикр шаванд ифодакунандаи маънои якдигар мебошанд).
Одоби мутаъаллим
Ин ҳадис як идда масъалаҳои зарурии зиндагиро бо гуфтору кирдор нишон додааст. Ҷабраили амин ба сурати мутаъаллим намоён мешавад, либосҳои хубу ороста, ҳайъати зебо ва писандида, ки одоби дохил шудан назди уламову фузало ва ҳузур дар маҷолиси хосро нишон медиҳад. Ду зону нишастан ва дастҳоро бо адаб болои зону ниҳодан, камоли одоби як шогирд назди устод аст.
Эҳсон
Эҳсон арзишмандтарин мақом дар пешгоҳи Худованд аст. Замоне инсон ба ин мақом бирасад, дараҷаи баландро дар пешгоҳи Офаридгор ҳосил мекунад, ки боиси муҳаббат ва қурби даргоҳи Ӯ мегардад. Эҳсон онест, ки инсон Худоро доим ва ҳамеша ҳозиру нозир бар аъмоли худ медонад. Инсон вақте ба мақоми эҳсон роҳ ёфт ва муҳсин шуд, риё ва сумъа (нишон додан ва шунавондани дигарон) дар корҳояш намебошад. Хӯрдану хоб кардан ва роҳ рафтану сухан гуфтан, ҳама гуфтору кирдораш барои Худо мешавад. Аз ҳама болотар ин аст, ки муҳсинро шайтон наметавонад васваса сохта, аз роҳи дуруст канор барад. Дар каломи раббонӣ шайтон эътироф дорад, ки бандагони мухлиси (холис барои) Худоро наметавонад аз роҳи дуруст бероҳ кард. “Гуфт (шайтон) пас ба иззату ҷалоли Ту қасам, ки одамиро аз роҳи савоб бероҳа мекунам, магар аз байни онҳо бандагони мухлисатро (холискороне, ки ба мақоми эҳсон роҳ ёфтаанд)”.
сураи “Сод”: 82-83
Ҳар як рукне аз аркони Ислом, ки инсон устувор бар имону эътиқод бошад, кафили расонидани ӯ ба мақоми эҳсон қарор мегирад. Зоҳиран эҳсонро дар ҳама ибодот, намозу рӯза, ҳаҷҷу закот, садақот ва ғайра касб карда мешавад. Аз аркони Ислом ҳаҷ муносибтарин ибодат аст, вақте маносики он ба таври лозим анҷом меёбад, барои инсон роҳе пайдо мешавад барои расидан ба мақоми эҳсон.
Худованд мефармояд: “Ҳаҷ дар моҳҳои муайян аст, пас ҳар кӣ дар ин мавсим ҳаҷро бар худ воҷиб гардонид (ҳаҷ карданӣ шуд), ҳамбистарии ҷинсӣ, гуноҳу бугӯ-бугӯро тарк мекунад ва ҳар кадом кори некеро анҷом додед, Худо медонад. Бинобар ин (барои ҳаҷ) тӯшаи хуб бигиред, бешубҳа тақвову парҳезкорӣ беҳтарин туша аст ва аз Ман парво кунед, эй хирадмандон”.
сураи “Бақара”:197
Ҳаҷ дар умр як маротиб фарз аст. Ҳоҷӣ аз лаҳзаи аввал, ки қасди ҳаҷ мекунад, Худои бешарику тавоноро ҳозир ва нозири худ медонад. Вақте эҳром (либоси махсуси ҳаҷ, ки ба монанди кафан аст) ба бар кард, пайваста бо ёди Худо (ҷ), санову салавот ба Паёмбар (с), қироати Қуръон ва бо дуъо машғул буда, тарки ҷадалу ҷанҷол, фисқу фаҳш ва корҳои зишт мекунад. Чашму гӯш, дилу забон ва ҳамаи аъзои бадан зери фармон ва дар корҳои нек сафарбар мешаванд. Дар давоми қариб як моҳ ҳоҷӣ машқҳои омодагӣ мебинад, дар ҳама ҳолат эҳтиёт мекунад, то ҳаҷҷашро вайрон накунад. Дар ниҳоят шайтонро санг мезанад. Ҳаҷ барои инсони мӯъмини мусалмон шустушӯи имон ва ахлоқ аст. Паёмбари Худо (с) фармуд: “Ҳар кӣ Ҳаҷ кард, пас фаҳшу носазо ба забон наёвард, фисқу фасод накард, мисли навзоди аз модар ба дунё омада (бегуноҳ) бар мегардад”.
Вожа ва мафҳуми эҳсон дар Қуръон
Эҳсон дар Қуръони карим ба вожаҳои ,”эҳсон”, “муҳсин” ва “муҳсинин”, ба сиғаи феъли мозӣ “аҳсана”, феъли музориъ “юҳсину”, ҷамъи музореъ “юҳсинун” ва дигаре аз вожаҳо зикр шудааст. Худованди зебо ва доно мегуяд: “Ҳамоно мо одамиро ба беҳтарин сурат офаридем.”
сураи “Тин”: 40
Имрӯз ҳама бар ин назаранд, ки ҳар чизе дар ин маъмураи замин ҳаст, аз ҷинси замин буда, модаи аслии ҳамаи онҳо хок аст. Маҳсулот дар сохт ва навъ якхела намебошанд, балки ҳар кадом бар асоси сифати сохт ва хусусияту маҳорати корхона баҳо пайдо мекунад. Офаридкори инсон ҳам мегӯяд: Ман инсонро аз ҳамин замин офаридам, аммо сифати сохту навъи маҳсулоти ман аҳсан ва беҳтар аст. “Худо некӯтарин сухан, китоберо фуруд фиристод”.
сураи “Зумар”: 33
Қуръон дар назм, зебоӣ ва фасоҳату балоғат ва фарогирии маънову муҳтавои гуногун назир надорад. Имрӯз собит шуда, ки ҳама китобҳо бо беҳтарин достонҳо ва машҳуртарин муаллифон ва ҳама сарояндагон бо суруду албомҳои тозаи худ куҳна шуда, дар андак мудат дилбазан мешаванд. Сухани Худо бо вуҷуде, ки садсолаҳо аз нозил шуданаш мегузарад ва рӯзона танҳо дар намозҳои панҷвақта сураҳои кутоҳи он даҳҳо маротиба такрор мешаванд, боз ҳам дар байни мадум ва қавмҳои гуногун ҷаззоб ва зебо боқӣ мондааст.
Худо ҳамон гуна, ки бандагонашро дар беҳтарин сурат офаридааст, инсонро бо додани ҳаёт, ақлу идрок, забону гуфтор ва давлату қудрат, эҳсон кардааст. Ӯро ҷойнишини худ дар замин қарор дода, талаб мекунад, ки эҳсонро пешаи худ кунад. “Ва некӣ (эҳсон) кун ҳамон гуна, ки Худо ба ту некӣ (эҳсон) кардааст ва дар замин хоҳони фасод мабош, бешубҳа Худо фасодкоронро дӯст намедорад.”
сураи “Қасас”:77
Инчунин Худованд аз бандагон амалҳои аҳсанро қабул дорад. “Онҳо касонеанд, ки амалҳои беҳтаринашонро қабул мекунем.” (сураи “Аҳқоф”: 16)
Худованд растагоронро дар ҷаннат рӯзии аҳсан-нек медиҳад. “Ҳар кӣ ба Худо имон овард ва накӯкор шуд, Худо ӯро доимӣ дар боғҳои биҳиште, ки зери дарахтони он наҳрҳо ҷорист, ҷой медиҳад, бешубҳа Худо барои ӯ рӯзии наку (аҳсан) муҳайё сохтааст." (сураи “Талоқ”: 11)
Худованд мехоҳад панду андарз аҳсан бошанд ва даъват ба дин ҳам аҳсан бошад, зеро дар ғайри он ин амалҳо муассир намебошанд. “Ба сӯи дини Худоят бо ҳикмат ва мавъизаи хуб (ҳасанаҳ) даъват ва бо услуби наку (аҳсан) бо онҳо гуфтугӯ кун”. (сураи “Наҳл”:125)
Хидмати падару модар ва дастгириву сарпарастии ятимонро Аллоҳи пок эҳсон қаламдод карда, фарзандоне, ки падару модарро хидмат мекунанд ва ятимпарваронро сарпарастӣ, онҳоро муҳсин номидааст. “Ва Парвардигорат чунин қарор дод, ки ғайри Ӯ касеро парастиш накунед ва бо падару модар некӣ (эҳсон) намоед." (сураи “Исро”: 23) Ҷои дигар: “Ва албатта ба молу дороии ятимон ба тариқи беҳтар (роҳе, ки ба ятим манфиъат дорад) наздик шавед." (сураи “Анъом”: 152)
Худованд дар Қуръон ”аҳсанул-қасас”, беҳтарин қисса, қиссаи ҳазрати Юсуфро нозил кардааст. “Мо некӯтарин достонро, ки пеш аз он огоҳӣ надоштӣ аз тариқи ваҳйи ин Қуръон бароят баён кардем.”
сураи “Юсуф”: 3
Дар ин сура эҳсон, сифатҳои муҳсин ва мақому ҷойгоҳи олии он тавассути як паёмбари илоҳӣ зуҳур ёфта, тамоми гӯшаҳои зиндагӣ ва муъомалоти фардиву оилавӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҷанбаҳоро дар мактаби тавҳид ва ваҳй таълим додааст..
Ба ҷои хулоса
Дар Қуръон Офаридгор ҳар чиро, ки ба унвони эҳсон ёд кардааст, аз ҳама ҷиҳат дорои мақом ва манзилати хос мебошанд. Худо худро аҳсанул-холиқин, беҳтарин офаридгору аҳсану ҳукман, беҳтарин ҳоким ва паёмбаронро усватул-ҳасана, беҳтарин намуна, дину оинашро аҳсану динан, беҳтарин дин, мусалмононро беҳтарин уммат номида, ваъда додааст, ки амали некӯ ва аҳсанро зоеъ намекунад. “Мусаллам аст, касоне имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, (подоши эшон дода мешавад), зеро мо подоши накӯкоронро табоҳ намекунем."
сураи “Каҳф”: 30
Инсони муҳсин дар зоҳиру ботин намунаи олӣ ва беҳтарин аст, ки боиси ҳидояти дигарон мешавад. “Ва ҳамин гуна мо шумо (мусалмонон)-ро уммати муътадил қарор додем, то бар дигарон ҳуҷҷату намуна бошед ва Паёмбар бар шумо ҳуҷҷату намуна буд."
сураи “Бақара”: 143