×
Яке аз матолибе, ки дар баҳси имомати мансуба ғолибан аз таваҷҷуҳи лозим ба он ғафлат мешавад ва чандон мавриди алоқаи муддаъиёни ҳубби Оли Расул (с) нест, ҳаводисест, ки дар соли даҳуми ҳиҷрӣ рӯх дода ва заминасози аслии воқеаи Ғадир аст, ки иттилоъ аз он дар фаҳми дурусти хутбаи Ғадири Хум, камоли заруратро дорост.

    Ҳақиқати моҷарои Ғадир чист?

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Сомонаи Суннӣ нюз

    Масдар: Китоби "Шоҳроҳи иттиҳод" (баррасии нусуси имомат)

    навиштаи устод Ҳайдар Алии Қаландаронӣ

    2013 - 1434

    حقيقة قصة الغدير

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: موقع سني نيوز

    شاهراه اتحاد

    حيدر علي قلندراني

    2013 - 1434

    Ҳақиқати моҷарои Ғадир чист?

    Яке аз матолибе, ки дар баҳси имомати мансуба ғолибан аз таваҷҷуҳи лозим ба он ғафлат мешавад ва чандон мавриди алоқаи муддаъиёни ҳубби Оли Расул (с) нест, ҳаводисест, ки дар соли даҳуми ҳиҷрӣ рӯх дода ва заминасози аслии воқеаи Ғадир аст, ки иттилоъ аз он дар фаҳми дурусти хутбаи Ғадири Хум, камоли заруратро дорост.

    Хулоса ин, ки воқеъа чуноне, ки таворихи Исломӣ, монанди Сирати Ибни Ҳишом (6/286), ки қадимитарин таърих дар сирати Расули Худо (с) аст ва дар соири кутуби таърих ва тафсири фариқайн аз шиа ва суннӣ, аз қабили тафсири Ҷамолуддин Абӯлфатҳ Розӣ, ки ба форсӣ таълиф шуда ва тафсири Ибни Касир ва таърихи Ал-бидоя ва ал-ниҳоя ва китоби Маҷолисул-мӯминин Қози Нуруллоҳ Шуштарӣ (1/63) омада, чунин аст: "дар соли даҳуми ҳиҷрӣ, ки Расули Худо (с) барои анҷом ва таълими Ҳаҷҷи исломӣ, озими Байтуллоҳ буд, номаҳое ба руасои қабоили Араб ва билоди муслимин фиристод ва аз онон даъват кард, ки барои анҷоми Ҳаҷ дар Макка ҳозир шаванд, аз ҷумла номае ба амиралмӯминин Алӣ (р), ки дар ин ҳангом дар Яман ба сар мебурд ва ба ҷамъи закот машғул буд, навишт ва ӯро даъват кард, ки барои аёми Ҳаҷ дар Макка ҳозир шавад. Он ҷаноб, ки дар ин вақт дар Яман ва ё дар роҳи бозгашт аз Яман буд, чун номаи Расул (с)ро дарёфт, бо худ андешид, ки агар бихоҳад амволи Байтулмолро, ки бештар аз шутур ва гову гусфанд иборат буд, бо худ ҳамл кунад, наметавонад дар мавқеъи муқаррар ба Макка бирасад, ночор он амволро ба касоне, ки ҳамроҳ бо ӯ буданд, монанди Бурайдаи Асламӣ ва Холид бин Валид ва ғайра вогузор намуд, ки таҳти муроқабати онон ҳамл шавад ва худ бо шитоби бештар равонаи Макка шуд ва дар рӯзи ҳафтум ва ё ҳаштуми зулҳиҷҷа худро ба назди Расули Худо (с) расонид.

    Ва пас аз анҷоми Ҳаҷ ва маносики он, ба анҷоми маъмурияти худ, ки ҳамли амволи Байтулмол буд, баргашт. Чун ба қофилаи Байтулмол расид, мушоҳида намуд, ки порае аз амволи Байтулмол, ки аз он ҷумла ҷавоҳироти яманӣ буд, мавриди тасарруф ва истифодаи баъзе аз асҳоб қарор гирифта ва чуноне, ки одот ва равияи он ҷаноб дар иҷтиноб аз тасарруф дар амволи Байтулмол буд, аз мушоҳидаи он вазъ ғазаб бар вай мусаллат шуд ва Бурайда ва Холидро мавриди итоб ва хитоб қарор дод. Ин рафтори он ҷаноб, ки айни савоб буд, бар асҳоб, ки худ арбоби риҷол ва рикоб буданд, сахт гарон омад ва аз он ҳазрат дилгир ва нороҳат шуданд ва касонеро ба хидмати Расули Худо (с) фиристода ва ё худ мустақиман муроҷиат намуда ва аз хушунат ва шиддати сахтгирии он ҷаноб, шикоят намуданд.

    Расули Худо (с) пас аз шунидани шикояти онон, эшонро аз нороҳатӣ ва норизоятӣ аз Алӣ, манъ фармуд ва порае аз фазоили он ҳазратро баён кард ва фармуд:

    »ارفعوا ألسنتکم عن علي فإنه خشن في ذات الله غیر مداهن في دینه«

    "Забони хешро аз Алӣ бардоред, зеро ӯ дар бораи дини Худо хашин буда ва дар умури дин, саҳлангор нест".

    Аммо Холиду Барайда ва дигарон, ки қабл аз мулоқоти Расули Худо (с) аз гиламандӣ аз Алӣ, назди дигарон музоиқа накарда буданд, табъан бисёре аз мардуме, ки ҳанӯз Алиро надида буданд ва ба дурустӣ намешинохтанд, мумкин буд, бар асари шикоят ва гиламандии онҳо, Алӣ ба бадӣ муаррифӣ мешуд ва Расули Худо (с) ин кайфиятро мушоҳида фармуд, лизо бар худ лозим дид, ки қабл аз он, ки он ҳама мусалмон, ки аз гӯша ва канори ҷаҳон барои адои фаризаи Ҳаҷ иҷтимоъ карда ва акнун дар масири бозгашт буданд, мутафарриқ гарданд ва пеш аз ин, ки амвоҷи ин воқеъа ба Макка бирасад ва ё ин моҷаро дар Мадина паҳн шавад ва мардуми Мадина таҳти таъсир қарор гиранд, аз шахсияти бориз ва мумтози Алӣ, дифоъ карда ва ҳазараташро бо фазоили олие, ки дорад, ба мусалмонон муаррифӣ ва қазияро дар ҳамон ҷо ҳаллу фасл намояд. Илова бар он, дифоъ аз ҳайсияти як шахси мумтози мусалмон бар ҳазраташ воҷиб буд, лизо дар иҷтимоъи Ғадири Хум ба муаррифии он ҷаноб ва вуҷуби дӯстии ӯ бар тамоми мусалмонон пардохт, ки албатта ин сурату кайфият ба далоиле, ки дар сафаҳоти оянда хоҳем гуфт, ҳаргиз маънои мансусияти Али бар хилофатро аз ҷониби Худои мутаъол надошт.

    Оё ҳадиси Ғадир далолат бар мансусияти Алӣ дорад?

    Ба ақидаи мо, бо таваҷҷӯҳ ба далоили зер, хутбаи Ғадири Хум бар мансусияти Алӣ бар хилофатро далолат надорад:

    1. Беҳтарин далел ҳамонаст, ки ҳеҷ як аз касоне, ки дар ин иҷтимоъ буда ва хутбаи Расули Худо (с)-ро шуниданд, аз он чунин таъбире накарданд ва ба ҳамин ҷиҳат дар Сақифаи Бани Соида зикре ва ҳатто ишорае дар ин боб ба он ҳадис нарафта ва пас аз он ҳам дар тамоми даврони хилофати Хулафои рошидин, касе дар мавзӯъи зиъомати мӯминин ба он истинод наҷуст, то ин, ки тафриқаафканон пас аз солҳо ба он тамассук ҷустанд ва карданд он чӣ карданд!!

    2. Худи Амирулмӯъминин Алӣ ва тарафдоронаш аз Бани Ҳошим ва ғайра дар Сақифа ва пас аз насби Абӯбакр (р) ба хилофат, сухане аз он ба миён наёварданд ва ба мансусияти он ҷаноб ба ин ҳадис истинод накарданд, ҳатто бино ба бархе аз уламои Шиа, ки дувоздаҳ тан аз асҳоби Расули Худо (с) ба тарафдории Алии муртазо (р), бо Абӯбакр эҳтиҷоҷ карданд, ҳадиси Ғадири Хумро мустанади худ дар авлавияти Алӣ ба хилофат нагирифтанд ва агар дар гуфтори порае аз эшон зикре аз он ба миён омада, фақат ба унвони шумурдани фазоил буда вагарна дар он аслан ишорае ба мансусияти он ҷаноб ба Хилофат аз ҷониби Худо нест. Ҳар чанд худи он ҳадиси 12 нафарӣ аз назари сиҳҳат ва суқм, вазъи устуворе надорад ва қароини ҷаъл дар он комилан ошкор буда ва табъан қобили истинод нест.

    3. Қуввати имони асҳоби фидокор ва муҷоҳиди Расули Аллоҳ (с) ва мадҳу таҷлили Қуръони карим аз эшон, бо китмони хилофат ва имомати Илоҳии Алӣ тавассути онон, таноқузи сареҳ дорад, хусусан, ки бисёре аз онон чуноне, ки гуфтем аз пазириши зиъомати он ҳазрат ибо надоштанд ва иқрор карданд, ки агар пеш аз байъат бо Абӯбакр суханони амиралмӯмининро мешуниданд, бо он ҳазрат байъат мекарданд ва табъан ангезае барои китмони хутбаи Ғадир надоштанд ва агар аз хутбаи мазкур, чунон маъноеро фаҳмида буданд, тахаллуф намекарданд.

    4. Моҷарои Холид ва Бурайда (р) дар тасарруфи пеш аз мавқеъи амволи закот, ки шарҳаш гузашт, аз муҷиботи эроди хутбаи Ғадир буда ва баёнгари онаст, ки Паёмбари Худо (с) аз мардум дӯстӣ ва нусрату қадршиносӣ нисбат ба ҳазрати Алӣро мехоҳад.

    5. Баёни муъҷизанишони Хотами Паёмбарон дар ин маврид, чунонаст, ки ибҳоме дар он вуҷуд надорад ва танҳо ғубори таъассуб ва алоқаи куркунанда ба ақоиди номуваҷҷаҳи маврӯсист, ки монеъи дурахшиши фасоҳату диққати баёни Расули Аллоҳ (с) шудааст.

    Дар хутбаи Ғадири Хум, ҷумлаи барҷастае вуҷуд дорад, ки дар тамоми ривоёти ғадирия зикр шуда ва мухолиф надорад ва он ҷумлаи маъруф: " من کنت مولاه فهذا علي مولاه" аст.

    Тавааҷҷӯҳи дақиқ ба ин ҷумла, бардорандаи бисёре аз мушкилот аст, зеро нуктаи бадеҳӣ ва ихтилофнопазир дар ин ҷумла, ки дар ҳаёҳуи таъассубҳо ва фирқагароиҳо камтар бо он таваҷҷӯҳ мешавад, онаст, ки лафзи "мавло" ба ҳар як аз маъонии мутаъаддид ва пуршумори он, ки ҳамл шавад, маънои ҷумлае ғайр аз ин нахоҳад буд, ки дар як вақт, ҳар ки акнун ман "мавло"-и ӯям, Алӣ (р) низ ҳам инак "мавло"-и ӯст. Ба иборати дигар, Паёмбар (с) аз калимаи "мавло", ҳамон маъониро барои Алӣ (р) хостор аст, ки худ ҳам акнун аз он бархурдор аст.

    Ҳоло агар бихоҳем ба ангезаи алоқаҳои фирқаии хеш аз маъонии луғавии лафз, удул кунем ва аз тариқи калимаи "мавло" мақоми хосе барои Алӣ, қоил шавем, бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки ошкортарин ва наздиктарин шаън ва шуъуни ҳазрати Муҳаммад (с) ба зеҳн, мақоми Нубуват ва Рисолат аст. Дар ин сурат барои ин, ки Алӣ, паёмбар пиндошта нашавад, бояд қайде дар ҷумла вуҷуд медошт, ки зеҳнро аз ин маъно мунсариф карда ва ба мақоми манзур мутаваҷҷеҳ созад. Аммо медонем, ки дар калом ҳеҷ қайде мавҷуд нест, дар ҳоле, ки ҳамли "мавло"- албатта бо таваҷҷӯҳи комил ба қароини мавҷуд дар калом- ба маънои луғавӣ ниёзманди қайди тавзеҳӣ нест ва каломи мавҷуд нақсе нахоҳад дошт ва ба фасоҳати тамом мақсудро мерасонад.

    Илова ба ин, чунон ки дар сутури оянда хоҳем дид бо ин, ки то кунун кӯшиши бисёр сарф шуда, вале муддаъиён муваффақ нашудаанд, барои "мавло" маънои Халифа, Ҳоким, Амир, Волӣ ва... битарошанд. Ҳоло агар бидуни таваҷҷӯҳ ба луғат, ба зур калимаи "мавло"ро ба маънои хилофати мазкур дар мавриди Алӣ (р) низ пазируфта шавад ва ё агар ба фарзи маҳол "мавло"ро ба маънои имом бигирем, ин мавзӯъ бо вуҷуди Паёмбар (с)- ки илова бар нубуват, мақоми имомат низ дошт- бо эътиқоди шиа тасодум ва мунофот дорад ва агар барои халосӣ аз ин таъоруз исрор кунем ва бигӯем мақсуд аз ин калом, имомат ва хилофати билофасли Алӣ (р) баъд аз Паёмбар (с) аст, лузуман бояд калимаи, "بعدي", яъне пас аз ман, низ дар калом зикр мешуд- ҳар чанд касе иддиъо накарда, ки Паёмбар (с) ин калимаро фармуда бошад аммо Паёмбар (с) на қайде бо кор бурда, ки аз лафзи "мавло" фақат "имомат" фаҳмида шавад ва дигар шуъуни он ҳазрат барканор бимонад ва на қайди "بعدي"-ро истеъмол фармуда ва ин кор аз ҳодӣ ва муаллими уммат ва паёмбари фасеҳи Ислом, пазируфтанӣ нест.

    Шакке нест, агар Паёмбар (с) мақсуди дигаре медошт, ба фасоҳати тамом баён мефармуд ва қатъан аз тафҳими манзури худ нотавон буд. Аз ин рӯ танҳо маънои тардиднопазири "мавло", ки ҳам бо маврид ва ҳам бо қароин ва ҳам бо луғат ва ҳам бо дину шариат, созгораст, ҳамон маънои дӯстӣ ва нусрат аст ва бақия, суханони бедалел ва номустанаданд.

    6. Чунон, ки дар сутури боло гуфтем, дар ҷумли мутафақун алайҳо ва маъруфи хутбаи Ғадир, лафзи "мавло" истеъмол шудааст, ки маъноии бисёр дорад, Абдулмуҳсин Аминӣ дар китоби "Ал-ғадир", маъонии зерро барои мавло зикр кардааст:

    1. Парвардигор, 2. Амак, 3. Писари амак, 4. Писар, 5. Писари хоҳар, 6. Озодкунанда, 7. Озодшуда, 8. Банда ва ғулом, 9. Молик, 10. Тобеъ ва пайрав, 11. Неъматдодашуда, 12. Шарик, 13. Ҳампаймон, 14. Соҳиб ва Хоҷа (ё ҳамроҳ), 15. Ҳамсоя, 16. Меҳмон, 17. Домод, 18. Хешованд, 19. Неъматдиҳанда ва валии неъмат, 20. Фақид, 21. Валӣ, 22. Касе, ки ба чизе сазовортар аст, 23. Сарвар (на ба маънои молик ва озодкунанда), 24. Дӯстдор, 25. Ёру мададгор, 26. Тасаруфкунанда дар кор, 27. Уҳдадори кор, ва бо тамоми кӯшише, ки карда, муваффақ нашуда, маънои Халифа ва Ҳокиму Амир ва ғайраро аз он истихроҷ кунад ва эътироф карда, ки лафзи "мавло" муштараки лафзӣ ва ҳадди аксар ба маънои "أولي بالشي", (маънои бистудуввум) аст, бадин тартиб, маънои лафзи "мавло"-ро бидуни қарина наметавон дарёфт ва аз ин маъонӣ, он чӣ бо таваҷҷӯҳ ба муҷиботи эроди хутба ва мавқеъияти изҳори он ва ҳама муҳимтар, қаринаи он дар ҷумлаи баъдӣ, ки мефармояд: "اللهم وال من والاه وعاد من عاداه" ,яъне, (Парвардигоро! Ҳар, ки ӯро дӯст дорад, дӯст бидор ва ҳар, ки ӯро душман бидорад, душман бидор) ва собит мекунад, ки мурод аз он муҳаббат ва дӯстию нусрати он бузургвор аст.

    Донишманди муосир, устод "Тақиюддини Набҳонӣ" дар боби таъйин ва насби як фарди мушаххас ба унвони Халифаи Паёмбар (с) ва низ дар бораи хутбаи Ғадир ва маънои "мавло", матолибе гуфтааст, ки мо назари вайро бо андаке тасарруф дар инҷо баён мекунем:

    Эътиқод ба ин, ки Паёмбар (с) фарди муайянеро ба унвони Халифа пас аз худ насб фармуда, бо масъалаи байъат, ки ташреъи он дар Ислом мухолифат надорад, созгор нест, зеро агар фарде ба унвони Халифаи Паёмбар (с) таъйин ва насб шуда бошад, дигар байъат кардан бо вай маъно надорад ва дигар ба ташреъи асли байъат ниёзе нест, чун байъат тариқати насби Халифа ва расмият ёфтани хилофат аст ва агар касе пешопеш тавассути шореъ мушаххас шуда бошад, амалан мансуб шуда ва ҳоҷат ба баёни тариқаи насби вай нест. Дар ҳоле, ки ақди Хилофат аз тариқи байъат аст, ки мунъақид мешавад ва табъан ин ба маънои адами насби пешин ва таъйини як фарди муайян ба унвони Халифа аст.

    Ба ҳамин сабаб дар тамоми аҳодисе, ки лафзи байъат дар онҳо ворид шуда, ҳадис далолати ом дорад ва ба фарди муайяне ихтисос наёфта, дар ҳоле, ки агар афроди мушаххас маврид назар буданд, лафзи байъат ба сурати ом ва мутлақ зикр намешавад, чуноне, ки омадааст:

    "من مات وليس في عنقه بيعة ….", ё " من (رجل) بايع إماماً ….",

    ва ҳатто калимаи "إمام" низ дар аҳодис ба сурати накира а ё "ال" и ҷинс, ё музоф ба лафзи ҷамъ зикр шуда, аз қабили:

    "... قام إلى إمام جائر …", ё " يكون بعدي أئمة …..", "«…. فالامام الذي على الناس راع وهو مسؤول عن رعيته ….", ё " إنما الإمام جنة يقاتل من ورائه ويتقى به …", ё " خيار أئمتکم … شرار أئمتکم ….",

    ва амсоли он ба вузуҳи тамоми таъйини як фарди мушаххас тавассути Паёмбар (с)-ро нафй мекунад. Ҳамчунин ривоёте, ки мефармояд, агар бо беш аз як нафар байъат шуд, фарди дуввумро ба манзури ҷилавгирӣ аз тафриқа бикушед, далели возеҳест, ки Паёмбар (с) аз қабл фарди мушаххасро ба хилофат насб нафармудааст.

    Асҳоби Расули Худо (с) дар ин, ки халифа чӣ гуна касе бошад, бо як дигар ҳамаақида набуданд ва ин ношӣ аз онаст, ки Паёмбар (с) фарди хоссеро ба хилофат насб нафармуда буд ва аз ҷумлаи касоне, ки дар ин мавзуъ ақидаи мутафовите доштанд, ҳазрати Алӣ ва Абӯбакр (р) буданд, ки дар бораи ҳар як гуфта мешуд, Паёмбари акрам он дуро барои хилофат пас аз худ муъаррифӣ фармуд, вале ҳеҷ як аз он ду бар вуҷуди насс бар хилофати худ ишора накарданд, ҳоло он, ки агар нассе вуҷуд медошт, бо он истинод мекарданд, балки воҷиб буд, ки чунин кунанд.

    Наметавон гуфт, ки нассе вуҷуд буда, вале Саҳоба онро зикр накарданд, зеро мо дини худро куллан аз тариқи Саҳобаи Паёмбар (с), ки Алӣ ва Абӯбакр аз он ҷумлаанд, гирифтаем ва агар қарор бошад, онҳо бархе аз нусусро китмон кунанд, дар ин сурат, эътимод аз асли дин салб мешавад, зеро бисёр нусуси дигаре низ вуҷуд дошта, ки Асҳоби Паёмбар (с) аз мо китмон карда ва тағйир дода бошанд? Касоне, ки чунин хиёнати бузургро муртакиб шаванд, чӣ тазминест, ки даҳҳо хилофи дигареро муртакиб нашаванд?

    Наметавон гуфт ба манзури ҳифзи иттиҳод ва иттифоқи муслимин аз зикри ин насс худорӣ шудааст, зеро ин кор ба маънои китмони ҳукми Илоҳӣ, балки яке аз муҳимтарин усули Ислом ва нақси дин аст, хусусан дар замоне, ки шароит комилан муқтазои ибрози он буд ва бештарин эҳтиёҷ ба изҳори он вуҷуд дошт ва ин кор лоақал аз Халифи Расули Аллоҳ (с) ва ҳодии уммат, қатъан пазируфтанӣ нест ва муҷиби нақси ғараз аз насби имом аст ва агар ваҳдате ҳам эҷод мешуд, ваҳдате ба қиммати аз байн рафтани тамомият ва камоли дин ва иттиҳод бар ботил буд, ки табъан аз назари Ислом, фоқиди арзиш аст.

    Аз ривоёте, ки Паёмбар (с) дар бораи итрати гиромии хеш супориш фармуд аз қабили: " وأهل بيتي، أذکرکم الله في أهل بيتي" ва назири он ва ё ривоёте, ки лафзи "итрат" дар он ба кор рафта, мафҳуми хилофат ва ҷонишинии Паёмбар (с) дар умури зимомдории уммат истинбот намешавад (хусусан, ки лафзи "итрат" ё "аҳли байт" бар беш аз як фард ва ҳам бар марду ҳам зан далолат дорад), зеро лафз возеҳ буда ва сароҳат дорад бар ин, ки Паёмбар (с) дар мавриди риъояти ҳуқуқи итрати хеш супориш фармуда, то Аҳли байти бузургвораш мавриди эҳтиром ва икром воқеъ шуда ва қадрашон дониста шавад ва мавриди беэътинои воқеъ нашаванд ва мантуқу мафҳуми он далолат бар насби яке аз онон ба имомати уммат надорад.

    Аҳодиси "вилоят", ё "мавлоҳу", низ ки дар онҳо вожаи "мавло" ё "валӣ" ё "мавлоҳу" ва амсоли он зикр шуда, далолат бар ҷонишинӣ дар амри ҳукумат бар мардум надорад ва алфози онҳо ғолибан аз ин қарор аст: " أنت ولي کل مؤمن بعدي", ё " وليكم بعدي .", ё ". فليوال علياً بعدي", ё "«. فليول علياً وذريته بعدي", ё ". فمن تولاه فقد تولاني", ё " فإن ولايته ولايتي", ва аз ҳама маъруфтар " اللهم وال من والاه وعاد من عاداه . " мебошад, ки муфассири тамоми он ривоёт, ҳамин иборати охираст, ки мерасонад манзур аз ин ривоёт нусрат ва ҳамроҳӣ ва муҳаббат ба он ҷаноб аст, зеро дар забони Арабӣ зоҳиртарин маъонии "валӣ" мутазоди "адӯ" аст ва касоне, ки кӯшидаанд ба тариқе маънои "мавло", ё "валӣ"ро аз нусрат ва дӯстӣ ва амсоли он мунсариф созанд ва лоақал бисту ҳафт маъно барои "мавло" зикр кардаанд, аз эътироф ба ин ҳақиқат ногузир шудаанд, ки маънои "мавло" ҳадди аксар "أولي بالشيء" аст ва натавонистаанд аларағми кӯшиши бисёр ва зеру забар кардани кутуби луғат ва девонҳои шеъру кутуби адабӣ ва... маънои ҳоким ва султон ва имому ҷонишин ва ғайра аз ин истихроҷ кунанд?!! Ва ин ба вузуҳ исбот мекунад, ки "мавло" ва "валӣ" дар Қуръон ва Ҳадис ва куллан дар забони Арабӣ ба маънои ҳукумат ва зимомдорӣ наёмадааст ва наметавон алфози нусуси шаръро ба маънои луғавӣ ё маъонии шаръии он ҳамл накард ва табъан наметавон аҳодиси "вилоят" ё "мавло"-ро ба эътои хилофат ва зимомдори муслимин ба Алӣ (р) ҳамл кунем, ки на мутобиқи маънои луғавӣ ва на мувофиқи маънои шаръии лафз аст.

    Оре! дар сурате, ки лафзи "валӣ" музоф ба калимаи "амр" қарор гирад, яъне ба сурати "ولي امر", фармондор истеъмол шавад, ба маънои ҳоким ва амир хоҳад буд, вале медонем, ки Паёмбар (с) билоистисно дар тамоми ривоёти фирқаҳои мухталифи Исломӣ, аз ин, ки лафзи "амр"-ро музофун илайҳии "валӣ", ё "мавло", қарор диҳад, ибо фармуда ва дар ин сурат наметавон маънои хилофат пас аз Паёмбарро ба ривоёти "вилоят" таҳмил намуд!

    Лозим аст, ду нуқтаи муҳим дар инҷо комилан мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад:

    Нахуст ин, ки иштиқоқи калимаҳо аз як моддаи луғавӣ, ба маънои ваҳдати маъно, тамоми муштаққоти модаи мазкур нест, балки маънои ҳар калима, сарфи назар аз модаи иштиқоқ, муттакӣ ба вазъ ва истеъмоли Араб аст. Масалан калимаи "جاء", ба маънои "омад", вале калимаи "أجاء" ба маънои "паноҳ бурд" аст. Бо ин, ки ҳар ду аз як моддаи луғавӣ ҳастанд. Дар ин маврид низ метавон гуфт: чун лафзи "валии амр" ба маънои ҳоким ва амир ва ғайра аст, пас калимаи "мавло", ё "валӣ", ки ба лиҳози моддаи луғавӣ бо лафзи "валӣ", ё "валии амр" аз як маншаъ ҳастанд, низ муфиди маънои "ҳоким ва амир" аст, зеро калимоти мазкур дар забони Арабӣ абадан ба ин маъно истеъмол нашуда ва ин масъалаест, манут ба истеъмоли Араб, на ин, ки шахс он чиро, ки аз маҷмуъи калимоти муштақ аз як модда дарёфт мешавад, ба якояки муштақоти он нисбат диҳад ва агар Араб сареҳан лафзи "валӣ" (дар сурате, ки музоф ба "амир" набошад), ё "мавло"ро ба маънои "ҳоким ва амир" истеъмол накарда бошад, наметавон он дуро ба маънои мазкур ҳамл кард.

    Дуввум он, ки қароини калом ҳар чӣ бошад, ба калимаи мавриди назар, маъонии ғайре аз маъонии мухталиф, ки Араб лафзро сариҳан дар он маъонӣ истеъмол мекунад, намебахшад, балки қароин, аз миёни маъонии муштараке, ки барои калима вазъ шуда, якеро бар маъонии дигар, мураҷҷеҳ дошта ва мафоҳими дигареро барканор медорад, вале муҷиди маънои ҷадиде, ки Араб лафзро дар он маъно истеъмол накарда бошад, нахоҳад буд. Калимаи "мавло" низ дар аҳодиси "вилоят" бар ташвиқ ва таҳризи уммат ба муҳаббат ва ҳимоят аз Алӣ (р) ва эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба он ҳазрат дорад, вале ин қароин маънои ҷадид ба он намедиҳад ва наметавон маънои "ҳоким ва амир бар мардум"ро ба он таҳмил кард! (поёни калом устод "Набҳонӣ".

    7. Аз инҳо муҳимтар, тариқаи аҷибу бесобиқа ва тавҷеҳнопазири баёни асли "имомат" аст, зеро ҳеҷ як аз усул- ва ҳатто бисёре аз фуруъ- дар дин дар Қуръони карим, ки "ба забони арабии возеҳ ва бидуни эъвиҷоҷ" нозил гардида, бадин сурат эълон нашудааст. Таваҷҷӯҳ ба ин нукта барои афроди мунсиф ва ҳақҷӯ бисёр роҳгӯшо хоҳад буд, зеро дар Қуръони карим даҳҳо, балки садҳо ояти возеҳ ва хилофнопазир дар бораи "тавҳид" ҳаст, даҳҳо балки садҳо ояти бе чуну чаро дар бораи "миъод", дар даст дорем, дар мавриди "нубуват"и омма ва низ "нубуват"и Паёмбари Худо (с) низ возеҳ дар Қуръон кам нестанд. Дар мавриди шумори бисёре аз фуруъ, низ оёти мутаъаддид нозил шуда ва дар тамоми ин маворид, мақсуд- лоақал ба иҷмол- бидуни иттико ба ҳадис, қобили дарёфт аст. Аммо чаро дар бораи асли асосӣ ва саъодатбахши "имомат", ин равиш тарк шуда ва ба ҳеҷ ваҷҳ ояти "имомат"-ро дар Қуръон намеёбем? Ва оёте, ки даъво мешавад роҷеъ ба "имомат" аст, оётест, ки барои қабули иртиботи он бо асли "имомат", ғолибан бояд таваҷҷӯҳ бо ояти қабл ва баъд ва сиёқи оёт, ё хондани оёт то охир, худдорӣ кунем!! илова бар ин мушкили бузург, оёти иддиъо, бидуни иттико ба ҳадис, абадан қобили истифода нест.!!! Ба ростӣ чаро шореъ дар ин маврид истисно қоил шуда ва барои ҳидояти уммат, ба ҷои вузуҳ ва сароҳат, ибҳомро баргузида. Аҷибтар ин, ки вақте ба суроғи ҳадис меравем, мебинем ҳадис ҳам чунон ки бояду шояд, бардорандаи ибҳом нест ва дар он аз лафзе истифода шуда, ки ба эътирофи тарафдоронаш лоақал бисту ҳафт маъно дорад?! Ва ба наҳве баён шуда, ки бо таваҷҷӯҳ ба мавқеъият ва қароин, далолати он бар ғайри "имомат" ошкортар аст!! Дар ҳоле, ки Паёмбари акрам (с) ба ҳидояти халқ ҳарис ва "افصح من نطق بالضاد" буд, бетардид барои ҳидояти уммат ва итмоми ҳуҷҷат, чунин мавзуъи асосӣ ва муҳимеро бо тардиднопазиртарин иборот баён мефармуд, на он ки аз услуби печида ва шубҳанок истифода кунад.

    Оё аҳамияти асли "имомат" аз моҷарои Зайд- ки номаш сареҳан дар Қуръон зикр шуда- камтар аст?! Оё метавон байни усули дин то ин андоза тафовут қоил шуд, ки ҳамаро ба вузуҳ баён кунем ва якеро мубҳам гузорем?! Оё тарафдорони "имомати мансуса" ба ин масъала андешидаанд, ки чаро дар Қуръон аз асли "имомат", ки ба ақидаи онон аз "нубуват ва рисолат" болотар аст, асари возеҳе нест? Оё аҳамияти моҷарои Асҳоби Каҳф, ки ҳатто аз зикри сагашон дар Қуръон қусур надошта, аз масъалаи имомат бештар аст? Оё китобе, ки барои ҳидояти мардум то қиёмат нозил шуда, мавзӯъе, ки қарнҳо муҷиби тафриқа ва ихтилоф дар байни уммат аст ва ҳатто ба ҷангҳо ва мунозеъоте дар миёнашон мунҷар шуд, тарк мекунад ва моҷарои гузаштагон аз қабили "Зулқарнайн ва Луқмону Ҳорун ва Қорун ва ғайра"ро ба тафсил шарҳ медиҳад? Оё Парвардигори меҳрубон, ки аз зикри паша дар китобаш, ибо надорад, аз зикри сареҳи масъалаи "имомат", имтиноъ мекунад?!! Оё инаст равиши ҳидояти мардум?!!

    Ба назари мо, ҳар ки бо Қуръон унсу ошнои дошта бошад, тардид нахоҳад кард, ки ин наҳви баён муносиб бо равиши Қуръони карим нест.

    Масдар: Китоби "Шоҳроҳи иттиҳод" (баррасии нусуси имомат), навиштаи устод Ҳайдар Алии Қаландаронӣ