ХОНАИ БОСАЪОДАТ
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
ХОНАИ БОСАЪОДАТ
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Солеҳ ибни Фавзон ал-Фавзон
Таҳия: islamhouse.com
2013 - 1434
البيت السعيد
«باللغة الطاجيكية»
صالح بن فوزان الفوزان
إعداد: دار الإسلام/ طاجيكي
2013 - 1434
ХОНАИ БОСАЪОДАТ
Эй мусалмонон!
Мардум ҳама паи ҳаёти осуда мегарданд ва онҳо саодату бахтро ҷустуҷў мекунанд, то дар фазои ором ва хотирҷамъи зиндаги намуда, аз ҳама гуна нооромию ғам дур бошанд, хусусан дар оилаи худ.
Бояд онҳо хуб бидонанд, ки ин осудагиро ба ҷуз имон ба Худои ягона ва таваккул бар зоти покаш ва итоати авомираш намеёбанд.
Бузургтарин чизе, ки оромию саодатро меорад, ин сохтани оилаест, ки тамоми аъзои он побанди таълимоти Ислом бошад.
Худованд бо ҳикмату илми худ оиларо қароргоҳи ҳар марду зан гардондааст, ки дар он ором гирифта, истиқомат намоянд.
Худованд мефармояд:
﴿ وَمِنۡ ءَايَٰتِهِۦٓ أَنۡ خَلَقَ لَكُم مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ أَزۡوَٰجٗا لِّتَسۡكُنُوٓاْ إِلَيۡهَا وَجَعَلَ بَيۡنَكُم مَّوَدَّةٗ وَرَحۡمَةً٢١ ﴾ [الروم: ٢١]
"Яке аз нишонаҳои қудрати Худованд он аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон ҳамсароне офарид, то ба онҳо ором гиред ва дар байни шумо дўстию меҳрубониро эҷод намуд"
Сураи Рум, 21
Бале то ба онҳо ором гиред ва нагуфт ҳамроҳи онҳо, ки ин баёнгари шуъури орому роҳату хотирҷамъист, бо олитарин мафҳумаш.
Ҳар марду зан ороми ва хуширо дар оғуши якдигар мебинанд ва дар ҳолати ғаму андўҳ ба ҳам мепайванданд.
Ҳаёти оилави бо сўҳбату шарикие қоим мешавад, ки бо дўстию улфату унс қарин бошад. Ин алоқа решаҳои амиқ дошта, ҳар яке аз марду зан худро дар дигар мебинад, чунончи Худованд мефармояд:
﴿هُنَّ لِبَاسٞ لَّكُمۡ وَأَنتُمۡ لِبَاسٞ لَّهُنَّ١٨٧﴾ [البقرة: ١٨٧]
"Онҳо барои шумо (ба монанди) либосанд ва шумо барои онҳо (ба монанди) либосед"
Сураи Бақара, 187
Илова бар ин, алоқаи издивоҷ барои тарбияи писарону духтарон макони хубест, ки ҳеҷ тарбия бидуни ҳикмати марду меҳри зан самар намедиҳад ва барои тарбияи фарзанд чизе беҳтар аз оила нест.
Бародарони азиз!
Чанд чизи муҳим аст, ки барои бинои оилаи мусалмон ва мустаҳкам намудани алоқаи заношавҳари кўмак расонида, боди парешонҳолию парокандагиро бартараф менамояд.
Аввалин ва асоситарини он, чанг задан аст ба таълимоти волои Ислом ва имон овардан аст ба Худо ва рўзи охират ва тарсидан аз он зоте, ки аз асрори ниҳонии дилҳо бохабар аст ва бар худ лозим гирифтани тақво ва аз тамоми зулму ситам дури ҷустан аст.
Худованд мефармояд:
﴿ذَٰلِكُمۡ يُوعَظُ بِهِۦ مَن كَانَ يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۚ وَمَن يَتَّقِ ٱللَّهَ يَجۡعَل لَّهُۥ مَخۡرَجٗا ٢ وَيَرۡزُقۡهُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَحۡتَسِبُۚ وَمَن يَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱللَّهِ فَهُوَ حَسۡبُهُۥٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ بَٰلِغُ أَمۡرِهِۦۚ قَدۡ جَعَلَ ٱللَّهُ لِكُلِّ شَيۡءٖ قَدۡرٗا ٣ ﴾ [الطلاق : ٢، ٣]
"Ин ҳама панд аст барои касоне, ки имони ба Худо ва рўзи қиёматро дошта бошанд. Ва ҳар ки аз Худо битарсад, барояш кушоиш медиҳад ва барояш аз ҷое ризқ медиҳад, ки дар ҳисобаш набуд. Ва ҳар ки ба Худо таваккул намояд, Ў барояш кофист"
Сураи Талоқ, 2-3
Имонро тоату ибодат қави мегардонад ва ҳамдигарро насиҳат кардан алоқаро мустаҳкам менамояд. Шумо ин сухани Паёмбар (с)-ро ба ёд оред, ки мефармоянд:
"Худо раҳмат кунад он мардеро, ки шабҳо бархоста, намоз мехонад ва ҳамсарашро бедор мекунад, то намоз хонад. Агар ҳамсараш бедор нашавад, дар рўяш каме об мепошад. Худо раҳмат кунад он занеро, ки шабҳо бархоста, намоз мехонад ва ҳамсарашро бедор мекунад, то намоз хонад. Агар ҳамсараш бедор нашавад, дар рўяш каме об мепошад"
Тирмизӣ ва Насои
Алоқаи байни зану шавҳар алоқаи дуняви нест, алоқаи шаҳвони ба монанди ҳайвонот нест.
Ин алоқаи рўҳи ва олист. Агар ин алоқа дуруст ба роҳ монда шавад ва содиқона бошад, дар охират низ идома меёбад, ҳамчуноне, ки Худованд мефармояд:
﴿جَنَّٰتُ عَدۡنٖ يَدۡخُلُونَهَا وَمَن صَلَحَ مِنۡ ءَابَآئِهِمۡ وَأَزۡوَٰجِهِمۡ وَذُرِّيَّٰتِهِمۡ٢٣﴾ [الرعد: ٢٣]
"Биҳишти ҷовидонае, ки вориди он мегарданд, ҳамроҳи падарону ҳамсарону фарзандони накўяшон"
Сураи Раъд, 23
Боз Худованд мефармояд:
﴿ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَٱتَّبَعَتۡهُمۡ ذُرِّيَّتُهُم بِإِيمَٰنٍ أَلۡحَقۡنَا بِهِمۡ ذُرِّيَّتَهُمۡ ٢١ ﴾ [الطور: ٢٠]
"Ва касоне, ки имон овардаанд ва фарзандонашон дар имон онҳоро пайрави намудаанд, мо фарзандони эшонро бо онҳо мепайвандем"
Сураи Тур, 21
Ин аст самараи имон.
Як чизи дигаре, ки алоқаро мустаҳкам намуда, онро нигоҳ медорад, ба некўи бо ҳам зистан аст. Ин кор танҳо дар сурате ба вуҷуд меояд, ки ҳар яки онҳо ҳуқуқ ва масъулияти худро дониста, тибқи он зиндагиро ба сар баранд. Ба даст овардани камол дар оила ва ҳар узви хонадон корест номумкин. Ва орзуи мо ба ин ки ҳар фарди он беайб бошад, ҷуз орзу чизи дигаре нест.
Далели ақли расо ва фикри пухта доштан он аст, ки баъзе камбудиҳоро қабул намоем ва аз баъзе хатоҳо чашм пўшем.
Мард сарвари оила аст ва бояд аз зан дида, бештар сабру таҳаммул намояд.
Ҳамон тавре, ки маълум аст зан ҳам ақлаш заиф аст, ҳам ҷисмаш ва вақте дар бораи ҳама чиз ўро айб гирем, дигар коре карда наметавонад.
Агар барои рост кардани зан зиёда аз қадри даркори кўшиш намоем, ў шикаста мешавад ва шикастагии ӯ талоқ аст.
Чунончи Паёмбар (с) мефармоянд: "Шуморо дар мавриди занонатон васият мекунам. Зан аз қабурға офарида шудааст ва олитарин сифати қабурға каҷии он аст. Агар онро рост кардани шави, ўро мешикани. Ва агар онро баҳолаш гузори, ҳамчунон каҷ боқи мемонад. Боз шуморо дар мавриди занон васият мекунам"
Муттафақун алайҳ
Каҷи дар зан асли хилқати ўст, пас бояд онро қабул намоем ва сабр кунем. Мард бояд бо вуҷуди сахтиҳои рўзгор ҳамеша вазнин бошад ва чашми худро аз баъзе камбудиҳо бипўшад. Мард бояд ҳамеша дар хотир дорад, ки агар ҳамасараш як ё якчанд камбуди дошта бошад, садҳо ва ҳазорон хуби дорад.
Ба ҳамин маъно Паёмбар (с) мефармоянд: "Марди мўъмин набояд зани мўъминро бад бинад. Агар ў як одаташро бад дида бошад, чанд рафтори дигарашро дўст медорад"
Муслим
Мо ҳаргиз гуфта наметавонем, ки ҳамон одати бадаш дар чист ва чи ҳикмат дорад ва оё бадбахти танҳо дар ҳамин аст?
Худованди азиз мефармояд:
﴿فَإِن كَرِهۡتُمُوهُنَّ فَعَسَىٰٓ أَن تَكۡرَهُواْ شَيۡٔٗا وَيَجۡعَلَ ٱللَّهُ فِيهِ خَيۡرٗا كَثِيرٗا ١٩ ﴾ [النساء : ١٩]
"Ва агар шумо аз онҳо бадбиние доштед, бидонед, ки шояд шумо аз чизе бадбини дошта бошед, вале Худованд дарон некии фаровон қарор дода бошад"
Сураи Нисо, 19
Пас, роҳат чи мешавад, ороми куҷо меравад, вақте сарвари хона табиати бад дошта бошад, сахтгир бошад, тангфикр буда, дар аксари ҳолатҳо чун аҳмақон рафтор намояд ва сабуки карда, бо андак кор ғазаб намояд? Дар хонааш дарояд, садҳо миннат кунад ва чун берун равад, бадгумон бошад? Бо вуҷуди он ки ў медонад, зиндагии хуш ва саодату некбахти танҳо дар нарми ва дур кардани гумонҳои бад ва бартараф намудани ваҳму хаёлҳо аст.
Рашк баъзе инсонҳоро ба бадгумони мерасонад, ки дигар дар ҳама рафтору кирдори ҳамсарашон шак мекунанд ва ин кор боиси он мегардад, ки зиндаги вайрон шуда, оқибат хонавайрон мегардад ва ё ба бемориҳои рўҳи гирифтор мешаванд.
Худованд мефармояд:
﴿وَلَا تُضَآرُّوهُنَّ لِتُضَيِّقُواْ عَلَيۡهِنَّ٦ ﴾ [الطلاق : ٦]
"Шумо онҳоро зарар нарасонед, то зиндагиро барояшон танг намоед"
Сураи Талоқ, 6
Паёмбар (с) мефармоянд: "Беҳтарини шумо касест, ки бо хонадонаш накў бошад. Ва ман аз ҳамаи шумо бештар бо хонадонам накўи мекунам"
Ибни Моҷа
Аммо занони мусалмон бояд дониста бошанд, ки саодату бахту иқбол ва дўстию меҳрубони пурра намегардад, магар дар ҳоле, ки он зан поку диндор бошад.
Таълимоти Исломро омўхта, ҳуқуқи худро бидонаду талаб намояд, вазифаҳои худро ҳис кунад ва анҷом диҳад. Зан бояд ҳамеша шавҳарашро итоат намуда, хуб бидонад, ки устувории хона дар дасти ўст.
Мард аст, ки занро ҳимоят мекунад, мехўронад, мепўшонад ва камбудиҳои хонаро пур мекунад, пас дар баробари ин ҳама, зан бояд аз фармони ў сарпечи накунад. Зан бояд дар хонаи шавҳар ҳам худро ҳифз намояд, ҳам хона ва сарвати шавҳарро.
Зан бояд кори худро хуб анҷом диҳад, ба худаш ва ба хонааш аҳамияти бештар диҳад. Ў бояд ҳамсари зебосурат, накўсират, модари меҳрубон ва масъулиятшинос бошаду хонаи шавҳари худро ба гулистон табдил диҳад. Зан бояд ҳамеша хубиҳои шавҳарашро ёдовар шавад ва неъматҳои додаи ўро инкор накунад. Паёмбар (с) занонро аз инкори ин неъмат ҳазар кунонида, чунин мефармоянд:
"Барои ман дўзахро нишон доданд. Ман дидам, ки аксари аҳли он заноне буданд, ки инкор мекарданд. Аз ў пурсиданд: Оё онҳо Худоро инкор мекарданд? Фармуд: На. Ишратро инкор мекунанд. Заноне, ки агар барояшон тамоми дунёро диҳи ва чун як бадиро аз ту бинад, мегўяд дар ҳаётам аз ту хуби надидаам"
Бухорӣ
Эй занони покдоман!
Бояд шумо низ камбудиҳои шавҳари худро нодида бигиред ва ба ҳама хатогиҳо аҳамият надиҳед.
Вақте шавҳарат омад, ба ў бади макун ва чун дар берун бошад, хиёнат макун.
Бо ҳамин кор шумо аз ҳам рози мешавед ва зиндаги дар байни шумо бо хуши гузашта, дар чунин хонадон дўстию муҳаббат ва меҳрубони ҳукмфармо мегардад.
Паёмбар (с) мефармоянд:
"Ҳарзане, ки аз дунё гузашт ва шавҳараш аз ў рози бошад, дохили ҷаннат мешавад"
Ибни Моҷа ва Тирмизӣ
Эй уммати Ислом!
Шумо аз Худо битарсед ва дониста бошед, ки бо ба даст овардани ҳамдигарфаҳми ва муҳаббати оилави шароити хубе барои тарбияи фарзандон фароҳам мешавад.
Фарзандон дигар дар оилае парвариш меёбанд, ки бо якдигарфаҳми ободу зебост.
Аз як тараф ҳикмату ақлу тадбири падар, аз тарафи дигар меҳру шафқати модар.
Оилаи дур аз ҳама намуд ҷанҷолу низоъҳо ва берун аз забондарози ва дастдарози ба рўи ҳамдигар.
Оилае, ки на ба дур, на ба наздик бадгумонанд, оилае, ки ҳамдигарро дўст медоранд ва бидуни ҳамдигар зиндагиро тасаввур карда наметавонанд.
Оилае, ки чи хурд ва чи бузург масъулияти худро хуб медонад ва бо тамоми камол онро анҷом медиҳад.
Худованд мефармояд:
﴿وَٱلَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا هَبۡ لَنَا مِنۡ أَزۡوَٰجِنَا وَذُرِّيَّٰتِنَا قُرَّةَ أَعۡيُنٖ وَٱجۡعَلۡنَا لِلۡمُتَّقِينَ إِمَامًا ٧٤ ﴾ [الفرقان: ٧٤]
"Ва онон, ки мегӯянд: «Эй Парвардигори мо, аз ҳамсарону фарзандонамон дилҳои моро шод дор ва моро пешвои парҳезгорон гардон!»"
Сураи Фурқон, 74
Худованди муттаъол ширкати заношўиро иҷозат додааст, то ҷамъияти кўчаке бисозем.
Ў барои барпо намудани ин ҷамъият ба ҳамкори ва якдили амр намудааст, ки дар он фоида барои фарзандон буда, саодати онҳо дар он аст.
Худованд мефармояд:
﴿ وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ أَزۡوَٰجٗا وَجَعَلَ لَكُم مِّنۡ أَزۡوَٰجِكُم بَنِينَ وَحَفَدَةٗ ٧٢ ﴾ [النحل: ٧٢]
"Барои шумо аз худатон ҳамсар офарид ва аз ҳамсаронатон барои шумо фарзандон ва наберагон офарид"
Сураи Наҳл, 72
Ин аст ширкати бобарор, ки Худованд миннат мекунад.
Ҳар аъзои ин ширкат бояд вазифаи худро анҷом дода, ҳуқуқи дигарро риоя намояд, дар ин роҳ ихлосу амонатро риоя кунад.
Набояд кореро анҷом диҳад, ки бар ҳамдигар зарар ворид намояд ва дар аснои зиндаги касони беруна набояд дар раванди кории ин ширкат таъсир расонанд, ки боиси бадбахти ва парокандагии он шавад.
Роҳнамоиҳои Қуръон ва васиятҳои Паёмбар (с) ба комёбии ин ширкат тамоми роҳҳоро муайян намудааст, ки пайравии онҳо боиси ба даст овардани фоидаҳо ва саодати оила аст.
Аз ҷумла, суханони гаронбаҳост, ки Паёмбар (с) дар хутбаи видоъаш гуфта буд, ки мефармояд: "Занҳо болои шумо ҳуқуқ доранд ва шумо болои онҳо ҳуқуқ доред. Ҳаққи шумо бар онҳост, ки дар бистаратон ғайри шумо касеро роҳ надиҳанд ва ба хона касеро, ки бад мебинед, бе иҷозати шумо нагузоранд ва даст ба бади назананд. Агар ин корро карданд, Худованд бароятон иҷозат додааст, то онҳоро дар хона ҳабс намоед ва бистаратонро ҷудо кунед ва болояшон фишор овареду онҳоро зарби беасар намоед. Агар аз корҳои карда даст кашанд ва шуморо итоат намоянд, онҳоро ба неки хўронеду пўшонед. Занҳо дар дасти шумо монанди асиронанд, ки ба худ коре карда наметавонанд. Шумо онҳоро бо амонати Худо гирифтаед ва домонашонро бо калимаи Худо соҳиб гаштаед, пас дар мавриди занон аз Худованд битарсед ва ҳамеша ба онҳо неки намоед"
Муслим
Дар ин васиятҳои Паёмбар (с) тамоми чизеро пайдо кардан мумкин аст, ки ҳаёти осоиштаро барои хонавода таъмин намояд ва ҳар аъзои оила вазифа ва масъулиятҳои худро ба ҷой оварад. Онҳо бояд эҳтироми ҳамдигарро ба ҷо оранд, ба ҳамдигар меҳрубону ғамхор бошанд, то ин ширкат аз байн наравад.
Кадомин фоида бештар аз он аст, ки инсон саодатро дар хонадонаш бинад ва зебу зиннати дунёро эҳсос намояд, эй бандагони Худо? Ҳамон тавре, ки Худованд мефармояд:
﴿ ٱلۡمَالُ وَٱلۡبَنُونَ زِينَةُ ٱلۡحَيَوٰةِ ٱلدُّنۡيَاۖ ٤٦﴾ [الكهف: ٤٦]
"Молу фарзанд зиннати ҳаёти дунёст"
Сураи Каҳф, 46
Барои он, ки ин гулҳо дар оила бишкуфанд ва дар партави муҳаббат умр ба сар баранд, онҳоро дар домони падари ҳаким ва модари дилсўз парвариш намо, то тарбияи накў гирифта, самараи накў ба волидайн гардад. Фарзанди накў ва оилаи ором неъмати гаронбаҳоест, ки онро касе мефаҳмад, ки аз он маҳрум шудааст, касе ҳаёти осоиштаи оиларо аз даст дода, оромиро фаромўш кардааст, касе ки фарзандони нохалаф дошта бошад.
Фарзанде, ки дар оилаи ноором парвариш меёбад, таъсири бади он дар тўли ҳаёташ дида мешавад. Ҷанҷолҳои бемаънии волидайн, ихтилофот ва дашномҳо ба рўи ҳамдигар дар қалби тифл решаи кина ва бадиро ҷой медиҳад ва дарси амали барои фарзанд мешавад, ки ягон мактаб онро тағйир дода наметавонад.
Дигар онҳо омўхтанд, ки инсон метавонад бар сари дигарон зулм намояд, бо бегонаю наздик ҷанҷол кунад ва онҳо боин дарси худ ба ҷомеа қадам мегузоранд, ки боиси зиёд шудани ҷиноятҳо мегарданд.
Барои ҳамин Ислом бо таълимоти худ барои оила барномаҳо ниҳодааст, ки аз ҳаёти оилави шурўъ шуда, дар ҳама самту ҷонибҳо ва дар ҳама вазъияту шароит васиятҳои гаронбаҳои худро намудааст, то зану шавҳар оилаи худро ба танзим дароранд. Танзиме, ки дар байн муҳаббатро эҷод намуда, аз ҳам порашавиро дур кунад. Худованди муттаъол ба мардон хитоб намуда мефармояд:
﴿وَعَاشِرُوهُنَّ بِٱلۡمَعۡرُوفِۚ ١٩ ﴾ [النساء : ١٩]
"Ва бо онҳо ба накўи ҳамзисти кунед"
Сураи Нисо, 19
Яъне, бояд рафторатон хуб, гуфторатон хуш ва сурататон зебо бошад, ҳамчуноне, ки аз онҳо инро мехоҳед.
Паёмбар (с) мефармоянд:
"Беҳтарини шумо касест, ки бо ҳамсараш накўи кунад. Ва ман аз ҳамаи шумо бо ҳамсаронам бештар накўи мекунам"
Боз барои ҳимояи ҳаққи шавҳару қадрдонии он мефармоянд:
"Ҳар зане, ки аз олам даргузарад ва шавҳараш аз ў рози бошад, дохили ҷаннат мешавад. Агар барои одамизод иҷозат мешуд, то ба инсоне саҷда кунад, албатта ман мефармудам, то зан ба шавҳари худ саҷда намояд, ба хотири бузургии ҳаққи шавҳар".
Аммо агар кор ба ҷое расид, ки аз ҳамдигар норози шуданд ва эҳсос шавад, ки риштаи ин алоқа вайрон мешавад, дар ин ҳолат Худованд мефармояд:
﴿فَإِن كَرِهۡتُمُوهُنَّ فَعَسَىٰٓ أَن تَكۡرَهُواْ شَيۡٔٗا وَيَجۡعَلَ ٱللَّهُ فِيهِ خَيۡرٗا كَثِيرٗا ١٩ ﴾ [النساء : ١٩]
"Пас агар шумо онҳоро бад бинед, шояд шумо чизеро бад бинед, вале Худованд дар он баракати зиёдеро бигардонад"
Сураи Нисо, 19
Яъне, агар шумо бо вуҷуди бад дидани ин зан сабр намоед, дар он баракати зиёде меёбед, ҳамчуноне, ки Паёмбар (с) мефармоянд:
"Ҳаргиз мўъмин мўъминаро бад набинад. Агар як рафторашро бад бини, рафтори дигарашро нағз мебини"
Муслим
Дониста бошед, ки дар ҳар ширкат шахсоне мебошанд, ки саҳмияи бештар доранд ва фоидаи бештарро ба даст меоранд, вале агар ин ширкат вайрон шавад, онҳо бештар зиён мебинанд.
Ҳамчунин дар оила мард болои зан ҳаққи бештар дорад ва хонаро идора ва роҳбари мекунад. Агар роҳбарияш хуб бошад, ҳам худ ва ҳам ҳамсарашро ба саодати дунё ва охират мерасонад ва агар ноком гардад, албатта хасорати бештарро худ таҳаммул менамояд.
Чунончи Паёмбар (с) мефармоянд:
"Мард нигаҳбон аст ва аз раияташ пурсида мешавад"
Бухорӣ ва Муслим
Пас, шумо эй бандагони Худо, аз Ў битарсед ва ин ширкати умрро нигоҳ доред.
Дар нигоҳдории он бахту саодати шумо, оромию осудагии ин ҷамъияти кўчак, парвариши хуби фарзандон ва тарбияи онҳост дар домони падари ҳакиму модари ғамхор ва билохира фоидаи бузургест барои марду зан.
Аз Худованди муттаъол битарсед ва хонаи худро нигоҳ доред ва робитаи зиндагиро мустаҳкам намоед, ки дар он саодату оромист, дар ин ҷомеаи кўчак, ҷомеаи оила ва тарбияи фарзандон дар сояи ҳикмати падару лутфи модар, ки аз он ҳамагон баҳраманд мешавад.