×
Шаби ғамангезе буд. Осмон абрӣ ва боди тунде мевазид. Хадиҷа дар ҳуҷраи ҳақиронае се фарзандашро дар оғӯш гирифта буд ва бо нигаронӣ ба сӯи осмон менигарист، зеро бим дошт пеш аз бозгашти ҳамсараш ба хона، тӯфон оғоз шавад. Ӯ саъй мекард، ки нигарониашро аз фарзандонаш пинҳон дорад. Дар ин ҳангом садои боз шудани дари хона шунида шуд. Бо шитоб бархост ва бо фарзандонаш гуфт: «бархезед ба истиқболи падаратон биравед».

    Достони истиқомати зани бо имон

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Бинтул-Ҳудо Сидр

    Мутарҷим: Латиф Рошидӣ

    Сомонаи суннӣ нюз: sunninews.net/tj

    2013 - 1434

    قصة الاستقامة: المرأة المؤمنة

    «باللغة الطاجيكية»

    بنت الهدى - صدر

    ترجمة: لطيف رشيدي

    موقع سني نيوز: sunninews.net/tj

    2013 - 1434

    Достони истиқомати зани бо имон

    Шаби ғамангезе буд. Осмон абрӣ ва боди тунде мевазид. Хадиҷа дар ҳуҷраи ҳақиронае се фарзандашро дар оғӯш гирифта буд ва бо нигаронӣ ба сӯи осмон менигарист, зеро бим дошт пеш аз бозгашти ҳамсараш ба хона, тӯфон оғоз шавад. Ӯ саъй мекард, ки нигарониашро аз фарзандонаш пинҳон дорад. Дар ин ҳангом садои боз шудани дари хона шунида шуд. Бо шитоб бархост ва бо фарзандонаш гуфт: «бархезед ба истиқболи падаратон биравед».

    Фарзанди кӯчак пурсид: «Бобо бароямон чӣ овардааст?».

    Хадиҷа бо меҳрубонӣ ва латофати модарона гуфт: «муҳим нест, ки чӣ овардааст, беҳтараст чизе напурсӣ».

    Бачаҳо шодикунон ба тарафи падар рафтанд. Хадиҷа низ ҳамроҳи онон бо чеҳраи хандон ба тавре, ки асаре аз лаҳазоти талхе, ки дар интизори бозгашти ҳамсараш сипарӣ карда буд, дар он дида намешуд, ба истиқболи ӯ рафт.

    Каме баъд ғизои шом ҳозир кард. Суфрае гушуд, ки дар он чанд нон ва пораи панир буд. Дар вақти хурдан, модар саъй кард бо суханони шодибахш, хонаводаро гарм кунад. Пас аз хурдани шом, бачаҳо ба гушае рафтанд ва хобиданд. Бо хобидани онҳо сукут тамоми ҷоро фаро гирифт. Оқибат падар сукутро шикаст ва гуфт: «натавонистам коре пайдо кунам. Соли нав наздик аст, ҳар чӣ андухта будем, тамом шуд. Бештари асоси хонаро ҳам фурухтем, дигар чизе надорем, ки бифурушем ва шикамамонро сер кунем.

    Модар бо лаҳни хушбинонае гуфт: «вале ҳанӯз имон ва иродаву истиқоматамонро нигаҳ кардаем; он чӣ моро саодатманд хоҳад кард».

    Падар гуфт: «саодат!, ин, ки бачаҳоямон либоси пора мепӯшанд ва ҳамеша аз гуруснагӣ меноланд, саодат аст? Қасам мехурам, ки имон боиси бадбахтии мо шуд, мо дар осоиш будем».

    Хадиҷа гуфтаҳои шавҳарашаро бурид ва гуфт: «осоиш! кадом осоиш? қиморро метавон пуштибони зиндагӣ донист, ғизое, ки мехурдем, либосе, ки мепӯшидем ва тамоми зиндагиямон аз роҳи қимор таъмин мешуд, роҳе, ки охираш табоҳӣ буд. Даромади мо аз роҳи фиребу найранг буд. Мо саодату осоиши воқеӣ надоштем, зеро барои таъмини худамон, дигаронро фиреб медодем. Мо ба гуруснагӣ ва бараҳнагии дигарон аҳамият намедодем, зеро фақат ба осоиши худамон меандешидем».

    Падар гуфт: «ҳамин суханҳои ту боис шуд, ки ман қиморро раҳо кунам ва ҳоло вазъамон ин тавр бошад».

    Агар аз дастранҷи худамон нони хушке бихурем, беҳтар аз роҳи фиребдодани дигарон дар рафоҳу осоиш бошем. Он роҳ, азобу кайфари Худовандро бо худ дорад».

    Падар гуфт: «ман тамоми инҳоро медонам ва Худовандро шукр мекунам, ки маро ба роҳи рост ҳидоят кард ва аз ту ҳам ташаккур мекунам, ки дар ин роҳ маро ёрӣ додӣ, аммо фақру маҳрумият бисёр талх аст ва ниёзманди дигарон будан, ранҷовар аст».

    Хадиҷа гуфт: «Эҳсонҷон! зиндагӣ дар ин дунё бо фақру маҳрумиятҳояш, нокомӣ ва комёбиҳояш ба поён мерасад ва пул фақат василае барои гушудани мушкилоти зиндагист, аммо зиндагии ҳақиқӣ дар охират аст, ки поёнӣ надорад. Ҳаёти ҷовидон, ки бояд фақат ба он бияндешем ва худро барои ин сафар омода кунем, ва зоду тӯшаи ин сафар, парҳезгорӣ ва аъмоли нек аст, пас бар зиндагии гузаштаат афсӯс махур ва аз ин, ки Худованд неъмати тавба ва сабр бар тангдастӣ ва фақр ва паймудани роҳи ризояти ӯ ва иҷтиноб аз гуноҳонро бар ту арзонӣ доштааст, сипосгузор бош ва яъсу ноумедиро ба худат роҳ надеҳ».

    «Ман ноумед нестам, аммо метарсам, ки натавонам дар муқобили дӯшвориҳо ва мушкилот муқовимат кунам ва дӯчори лағжиш шавам ва ба зиндагии нангини гузашта боз гардам».

    Модар гуфт: «бояд муқовимат кунӣ, то кори шарофатмандонае биёбӣ».

    Падар гуфт: «чӣ гуна зиндагӣ кунем?».

    Модар гуфт: «танҳо ёдбуди издивоҷамон ин ангуштарин аст, ки бароям монда, онро мефурушем, то битавонем муддати дигар зиндагӣ кунем».

    Падар гуфт: «бояд умедвор буд».

    Модар гуфт: «умедвор бош, Худованди раҳмон бандагонро аз раҳмати худ ноумед намесозад, бояд ба ӯ таваккал кунем ва ноумед нашавем ва ба маслиҳати ӯ розӣ бошем. Мутмаин бош, мо хушбахт мешавем».

    Падар оҳе кашиду гуфт: «ту, ки ин тавр фикр мекунӣ, пас бигӯ сабаби ин ранҷу гирифторӣ чист?».

    Модар гуфт: «ин ранҷу сахтӣ барои озмӯдани мост. Худованд сабру имон ва истиқомати моро меозмояд, чуноне, ки мефармояд:

    ﴿وَلَنَبۡلُوَنَّكُم بِشَيۡءٖ مِّنَ ٱلۡخَوۡفِ وَٱلۡجُوعِ وَنَقۡصٖ مِّنَ ٱلۡأَمۡوَٰلِ وَٱلۡأَنفُسِ وَٱلثَّمَرَٰتِۗ وَبَشِّرِ ٱلصَّٰبِرِينَ ١٥٥﴾ سورة البقرة 155

    «ҳатман шуморо ба чизе аз хавфу гуруснагӣ ва камӣ дар амволу нафсҳо ва меваҳо, озмоиш мекунем, ва башорат деҳ (эй Муҳаммад) ба сабркунандагон».

    Сураи Бақара, 155

    Падар гуфт: «пас чӣ вақт ин сахтӣ ба поён мерасад?».

    Модар гуфт: «Ҳаргоҳ ин озмӯнро бо муваффақият бигзаронем».

    Падар гуфт: «манзур аз муваффақият чист?»

    Модар гуфт: «онаст, ки гуруснагӣ ва ранҷу фақр ва маҳрумиятро таҳаммул кунем ва дар роҳи таҳаммули ин сахтиҳо, имон ва ирода ва истиқоматамонро аз каф надиҳем. Ман мутмаинам, ки аз ин озмоиш сарбаланд берун меоем».

    Падар сукут кард ва ҳар ду ба Худо таваккал карданд ва аз ӯ ёрӣ талабиданд ва бо ин афкор хобиданд.

    Субҳидам, Хадиҷа барои адои фаризаи намози субҳ бархост ва ҳамсарашро бедор кард ва пас аз адои намоз, барои омода кардани чои субҳ ба ошпазхона рафт. Падар низ баъд аз намоз чанд сура аз Қуръонро тиловат кард.

    Офтоб тулуъ кард ва бачаҳо ҳам аз хоб бархостанд. Модар пиёлаҳои чойро дар муқобили онон гузошт, яке аз бачаҳо бо эътироз гуфт: «модар пас нон куҷост?» дӯстам Ҳомид ва бародараш ҳар рӯз нону равған ва тухми мурғ мехуранд».

    Модар аз шунидани ин калимаҳо эҳсос кард, қалбаш пора пора мешавад, ба сахтӣ табассум кард ва фарзандашро дар оғӯш кашид ва гуфт: «азизам! Иншоаллоҳ аз фардо ҳар чӣ дӯст дорӣ, мехурӣ»,

    Тифли маъсум гуфт: «модарҷон! Чаро гуфтӣ, иншоаллоҳ?»

    Модар гуфт: «писари азизам! Худованд аст, ки рӯзии моро мерасонад ва ӯст, ки ба мо тавони таҳияи хуроку пӯшок медиҳад. Агар иродаи Худовандӣ таъаллуқ бигирад, ки мо натавонем нафас бикашем, нахоҳем тавонист».

    Писар гуфт: «модарҷон! оё Худованд субҳҳо ба мо нону тухми мурғ хоҳад дод?»

    Модар гӯфт: «Оре! фарзанди азизам. Иншоаллоҳ ҳамин тавр хоҳад шуд».

    Падар, ки гуфтугӯи ҳамсар бо фарзандашро мешунид, аз нерӯи имон, ки ба ҳамсари накӯкораш иззати устувор ато карда буд, мабҳуту ҳайрон шуд ва худро муваззаф дид, ки дар канори ин ҳамсари боимону муҷоҳид биистад ва ӯро дар умедвор кардани фарзандон ёрӣ диҳад. Аз ин хотир саъй кард бо суханони умедбахш фарзандонашро дилбардорӣ кунад. Ба онон гуфт, ки ба ёрии Худованд кори муносибе хоҳад ёфт ва васоили осоиши ононро фароҳам хоҳад кард. Бачаҳо бо иштиёқ бо суханони падарашон гӯш мекарданд, ки садои дар шунида шуд. Онон, ки мунтазири касе набуданд, бо ҳайрат ба ҳам нигаристанд, зеро пас аз тарк кардани корҳои гузаштаи падар, дигар касе ба хонаи онҳо намеомад. Падар бархост ва ҳамчунон, ки дар андеша буд, ба сӯи дар рафт, Хадиҷа бар ҷояш мехкӯб шуд ва дар дилаш орзӯ кард: эй кош садои дар, паёмовари хушбахте бошад. Замон ба кундӣ мегузашт. Хадиҷа бо изтироб ва нигаронӣ ба дари утоқ чашм дӯхта буд, ки ҳамсараш бо чеҳраи хандон бозгашт. Хадиҷа ба сӯи ӯ рафт ва гуфт: «чеҳраатро хандон мебинам, магар чӣ шудааст?».

    Эҳсон бо меҳрубонӣ дасти ҳамсарашро гирифт ва гуфт: «дуруст ҳадс задӣ, бояд Худоро барои ин муваффақият шукр кунем, вале бояд эътироф кунам, ки фақат нерӯи имон ва азму муқовимати ту сабаби муваффақияти мо буд. Ба лутфуи Худованди таборак ва таоло ва кӯшиши ту буд, ки ин буҳронҳоро гузаронидем».

    Дар инҷо Хадиҷа бо таассур гуфт: «фиристодаи Ҳоҷ Оқо буд?»

    «На! Худи Ҳоҷ Оқо буд. Ӯ мегӯфт,ки аз муддатҳост, ки дар ҷустуҷӯи фарди амин барои тиҷоратхонааш будааст ва ба тозагӣ аз ҳамсараш шунидааст, ки ман дар ҷустуҷӯи кори шарафмандонае ҳастам, то монанди гузашта зиндагӣ накунам. Ӯ маро баргузида ва маро бар дигарон тарҷеҳ додааст. Худованд бандагони собирашро аз яъсу ноумедӣ мераҳонад. Ӯ гуфтааст, ки ман акнун аз дигарон поктарам, зеро касе, ки аз гуноҳ боз гардад ва тавба кунад, монанди касест, ки аз модар таваллуд мешавад».