×
Ҳамаи инсонҳо ба навъе дар пайи хушбахтӣ ҳастанд ва аз бадбахтӣ гурезонанд. Аммо ҳар кас бо дидгоҳ ва ақидаи худ ба хушбахтӣ нигоҳ мекунад ва барои бадбахтӣ, таърифи хоссе дорад.

    Чигўна бар қуллаи саодат хона бисозем?

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Таҳияи: Назифаи Мўсо

    2012 - 1434

    كيف نبني بيتا على قمة السعادة

    «باللغة الطاجيكية»

    إعداد: نظيفة موسى

    2012 - 1434

    Чигўна бар қуллаи саодат хона бисозем?

    Ҳамаи инсонҳо ба навъе дар пайи хушбахтӣ ҳастанд ва аз бадбахтӣ гурезонанд. Аммо ҳар кас бо дидгоҳ ва ақидаи худ ба хушбахтӣ нигоҳ мекунад ва барои бадбахтӣ, таърифи хоссе дорад. Бешак, агар қарор бошад, ки бар қуллаи ҳақиқии саодат, сохтмони зебо ва дилангезе бисозем ва худро сокини он кунем, бояд ба суроғи касе биравем, ки таърифи ҳақиқи ва ҳамаҷониба аз хушбахтӣ дошта бошад.

    Ба ҳамин далел аст, ки мо барои сохти чунин биное худро дар оғўши бози дин меандозем ва аз офаридгори инсон, макони воқеъӣ қуллаи хушбахтиро ҷўё хоҳем шуд.

    Дар фарҳанги динии мо, қуллаи саодат танҳо як маҳалли истиқрори муваққатӣ нест, то бо заҳмати фаровон худро ҳамонанди кўҳнавардон ба онҳо бирасонем ва пас аз истироҳати чанд соата ба ватани аслии худ баргардем. Балки қарор аст, пас аз боло рафтан аз баландиҳои он хонаи мустаҳкам бар фарози он бисозем ва пас аз ватан гузидан, солҳои сол дар онҳо зиндагӣ кунем.

    Бинобарин, нигоҳи мо ба қуллаи саодат як маҳалли доимӣ барои зиндагии ҳамешагӣ аст, на як маҳалли истиқрори муваққатӣ барои як зиндагии зўдгузар ва тамомшуданӣ. Ба ҳамин хотир аст, ки мо ҷудоӣ ба боло рафтан аз ин қуллаи хўшманзарро фикр мекунем, барои сохти хонаи мустаҳкам ва зебоӣ зиндагии абадии худ, низ хоҳем андешид.

    Сохти ҳар хонаи ниёзманд, се унсури асосӣ ё се марҳалаи муҳим дорад. Аввал таҳкурсӣ, дуввум сифати корӣ ва савум дақиқ корӣ, ки мо дар сохти хонаи хушбахтӣ низ бояд ҳар се ин марҳилаҳоро тай кунем.

    Марҳилаи аввал: Таҳкурсӣ

    Таҳкурсии ҳар сохтмоне муҳимтарин қисмати он бино аст, чаро ки қарор аст вазни як бинои зеборо таҳаммул кунад ва устувории онро замонат намояд. Эътиқодоти ҳар касе ҳам пояҳои сохтмони саодати ўро ташкил медиҳад. Бинобарин, барои бино ниҳодани хонаи саодат, пеш аз ҳар чизе бояд ба эътиқодоти худ бингарем ва муроқибати бевосита аз он дошта бошем.

    Барои таҳкурсии ҳар сохтмоне лозим аст, ки ақаллан ба ду нуктаи асосӣ таваҷҷуҳ шавад. Нахуст инки замине, ки қарор аст бори сангини чунин сохтмонеро таҳаммул кунад, арзиши қобилият ва тавони кофиро доро бошад. Дуввум, масолеҳи ба кор рафта дар он бо вазн ва ҳаҷми сохтмон, таносуби лозимро дошта бошад.

    Дар хонаи саодат ҳам бояд таваҷҷуҳи хосса ба ин ду нукта дошт. Нахуст, инки мо ақоиди худро дар кадом идеалогия бино мекунем ва ба истилоҳи мардум «бар рўи девори чӣ касе ёдгорӣ менависем».

    Агар, пояи тафаккуроти худро дар нигаришҳои модигароёна ва ё инҳирофӣ ва кўтаҳназарона бино ниҳем, пас аз чанде худро дар ботлоқи нобудӣ хоҳем дид ва ба нестӣ хоҳем расид. Бинобарин, пеш аз ҳар чизе бояд ба фикри як андешаи мустаҳкам ва як идеалогияи муътабар буд.

    Нуктаи дуввум, агар танҳо ба истеҳкоми макони эътиқодотамон дил хўш кунем ва ба фикри ба коргирии масолеҳи муносиб барои таҳкурсии эътиқодотамон набошем, мумкин аст ба вартаи нобудӣ дучор шавем.

    Мутаассифона, бисёре аз мардум гумон мекунанд ҳамин, ки дар замини мустаҳками дини Ислом ҷо гирифтанд ва мусалмон шуданд, кор тамом шудааст ва ниёзе ба истеҳком бахшидан ба эътиқодоташон нест. Чунин афроде гоҳ бо шунидани як шубҳаи бисёр сода тамоми сохтмони динӣ худро вайрон ва ҳама ончиро, ки бар ин ақоиди заъиф бино карда буданд, нобудшуда мебинанд.

    Бинобарин, ҳамаи мо вазифадорем, ки бо омўхтани «дониши эътиқодот», пояҳои мустаҳкам барои хонаи хушбахтии худ бисозем ва онро дар баробари зилзилаҳои шубаҳот ва суномиҳои гумроҳӣ замонат кунем.

    Марҳилаи дуввум: Сутунҳо, деворкашӣ ва мустаҳкамкорӣ

    Пас, аз поярезии эътиқодот, навбат ба сохти сутунҳои сохтмон аст, ки бо анҷоми дастуроти саодатмеҳварӣ сурат хоҳад пазируфт. Боядҳо ва набоядҳое, ки дин дар ихтиёри мо қарор дода, ҳамонанди деворҳо ва сақфи сохтмон, моро аз нобасомониҳо наҷот медиҳад.

    Саодат, ҳад ва марзе дорад, ки аҳкоми илоҳӣ баёнгари ин маҳдуда аст. Ҳамаи мо бо амал ба ин аҳком ва дастуроти динӣ дар воқеъ, мустаҳкамии дару девор ва сақфи хонаи хушбахтии худро месозем ва саъӣ мекунем, ки по аз ин маҳдуда фаротар нагузорем ва худро ба вартаи ҳалокат ва гумроҳӣ накашонем. Аммо бояд таваҷҷуҳ дошт, ки сохтмоне мондагор аст, ки деворҳо ва сутунҳои мустаҳкам ва устувор дошта бошад. Бинобарин, хушбахтии мо ҳангоме тазмин шуда аст, ки амали мо ба аҳкоми илоҳӣ чунон доимӣ ва ҳамешагӣ бошад, ки мустаҳкамии динӣ бароямон бисозад ва маҳдудаи ғайриқобил, нуфўз ба по кунад.

    Хонаи саодат сутунҳои фаровоне дорад, ки аз он ба «фурўзи дин» ё «воҷиботи динӣ» таъбир мешавад. Ин сутунҳои даҳгона иборатанд аз: «калимаи шаҳодат», «намоз», «рўза», «ҳаҷ» «ҷиҳод», «закот», «амр ба маърўф», «наҳӣ аз мункар», «дўст доштани дўстони Худо» ва «душман доштани душманони Ў».

    Марҳилаи савум: Ороиши хона ва дақиқкорӣ

    Шояд, ҳеҷ кас ҳозир набошад ба хонае, ки ҳанўз гаҷкорӣ нашуда кўч бибандад ва дар хонае, ки ҳанўз дару панҷара ва зинатҳои мухталиф насб нашудааст, зиндагӣ кунад. Ҳар чанд чунин хонаи бисёр мустаҳкам бошад ва бо нақшаи коромад ва дақиқ сохта шуда бошад, аммо то ба марҳилаи дақиқкорӣ ва ороишӣ нарасад, ҷилваи воқеъӣ худро нахоҳад ёфт.

    Зебоиҳои ахлоқӣ, тамоми ҷилваи сохтмони саодатро шакл медиҳад ва аз он як бинои зебо ва дилангез месозад. Ростгўйи, амонат, бародарӣ, самимият, ҳамдилӣ, ёрирасонӣ, хушрафторӣ, ва меҳрубонии намунае аз ахлоқҳои писандидае аст, ки ба зиндагии инсонӣ ҷон медиҳад ва намоӣ рўҳонӣ ба он мебахшад.

    Бо инки қисмати фаровоне аз омўзаҳои динии мо дар заминаи масоили ахлоқӣ аст, аммо мутаассифона дар миёни мусалмонон низ таваҷҷуҳи хосе ба он намешавад ва омўзаҳои ахлоқӣ дар ғурбати аҷибе ба сар мебарад.

    Бинобарин, барои расидан ба хушбахтӣ он ҳам на аз навъи муваққатии он, балки хушбахтии доимӣ ва ҳамешагӣ бояд ин се марҳилаи пураҳамиятро паймуд ва бар тани ҳар яки аз онҳо рахти амал пўшонид. Албатта, бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ҳар як аз ин марҳилаи сегона барои худ олиме дорад ва дунёи аз суханро металабад.