Ҳадиси ифк
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Ҳадиси ифк
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Таҳия: islamhouse/tojiki
2012 - 1434
حديث الإفك
«باللغة الطاجيكية»
إعداد: دار الإسلام/ طاجيكي
2012 - 1434
Ҳадиси ифк
Яке аз ҳодисаҳои муҳимтарине, ки аркони хонадони нубуватро ба ларза даровард, ҳодисаи ифк буд, ки модари муъминон ҳазрати Оишаро аз руи туҳмату буҳтон итиҳом ба фоҳишагари намуданд, ин ҳодиса на танҳо хонадони нубуватро ба ларза даровард, балки тамоми муҷтамаъи исломиро ба ларза даровард, чун ки ҳазрати Оиша, ки ҳамсари Паёмбар (с) ва номуси Ӯ буд ва ҳар таъна ва тавҳине дар ӯ, таъна дар номуси Паёмбар (с) буд, чун Худованд мефармояд:
﴿وَٱلطَّيِّبَٰتُ لِلطَّيِّبِينَ وَٱلطَّيِّبُونَ لِلطَّيِّبَٰتِۚ ٢٦﴾
سُورَةُ النُّورِ٢٦
"Занҳои покдоман барои мардҳои покдомананд ва мардони покдоман барои занони покдомананд"
(Нур 26)
Ба ҳамин хотир Худованд покдомании ҳазрати Оишаро ягона аз роҳи Қурон бо даҳ оят эълон намуд ки то рузи қиёмат тиловат карда мешавад.
Биёед, ҳазрати Оишаро бигзорем, то ин қиссаро бо тамоми муҳтавиёташ бо диққат барои мо нақл кунад.
Оиша (р) мегӯяд:
- Чун Расули Худо (с) омодаи сафар мешуд дар миёни занонаш қуръа меандохт ва ба номи ҳар кадоме, ки қуръа мебаромад, Паёмбар (с) ӯро ҳамроҳи худ мебурд.
Оиша (р) мегӯяд:
- Дар яке аз ғазваҳо Расулуллоҳ (с) миёни ҳамсаронаш қуръа андохтанду қуръа ба номи ман баромад.
Пас, ҳамроҳи он ҳазрат (с) ба сафар баромадем. Ин ҳодиса пас аз нузули ояти ҳиҷоб буд. Ман дар дохили каҷоваам (хоначаи хурди чубине ки болои уштур мегузоранд) мерафтам ва дар ҷойҳое, ки дар аснои сафар меистодем, мефуромадам.
Чун Расули акрам (с) ғазваи худро анҷом дода, баргаштанд мо ба Мадина наздик шудем. Шабе, баъд аз истироҳат, хабар карданд, ки кучу боратонро бандед, ки ба роҳ мебароем.
Ҳамин ҳолат ман барои қазои ҳоҷат аз урдугоҳ дур рафтаму баъди қазои ҳоҷат ба назди кӯчи худ омада бинам, мӯҳраи гарданам кандааст. Боз гаштаму ба ҷустуҷӯи гарданбандам машғул шудам. Ҷустуҷӯи он маро машғул сохт ва он гурӯҳе, ки ба бору банди ман вобаста буданд, каҷоваи маро бар уштурам бардошта бастанд ва хаёл карданд, ки ман дар дохили каҷоваам.
Оиша дар идомаи суханаш афзуд:
- Занҳо он вақт сабук буданд, фарбеҳу сергушт набуданд, зеро хуроки кам мехурданд. Пас, чун онҳо каҷоваи маро бастанд, парвои сабукию вазниниро накарданд, зеро ман духтари ҷавон будам. Онҳо уштурро ба роҳ дароварда рафтанд. Ман мӯҳраи гарданамро пас аз рафтани аскарон ёфтаму ба ҷои пешина омада дидам, ки аз онҳо дараке нест. Пас, дар ҳамон ҷое, ки пештар бору бандам буд, истодаму гумон кардам, ки қавм ба ҷустуҷӯи ман хоҳанд омад. Нишастаму хоб бар ман ғолиб омад.
Сафвон ибни Муттали Сулами дар ақибгоҳи лашкар аввали шаб хобида будааст ва охири шаб ба ҷониби Мадина роҳсипор шудааст. Ҳангоми субҳ вай ба бошишгоҳи ман расиду сиёҳии инсонро дида, наздик омад. Чун маро бидид шинохт, зеро пеш аз фарзияти ҳиҷоб маро дида буд.
Ӯ чун маро дид гуфт:
«Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун».
Аз садои вай ман аз хоб бедор шудам ва бо чодари худ руйямро пушонидам. Савганд ба Худо, вай бо ман гап назад ва ба ғайр аз сухани аввалинаш, дигар сухане нагуфта, уштурашро хобонд ва бо дасташ ишора карду ман ба уштур савор шудам. Вай ресмони уштурро гирифта, пеш-пеш роҳ мерафт, то он, ки ба лашкар расидем, зеро онҳо аз сахтии гармои пешин фурӯд омада буданд.
Сарварии тӯҳматгаронро Абдуллоҳ ибни Убай ва Ибни Салули мунофиқ ба ӯҳда дошт. Чун ба Маддина расидем, ман як моҳ бемор шудам. Ҳама мардум дар тӯҳмати дурӯғбофон фурӯ рафта буданду ман бехабар.
Ман он нармию лутф ва меҳрубоние, ки расули Худо (с) ҳангоми бемориҳоям бо ман мекард, ин дафъа эҳсос накардам. Аз ин рӯ ман дар тааҷҷуб мондам.
Танҳо даромада «Чи тавр ҳастанд?» мегуфт:
- Ва ман гумону шубҳа мекардам, вале асли ҳодисаро эҳсос наменамудам.
Пас аз он, ки каме сиҳат ёфтам, ҳамроҳи Умми Мистаҳ ба тарафи мавзеи қазои ҳоҷат равон шудем.
Мо танҳо аз ин шаб ба он шаб ба он ҷо мерафтем. Ин пеш аз он буд, ки дар наздики хонаҳоямон ҳоҷатхона бисозем. Одати мо монанди арабҳои аввалин буд, ки барои қазои ҳоҷат саҳро мерафтем ва дар наздики хона хоҷатхонаҳо надоштем. Хулоса ману модари Мистаҳ роҳ мерафтем, ки ногоҳ вай дар чодари пашмини худ дар монда, қариб меафтид ва дар ҳамин ҳоли саросемаги гуфт:
- Мистаҳ ҳалок шавад.
Оиша мегӯяд:
Ман ба вай гуфтам:
- Оё ту мардеро, ки дар ҷанги Бадр иштирок кардааст, дашном медиҳи?
Умми Мистаҳ гуфт:
- Эй зани нодон! Оё ту намедони, ки вай дар ҳаққи ту чи гуфтааст?
Гуфтам:
- Чи ҳам мегуфт?
Умми Мистаҳ бехабар будани маро фаҳмида, гапу калочаи тӯҳматчиёнро ба ман нақл карда дод. Баъд аз шунидани ин суханон, бемориям шиддат гирифт. Ба хона баргаштам.
Чун Расулуллоҳ (с) ин дафъа дохили хона шуду
салом дод ва «Чи тавр ҳастанд?» гуфт:
Ман гуфтам:
- Оё ба ман иҷозат медиҳед, ки ба хонаи падару модарам равам?
Оиша мегӯяд:
- Ман мехостам ин воқеаро ба таври аниқ аз онҳо бифаҳмам.
Расулуллоҳ (с) ба ман иҷозат доду ман ба хонаи падару модарам рафтам ва ба модарам гуфтам:
- Модарҷон мардум чиҳо мегӯянд?
Модарам гуфт:
- Духтаракам! Худатро ба даст гир. Савганд ба Худо ҳар зане, ки зебо бошад ва шавҳараш вайро дӯст дорад ва ғайр аз ӯ занҳои дигар дошта бошад, ҳатман, дар ҳаққи вай бисёр чизҳо мегӯянд.
Оиша мегӯяд:
- Субҳоналлоҳ! Оё мардум аллакай чунин суханони дурӯғро дар ҳаққи ман гуфтанд?
Оиша мегӯяд:
- Ман он шаб то саҳар хоб нарафта, беист гиристам.
Субҳ дамид, вале ашки чашмонам намехушкид. Ба Расули Худо (с), доир ба ин масъала ваҳй дер боз наёмад, Али ибни Абутолиб ва Усома ибни Зайдро даъват кард, то бо онҳо маслиҳат кунад, ки оё аз ҳамсараш ҷудо шавад ё не.
Оиша мегӯяд:
- Усома ибни Зайд мувофиқи он чи аз покии хонадони Расулуллоҳ (с) медонист ва муҳаббате, ки ба онҳо дошт маслиҳат дода гуфт, ки эй расули Худо, онҳо аҳли хонадони ту ҳастанд, ман ба ҷуз хубию покию покдомани чизе дар бораи онҳо намедонам. Аммо Али ибни Абутолиб чунин гуфт:
- Худованд барои ту маҳдудият наофаридааст.
Ғайри Оиша занҳо бисёранд ва агар духтаракеро, ки ҳамеша ҳамроҳи Оиша аст бипурси росташро бароят хоҳад гуфт.
Оиша мегӯяд:
Пас Расулуллоҳ (с) Барираро даъват карда гуфт:
- Оё ту ягон ҳаракати ноҷоеро аз Оиша дидаи, ки туро дар шубҳа андозад?
Барира дар ҷавоб гуфт, ки қасам ба зоте, ки туро
барҳақ фиристод, ман аз вай ягон кореро надидаам, ки ӯро айбдор намоям. Он айбе, ки мепурсед, дар Оиша вуҷуд надорад, фақат ҳамин қадар, ки ӯ духтари ҷавон аст ва дар назди хамири хонавода агар хобаш барад ва мурғҳо хамирро канда баранд, аз хоб бедор намешавад, ки ин одати бисёре аз духтарон аст ва ба ин намешавад духтарро айбдор кард.
Оиша мегӯяд:
- Пас, Расулуллоҳ (с) болои минбар баромад, то бар зидди Абдуллоҳ ибни Убай ибни Салули мунофиқ ёридиҳанда бихоҳад. Ба ин хотир ҳазрат болои минбар баромада гуфт:
- Эй ҷамоаи мусалмонон! Кӣ маро ёри медиҳад бар зидди марде, ки озору азиятҳои вай ба аҳли хонадони ман расидааст? Ман аз аҳли хонадони худ ба ҷуз неки чизи дигареро намедонам.
Ва ин ашхоси тӯҳматчи мардеро бо Оиша тӯҳмат мебанданд, ки ман аз он мард ҷуз хайру хуби надидаам ва ба хонадонам танҳо ҳамроҳи худам дохил мешавад.
Пас, Саъд ибни Муъози Ансори аз ҷой баланд шуд ва чунин гуфт:
- Ман шуморо ёри хоҳам кард. Агар аз қабилаи Авс бошад, гарданашро мезанем ва агар аз бародарони Хазраҷии мо бошад, пас ҳар чи ту фармои ,ҳамон гуна мекунем.
Саъд ибни Убода аз ҷояш бархоста, гуфт:
- Қасам ба Худо дурӯғ гуфти. Ту вайро намекуши ва қудрати куштан ҳам надори.
Саъд ибни Убода марди солеҳе буд, лекин ғазаб ақлашро тира сохт.
Вай яке аз бузургони Хазраҷ ба шумор мерафт. Писари амаки Саъд ибни Муъоз-Усайд ибни Ҳузайр хест ва ба Саъд ибни Убода гуфт:
- Қасам ба Худо, ту дурӯғ гуфти, мо тӯҳматчиро хоҳем кушт. Ту аз ин ҷиҳат вайро пуштибони карда истодаи, ки ту мунофиқи ва аз мунофиқон пуштибони мекуни.
Қабилаи Авсу Хазраҷ ба ҳам шӯриданд, ҳатто наздик буд ба куштор даст бизананд. Вале расули Худо, ки болои минбар буд, онҳоро ором сохт. Ҳама итоаткорона сукут карданд.
Оиша (р) мегӯяд:
- Ман он рӯз ва шаби ояндааш мижа таҳ накардам.
Аз гиряи зиёд ашки чашмонам хушкид. Дар ҳамин ҳол будам, ки зане аз ансор иҷозати духул пурсид. Ман ба вай иҷозат додам.
Вай даромаду нишаст ва ҳоли маро дида ба гиря омад.
Оиша мегӯяд:
- Дар ҳамин ҳолат Расулуллоҳ (с) дохил шуду салом дода нишаст.
Аз замоне, ки маро тӯҳмат карданд то ба ин вақт Расулуллоҳ (с) дар назди ман нанишаста буд.
Як моҳ гузашт, аммо дар бораи ман ваҳй нозил нашуд.
Оиша мегӯяд:
- Расулуллоҳ (с) пас аз нишастанашон калимаи шаҳодат гуфта, баъдан фармуданд:
- Аммо баъд, эй Оиша, ба ман дар ҳаққи ту чунин гапҳо расидааст. Агар ту пок боши, албатта, Худо покии туро хоҳад маълум сохт ва агар, мабодо, гуноҳе карда боши аз Худо мағфират бихоҳ ва ба сӯи ӯ тавба намо зеро банда чун ба гуноҳи худ иқрор шуда, тавба кунад
Худованд тавбаашро мепазирад.
Чун Расулуллоҳ (с) суханашро ба поён расонд аз таъсири ин суханон хостам бигирям, вале дар чашмонам оби дидаро пайдо накардам.
Ба падарам гуфтам:
- Аз ҷониби ман ба суханони гуфтаи расули Худо ҷавоб бидеҳ.
Падарам гуфт:
- Қасам ба Худо, ман намедонам ба Расулуллоҳ (с) чи бигӯям.
Ба модарам гуфтам:
- Аз ҷониби ман ба расули Худо посух бидеҳ.
Модарам гуфт:
- Савганд ба Худо, ман ҳам намедонам ба Расули Худо чи бигӯям.
Пас, ман гуфтам:
- Ҳарчанд ман ҷавонам ва Қуръонро бисёр наомӯхтаам, бо вуҷуди ин посух медиҳам ва мегӯям:
- Қасам ба Худо, ман намедонистам, ки шумо ин
суханро, ки тӯҳмате беш нест шунидаед ва дар дилатон ҷой гирифтаасту онро бовар кардаед. Агар ман бигӯям, ки ман пок ҳастам ва Худо худаш медонад, ки ман пок ҳастам, аммо шумо маро бовар намекунед ва агар ман эътироф кунам ва бардурӯғ иқрор намоям, ки ин ҷиноятро кардаам, ҳол он ки Худо медонад, ки ман пок ҳастам, шумо инро бовар хоҳед кард.
Қасам ба Худо, масале беҳтар барои худам ва шумо аз масали падари Юсуф намедонам, ки гуфта буд:
﴿فَصَبۡرٞ جَمِيلٞۖ وَٱللَّهُ ٱلۡمُسۡتَعَانُ عَلَىٰ مَا تَصِفُونَ ١٨﴾
سُورَةُ يُوسُفَ ١٨
«Акнун барои ман сабри ҷамил беҳтар аст ва Худост, ки дар ин бора аз ӯ ёри бояд хост»
(Юсуф, 18)
Оиша мегӯяд:
- Пас аз ин ба ҷониби дигар гашта, болои бистарам хобидам. Қасам ба Худо, он вақт медонистам, ки ман пок ҳастам ва албатта, Худо покии маро исбот мекунад.
Лекин қасам ба Худо, гумон надоштам, ки дар бораи покии ман ваҳйи осмони ва оятҳои Қуръонии тиловат шаванда нозил шавад. Ман худамро пасттар ва поёнтар аз ин меҳисобидам, ки Худованд дар бораи ман сухане гӯяд, ки тиловат карда мешавад. Ман чунин умед доштам, ки Расули Худо (с) хобе бинанду Худо дар он хоб покии маро ба он кас маълум созад.
Оиша мегӯяд:
- Қасам ба Худо, Расули Худо ҳоло он маҷлисро тарк накарда буд ва касе аз аҳли хонадон набаромада буд, ки Худованд ба Паёмбараш ваҳй нозил кард ва он сахтию сангини, ки ҳангоми ваҳй Расулуллоҳро фишор медод ӯро фаро гирифт. Дар ҳолати ваҳй ҳангоми зимистон ҳам аз вазнинии қабули ваҳй арақ аз рӯи муборак мисли донаҳои марворид берун омадан мегирифтанд.
Оиша мегӯяд:
- Чун ваҳй поён ёфт ва он ҳолат аз Расулуллоҳ (с) дур шуд, он ҳазрат табассум кард. Аввалин ҳарфе зад, ин буд, ки «Бароят муждаю хушхабар аст, эй Оиша! Хушхабар ин ки, Худо покии туро ошкор кард».
Модарам ба ман гуфт:
- Ба хотири Расулуллоҳро хидмат кардан аз ҷой
бархез ва он касро ташаккур бигӯ.
Ман гуфтам:
- Ғайр аз Худо касеро ҳамду ситоиш ва шукру сипос намегӯям, зеро Аллоҳ буд, ки покии маро тавассути ваҳй собит сохт.
Оиша мегӯяд:
- Худованд ин оятҳоро фиристод:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ جَآءُو بِٱلۡإِفۡكِ عُصۡبَةٞ مِّنكُمۡۚ لَا تَحۡسَبُوهُ شَرّٗا لَّكُمۖ بَلۡ هُوَ خَيۡرٞ لَّكُمۡۚ لِكُلِّ ٱمۡرِيٕٖ مِّنۡهُم مَّا ٱكۡتَسَبَ مِنَ ٱلۡإِثۡمِۚ وَٱلَّذِي تَوَلَّىٰ كِبۡرَهُۥ مِنۡهُمۡ لَهُۥ عَذَابٌ عَظِيمٞ ١١ لَّوۡلَآ إِذۡ سَمِعۡتُمُوهُ ظَنَّ ٱلۡمُؤۡمِنُونَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتُ بِأَنفُسِهِمۡ خَيۡرٗا وَقَالُواْ هَٰذَآ إِفۡكٞ مُّبِينٞ ١٢ لَّوۡلَا جَآءُو عَلَيۡهِ بِأَرۡبَعَةِ شُهَدَآءَۚ فَإِذۡ لَمۡ يَأۡتُواْ بِٱلشُّهَدَآءِ فَأُوْلَٰٓئِكَ عِندَ ٱللَّهِ هُمُ ٱلۡكَٰذِبُونَ ١٣ وَلَوۡلَا فَضۡلُ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ وَرَحۡمَتُهُۥ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِ لَمَسَّكُمۡ فِي مَآ أَفَضۡتُمۡ فِيهِ عَذَابٌ عَظِيمٌ ١٤ إِذۡ تَلَقَّوۡنَهُۥ بِأَلۡسِنَتِكُمۡ وَتَقُولُونَ بِأَفۡوَاهِكُم مَّا لَيۡسَ لَكُم بِهِۦ عِلۡمٞ وَتَحۡسَبُونَهُۥ هَيِّنٗا وَهُوَ عِندَ ٱللَّهِ عَظِيمٞ ١٥ وَلَوۡلَآ إِذۡ سَمِعۡتُمُوهُ قُلۡتُم مَّا يَكُونُ لَنَآ أَن نَّتَكَلَّمَ بِهَٰذَا سُبۡحَٰنَكَ هَٰذَا بُهۡتَٰنٌ عَظِيمٞ ١٦ يَعِظُكُمُ ٱللَّهُ أَن تَعُودُواْ لِمِثۡلِهِۦٓ أَبَدًا إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ ١٧ وَيُبَيِّنُ ٱللَّهُ لَكُمُ ٱلۡأٓيَٰتِۚ وَٱللَّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ ١٨ إِنَّ ٱلَّذِينَ يُحِبُّونَ أَن تَشِيعَ ٱلۡفَٰحِشَةُ فِي ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ وَأَنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ ١٩ وَلَوۡلَا فَضۡلُ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ وَرَحۡمَتُهُۥ وَأَنَّ ٱللَّهَ رَءُوفٞ رَّحِيمٞ ٢٠ ۞يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تَتَّبِعُواْ خُطُوَٰتِ ٱلشَّيۡطَٰنِۚ وَمَن يَتَّبِعۡ خُطُوَٰتِ ٱلشَّيۡطَٰنِ فَإِنَّهُۥ يَأۡمُرُ بِٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِۚ وَلَوۡلَا فَضۡلُ ٱللَّهِ عَلَيۡكُمۡ وَرَحۡمَتُهُۥ مَا زَكَىٰ مِنكُم مِّنۡ أَحَدٍ أَبَدٗا وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ يُزَكِّي مَن يَشَآءُۗ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٞ ٢١ وَلَا يَأۡتَلِ أُوْلُواْ ٱلۡفَضۡلِ مِنكُمۡ وَٱلسَّعَةِ أَن يُؤۡتُوٓاْ أُوْلِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينَ وَٱلۡمُهَٰجِرِينَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۖ وَلۡيَعۡفُواْ وَلۡيَصۡفَحُوٓاْۗ أَلَا تُحِبُّونَ أَن يَغۡفِرَ ٱللَّهُ لَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٌ ٢٢ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَرۡمُونَ ٱلۡمُحۡصَنَٰتِ ٱلۡغَٰفِلَٰتِ ٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ لُعِنُواْ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِ وَلَهُمۡ عَذَابٌ عَظِيمٞ ٢٣ يَوۡمَ تَشۡهَدُ عَلَيۡهِمۡ أَلۡسِنَتُهُمۡ وَأَيۡدِيهِمۡ وَأَرۡجُلُهُم بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ ٢٤﴾
سُورَةُ النُّورِ ١١ - ٢٤
«11- Касоне, ки он дурӯғи бузургро сохтаанд, гурӯҳе аз шумоянд. Мапиндоред, ки шуморо дар он бадие бувад. На, балки хайри шумо дар он бувад. Ҳар марде аз онҳо ба он андоза гуноҳ, ки кардааст, ба ҷазо расад ва аз миёни онҳо, он ки бештарини ин бӯҳтонро ба ӯҳда дорад ба азобе бузург гирифтор меояд.
12- Чаро ҳангоме ки он бӯҳтонро шунидед, мардону занони мӯъмин ба худ гумони нек набурданд ва нагуфтанд, ки ин тӯҳмате ошкор аст?
13- Чаро чаҳор шоҳид бар иддаъои худ наёварданд? Пас агар шоҳидоне наёвардаанд, дар назди Худо дар зумраи дурӯғгӯёнанд.
14- Агар фазлу раҳмати Худо дар дунёву охират намебуд, ба сазои он суханон, ки мегуфтед, шуморо азобе бузург дармерасид.
15- Он гоҳ, ки он суханро аз даҳони якдигар мегирифтед ва чизе бар забон мерондед, ки дар бораи он ҳеҷ, намедонистед ва мепиндоштед, ки коре хурд аст ва ҳол он, ки дар назди Худо коре бузург буд.
16- Чаро он гоҳ ки ин суханро шунидед, нагуфтед: «Моро нашояд, ки онро бозгӯем, Парвардигоро, Ту покӣ, ин тӯҳмате бузург аст?»
17- Худо шуморо панд медиҳад, ки агар аз мӯьминон ҳастед, бори дигар гирди чунин коре магардед.
18- Худо оётро барои шумо баён мекунад ва Худо донову ҳаким аст!
19- Барои касоне, ки дӯст доранд, дар бораи мӯъминон тӯҳмати зино паҳн шавад, дар дунёву охират азобе дардовар муҳайёст. Худо медонад, ва шумо намедонед!
20- Ҳалок мешудед, агар фазлу раҳмате, ки Худо ба шумо додааст, намебуд. Ва агар Худо меҳрубону бахшоянда намебуд?
21- Эй касоне, ки имон овардаед, пой ба ҷои пои шайтон магузоред. Ва ҳар ки пой ба ҷои пои шайтон гузорад, бидонад, ки ӯ ба фаҳшову мункар (корҳои бад) фармон медиҳад. Ва агар фазлу раҳмате ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, намебуд, ҳеҷ яки аз шумо ҳаргиз рӯи покӣ намедид. Вале Худо ҳар касро, ки бихоҳад, покиза месозад. Ва Худо шунавову доност!
22- Тавонгарон ва онон, ки кушоише дар кори онҳост, набояд савганд бихӯранд, ки ба хешовандону мискинон ва муҳоҷирон дар роҳи Худо чизе надиҳанд. Бояд бибахшанду бибахшоянд. Оё намехоҳед, ки Худо шуморо бибахшояд? Ва Худост бахшояндаи меҳрубон.
23- Касоне, ки бар занони покдоман ва бехабар аз зино ва мӯъмин тӯҳмати зино мезананд, дар дунёву охират лаънат шудаанд ва барояшон азобест бузург
24- Рӯзе, ки забонашон ва дастҳояшону пойҳояшон бар зиддашон бар корҳое, ки мекардаанд, шоҳидӣ диҳанд».
(Нур 11 то 24)
Ҳазрати Оиша мегуяд:
Худованд дар ана ҳамин оятҳо покдомании маро таввасути ваҳй собит кард.
Ҳазрати Абубакр (р) хонадони Мистаҳро, ки хешу табораш буда ва нодор буданд, аз хӯрокаву либос таъмин мекард ва тамоми хароҷоти онҳоро бар дӯш дошт. Пас, чун Мистаҳ бо вуҷуди ин ҳама дар сафи касоне қарор гирифт, ки Оишаро тӯҳмат заданд, Абубакр гуфтанд, ки дигар ба Мистаҳ чизе нахоҳам дод. Пас, Худованд ин оятро нозил кард.
﴿وَلَا يَأۡتَلِ أُوْلُواْ ٱلۡفَضۡلِ مِنكُمۡ وَٱلسَّعَةِ أَن يُؤۡتُوٓاْ أُوْلِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينَ وَٱلۡمُهَٰجِرِينَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِۖ وَلۡيَعۡفُواْ وَلۡيَصۡفَحُوٓاْۗ أَلَا تُحِبُّونَ أَن يَغۡفِرَ ٱللَّهُ لَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٌ ٢٢﴾
سُورَةُ النُّورِ ٢٢
"Тавонгарон ва онҳое, ки кушоише дар кори онҳост набояд савганд бихуранд, ки ба хешовандон ва мискинон ва муҳоҷирони дар роҳи Худо чизе нахоҳанд дод. Бояд бибахшанду, бибахшоянд. Оё намехоҳед, ки Худо шуморо биомурзад? Ва Худост омӯрзандаи меҳрубон".
(Нур, 22)
Пас аз нузули оят Абубакр гуфт:
- Қасам ба Худо, ман мехоҳам, ки Худо маро биомӯрзад.
Пас, мисли пештара ба таъминоти хонадони Мистаҳ пардохт ва гуфт:
- Ҳеҷ гоҳ ин хароҷотро аз вай боз нахоҳам дошт.
Оиша мегӯяд:
- Пеш аз нузули оятҳо расули Худо аз ҳамсарашон Зайнаб бинти Ҷаҳш дар бораи ман пурсида буд, ки оё дар бораи вай чизе намедони ё надидаи?
Зайнаб гуфтааст:
- Эй Расули Худо, ман гушу чашмамро нигоҳ медорам ва чизе, ки нашунидаву надидаам намегӯям.
Қасам ба Худо, ман дар бораи Оиша ба ғайр аз хуби чизе намедонам.
Оиша мегӯяд:
- Зайнаб дар миёни ҳамсарони он ҳазрат ягона касе буд, ки дар зебогию шараф ва манзалату мартаба бо ман муқобилат ва муфохарат ва баробари мекард, аммо чун зани парҳезкору порсо буд, Худо нигоҳаш дошту нахост ба тӯҳмат маро шикаст диҳад.
Хоҳари Зайнаб муқобилат карда, бо тӯҳматчиён ҳамроҳ шуда буд. Пас дар зумраи ононе даромад, ки дар ин воқеа ба гуноҳи бузурге мубтало шуданд.
(Инро Бухориву Муслим ривоят кардаанд).
Ҳассон ибни Собит дар шаъни Оиша (р) гуфт:
Зане пок зи гумону аз шубҳаҳо,
Бариъ аз зинову ҳаме порсо.
Ба ақлу хирад беназир, устувор,
Басе дур, аз ғайбати ногувор.
Варо покиву зӯҳд бадон даргаҳ аст,
Ки Аллоҳ покаш бигуфт в-ин бас аст.
Мегӯянд, ки Ҳассон ибни Собит (р) низ аз касоне будааст, ки дар аввал сухани аҳли тӯҳматро ҳамроҳи кардааст ва баъдан аз ин кори худ пушаймон шудааст.
Ҳазрати Оишаро, Худо аз вай рози бод, Худо аз ҳар бади ва зишти покаш сохтааст, агар касе Ҳассонро дар наздаш дашном медод, нороҳат шуда мегуфт:
- Ҳассон буд, ки Расулуллоҳ (с)-ро ҳимоят карда гуфтааст: Падарам, падараш ва обрӯям фидои нигаҳбони обрӯи Муҳаммад (с).
ФОИДАҲОИ ҲАДИСИ ИФК
Имом Нававӣ фоидаҳои аз ин ҳадис ба бор омадаро зиёд гуфта, панҷоҳучортои онро баён кардааст:
1. Қуръаандози миёни занон дуруст аст;
2.Чун мард чанд ҳамсар дошта бошад ва дар
сафараш бархеашонро бурдани шавад, бояд миёнашон қуръа андозад;
3. Он муддатеро, ки занони муқим дар ҳолати дар сафар будани шавҳар аз даст медиҳад, қазояш лозим нест;
4. Мард занашро дар сафар ҳамроҳ барад ҷоиз аст;
5. Иштироки занон дар ҷанг ҷоиз аст;
6. Равост, ки занон дар каҷоваҳо савор шаванд;
7. Ҷоиз аст, ки мардҳо дар чунин сафарҳо хидмати занҳоро кунанд;
8.Зан барои қазои ҳоҷат бе иҷозати шавҳар метавонад равад;
9.Хубии кам хӯрдан. Бояд зан кам бихӯрад, то фарбеҳ нашавад, зеро ҳоли занон дар замони Паёмбар ҳамин буд, ва ҳар чизе дар замони ҳазрат хубтару беҳтар буд, онро ихтиёр бояд кард;
10.Ёри додан ба мазлуму бечора ва роҳмонда ва раҳои бахшидани роҳгумкардагон ва икроми шахсиятҳои бообрӯ чи гунае, ки Сафвон (р) ҳамин корҳоро анҷом дод;
11. Боадабона муомила кардан бо занони бегона хусусан замоне, ки бо амри зарурат дар биёбоне ё ҷойи дигаре миёни шумо хилват рух медиҳад. Тарзе, ки Сафвон уштурро бе ягон савол ва сухан хобонд.
Дар чунин ҳолатҳо бояд ту пеш-пеш роҳ равию он зан аз қафо на ин, ки аз паҳлӯ ё пушти вай роҳ паймои;
12. Хуб аст, ки пиёда шавию дар маркабат дигареро савор куни, тарзе, ки Сафвон (р) кард;
13. Ҳангоми мусибати дини ё дунявии хешу бегона «ино лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун» гуфтан мустаҳаб аст;
14. Зан бояд дар пеши рӯйи марди номаҳрам рӯйи худро пӯшонад, фарқ надорад, ки он мард, марди солеҳу диндор бошад, ё баръакс;
15 Ҳассон ибни Собит (р) яке аз саҳобагони Паёмбар буда, ба лақаби «Шоири Расулуллоҳ» машҳур аст.
16 Ифк-дурӯғ ва бӯҳтон. Чун ин ҳадис дурӯғу бӯҳтонеро, ки баъзеҳо дар ҳаққи Оиша бофта буданд нақл мекунад, онро ҳадиси ифк номидаанд.
15. Қасам хурдан бе он, ки аз ту инро талаб кунанд, ҷоиз аст;
16. Ниҳоят хуб будани меҳрубонии мард ва навозиш кардани вай занашро ва зиндагонии хуш кардан бо ӯ;
17. Агар воқеъае шавад, бояд мард навозишу меҳрубонияшро нисбати зан кам кунад, то зан инро пай бурда, худро ислоҳ кунад;
18. Хубии ҳолпурсии бемор;
19. Барои зан хуб аст, ки ҳангоми қазои ҳоҷат рафтан, ҳамроҳаш зани дигарро барад, то касе нисбат ба вай ягон қасди бад накунад;
20. Норози будан аз рафиқ ё хешованде, ки ягон
бузургеро ранҷонидааст ё ягон кори нохуб кардааст, чуноне, ки Умми Мистаҳ писари худро дуъои бад кард, зеро вай Оишаро тӯҳмат намуда буд;
21. Бузургдошти аҳли Бадр ва пуштибони аз онҳо, он гунае, ки Оиша аз Мистаҳ ҷонибдори кард;
22. Зан бе иҷозати шавҳар набояд ба хонаи падару модараш равад;
23. Машварат пурсидани мард аз дӯстони наздик ва аҳли хонадонаш дар ҳодисаҳо ва мусибатҳое, ки болояш меоянд;
24. Ҷоиз аст, ки шахс агар дар бораи занаш ё касе аз вобастагонаш чизе шунид, барои исботи он пурсуҷӯ кунад, аммо дар ҳаққи бегонагон ин кор нодуруст буда,ҷосуси ва кори беҳуда аст;
25. Оиша аз зино пок буд ва он чи дар бораи вай
гуфтаанд дурӯғ ва тӯҳмати бузурге буд. Ин покии Оиша бо оятҳои равшани Қуръони, бе ягон шубҳа, собит аст. Агар Худо накарда, касе дар покии Оиша шубҳа намояд, кофиру муртад мегардад.
Муслимин дар куфри чунин шахс ҳамфикранд. Ибни Аббос ва дигарон гуфтанд:
«Ҳаргиз ҳамсари ягон пайғамбаре зино накардааст ва ин нишонаи муккарам будани Паёмбарон дар назди Худост»;
26. Ҳангоми аз нав расидани неъмат, аз нав шукру сипоси Худоро ба ҷо бояд овард;
27. Бо хешовандон рафту омаду хуби бояд кард ва ба қадри тавонои онҳоро ёри бояд дод, агарчи бадкирдор ҳам бошанд.
Аммо набояд дар кори бад онҳоро ёри дода шавад, балки ёри дар корҳои хуб ҷоиз аст;
28. Бахшидан ва гузаштан аз гуноҳи бадкирдор;
29. Афзалияти садақа ва харҷи мол дар роҳҳои нек;
30. Мустаҳаб аст, ки агар касе қасам хурд, ки фалон корро мекунам ва он корро иҷро накард, бояд кафорати қасамро ба ҷо биёрад;
31. Бузургии Зайнаб модари муъминон;
32. Дар шоҳиди додан, ростиро пеша кардан;
33. Бузург доштани дӯстдоштаат ба сурате, ки рафиқону дӯстону хидматгузорону итоатгарони вайро пуштибони намуда, онҳоро эҳтиром намои, чуноне, ки Оиша (р) Ҳассон (р)ро эҳтиром мекард ба хотири он, ки Ҳассон аз Паёмбар (с) ҳимоят кард.
(Шарҳи«Саҳеҳ»-и Муслим аз имом Навави, с.113-114, ҷ.7.)