ИДИ ҚУРБОН
Тарҷумаҳои матлаб
Дастабандиҳо
Full Description
ИДИ ҚУРБОН
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Солеҳ ибни Фавзон ал-Фавзон
2012 - 1433
عيد الأضحى
«باللغة الطاجيكية»
صالح بن فوزان الفوزان
2012 - 1433
ИДИ ҚУРБОН
Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбару кабиро валҳамду лиллоҳи касиро ва субҳоналлоҳи букратав ва асило. Аллоҳу акбар, аллоҳу акбар ва лиллоҳил ҳамд.
Худовандро ҳамеша дар ҳоли эҳромбанди, талбиягўи, тавофу саъйи байни Сафо ва Марва ва дар вуқуфи дар Арафа ва Машъарулҳаром ва рамйи ҷамарот, умуман дар тамоми лаҳзаҳои дуову ниёиш ва тавбаву гиряамон ба азамату бузурги ёд хоҳем кард.
Ҳамду ситоишҳо махсуси Худованд аст, ки барои
бандагонаш идеро муқаррар ва ҳадя намуда, ки Ўро дар ин рўз ёд карда, шукраш мегўянд. Гувоҳи медиҳам, ки нест маъбуди барҳақ дар зоҳир ва ботин, ба ҷуз Аллоҳи ягона ва низ гувоҳи медиҳам, ки Муҳаммад (с) банда ва фиристодаи Ўст барои баёни ҳақиқату рисолат. Дуруду саломҳои илоҳи нисори паёмбар ва олу асҳобаш бод.
Эй мардум, аз Худои таъоло битарсед ва сипоси неъмати бузургашро ба ҷо оваред ва бидонед, ки ин рўз рўзи ҳаҷҷи акбар аст, ки Ҳақ таъоло онро иди мусалмонон қарор дода.
Ин ид баъди рўзи Арафа фаро мерасад, ки дар рўзи мазкур ҳоҷиён як рукни бузурге аз аркону амалҳои ҳаҷро анҷом медиҳанд, чи тавре, ки Расули акрам (с) фармудааст:
“Ҳаҷ (асосан) истодани дар кўҳи Арафа мебошад"
Ривояти Абудовуд
Рўзи Арафа рўзи омўрзиши хатоҳову гуноҳон ва
маҳвсозии тамоми маъсияту балоҳои шахсонест, ки дар ин рўз дар кўҳи мазкур истода, бо илтиҷову зори аз гуноҳонаш тавба карда, аз Худо талаби омўрзишу мағфират намудааст.
Дар ҳадиси қудси Расули акрам (с) аз Худованд ривоят карда мефармояд: “Ба ин бандагони жўлидамў ва ғуборолуди Ман бингаред, ки аз ҷойҳои дурдаст омада, ба раҳмати Ман умед бастанд ва аз азобам метарсанд. Эй фариштагони ман, гувоҳ бошед, ки албатта Ман гуноҳонашонро бахшидам".
Ривояти Табаронӣ
Аз ин рў, рўзе, ки баъди рўзи Арафа меояд, на танҳо барои ҳоҷиён, балки ба ҳамаи мусалмонони дунё ид ба шумор меравад, зеро онҳо низ бо ҳоҷиён дар ин неъмат, яъне мағфирати гуноҳон ва озодшави аз оташи дўзах дар рўзи Арафа шарик мегарданд. Бинобар ин, эшон бо ҳаҷгузорон ба хотири мушорикати дар мағфирати гуноҳон дар ин ид, бо куштани чорпоҳои қурбони ба Худо тақарруб меҷўянд, ширкат меварзанд.
Вақте, ки ҳоҷиён ҷамраҳо (сангҳоро) андохта, аз эҳром мебароянду ба тавоф мепардозанд, мусалмонони дигар дар сарзаминҳои худ ба зикру шукри Худо якҷо ҷамъ мегарданд ва намози идро барпо менамоянд. Сипас қурбониҳои хешро забҳ мекунанд ва дар ҳақиқат, Ҳақтаъоло Паёмбараш (с)-ро дар муқобили бахшидани ҳавзи Кавсар барояш амр намуда, ки намоз бихонаду қурбони намояд.
Аз ин рў, яке аз вижагиҳои рўзҳои мубораки иди Қурбон куштани чорпоҳои қурбони бар ҳоҷиён ва ғайри эшон мебошад. Аслан, қурбони суннати ҳазрати Иброҳим (ъ) ва Муҳаммад (с) мебошад, зеро Худованд онро ба Иброҳим фармуд, вақте ки барои озмоиш ба куштани фарзандаш Исмоил маъмур гардид.
Пас ў дарҳол ба иҷро намудани фармони Парвардигораш шитофту фарзандашро ба қурбонгоҳ бурд ва дар ин вақт садоқату ихлосаш собит шуд, бинобар ин, Аллоҳ таъоло дар ивази фарзандаш Исмоил як қурбонии бузург (қўшқореро) фиристод.
Бинобар ин, ба зинда кардани ин суннати паёмбарони баргузида бишитобед, зеро баъзе олимони дин чунин назар доранд, ки қурбони кардан бар тавонгарон воҷиб аст, вале ҷумҳури уламои Ислом мегўянд, ки он суннат мебошад ва ин қавл мавриди писанд ва қабул аст.
Қурбони намудан беҳтарин амалест, ки мусалмон онро дар рўзи ид анҷом медиҳад ва куштани чорпои қурбони аз садақа кардани пули он беҳтар мебошад, зеро дар куштани он як суннат зинда карда мешавад. Беҳтарин қурбониҳо фарбеҳтару қиматтари он ба шумор меравад ва як гўсфанд аз тарафи як мард бо хонаводааш кифоят мекунад ва як шутур, ё гов аз тарафи ҳафт нафар кифоят хоҳад кард. Аз гўсфанд аз шашмоҳа боло ва аз буз аз яксола боло ва аз гов аз дусола боло ва аз шутур аз панҷсола боло барои қурбони ҷоиз мебошанд.
Ҳамчунин бояд чорпоҳои мазкур ягон айбу нуқсон надошта бошанд, зеро чорпои айбдор қурбониро аз гардани мусалмон соқит намегардонад.
Бинобар ин, чорпои кўр, ланг, ки хуб роҳ рафта натавонад, бемори ошкор, бисёр лоғар, бедандон ва чорпое, ки аксарияти шох ва гўшаш шикаставу бурида бошад, барои қурбони кардан ҷоиз намебошанд. Вале чорпои гўшхўрд, ё хилқатан бегўш, ё чорпои думбурида ва ё хилқатан бедум, ҳамчунин чорпои ахта барои қурбони кардан ҷоиз мебошанд.
Тибқи суннат уштур дар ҳоли истода ва бо бастани дасти чап забҳ карда мешавад, вале гўсфанду говро бар замин, бар паҳлўи чап хобонда, кушта мешавад. Вақти куштан мегўяд: Бисмиллоҳи Аллоҳу Акбар, аллоҳумма инна ҳозо минка ва лака. Ҳамчунин баъди дуои мазкур ниятро ба забон оварда мегўяд, ки ин қурбони аз ҷониби фалони мебошад.
Вақти забҳи ҳайвон бояд рифқу нарми муроот гардад, масалан корди қассоб тез карда шавад ва дар ҷое кушта шавад, ки дигар чорпоён онро набинанд. Бояд вақти куштан сурхной, гулў ва яке ё ҳар ду шоҳраги ду бари гарданаш бурида шаванд.
Мувофиқи суннат гўшти қурбони се тақсим карда мешавад. Як қисмашро худаш хўрда, як қисми дигарро ба дўстонаш ҳадя менамояд ва қисми охирро ба фақирону бенавоён садақа мекунад. Вақти куштани қурбони баъди намози ид оғоз гардида, то охири рўзи севвуми ид идома меёбад, яъне бо нишастани офтоб дар рўзи 13-уми Зулҳиҷҷа вақти забҳ ба охир мерасад.
Беҳтар ин аст, ки дар рўзи аввали ид бо дастони хеш забҳ намояд. Вале ҷоиз аст, ки шахсеро вакил намояд, то дар ҳузур ва ғоибии ў чорпои қурбониро забҳ кунад. Ҳар касе иродаи қурбони кардан дорад, ўро ҷоиз нест нохун ё мўи сар гирифтан аз нахустин шаби даҳаи дуввуми Зулҳиҷҷа, то куштани қурбониаш.
Эй мардум, ҳар оина, шумо дар яке рўзҳои бузург қарор доред. Дар рўзи иде аз идҳои Ислом ҳастед ва идҳои Ислом баъди анҷом пазируфтани рукне аз рукнҳову ибодатҳои бузургаш фаро мерасанд. Ид имрўз баъди адои рукни ҳаҷ, ки дар рўзи Арафа барои мусалмонон мағфирати гуноҳон ва халоси аз оташи дўзахро ба армуғон овардааст, фаро расид.
Барои шахсе, ки ботини фосид дораду либосҳои нав пўшида, зоҳири худро меорояд, ид нест, балки ид, иди шахсе аст, ки дар зоҳир ва ботин аз Худованд тарсида, Ўро итоат менамояд. Ҳамчунин, суруру хурсанди дар ид ба хотири тановули хўрокҳову нўшиданиҳои гуногун набуда, балки он аз ҷиҳати бомуваффақият анҷомдиҳии ибодат ва сарафроз шудан ба мағфирату озоди аз оташи дўзах мебошад.
Аз ин рў, ҳар ки ба чунин комёбиҳо ноил гардад,
дарвоқеъ ин рўз барояш иди босаодат маҳсуб меёбад.
Имом Ҳасани Басри мегўяд: “Ҳар рўзе, ки дар он Худоро нофармониву исён накунем, он рўз бароямон ид аст. Ҳар рўзе, ки мусалмон дар тоату ибодат ва зикру шукри Ў таъоло сипари мекунад, воқеан чунин рўз барояш ид шуморида хоҳад шуд".
Бояд гуфт, миллатҳову қавмиятҳои ғайримусалмон ба хотири баъзе воқеаву сабабҳои бемаъни ва ботил идҳо ихтироъ намудаву ҷашн мегиранд, идҳои мусалмононро Худованд ба хотири воқеаҳои бузург ва анҷомёбии лаҳзаҳои пураҳамияти ибодат муқаррар намудааст. Аз ин рў, идҳои исломи ҳатман баъди анҷом пазируфтани рукне аз аркони Ислом ва нузули мағфирату омўрзиши илоҳи меоянду боиси хушҳолии мусалмонон мегарданд. Бинобар ин, Худои мутаъолро ҳамду сипос гўед. Ў таъоло фармуда:
﴿وَلِكُلِّ أُمَّةٖ جَعَلۡنَا مَنسَكٗا لِّيَذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ عَلَىٰ مَا رَزَقَهُم مِّنۢ بَهِيمَةِ ٱلۡأَنۡعَٰمِۗ فَإِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞ فَلَهُۥٓ أَسۡلِمُواْۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُخۡبِتِينَ ٣٤ ٱلَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ ٱللَّهُ وَجِلَتۡ قُلُوبُهُمۡ وَٱلصَّٰبِرِينَ عَلَىٰ مَآ أَصَابَهُمۡ وَٱلۡمُقِيمِي ٱلصَّلَوٰةِ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ ٣٥ وَٱلۡبُدۡنَ جَعَلۡنَٰهَا لَكُم مِّن شَعَٰٓئِرِ ٱللَّهِ لَكُمۡ فِيهَا خَيۡرٞۖ فَٱذۡكُرُواْ ٱسۡمَ ٱللَّهِ عَلَيۡهَا صَوَآفَّۖ فَإِذَا وَجَبَتۡ جُنُوبُهَا فَكُلُواْ مِنۡهَا وَأَطۡعِمُواْ ٱلۡقَانِعَ وَٱلۡمُعۡتَرَّۚ كَذَٰلِكَ سَخَّرۡنَٰهَا لَكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ ٣٦ لَن يَنَالَ ٱللَّهَ لُحُومُهَا وَلَا دِمَآؤُهَا وَلَٰكِن يَنَالُهُ ٱلتَّقۡوَىٰ مِنكُمۡۚ كَذَٰلِكَ سَخَّرَهَا لَكُمۡ لِتُكَبِّرُواْ ٱللَّهَ عَلَىٰ مَا هَدَىٰكُمۡۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُحۡسِنِينَ ٣٧﴾
سُورَةُ الحَجِّ ٣٤ - ٣٧
“Барои ҳар уммате равиши қурбони кардан муқаррар доштаем, то номи Худоро бар он чи эшонро аз чаҳорпоёни ҳалолгўшт додааст, ёд кунанд. Пас маъбуди шумо маъбуди яктост, пас Ўро фармонбардор шавед ва (Эй Муҳаммад) ниёишкунандагонро башорат деҳ. Касоне, ки чун Худо ёд карда шавад, дилҳои эшон тарсон гардад ва низ сабркунандагонро бар он чи ба эшон бирасад ва барподорандагони намозро ва ононро, ки аз он чи рўзи додем ба эшон, хайр мекунанд. Ва шутурони қурбониро барои шумо аз шаъоири Худо гардонидаем. Шуморо дар онҳо хайр аст.
Пас номи Худоро бар забҳи онҳо ёд кунед, дар ҳоле, ки бар чаҳор пой истодаанд. Пас чун паҳлўҳои онҳо ба замин афтад, бихўред аз онҳо ва дарвеши бесавол ва саволкунандаро бихўронед. Ҳамчунин чаҳорпоёнро барои шумо ром гардондем, то бошед, ки шукр кунед. Намерасад ба Худо гўштҳои қурбониҳо ва на хунҳои онҳо, валекин ба Ў парҳезгории шумо мерасад. Ҳамчунин, ром гардонид қурбониҳоро барои шумо, то Худоро ба бузурги ёд кунед, ба шукри он, ки шуморо ҳидоят намуд ва некўкоронро башорат деҳ!"
Ҳаҷ, 34-37
Аз Худованди муттаъол битарсед ва Ўро барои неъмати Ислом шукргузори кунед, ки Исломро бароятон мукаммал гардонду онро оини шумо баргузид.
Дар Саҳеҳайн ривоят шуда: Марди яҳудие аз Умар ибни Хаттоб (р) пурсид: Эй амиралмўъминин, дар Китоби шумо (Қуръон) ояте ҳаст, ки агар бар мо яҳудиён нозил мешуд, ҳатман он рўзро ид ва хурсанди интихоб мекардем. Умар (р) пурсид: Кадом оят аст? Яҳуди гуфт:
﴿ٱلۡيَوۡمَ أَكۡمَلۡتُ لَكُمۡ دِينَكُمۡ وَأَتۡمَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ نِعۡمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ ٱلۡإِسۡلَٰمَ دِينٗاۚ ٣﴾
سُورَةُ المَائِدَةِ ٣
“Имрўз барои шумо динатонро комил кардам ва бар шумо неъмати худро тамом кардам ва Исломро бароятон дин ихтиёр кардам" Моида, 3
Ҳазрати Умар (р) гуфтанд: Албатта, ман рўз ва ҷои нозилшавии ояти мазкурро медонам. Ояти зикргардида рўзи ҷумъа, дар ҳоле, ки Расули Худо (с) дар кўҳи Арафот истода буданд, нозил шуд.
Эй бандагони Худо, ҳар гоҳ ба мазмуну маъно ва макони нозилшавии ояти мазкур тааммулу андеша кунем, бузургии маъно ва азамати рўзи нозилшавии онро дарк хоҳем намуд ва фазлу раҳмати Ҳақтаъоло бароямон ҳувайдо хоҳад гашт, ки дар ҳақиқат Ў таъоло моро аз миёни дигар умматон ба ин фазлу неъматаш махсус гардондааст.
Ин ояти карима ишора ба миннатгузории Аллоҳ таъоло бар бандагонаш мебошад, ки ба эшон аз комил гардондани динашон хабар медиҳад, аз ин рў, дар шариъат ва аҳкоми динашон ягон нуқсу камбуди вуҷуд надорад ва ҳеҷ таҳрифу табдил ва зиёдату нуқсон ба сарчашмаҳои динашон роҳ ёфта наметавонад, ки сарчашмаҳои мазкур Китоб ва суннат мебошанд. Зеро Худованд ҳифзу нигаҳбонии ин дуро ба ўҳда гирифтааст, чи тавре, Ў таъоло фармуда:
﴿إِنَّا نَحۡنُ نَزَّلۡنَا ٱلذِّكۡرَ وَإِنَّا لَهُۥ لَحَٰفِظُونَ ٩﴾
سُورَةُ الحِجرِ ٩
“Мо Қуръонро фуруд овардем ва мо онро нигаҳбонем"
Ҳиҷр, ояти 9
Расули акрам (с) ҳам дар ин маврид фармудаанд: “Ман дар миёни шумо чизеро гузоштаам, ки агар ба он чанг бизанед, ҳаргиз гумроҳ намешавед: Китоби Худо ва суннати ман"
Ривояти Ҳоким
Бинобар ин, Ислом дини комил ва низомест, ки манофеъи бандагонро дарбар гирифта, дархўри ҳама асру замон ва ҳама сарзаминҳо мебошад ва он аз таҳрифкори ва табдилу тағйири душманон маҳфуз буда, дар масоили ибодат ва муомилот усул ва фурўъи комил дорад.
Низоми уммат ва афроди ҷомеаро, чун ҷалби манофеъ ва дафъи мафосид, ҳимояи ҳуқуқ, файсалаву ҳалли низоъҳо, пешгирии муфсидон ва таъмини сиёсати дохили ва хориҷи кафолат медиҳад. Ҳеҷ халал ва нуқсоне дар низоми мазкур вуҷуд надорад.
﴿لَّا يَأۡتِيهِ ٱلۡبَٰطِلُ مِنۢ بَيۡنِ يَدَيۡهِ وَلَا مِنۡ خَلۡفِهِۦۖ تَنزِيلٞ مِّنۡ حَكِيمٍ حَمِيدٖ ٤٢﴾
سُورَةُ فُصِّلَت ٤٢
“Ба ў ботил аз пеши рўй ва ҳам аз паси ў роҳ намеёбад. Аз сўи Худои донои сутуда фиристода шудааст"
Фуссилат, 42
Бешак, Расули акрам (с) ҳам рўзи қурбонӣ хутбаи бузурге хонда фармуданд: “Оё медонед, ки ин кадом рўз аст? Гуфтем: Худо ва Расулаш донотаранд. Он ҳазрат (с) сукут карданд, ҳатто гумон кардем, ки он рўзро ба дигар ном мегўяд. Сипас Расули акрам (с) фармуданд: Оё ин рўзи Қурбони нест? Гуфтем: Оре. Боз он ҳазрат пурсиданд: Ин кадом моҳ аст? Гуфтем: Худо ва Паёмбараш донотаранд. Он ҳазрат хомўш истоданд, ҳатто гумон кардем, ки моҳи мазкурро бо номи дигар номбар мекунад. Пас Расули Худо (с) гуфтанд: Оё ин моҳи Зилҳиҷҷа нест? Гуфтем: Оре. Ҳамчунин, Паёмбар (с) пурсиданд: Ин кадом шаҳр аст? Гуфтем: Худову Паёмбараш донотаранд. Пас он ҳазрат мўҳри хомўши бар лаб заданд, ки гумон кардем, ки ягон номи дигаре барои он шаҳр мегўянд. Баъд аз он фармуданд: Оё ин шаҳр Маккаи Мукаррама нест? Гуфтем: Оре. Расули акрам (с) фармуданд: Ҳамоно хунҳоятон ва молҳоятон, монанди имрўз, дар ҳамин моҳ ва дар ин шаҳр бар шумо ҳаром аст, то рўзе, ки ба дидори Парвардигоратон мушарраф гардед, (яъне то рўзи қиёмат.) Огоҳ бошед, оё ман паёми Худоро расонидам? Гуфтем: Оре. Он ҳазрат фармуданд: Бор, Худоё, шоҳид бош! Бояд шахси ҳозир ин паёмро ба шахси ғоиб бирасонад. Зеро бисёре аз шахсоне ҳастанд, ки ба онҳо хабар расонда мешавад, ки аз шунаванда фарогирандатаранд. Баъд аз марги ман кофир нагардед, ки баъзеатон гардани баъзе дигарро бизанед"
Ривояти Аҳмад ва Бухорӣ
Эй мусалмонон! аз Худо битарсед ва муқаддасоти Ўро эҳтиром намоед ва ҷуз ба ҳақ ба куштани инсоне даст назанед ва ба таври ботилу ҳаром молҳои якдигарро нахўред. Дар муомилоти иҷтимои, хариду фурўш ва умуман дар тамоми аъмолатон аз судхўри, ришва, дуздиву хиёнат ва дурўғгўи парҳез намоед. Зеро ҳар касе хиёнат варзад, аз ҷамоъати мусалмонон хориҷ аст. Бар намозҳои панҷгона, ҷамоати намозҳо ва намози ҷумъа мудовимат намоед. Дар ҷанҷолҳову даъвоҳои миёни худ, савганди ба номи Худоро эҳтиром намоед ва аз бардурўғ гувоҳи додан бипарҳезед, зеро амали мазкур дар Қуръони карим дар паҳлўи ширк зикр гардидааст. Чи тавре Ўтаъоло фармуда:
﴿فَٱجۡتَنِبُواْ ٱلرِّجۡسَ مِنَ ٱلۡأَوۡثَٰنِ وَٱجۡتَنِبُواْ قَوۡلَ ٱلزُّورِ ٣٠﴾
سُورَةُ الحَجِّ ٣٠
“Пас аз палидии бутон (ширк) парҳез кунед ва аз сухани дурўғ (низ) дури ҷўед"
Ҳаҷ, 30
Инчунин чашмонатонро аз нигоҳи ҳаром бипўшед ва андомҳои хешро нигоҳ доред ва сатру ҳиҷоби занҳову духтаронатонро ба ҷой оред ва аз баромадани беҳуда ба кўчаву бозор ва аз омезиш ва танҳои бо мардони номаҳрам эшонро манъ кунед.