Тафсири сураи Наср
Дастабандиҳо
- Тафсири Қуръон << Тафсир <<
Манбаъҳо
Full Description
Тафсири сураи Наср
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Таҳия: islamhouse /tojiki
2012 - 1433
﴿ تفسير سورة النصر ﴾
« باللغة الطاجيكية »
إعداد: المكتب التعاوني للدعوة والإرشاد وتوعية الجاليات بالربوة - الرياض
2012 - 1433
Тафсири сураи Наср
Ин сураи дар Мадина мунаввара нозил шуда дорои 3 оят аст.
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
﴿إِذَا جَآءَ نَصۡرُ ٱللَّهِ وَٱلۡفَتۡحُ ١ وَرَأَيۡتَ ٱلنَّاسَ يَدۡخُلُونَ فِي دِينِ ٱللَّهِ أَفۡوَاجٗا ٢ فَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ وَٱسۡتَغۡفِرۡهُۚ إِنَّهُۥ كَانَ تَوَّابَۢا ٣﴾ النصر 1- 3
﴿إِذَا جَآءَ نَصۡرُ ٱللَّهِ وَٱلۡفَتۡحُ ١﴾
«Чун ёрии Худо ва пирӯзи фаро расад,»
﴿وَرَأَيۡتَ ٱلنَّاسَ يَدۡخُلُونَ فِي دِينِ ٱللَّهِ أَفۡوَاجٗا ٢﴾
«Ва мардумро бибини , ки фавҷ фавҷ(гуруҳ гуруҳ) ба дини Худо медароянд,»
﴿فَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ وَٱسۡتَغۡفِرۡهُۚ إِنَّهُۥ كَانَ تَوَّابَۢا ٣﴾
«Пас Парвардигоратро ситоиш ва тасбеҳ бигӯ ва аз Ӯ омурзиш бихоҳ, ки Ӯ тавбапазир аст».
Тафсир
Дар ин сураи карима Худованд муждае додааст ва ҳангоми он мужда фармоне ҳам додааст. Инчунин бар паёмадҳои таҳаққуқи ин мужда ишора кардааст.
Мужда ин аст, ки Худованд паёмбарашро ёри мекунад ва Маккаро фатҳ менамояд. Ва мардум даста даста ва гуруҳ гуруҳ ба дини Худо медароянд. Ба гунае ки бисёри аз онон ёварони ӯ хоҳанд шуд, дар ҳоле ки онон душманони ӯ буданд.
Пас он чизе ки Худованд бар паёмбараш ваъда дода буд ҷомаи амал пушид, аммо он фармоне ки Худованд баъди ба даст омадани ёрии Худо ва фатҳи Макка бар паёмбар амр намуда буд ин аст, ки Паёмбар бояд Худоро ба хотири ин чиз сипосгузори кунад ва Худоро ба поки ёд намуда аз Ӯ омурзиш бихоҳад.
Аммо ончики дар ин сура бар он ишора шудааст ду чиз аст:
Аввал: Ишора бар инки, модоме ки паёмбар Худоро шукру ситоиш кунад ва ҳамвора аз Ӯ талаби омурзиш ва мағфират намояд, дин пирӯз ва ғолиб мегардад. Ва бар пирӯзияш афзуда мешавад. Зеро сипос ва ситоишу талаби мағфират намудан аз аломатҳо ва нишонаҳои ба ҷой овардани шукр мебошад.
Худованд мефармояд: «Агар шукргузор бошед, ба шумо бештар хоҳам дод».
Ва ин ваъдаи Худованд дар замони хулафои рошидин (Абубакру Умару Усмону Алӣ Худованд аз онон рози бод) ва баъд аз онон низ муҳаққақ гардид.
Худованд ҳамвора дини худро ёри мекунад то инки дини Ислом ба ҷое расид, ки ҳеҷ дине аз динҳо ба онҷо нарасида буд. Ва чунон мардум ба дини ислом гаравиданд, ки ба дигар динҳо надаромада буданд. То инки уммат бо амру фармони Худованд мухолифат варзиданд, ва онгоҳ Худованд ононро ба сабаби ин амалашон дучори ихтилоф ва тафриқа гардонид, ки ин ихтилофу тафриқа паёмадҳои гуногун дошт.
Бо вуҷуди ин носипоси ва нофармони, Худованд бар ин дин ва ин уммат онқадар лутфу меҳрубони дорад, ки дар зеҳну ақли инсон намегунҷад.
Дувум: Ишораи дувум ин аст, ки замони марги Паёмбар (с) наздик шудааст ва аз онҷо ки зиндагии ӯ бисёр бо арзиш аст Худованд бар он савганд хурдааст.
Ва корҳои бо арзиш мисли намоз, ҳаҷ, ва ғайра бо талаби омурзиш ва мағфират поён меёбад, Пас амр намудани Худованд паёмбарашро ба инки Худоро ситоиш кунад ва аз Худо омурзиш бихоҳад, ишораест бар инки даврони ҳаёту зиндагии ӯ ба охир расидааст ва бояд худашро барои мулоқот бо парвардигораш омода намояд ва умрашро бо беҳтарин чизҳо ба поён расонад.
Паёмбар (с) ҳам Қуръонро тафсир мекард ва дар намозу рукуъу саҷдаи худ ин дуъоро бисёр такрор мекард:
«سُبحَانَكَ اللَّهُمَّ رَبَّنَا وَبِحَمدِكَ اللَّهُمَ اغفِر لِي»
«Пок ҳасти парвардигоро!Туро ситоиш мекунам, бор Худоёо манро биёмурз».
Поёни тафсири сураи Наср.