Баъди ҳаҷ
Тарҷумаҳои матлаб
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Баъди ҳаҷ
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Фолиҳ ибни Муҳаммад ас-Суғайр
Тарҷума: Мисбоҳиддин Ҳомидов
2011 - 1432
﴿ما بعد الحج﴾
«باللغة الطاجيكية»
فالح بن محمد بن فالح الصغير
ترجمة: مصباح الدين حميدوف
2011 - 1432
Баъди ҳаҷ
Ҳамду сано Худовандеро ки бо фазлаш тоъатҳои моро мепазирад, Ӯро ҳамду сано ва шукру сипос мегуям, ва шаҳодат медиҳам ки ба ҷуз Ӯ худое нест ва Муҳаммад банда ва паёмбари Ӯст, ва салому дуруд бар Ӯ ва аҳли байту асҳобаш бод.
Чуноне ки мебинед мавсими ҳаҷ ҳам ба поён расид, ва моҳҳои ҳаҷ ҳам бо ҳамаи он хайру баракоташ гузаштанд, ҳамаи он рӯзҳо гузаштанд, баъзе мусулмонон ҳаҷ карданд, баъзашон ҳаҷи фарзӣ намуданд ва баъзеашон ҳаҷи нафлӣ, ва ҳаряки аз онҳое ки Худованд ҳаҷашонро қабул кард, аз гуноҳ чуноне пок ба хонаҳояшон баргаштанд ки гуё нав аз модар тавалуд ёфтаанд, пас чи хушо бар ҳоли комёбшудагон, чиқадар хушбахт ҳастанд, онҳое ки Худованд ҳаҷҳояшонро пазируфтааст, чуноне ки Ӯ мефармояд:
﴿إِنَّمَا يَتَقَبَّلُ ٱللَّهُ مِنَ ٱلۡمُتَّقِينَ ٢٧﴾ [المائدة 27]
«Худованд аз парҳезгорон мепазирад» (Моида 27)
Ҳар як мусулмон бояд бидонад, ки қабул гаштани тоъату ибодат дар назди Худованд нишонаҳое дорад, чуноне ки аз нишонаҳои қабул гардидани тоъат мувафақият ба анҷом додани амали нек баъд аз он мебошад, ва аз нишонаҳои қабул нагардидани тоъат анҷоми амали баъд аз он мебошад.
Ҳаргоҳ ки ҳоҷи бармегардад ва мебинад ки барои анҷоми тоъати Худованд шавқманд аст ва аз анҷоми гуноҳон бадияш меояд, ва худро дар роҳи рост мустақим мебинад, бидонад ки иншоолоҳ ин аломати қабули тоъати у мебошад.
Ва ҳаргоҳ дид ки дар тоъати Худованд танбали мекунад ва дубора руй ба гуноҳон оварда истодааст, ва каҷрафторияш афзоиш ёфта истодааст, бидонад ки у бояд дубора аз самими дил ба Худованд руй биёрад ва ихлосашро зиёда намояд.
Пас эй касоне ки хонаи Худовандро ҳаҷ кардед, ва он рузҳои бо фазилатро сипари намудед, ва аз он маконҳои бошарофат гузар намудед, биёед ин амалҳоятонро ибтидои баргаштан ба суи ҳақ ва пайравии доими аз он гардонед.
Эй касоне ки нидои Худовандро лабайк гуфтед, ва гуфтед ки лабайкал ллоҳума лабайк, пас ин ҷавоби нидои Худовандро дар ҳамаи амалҳоятон ҷори намоед, ва ҳамаи нидоҳои Худовандро лабайк бигуед, ва Ӯро ба таври доими тоъату ибодат намоед, ҳамон Худованде ки дар моҳи ҳаҷ хонаи Ӯро ҳаҷ кардед ва нидои Ӯро лабайк гуфтед он ҳамон парвардигорест ки дигар моҳҳоро офаридааст ва моро амр намудааст, ки Ӯро дар тамоми амрҳояш итоъат намоем, ва Ӯ моро амр намудааст ки то замоне ки зиндаем аз Ӯ итоъат намоем.
Чуноне ки мефармояд:
﴿وَٱعۡبُدۡ رَبَّكَ حَتَّىٰ يَأۡتِيَكَ ٱلۡيَقِينُ ٩٩﴾ [الحجر 99]
«Ва Парвардигоратро бипараст, то лаҳзаи маргат фаро расад» (Ҳиҷр 99)
Бародари мусалмонам! Мавсимҳои хайру неки ба хотири он нест ки инсон фақат дар онҳо ба таври муваққат пайрави роҳи рост гардаду ба муҷаради сипари гаштани он мавсим боз ба сӯи залолату гумроҳии пешинаи худ баргардад, балки мавсимҳои хайру неки ба хотири он аст, ки инсон ба таври комил дар он мавсимҳо худро аз залолату гумроҳи берун бикашад, ва нафсашро барои тоъату ибодат ва роҳи рост тарбият намояд.
Чуноне ки баъзеҳо фикр мекунанд, ин гуна мавсимҳои хайр ба хотири он нестанд, ки вақто яке аз он мавсимҳо фаро расид инсонҳо худашонро аз гуноҳ сабук бисозанду баъди сипари гаштани он мавсимҳо боз худро ғарқи гуноҳ бисозанд, Ҳарки чунин андеша дошта бошад, бе шубҳа хато кардааст, балки ин гуна мавсимҳо фурсатест барои ғофилону каҷравоне ки роҳи ростро гум кардаанд, то ки дубора ба сӯи ҳақ бозгарданду худро бо Худованд наздик созанд, чуноне ки Худованд мефармояд:
﴿وَإِنِّي لَغَفَّارٞ لِّمَن تَابَ وَءَامَنَ وَعَمِلَ صَٰلِحٗا ثُمَّ ٱهۡتَدَىٰ ٨٢﴾ [طه 82]
«Ҳар кас, ки тавба кунад, ва имон оварад, ва кори шоиста кунад, ва ба роҳи ҳидоят бияфтад, ҳар оина ӯро мебахшам».(То ҳо 82)
Бисёре аз мардум фирефтаи чунин фиребу найрангҳо мегарданд, то ин ки умрашон ба охир мерасад ва онҳо дар он ҳол ҳастанд.
Аз ҳама хатарноктарин чизе ки бояд ҳар як мусулмон аз он бохабар бошад, он аст ки баъзеҳо ҳаҷ мекунанд ва ибодатеро ки аз ҳаҷ мартабаи баланд дорад тарк мекунанд, мисли ин ки баъзеҳо намозҳои панҷ вақтаи фарзиро намехонанд, ва дар ин шаке нест ки ҳарки намозро дидаву дониста тарк мекунад, ҳаҷҷи у қабул нест, чунки дар Қурон барои тарк кунандаи намоз ваъдаҳои ҷазои сахт омадааст, чуноне ки Худованд дар ҳақи бенамозон мефармояд:
﴿مَا سَلَكَكُمۡ فِي سَقَرَ ٤٢ قَالُواْ لَمۡ نَكُ مِنَ ٱلۡمُصَلِّينَ ٤٣﴾ [المدثر 42-43]
«Чӣ чиз шуморо ба ҷаҳаннам кашонид? Мегӯянд: Мо аз намозгузорон набудем» (Муддасир 42-43)
Ва боз мефармояд:
﴿فَإِن تَابُواْ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ فَإِخۡوَٰنُكُمۡ فِي ٱلدِّينِ١١﴾ [التوبة 11]
«Пас агар тавба карданд ва намоз ба ҷой оварданд ва закот доданд, бародарони динии шумо ҳастанд» (Тавба 11)
Ва боз мефармояд:
﴿فَإِن تَابُواْ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ فَخَلُّواْ سَبِيلَهُمۡ٥﴾ [التوبة 5]
«Аммо агар тавба карданд ва намоз хонданд ва закот доданд, аз онҳо даст бардоред, зеро Худо бахшандаву меҳрубон аст» (Тавба 5)
Ва Паёмбар (с) низ мефармояд:
ويقول صلى الله عليه وسلم: «إن بين الرجل وبين الشرك والكفر ترك الصلاة» أخرجه مسلم
«Байни инсон ва куфру ширк тарки намоз аст» ривояти Муслим
Ва боз Паёмбар (с) мефармояд:
وأخرج الترمذي من حديث بريدة رضي الله عنه عن النبي صلى الله عليه وسلم قال: «العهد الذي بيننا وبينهم الصلاة فمن تركها فقد كفر»
«Аҳде ки миёни мо ва онҳост намоз аст, пас ҳарки онро тарк намояд кофир шудааст» (Ривояти Тирмизи)
وروى الترمذي في كتاب الإيمان بإسناد صحيح عن شقيق بن عبد الله التابعي الجليل رحمه الله قال: «كان أصحاب محمد صلى الله عليه وسلم لا يرون شيئاً من الأعمال تركه كفر غير الصلاة»
«Ва аз Шақиқ ибни Абдуллоҳ ривоят шудааст ки саҳобаҳои Паёмбар (с) бо тарк кардани амале инсонро кофир намегуфтанд, магар бо тарк кардани намоз» (Ривояти Тирмизи)
Ва баъзе мардум бошанд, ҳаҷ мекунанду закот намедиҳанд, дар ҳоле ки Худованд закотро дар Қуръон ҳамтои намоз қарор додааст чуноне ки мефармояд:
﴿وَأَقِيمُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتُواْ ٱلزَّكَوٰةَ ٤٣﴾ [البقرة 43]
«Ва намозро барпо доред ва закотро бидиҳед» (Бақара 43)
Ва Паёмбар (с) мефармояд:
ويقول صلى الله عليه وسلم: «أمرت أن أقاتل الناس حتى يشهدوا أن لا إله إلا الله وأن محمداً رسول الله ويقيموا الصلاة ويؤتوا الزكاة فإذا فعلوا ذلك عصموا مني دمائهم وأموالهم إلا بحق الإسلام وحسابهم على الله ...» أخرجه البخاري ومسلم من حديث ابن عمر
«Амр шудам бо мардум биҷангам то ин ки шаҳодат бидиҳанд ки нест худое ба ҷуз як Худо ва Муҳаммад Паёмбари Ӯст, ва намозро барпо доранд ва закотро бидиҳанд, ва ҳаргоҳ ки ин амалҳоро анҷом доданд пас хунҳо ва молҳояшонро аз ман ҳифз кардаанд, ҷуз ба ҳаққи он ва ҳисоби у бо Худованд аст» (Ривояти Бухори ва Муслим)
Ва Абубакр (р) дар бораи касоне ки монеъи пардохти закот шуданд мефармояд:
والله لأقاتلن من فرق بين الصلاة والزكاة والله لو منعوني عقالاً أو عناقاً كانوا يؤدونها إلى رسول الله صلى الله عليه وسلم لقاتلتهم عليها. أخرجه البخاري
«Савганд ба Худо ки ҳарки байни намозу закот фарқ мегузорад бо у ҷанг хоҳам кард, ба Худо савганд ки агар пойбанди уштуреро ки ба Паёмбар (с) медоданд аз ман манъ кунанд, барои гирифтани он бо онҳо ҷанг хоҳам кард» (Ривояти Бухори)
Ва баъзе мардум ҳаҷ мекунанду рӯза намегиранд дар ҳоле ки барои гирифтани рӯза аз ҳаҷ ҳам таъкиди зиёд шудааст, ва рӯза доштан пеш аз ҳаҷ фарз шудааст, онҳое ки ҳаҷ мекунаду дигар арконҳоро ба ҷо намеоранд ё дар ба ҷо оварданашон сусти мекунанд, ба монанди касе ҳастанд ки ҷисми бе калларо табобат мекунанд.
Барои ҳар як мусулмон лозим ва воҷиб аст ки динашро аз ҳаргуна камбудиҳо ва ноқисиҳо ҳифз намояд, ва бояд тамоми лавозимоти динашро ба ҷо биёрад ва аз ҳар амале ки динашро халалдор месозад дури биҷуяд, ва дар дини Худованд рост бошад то ин ки аз ин дунё чашм бипушад, Худованд мефармояд:
﴿إِنَّ ٱلَّذِينَ قَالُواْ رَبُّنَا ٱللَّهُ ثُمَّ ٱسۡتَقَٰمُواْ تَتَنَزَّلُ عَلَيۡهِمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ أَلَّا تَخَافُواْ وَلَا تَحۡزَنُواْ وَأَبۡشِرُواْ بِٱلۡجَنَّةِ ٱلَّتِي كُنتُمۡ تُوعَدُونَ ٣٠﴾ [فصلت 30]
«Бар онон, ки гуфтанд: «Парвардигори мо Оллоҳ аст» ва дар роҳи рост истодагари кардаанд, фариштагон фуруд меоянд, (ва мегуянд) ки натарсед ва ғамгин набошед, шуморо ба биҳиште, ки ба шумо ваъда дода шуда, хушхабар аст» (Фусилат 30).
Аз ҳама корҳои заруре ки ҳоҷи баъд аз баргаштанаш аз ҳаҷ, бояд анҷом бидиҳад он аст, ки амалҳое ки анҷом додааст ҳисобу китоб намояд, ва барои ояндаи рузгораш барномае тарҳрези намояд, ки ончи ки дар ҳаҷ анҷом дода буд аз ибодатҳо, битавонад ба таври доими ва бидуни кутоҳи онро дар зиндагии худ то охири умраш пиёда созад.
Дар охир аз Худованди бузургу меҳрубон онро хоҳонам ки ҳаҷи ҳамаи ҳоҷиёнро ба даргоҳаш қабул гардонад, ва гуноҳони онҳоро мағфират намояд, Инчунин хоҳони онам ки Худованд моро дар суханҳо ва амалҳоямон мухлис гардонад, ва барномаи зиндагиямонро мувофиқи хостаи худ ва гуфтаи Паёмбараш Муҳаммад (с) пиёда гардонад.
Ва дуруду салом бар паёмбарамон Муҳаммад (с) ва аҳли байту асҳобаш.