Навъҳои Рӯза
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Навъҳои Рӯза
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
islamhouse/ Тоҷикӣ
Китобӣ: Фиқҳи Исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ
2012 - 1433
﴿ أنواع الصيام ﴾
« باللغة الطاجيكية »
المكتب التعاوني للدعوة والإرشاد وتوعية الجاليات بالربوة - الرياض
2012 - 1433
Навъҳои Рӯза
Рӯзаи фарзӣ
1- Рӯзаи моҳи мубораки Рамазон
Рӯзаи воҷиб
Ин рӯзаҳо воҷиб мебошанд:
1- Рӯзаи қазо.
2- Рӯзаи кафорат, ба монанди каффорати қасам, каффорати ифоди рӯза, каффорати зиҳор[1] ва каффорати қатл.
3- Рӯзае, ки ба сабаби назр воҷиб мегардад. Рӯзаи назр ё муайян аст ё мутлақ. Рӯзаи назри муайян ба монанди он аст, ки касе назр бикунад, ки ман дар фалон рӯзи муайян барои ризоии Худованд рӯза мегирам. Рӯзаи назри мутлақ ба монанди он аст, ки назр намояд, ки ман ба хотири ризои Худованди мутаъол рӯза мегирам ва рӯзи муайянеро мушаххас насозад.
Рӯзаҳои нафли
Рӯза гирифтан дар тамоми айёми сол, ба ҷуз рӯзҳои ҳаром, рӯзаи нафл ба шумор меравад, вале нисбати баъзе аз онҳо таъкиди бештаре шудааст, ки баъзе аз онҳоро зикр мекунем:
1- Рӯзаи рӯзҳои душанбе ва панҷшанбеи ҳар ҳафта.
2- Рӯзаи рӯзҳои сездаҳум, чордаҳум ва понздаҳуми ҳар моҳ, ки рӯзҳои биз -сафед- номида мешаванд.
3- Рӯзаи рӯзи Арафа[2] барои ғайри ҳоҷӣ.
4- Рӯзаи шаш рӯзи моҳи шаввол, пас аз моҳи мубораки Рамазон ба истиснои рӯзи аввали шаввол, ки рӯза дар он ҳаром аст. Дар рӯзи понздаҳуми шаъбон низ рӯза гирифтан дорои савоб ва фазилати бисёр аст. Рӯзи нӯҳӯм ва даҳуми моҳи муҳаррам низ рӯза гирифтан мустаҳаб аст.
Рӯзаҳои макруҳ
Рӯзаи рӯзи Арафа барои ҳоҷӣ, рӯзаи рӯзи шак, рӯзаи висол, рӯзаи даҳр (тамоми умр) ва рӯзаи рӯзҳои ҷумъа ва ё шанбе ба танҳогӣ макруҳ мебошад.
Рӯзи шак он рӯзест, ки даромадани моҳи Рамазон ба таври аниқ муайян нагаштааст. Аммо ибни Ёсир (р) мефармояд: «Касе рӯзи шак рӯза гирад, воқеан ҳам, Абулқосим –Муҳаммад (с)-ро нофармонӣ кардааст»[3].
Аз Абӯҳурайра (р.з) ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) фармуд: «Рамазонро бо доштани як ё ду рӯз рӯза пешдасти нанамоед, магар касе, ки қаблан рӯзадор бошад, пас вай метавонад он рӯзро рӯза бигирад».[4] Ба ҳамин асос рӯза доштани рӯзи шак барои одамоне, ки қаблан рӯзадор бошанд, мамнуъияте надорад, вале барои ғайри онҳо макруҳ мебошад.
Рӯзаҳои ҳаром
Дар панҷ рӯзи сол рӯза гирифтан ҳаром аст.
1- Рӯза гирифтан дар рӯзи иди Фитр, ки ба рӯзи аввали моҳи шаввол рост меояд.
2- Рӯза гирифтан дар рӯзи иди Қурбон ки ба рӯзи даҳуми моҳи зилҳиҷҷа рост меояд.
3- Рӯза гирифтан дар аёми ташриқ. Айёми ташриқ се рӯзи баъд аз иди Қурбон: рӯзҳои ёздаҳум, дувоздаҳум ва сездаҳуми зулҳиҷҷа мебошад.
[1]- Зиҳор он аст, ки шахсе ба ҳамсараш бигӯяд: «Ту ба мисли ҳамшира ва ё модарам ҳастӣ» Зиҳор навъе қасам мебошад, ки шахс ба василаи он ҳамсарашро бар худаш ҳаром мегардонад.
[2]- Нӯҳуми зулҳиҷҷа
[3]- Сунани Абудовуд 2334, Сунани Тирмизӣ 686, Сунани Насоӣ 2187, Сунани Ибни Моҷа 1645 Бухорӣ онро дар саҳеҳи худ дар муқаддимаи (таълиқи)-и ҳадиси 1906 овардааст
[4] - Саҳеҳи Бухорӣ 1914, Саҳеҳи Муслим 2515, Сунани Абудовуд 2335, Сунани Тирмизӣ 685.