Имом Заҳабӣ- Муаррихи ислом
Дастабандиҳо
Манбаъҳо
Full Description
Имом Заҳабӣ Муаррихи ислом
] طاجيكية – Tajiki – Тоҷикӣ [
Ҳувайдои Абдуллоҳ
Сомонаи: Nahzat.tj
2012 - 1433
﴿ الإمام الذهبي مؤرخ الإسلام ﴾
« باللغة الطاجيكية »
هويدا عبد الله
موقع: nahzat.tj
2012 - 1433
Имом Заҳабӣ - Муаррихи ислом
Имом Шамсиддин Муҳаммад писари Аҳмад писари Усмони Заҳабӣ яке муҳаддисин ва таърихнигорони шаҳир ба шумор меравад. Вай дар Димишқ ва Мисру Искандария ҳадис шунид ва илм омӯхт. Бо вуҷуди он ки Имом Заҳабӣ дар мазҳаби Имом Шофеъӣ буд, дар ақида ба Имом Аҳмад гароиш дошт ва низ дар ин замина соҳиби осори гаронқадре мебошад. Имом Заҳабӣ дар илми ҳадис ва риҷол таълифоти бисёре дорад, ки то имрӯз осори ӯ миёни мусалмонон ва таълимоти исломӣ мақоми вижа доранд.
Инчунин ӯ тақрибан 200 асари таърихӣ дорад.
Нуқтае чанд дар шинохти имом.
Ӯ Муҳаммад писари Усмон писари Қаймоз писари Шайх Абдуллоҳи Димишқӣ писари Заҳабӣ аст. Заҳабӣ дар авохири қарни ҳафтум ва нимаи аввали асри ҳаштуми ҳиҷрӣ ба сар бурдааст. Аҷдоди ӯ ба кунияи Абӯабдуллоҳ, мулаққаб ба Шамсуддини шофеъи мазҳаб мерасад. Шайх дар моҳи рабеъуссонӣ, соли 673 ҳиҷрии қамарӣ дар яке аз қарияҳои Димишқ ба дунё омад. Таърихнигорон асолати ӯро туркнажод хонда, ӯро ба Банӣ Тамим мансуб медонанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, онҳо дар шаҳри Маёфориқин, яке аз машҳуртарин шаҳрҳои диёри Бакр зиндагӣ мекарданд. Падарбузурги ӯ Фахриддин Абӯаҳмад Усмон наҷҷори бесавод буд. Аммо тавре ки Заҳабӣ мегӯяд, “яқини хубе нисбат ба Худованд дошт ва ба Димишқ муҳоҷират карду дар он ҷо иқоматро ихтиёр намуд”. Падари вай Шаҳобиддин Аҳмади Заҳабӣ тақрибан соли 641 дида ба ҷаҳон гушуд ва санъати падарро, ки наҷҷорӣ буд раҳо карда, тиллосоз шуд. ӯ дар касби тиллосозӣ маҳорати хубе пайдо карда, “Заҳабӣ” (тиллосоз) лақаб гирифт. ӯ ҳамчунин дар талаби илм шуд ва дар соли 666 ҳиҷрӣ китоби “Саҳеҳи Бухорӣ” – ро аз Миқдод писари Ҳибатуллоҳи Қайсӣ шунид ва дар охирҳои умр ба ҳаҷ рафт.
Падари Имом Заҳабӣ аз касбу кори худ соҳиби сарват шуд ва бо он панҷоҳ бардаро озод карда, бо духтари Илмуддин Абубакр издивоҷ кард.
Авзоъи сарзамини шом дар даврони Заҳабӣ
Тавре маълум аст, пас аз фоҷиъае ки ба дасти муғулҳо дар Бағдод ва ба дасти салибиҳо дар Андалус рух дод, уламо ва аҳли фазл бештар ба сӯи Мисру Шом рӯ ниҳоданд. Димишқ яке аз марказҳои бузурги фикрӣ ва илмии он даврон буд. Тавре Имом Суютӣ мегӯяд, Димишқ он замон “маҳалли зиндагонии уламо ва манзилгоҳи фозилон” гардид. Донишмандон дар ин ҷо рӯ ба таълифоти бузурги илмӣ оварданд. Аз сӯи дигар эҳтимоми салотини мамлукӣ ба таъсиси муассисаҳои илмӣ, аз ҷумла китобхонаҳо ва мадрасаҳо бештар гардид, ки дар онҳо тахассусоти мухталифи илмӣ монанди тафсир, ҳадис, фиқҳ ва усулу луғат, таъриху ҷуғрофия, тиб ва дигар улум омӯхта мешуд. Машҳуртарин мадрасаҳои он даврон дар Миср, мадрасаи Зоҳирия, Мансурия, Носирия, Ҷомеъи Азҳар, Ҷомеъи Амр писари Ос ва ғайра буданд. Дар Шом низ мадрасаҳои илмии бисёре созмон ёфтанд, аз ҷумла мадрасаи Носирия ва Одилия, Ашрафия ва Умария, ҳамчунин масҷиди ҷомеъи Умавӣ дар Димишқ аз ҷумлаи таълимгоҳҳое буданд, ки дар онҳо бештар аз ҳафтод ҳалқаи дарсӣ ба омӯзиши Қуръон, ҳадис, фиқҳ аҳамияту иштиғол меварзиданд.
Кӯдакӣ ва тарбия
Имом Шамсиддин Заҳабӣ кӯдакии худро дар оғӯши хонаводаи диндор ва аҳли илм гузаронд. Амма ва дояи вай яке аз донишмандон ба шумор мерафт. ӯ Ситта духтари Усмон буд ва аз бисёр уламои замон илм гирифта ва иҷозаи ривоят дошт. Аз Умар писари Ваққос ва дигарон ҳадис шунида буд. Заҳабӣ низ аз вай ҳадис шунид. Ҳамин тариқ аз шавҳари холааш Фотима, Аҳмад писари Абдулғании Ансории Заҳабӣ маъруф ба Алҳурристонӣ низ ҳадис шунида, онро ривоят мекард. ӯ ҳофизи Қуръон буд ва бисёри вақт ба тиловати он мепардохт.
Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки Заҳабӣ дар сояи бузурги хешу ақрабо мавриди таълиму тарбия қарор гирифта ва мақоми худро дар зиндагӣ пайдо кардааст. Пас аз таълим гирифтан назди наздикон Заҳабиро ба назди яке аз муаддибон ба номи Алоуддин Алӣ писари Муҳаммади Ҳалабӣ маъруф ба Басис бурданд. Басис дар он замон аз огоҳтарини мардум дар тарбия ва омӯзиши кӯдакон буд. Баъди фориғ шудан аз назди Басис Заҳабӣ ба назди шайхи худ Масъуд писари Абдуллоҳ Солеҳӣ рафт ва тақрибан чил бор Қуръонро назди ӯ хатм кард. Пас аз ин Имом Заҳабӣ, ки ҳанӯз кӯдак буд, оғоз ба шунидани суханони бузургон кард, то аз гуфтаи онҳо панду ахлоқ бигирад.
Вақте Заҳабӣ ба синни 18 расид, пурра барои омӯзиши илм пардохт ва дар ин роҳи худ баландтарин қуллаҳоро фатҳ кард. Илова бар ин, Заҳабӣ монанди дигар олимону бузургон барои дарёфти илм ва омӯзиш ба бисёре аз кишварҳо сафар кард. Аввалин сафаре ки Имом Заҳабӣ барои талаби илм кард, сафар ба Баълабак буд. Пас аз он ба Миср рафт ва дар он ҷо низ аз бузургон ва донишмандон илм омӯхт.
Шахсияти илмии имом
Имом Заҳабӣ дар зиндагии худ бештар ба илми қироат, ҳадис ва таърих эҳтимоми зиёд дошт. ӯ дар ин се қисмати илм шӯҳрати беандоза пайдо кард, агарчи яке аз шахсиятҳое буд, ки бештари улуми замонашро аз худ карда буд. Барои мисол, ӯ дар илми луғат, фиқҳ, адабу шеър низ малакаи хубе дошт. Вале бо вуҷуди он Заҳабӣ дар илми қироат мақоми волое дошт ва тавре шогирдаш мегӯяд, “вай қудваи ҳофизон ва қориён аст” ва Шайхи Қурро Ибни Ҷазарӣ мегӯяд, “ӯ устоди сиққа ва бузург аст”. Ибни Носириддини Димишқӣ бошад, мегӯяд: вай имоме дар қироат аст. Аммо бо вуҷуди маҳорати ӯ дар қироат таълифоти илмии вай дар ин замина кам ба назар мерасанд. Сабаби инро таърихнигорон мансуб ба он медонанд, ки Заҳабӣ дар ибтидои оғози таълим ба омӯзиши қироат пардохтааст, бинобар ин таълифоташ дар ин бахш кам мушоҳида мешавад. Вай бештари вақти худро ба илми ҳадис ва фанҳои мухталифи он, таърих ва тарҷумаву омӯзиш сарф кардааст.
Аз синни 18 - солагӣ Заҳабӣ ба илми ҳадис пардохт. Вай бештар вақти худро ба ин бахш ихтисос дод ва барои он сафарҳои бисёре намуд. Ҳамзамон ровиёни бисёрро зиёрат кард ва аз онҳо ҳадис шуниду назди онҳо таълим гирифт.
Ахлоқ ва зуҳди Заҳабӣ
Заҳабӣ ба зуҳду тақво ва диёнат шинохта шуда буд ва бо бештари фақирону суфиёне ки аҳли дин ва пайрави суннат буданд, ҳамнишин будааст.
Шогирди ӯ Тақиюддин писари Рофеъ мегӯяд: аҳли хайру салоҳ ва мутавозеъу дорои ахлоқи нек буд. Бештар вақти вай дар ибодат ва намозҳои шабона мегузашт. Заркашӣ мегӯяд: бо вуҷуди зуҳди том ва исори ому сабқат ба сӯйи некиҳо ва рағбат ба охират бисёр инсони оддӣ ва соҳиби раҳму шафқат буд. Ибни Ҳаҷар дар бораи ӯ мегӯяд: Оби Замзамро барои ин нӯшидам, ки дар ҳифз бар мартабаи Заҳабӣ бирасам. Ҳамчунин Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ мегӯяд: Вай дар фанни ҳадис беҳамто буд ва дар ин илм таълифоти бисёре ҷамъоварӣ намуд, то он ки соҳиби бештари тасониф дар даврони худ гардид. Мардум ба навиштаҳои ӯ рағбат доранд.
Абулмаҳосин, яке аз шогирдони вай мегӯяд, ки “вай шайх, имом, аллома, шайхи муҳаддисин, қудваи ҳофизон ва қориён, муҳаддиси Шом ва муаррихи он аст”. Имом Суютӣ мегӯяд: ҳамакнун муҳаддисон дар илми риҷол ва дигар фанҳои ҳадис мадюни се кас ҳастанд: Музӣ, Заҳабӣ, Ироқӣ ва Ибни Ҳаҷар. Олими дигар,
Вафот
Имом Шамсиддин Заҳабӣ пеш аз вафоташ аз нерӯи басират маҳрум шуд ва дар шаби душанбе, саввуми зилқаъдаи соли 748-и ҳиҷрии қамарӣ дори фониро падруд гуфт.
Тоҷиддин Субкӣ лаҳзаҳои поёни зиндагии Имом Заҳабиро чунин баён намудааст: Вай шаби душанбеи зилқаъдаи соли 748 дар мадрасаи Умми Салоҳ, дар манзили худ даргузашт. Падарам ӯро пеш аз мағриб, дар ҳоли вафот мулоқот намуд ва ба ӯ гуфт, ки “чӣ ҳол дорӣ?”. Гуфт: дар ҳоли маргам. Сипас пурсид: оё вақти мағриб шудааст? Падарам гуфт: магар ҳанӯз асрро нахондаӣ? Гуфт: оре, ҳанӯз мағрибро нахондаам. Пас аз намози хуфтан, каме пеш аз нимашаб даргузашт. Ман дар намоз ва дафни вай ҳозир будам.