×
Баъзе ибодатҳое аст, ки осону муяссар аст ва вақти зиёдро ҳам намегирад, дар баробари ин аҷру савоби зиёд ҳам дорад, инчунин марбут ба вақт ё макони муъаян нест, вале аксари мардум дар мавриди ингуна ибодатҳо саҳлангори мекунанд.

    Осонтарин ва поктарин ибодат

    ] طاجيكية – TajikiТоҷикӣ [

    Абдураҳмон ибни Носир Саъди

    2012 - 1433

    ﴿أسهل و أطهر العبادات﴾

    «باللغة الطاجيكية»

    عبد الرحمن بن ناصر السعدي

    2012 - 1433

    Осонтарин ва поктарин ибодат

    Эй бандагони Худо, мо бисёр савобҳои охиратро аз даст медиҳем, дар ҳоле ки савоби охират беҳтар ва пойдортар аст.

    ﴿وَمَا هَٰذِهِ ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَآ إِلَّا لَهۡوٞ وَلَعِبٞۚ وَإِنَّ ٱلدَّارَ ٱلۡأٓخِرَةَ لَهِيَ ٱلۡحَيَوَانُۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ ٦٤﴾ [سورة العنكبوت 64]

    «Ва ин зиндаги танҳо беҳуда ва бозист. Ва дар асл зиндаги, ин дори охират аст, агар онҳо дониста бошанд» (Анкабут 64).

    Мо барои ба даст овардани дунё чи қадар талошҳо мекунем, дар ҳоле ки Худованд фармудааст:

    ﴿وَمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَآ إِلَّا مَتَٰعُ ٱلۡغُرُورِ ٢٠﴾ [سورة الحديد 20]

    «Ва ҳаёти дунё танҳо бизоати мағрурист» (Ҳадид 20).

    Фарқ байни касе, ки дунёи имрўзаро ва байни оне, ки фардои охиратро мехоҳад зиёд аст. Дар бораи ҳардуи онҳо Худованд фармудааст:

    ﴿مَّن كَانَ يُرِيدُ ٱلۡعَاجِلَةَ عَجَّلۡنَا لَهُۥ فِيهَا مَا نَشَآءُ لِمَن نُّرِيدُ ثُمَّ جَعَلۡنَا لَهُۥ جَهَنَّمَ يَصۡلَىٰهَا مَذۡمُومٗا مَّدۡحُورٗا ١٨ وَمَنۡ أَرَادَ ٱلۡأٓخِرَةَ وَسَعَىٰ لَهَا سَعۡيَهَا وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَأُوْلَٰٓئِكَ كَانَ سَعۡيُهُم مَّشۡكُورٗا ١٩﴾ [سورة الإسراء 18-19]

    «Ҳарки танҳо осудагии дунёро бихоҳад, ба зуди барояш дар дунё ҳарчи бихоҳем, барои ҳар касе бихоҳем, медиҳем. Пас дўзахро барои ў муқаррар мекунем, ки дар ҳолати таънашуда ва рондашуда вориди он мегарданд. Ва ҳар ки иродаи охиратро кардааст ва барои дарёфти он тамоми кўшишашро харҷ намуда имон дорад, кўшиши ў қадрдони карда мешавад» (Исро 18-19).

    Эй мусалмонон, барои дарёфти охират як роҳи осон аст, ки дар бисёр маврид мусалмонон аз он ғофиланд. Инҷо як ибодати осон ва дорои савоби бузург аст, ки баъзе мусалмонон аз он дури меҷўянд. Он ибодат зикр аст, ки зикркунандагонро аз рўйи мартаба ба ҷиҳодкунандагон мепайванданд, балки зиёда аз он, яъне ба садақакунандагону атокунандагон ва ҳатто аз ин ҳам бештар.

    Паёмбар (с) мегўяд: "Мехоҳед шуморо ба беҳтарин ва накўтарин амалҳоятон дар назди подшоҳи барҳақатон роҳнамои кунам, ки он баландтарини чиз дар дараҷоти шумо ва беҳтар аз додани тиллою танга ва беҳтар аз он ки бо душман дучор шаведу гардани онҳоро шиканеду гарданатонро шикананд, бошад? Он зикри Худост" (Тирмизи, Ибни Моҷа ва Ҳоким).

    Бале, зикр ба гувоҳии Муҳаммади мустафо (с) беҳтарин ва поктарин амал дар назди Худо ва баландтарин дараҷа аст. Оё аз гуфтани "Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи» оҷиз ҳасти? Оё медони, ки ин калимаҳо василаи мағфирати хато ва гуноҳ ҳастанд? Дар "Саҳеҳ"-и Бухори ва дигар китобҳои ҳадиси саҳеҳ омадааст, ки ҳар ки рўзе сад бор "Субҳаналлоҳи ва биҳамдиҳ" гўяд, хатоҳояш маҳв мегардад агарчи мисли кафки болои баҳр бошанд ҳам.

    Эй бародари имони, эй касе, ки аз барои раҳои аз шайтон паноҳгоҳ ва ҳимоятгар мехоҳи, бидон ки онро дар зикри Худо пайдо мекуни. Илова бар ин, дар он имтиёзот ва тўҳфаҳои раббониро низ зуд дармеёби. Дар ҳадисе, ки бар саҳеҳ буданаш иттифоқ аст, омадааст ки Паёмбар (с) фармуд: "Ҳар касе, ки рўзе сад бор "Ло илоҳа иллалоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул мулку ва лаҳул ҳамду ва ҳува ъало кулли шайъин қадир" гўяд, барояш савоби озод кардани даҳ ғулом ва сад ҳасана навишта шуда, сад гуноҳаш маҳв мегардад ва аз шайтон дар он рўз то бегоҳ эмин гашта касе аз ў беҳтар намебошад, магар касе ки аз ин бештар зикр гуфта бошад"

    Эй мусалмонон, зикр ин муҳофиз, қалъа, амон ва ҳимоятгар аст. Пўшида нест, ки сафар кардан, даромадану баромадан аз хона, хўрдану нўшидан, хоб рафтану аз хоб бархостан, дар ҷое меҳмон шудан, қазои ҳоҷат, бо зан ҳамбистар шудан ва ғайри инҳо дуоҳои хоси худро доранд ва зикри онҳо зикркунандаро муҳофизат мекунанду баракат меоранд.

    Муваффақият барои касест, ки онҳоро ҳифз намуда, анҷом медиҳад ва ҳамеша, шабу рўз забонаш бо зикри Худо машғул аст. Ин нидои Раҳмон аст барои аҳли имон, ки фармудааст:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ ذِكۡرٗا كَثِيرٗا ٤١ وَسَبِّحُوهُ بُكۡرَةٗ وَأَصِيلًا ٤٢﴾ [سورة الأحزاب 41-42]

    «Эй касоне, ки имон овардаед, Худоро бисёр зикр намоед. Ва дар субҳу шом ўро тасбиҳ бигўед» (Аҳзоб 41-42).

    Эй мусалмонон, аҳёнан дилҳои мо ба андозае танг ва қалбҳои мо бемор мешаванд, пас мо дар пайи ҷустуҷўи илоҷ ва дур кардани ин изтироб инҷо ва онҷо мегардем. Беҳтарин илоҷи дилҳо зикри Худост ва ба ин Худованде, ки мардумро хубтар медонад, гувоҳи додааст:

    ﴿ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَتَطۡمَئِنُّ قُلُوبُهُم بِذِكۡرِ ٱللَّهِۗ أَلَا بِذِكۡرِ ٱللَّهِ تَطۡمَئِنُّ ٱلۡقُلُوبُ ٢٨﴾ [سورة الرعد 28]

    «Дониста бошед, ки бо ёди Худо дилҳо ором мегарданд» (Раъд 28).

    Бале, ғамнок дар ёди Худо чизеро пайдо мекунад, ки аз ғам раҳояш мекунад. Замоне, ки касе раҳоят карда наметавонад, бо ёди Худо машғул шави, раҳо меёби.

    ﴿وَذَا ٱلنُّونِ إِذ ذَّهَبَ مُغَٰضِبٗا فَظَنَّ أَن لَّن نَّقۡدِرَ عَلَيۡهِ فَنَادَىٰ فِي ٱلظُّلُمَٰتِ أَن لَّآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنتَ سُبۡحَٰنَكَ إِنِّي كُنتُ مِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ ٨٧ فَٱسۡتَجَبۡنَا لَهُۥ وَنَجَّيۡنَٰهُ مِنَ ٱلۡغَمِّۚ وَكَذَٰلِكَ نُ‍ۨجِي ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٨٨ ﴾ [سورة الأنبياء 87-88]

    «Ва Зо Нун ҳангоме, қаҳр карда рафт ва гумон кард мо қудрате ба ў надорем. Пас дар торики (шиками моҳи) садо кард, ки нест илоҳе ғайри ту, ту пок ҳасти, дар ҳақиқат ман аз ҷумлаи золимон будам, пас мо дуои ўро иҷобат намудем ва аз ғам раҳояш кардем. Мўъминонро ҳам ба ин тариқ наҷот медиҳем» (Анбиё 88).

    Бемор дар зикри Худо ороми ва сабук шудани дардро эҳсос мекунад. Ғариб дар ёди Худо мўнис ҳосил намуда, дарду алами ғурбаташ камтар мегардад.

    Зикр камро зиёду заифро қави месозад ва мушкилотро сабуку осон мегардонад.

    Ҳар ки дар ин шак дошта бошад, метавонад санҷиш гузаронида, дар вақти зикр азамати Худоро ба ёд оварда ба ёри ва мадади ў бовар намояд.

    Зан дар зикри Худо мададгоре барои адои масъулияташ пайдо мекунад. Бингаред ба қиссаи Фотима духтари Паёмбар (с). Вақто аз машақатҳои кори хона монда шуда буд, шунид, ки ба назди Паёмбар (с) асиронро оварданд. Ў рафт то аз падараш канизе талабад, ки дар корҳои рўзгор мададгораш бошад. Чун ба онҷо рафт, падараш набуд ва Оишаро (р.з) онҷо ёфту ҳоҷати худро ба Оиша (р.з) гуфт. Вақто ки Паёмбар (с) омад ва Оиша дар бораи омадани Фотима ба ў хабар дод, Паёмбар (с) ба хонаи Али ва Фотима (р.з) омад, дар ҳоле , ки онҳо бистари хобро партофта буданд. Паёмбар (с) дар байни ҳарудяшон нишаста гуфт: "Намехоҳед барои шумо чизеро биомўзонам, ки бароятон аз ончи пурсидед, хубтар бошад? Чун ба ҷойгаҳи хоб даромадед 33 бор "Аллоҳу акбар", 33 бор "Субҳоналлоҳ" ва 33 бор "Алҳамду лиллоҳ" бигўед. Ин кор бароятон аз ходим хубтар аст" (Муттафақун алайҳи).

    Эй бародари Исломи, чун дунё ба ту нахандад ва на дорои моликияту на дорои замин боши, пас дониста бош ки метавони дар ивази онҳо тавассути зикр ҳар мақсад, ки дори ҳосил намои.

    Ба ин васияти ҳазрати Иброҳим назар афканед, ки дар шаби Исро ба Муҳаммад (с) чунин гуфта буд: "Эй Муҳаммад аз номи ман ба умматонат салом расон ва ба онҳо бигўй, ки биҳишт ҷои накўст ва он хоки зебо ва оби ширин дошта дарахтонаш субҳоналлоҳ ва алҳамду лиллоҳ ва ло илоҳа иллаллоҳ ва аллоҳу акбар мебошад" (Тирмизӣ).

    Дар куҷоянд онҳое, ки имрўз бо зикр ниҳол мешинонанд ва фардо дар ҷаннат самараи онро бармечинанд? Барои шинондани ниҳоли ҷаннат на монеъае ҳаст ва на мунозиъе. Балки он аз фазли Худованд аст, ки ба ҳар ки мехоҳад медиҳад.

    Эй бандагони Худо, чун шуморо Худованд ба зикри худ рўзона, дар вақти машғулиятатон муваффақ накард, пас шабонгоҳ чун торик шавад ва аз хоб бедор шавед, онро аз ёд набароред. Ба ин ҳадиси набави хуб андеша кунед, дар зеҳнатон онро ҷой диҳед ва тибқи он амал намоед.

    Паёмбар (с) фармуданд: "Ҳар ки шаб бедор шавад ва "Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд ва ҳува ъало кулли шайъин қадир, алҳамду лиллоҳ, субҳоналлоҳ ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ" гуфта, баъди он бигўяд худоё маро бубахш ва ё ҳар дуое намояд, он дуо қабул мешавад ва агар бархоста таҳорат карда намоз хонад, албатта, он намозаш мавриди қабул қарор мегирад" (Бухори).

    Эй бародари исломи, дар умум зикр ибодати осон аст ва аз караму фазилатҳое бархурдор аст, ки касе камтар онро ба ҷо биёрад пушаймон мегардад.

    Зикр кардан эҳтиёҷ ба бекори надорад. Балки коргар метавонад дар аснои кораш зикр намояд, бе ин ки ба вазифааш халал расонад ё инсон метавонад дар вақти рондани мошин ва дар байни зану фарзандонаш зикр намояд.

    Зан метавонад дар вақти анҷоми корҳои хона зикр намояд. Барои зикр кардан на муҳтоҷ ба таҳорат кардан ҳастем ва на он вақти муайяне дорад, ки ба поён мерасад.

    Зикрро дар ҳама вақт ва дар ҳама ҳолат метавон иҷро кард, ҳатто мард бо пушт зада метавонад зикр кунад. Чи зебост агар инсон шаб чун бо дунё падруд мекунад, бо ёди Худо бошад ва субҳ чун бар мехезад, бо ёди Худо хезад.

    Оё медонед, ки зикр кардан назди Худованд маҳбубтарин ва бузургтарини корҳост? Ў фармудааст:

    ﴿ٱتۡلُ مَآ أُوحِيَ إِلَيۡكَ مِنَ ٱلۡكِتَٰبِ وَأَقِمِ ٱلصَّلَوٰةَۖ إِنَّ ٱلصَّلَوٰةَ تَنۡهَىٰ عَنِ ٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِۗ وَلَذِكۡرُ ٱللَّهِ أَكۡبَرُۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا تَصۡنَعُونَ ٤٥﴾ [سورة العنكبوت 45]

    «Ончи бароят аз китоб нозил кардем тиловат намо ва намозро барпо дор. Ҳамоно ки намоз аз фоҳишаги ва бади боз медорад. Ва, албатта, зикри Худо беҳтар аст агар бидонед» (Анкабут 45).

    Маъоз ибни Ҷабал (р.з) аз Расули Худо (с) пурсид: Кадом амал назди Худо маҳбубтар аст? Гуфтанд: "Ин ки инсон бимираду забонаш машғули зикри Худо бошад" (Ибни Ҳиббон).

    Зикр тамоми он садақа ва ҳаҷу умра ва ҷиҳодеро, ки аз инсон фавт шудааст, иваз мекунад. Дар ҳадис омадааст, ки камбағалони муҳоҷир ба назди Паёмбар (с) омада гуфтанд: Бойҳо ҳам дараҷаи баландро ноил гаштанд ва ҳам биҳиштро соҳиб мешаванд. Паёмбар (с) гуфт: Чиро дар назар доред? Гуфтанд: Ҳамон тавр ки мо намоз мехонем, онҳо низ намоз мехонанд, ҳамон тавр ки рўза мегирем онҳо низ рўза мегиранд ва онҳо як чизи изофи доранд, ки он моли эшон аст ва тавассуташ ҳаҷ мекунанд, умра мекунанд, барои ҷиҳод сарф мекунанд ва садақа медиҳанд. Пас Паёмбар (с) гуфтанд: "Намехоҳед барои шумо чизе омўзонам, ки ҳам мардуми гузаштаро бигзаред ва ҳам ояндаро ва ҳеҷ касе аз шумо болотар набошад, магар он кас, ки монанди шумо бикунад?" Гуфтанд: Бале, эй расули Худо. Гуфт: "Баъди ҳар намоз сию се маротиба субҳоналлоҳ, алҳамду лиллоҳ ва аллоҳу акбар бигўед" (Мутафақун алайҳ).

    Барои мардон ва заноне, ки Худоро бисёр зикр мекунанд, ҳамин кофист ки Худованд барояшон омурзиш ва аҷри бузургро ваъда додааст.

    Чунончи Худованд фармудааст:

    ﴿إِنَّ ٱلۡمُسۡلِمِينَ وَٱلۡمُسۡلِمَٰتِ وَٱلۡمُؤۡمِنِينَ وَٱلۡمُؤۡمِنَٰتِ وَٱلۡقَٰنِتِينَ وَٱلۡقَٰنِتَٰتِ وَٱلصَّٰدِقِينَ وَٱلصَّٰدِقَٰتِ وَٱلصَّٰبِرِينَ وَٱلصَّٰبِرَٰتِ وَٱلۡخَٰشِعِينَ وَٱلۡخَٰشِعَٰتِ وَٱلۡمُتَصَدِّقِينَ وَٱلۡمُتَصَدِّقَٰتِ وَٱلصَّٰٓئِمِينَ وَٱلصَّٰٓئِمَٰتِ وَٱلۡحَٰفِظِينَ فُرُوجَهُمۡ وَٱلۡحَٰفِظَٰتِ وَٱلذَّٰكِرِينَ ٱللَّهَ كَثِيرٗا وَٱلذَّٰكِرَٰتِ أَعَدَّ ٱللَّهُ لَهُم مَّغۡفِرَةٗ وَأَجۡرًا عَظِيمٗا ٣٥﴾ [سورة الأحزاب 35]

    «Ҳамоно ки занону мардони мусалмон, занону мардони мўъмин, занону мардони обид, занону мардони худотарс, занону мардони садақакун, занону мардони рўзагир, занону мардони андоми худро ҳифзкунанда, занону мардони Худоро бисёр зикркунанда, барои ҳамаи инҳо Худованд омурзиш ва мукофоти бузургеро ваъда додааст» (Аҳзоб 35)

    Бародарони исломи! хушо ба ҳоли он касоне, ки то кунун лабҳои эшон чи дар ҳолати танҳои ва чи бо мардум будан бо зикри Худо дар ҳаракатанд. Хушо, бар ҳоли ононе, ки пайвандҳои ангуштонашонро барои зикри Худо дар сафару дар хона меҷунбонанд.

    Соҳибдилонанд онҳое, ки истодаю нишаста ва бо паҳлу Худоро зикр мегўянд.

    Муъминони ҳақиқи касоне ҳастанд, ки чун ёди Худо кунанд дилҳояшон ба ларза медарояд, мўъминонанд касоне, ки бо ёди Худо дилҳояшон ором мегиранд. Дар инҷо фарқи калон аст байни инҳо ва он касоне, ки чун ёди Худо кунанд, дилҳояшон мемирад ва чун ёди дигаре кунанд, хушҳол мегарданд.

    Беле эй бандагони Худо, намозхонҳо Худоро бештар зикру истиғфор намудаю тиловат мекунанд. Зеро намоз ҳама пур аз зикру дуо ва тасбиҳу таҳлилу такбиру тамҷид аст. Балки Худованд намозро зикр номидааст. Ҳамчуноне ки фармудааст:

    ﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا نُودِيَ لِلصَّلَوٰةِ مِن يَوۡمِ ٱلۡجُمُعَةِ فَٱسۡعَوۡاْ إِلَىٰ ذِكۡرِ ٱللَّهِ وَذَرُواْ ٱلۡبَيۡعَۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٩﴾ [سورة الجمعة 9]

    «Эй касоне ки имон овардаед, чун рўзи ҷумъа ба намоз даъват намоянд, ба сўйи зикри Худо шитобед ва савдои хешро қатъ намоед, ин барои шумо беҳтар аст, агар бидонед» (Ҷумъа-9).

    Аммо мунофиқон Худоро аз ҳама камтар ёд мекунанд

    ﴿إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ يُخَٰدِعُونَ ٱللَّهَ وَهُوَ خَٰدِعُهُمۡ وَإِذَا قَامُوٓاْ إِلَى ٱلصَّلَوٰةِ قَامُواْ كُسَالَىٰ يُرَآءُونَ ٱلنَّاسَ وَلَا يَذۡكُرُونَ ٱللَّهَ إِلَّا قَلِيلٗا ١٤٢﴾ [سورة النساء 142]

    «Мунофиқон Худовандро фиреб карданиянд, дар ҳолеки Худо онҳоро мефиребад. Чун барои барпо намудани намоз хестанд, танбалона бармехезанд ва Худоро ёд намекунанд магар андаке» (Нисо 142)

    Эй бандагони Худо, назди Худо агар инсон ёди азамати илоҳиро намояд ва инъому карами ўро ёдрас шавад кори басо бузург аст, пас қалбаш бо зикри Худо битарсад ва аз чашмонаш об ҷори шавад дар ҷое, ки ғайри Худо касе ўро набинад. Аз байни он ҳафт тоифае, ки рўзи қиёмат онҳоро дар зери сояи худ мегирад, дар он рўзе, ки ҷуз сояи ў сояи дигаре нест, якеаш мардест ки Худоро дар ҷои хилват зикр намуд ва аз чашмонаш об ҷори шуд. Худованд дар Қуръонаш фармудааст:

    ﴿وَٱذۡكُر رَّبَّكَ فِي نَفۡسِكَ تَضَرُّعٗا وَخِيفَةٗ وَدُونَ ٱلۡجَهۡرِ مِنَ ٱلۡقَوۡلِ بِٱلۡغُدُوِّ وَٱلۡأٓصَالِ وَلَا تَكُن مِّنَ ٱلۡغَٰفِلِينَ ٢٠٥﴾ [سورة الأعراف 205]

    «Худовандро ба танҳои, бо зори ва субҳу шом зикр намо бидуни он ки садо баланд куни. Ва аз зумраи ғофилон мабош» (Аъроф 205)

    Ва аҷаб бузург аст, агар инсон Худоро дар ҳоли бо мардум ҷамъ шудан зикр намояд, то Худоро ба ёди эшон орад. Барои инҳо ҳамин қадар ифтихор кофист, ки Худованд онҳоро бо гурўҳе ёд мекунад, ки беҳтар аз инҳо Худоро ёд кардаанд,. Ин ваъдаи бардуруғ нест: "Ҳар ки манро дар байни мардум ёд кунад, ман ўро дар байни мардуме ёд кунам, ки аз ин мардум беҳтаранд" (Муттафақун алайҳ).

    Чи хуб аст агар инсон халқи бузургеро ва ё сунъи хуберо дар олам мушоҳида намуда, ёди он зотеро намояд, ки он сунъи зеборо офаридааст. Тааҷубовар аст, ки ҳавопайморо дар осмон бубинем ва ба ҳоли ў тааҷуб намоем, аммо ба бузургии он Зоте, ки осмонҳоро офариду замину осмонро нигоҳ дошт, то инҳо нобуд нашаванд, тааҷуб намекунем. Оё агар нобуд шаванд, касе метавонад барқарорашон намояд? Албатта не! Зеро танҳо он Худованди азизу ҳаким ба ин кор қодир аст.

    Эй бародари мўъмин! агар бори гуноҳ бароят гарон бошад ва дар гуноҳ ғарқ шуда эҳсоси гуноҳро намои, пас Худоро ёд кун, ки ин кафорати гуноҳон аст.

    Дар боби адаби шахс дар "Саҳеҳ"-и Бухори омадааст, ки Расули Худо (с) шохчаи дарахтеро гирфта ларзонид, чизе нашуд, дубора ларзонд, боз чизе нашуд, дафъаи саввум ларзонд пас ҳамаи барги он афтид, баъди ин гуфт: "Субҳоналлоҳ валҳамду лиллоҳ ва ло илоҳа иллаллоҳ" хатоҳоро мерезонад, ҳамчуноне ки дарахт баргашро(мерезонад)" (Бухори).

    Оё ҳадиси баргаро (карт) шунидаед? Дар он бузургии зикр ва адолати илоҳи омадаст. Ин ҳадисро Тирмизӣ ривоят мекунад, Ҳоким онро ҳасан номида саҳиҳаш мехонад ва Заҳаби ба он мувофиқ аст.

    Расули худо (с) мефармояд: "Аз умматони ман мардеро рўзи қиёмат миёни мардум бедор мекунанд. Барои ў наваду нўҳ китобро паҳн менамоянд ва ҳар китоб ба андозаи дидани чашм калон аст. Барои он мард мегўянд: Оё чизеро аз ин навиштаҷот инкор мекуни ва ё котибони ман ба ту зулм кардаанд? Он мард мегўяд: На, эй Худои ман. Барояш мегўянд: Оё узре дошти ва ё хубие карда буди? Мард тарсида мегўяд: На. Барояш мегўянд: На туро назди мо хубиест ва барои он туро имрўз зулме намекунанд. Пас баргаеро мебароранд, ки дар он Ашҳаду ан ло илоҳа иллалоҳ ва ашҳаду анна Муҳаммада-р-расулуллҳоҳ аст. Он мард мегўяд: Худоё, ин корти хурд дар баробари ин ҳама сиҷилот (дафтарҳои гуноҳ) чи фоидае дорад? Барояш мегўянд: Туро зулм намекунанд. Пас тамоми сиҷилотро дар як кафи тарозу мемонанду ин баргаро дар тарафи дигари тарозу ва тамоми сиҷилот сабук ва он барга гарон меояд"

    Шайх Абў Абдуллоҳ Муҳаммад ибни Абўбакр (р.ҳ) мегўяд: Бузургии амалҳо дар сурату шумораи он нест, балки бузургии онҳо дар дил аст. Ду коре ҳаст ки дар сурат бо ҳам яканд, вале дар фазилат байни онҳо аз замин то осмон фарқ аст. Вақто ки Худоро ёд мекунед, азамати ўро дар хотир доред ва дилҳои худро бо ёди ў зинда намоед. Аз кори бидъат худдори кунед ва зикрҳоро монанди баъзе ҷоҳилон магўед.

    Эй бародари исломи! барои бештар кардани зикри Худо худро одат кунон ва инро дар ёди дигарон низ андоз. Зеро зикр барои мўъминон пурманфиат аст. Чунон нашавад, ки дар қайди ҳаёт боши, вале дар қатори мурдагон.

    Фарқ байни он кас ки Худоро ёд мекунад ва он ки Худоро ёд намекунад монанди фарқи байни мурда ва зинда аст.

    Ва носиҳон ба ту чунин тавсия медиҳанд: "Ба ҳадисҳо рўй овар ва ба фазилати он андеша намуда, онро ҳифз кун ва он миқдор ки бароят муяссар гардад, иҷро намо, зеро ороми, саодат, муҳофазат ва кўмакро дар дунё хоҳи ёфт. Аммо рўзе, ки бо Худованд вохўри дори, мукофоти баландеро ноил шави. Насиби ту аз мавъиза танҳо шунидан набошад.

    Аҷаб бузург аст он хонае, ки дар он ёде аз Худо шавад. Ва аҷаб ҷойи хуб аст он ҷойҳои умуми ва корхонаҳо, чун дар онҳо садои зикри Худо баланд гардад.

    Мо эҳтиёҷи зиёде дорем, то зикр дар васоили эълом, барномаҳои дарси, суханронию баромадҳо, хутбаҳо, маъракаҳо, баҳру барру ҳаво, ҷой махсуси худро ёбад. Ҳатто баъзе фақиҳон бар ин раъянд, ки савоби зикр ба мурдаҳо ҳам мерасад.

    Ин ҳама панд аст ва панд барои мўъминон аз фоида холи нест. Ҳар ки пандро қабул кард, барои манфиати худ қабул кард.

    Худовандо, ба мо раҳм намо, зеро ту раҳими мо ҳасти ва азобамон мадеҳ, ки ту бар мо қодири. Худовандо, дар он рўзе, ки рўйҳо сафеду сиёҳ мешаванд, рўйҳоямонро сиёҳ нанамо.